Шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон бо суръат афзоиш меёбад, дар Гурҷистон баръакс, рӯ ба коҳиш дорад.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
* Ин матлаб дар доираи барномаи тобистонаи коромӯзии рӯзноманигорони торнамои таҳлилии CABAR.asia дар Тифлис (Гурҷистон) таҳия шудааст.
Бар пояи омори расмӣ, авохири соли 2018 теъдоди аҳолӣ дар Гурҷистон бештар аз 3,8 миллион нафарро ташкил додааст. Дар қиёс ба маълумоти оғози соли сипаришуда, ин рақам тақрибан ба 47 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Яъне, афзоиши солона ба 1,21 дарсад баробар шудааст.
Теъдоди ҷавонон дар Гурҷистон рӯ ба коҳиш аст. Дар оғози соли 2019 ҳиссаи кӯдакон ва наврасони зери 15 сол дар ин кишвар 15,6 дарсади тамоми аҳолиро ташкил додааст.
Коршиноси масоили демографӣ Тамар Чибурданидзе дар таҳияи барномаҳои давлатии афзоиши аҳолӣ нақши фаъол дорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин иқдомҳо бояд хеле пештар оғоз мешуданд.
“Пас аз ду сол шоҳиди коҳиши мизони таваллуд мешавем, ки ногузир аст. Имрӯз давлат чӣ иқдомҳоеро ки рӯи даст нагирад, наметавонем ин фосиларо комил намоем. Бар асоси пешгӯиҳои Хазинаи СММ, соли 2050 аҳолии Гурҷистон ба 28 дарсад коҳиш меёбад, дар ҳоле ки аҳолии Озарбойҷон 33% ва Арманистон 7% меафзояд”,-мегӯяд Чибурданидзе.
Ба гуфтаи ӯ, чанд барнома дар бахши тандурустӣ амалӣ гардид, ки натиҷаи мусбат ба бор овард. Ин барномаҳо ба афзоиши рухсатии марбут ба зоймон, кори равоншиносон, ёрии молӣ ба модарони серфарзанд ва имтиёзҳо рабт доштанд. Аммо ин иқдомҳо низ ба афзоиши мизони таваллуд дар кишвар мусоидат намекунанд.
Пажуҳишгар Анзон Тотадзе ин мушкилро ба проблемаҳои молии давлат рабт медиҳад.
“Бояд сиёсати фаъоли демографиро роҳандозӣ кард. Барои ин тақрибан 500 миллион лари (наздики 182 млн. доллари ИМА) зарур аст, аммо давлат ин миқдор пулро надорад. Пажуҳишҳои ман нишон дод, ки бар асари гаронии нархи маҳсулот, занҳо намехоҳанд беш аз ду фарзанд дошта бошанд. Ин масъаларо низ бояд барасӣ кард”,-мегӯяд Тотадзе.
Хатия Хасаияи 22-сола хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Тифлис мебошад. Ӯ дар пойтахти Гурҷистон зода ва ҳамин ҷо ба воя расидааст. Ҳоло ба омӯзиш машғул аст ва барои рушди инфиродӣ талош мекунад.
Давоми панҷ соли наздик нақшаи издивоҷро надорад, аммо мегӯяд, дар оянда орзуи ташкили хонавода ва ба дунё овардани тифлро дар сар мепарварад. Дар орзӯҳояш хонаводаи ӯро ду духтару ду писар комил мекунанд, аммо Хатия ба зиндагӣ нисбатан нигоҳи воқеъӣ дорад.
“Доштани ду тифл кофӣ аст. Зеро мехоҳам ба онҳо маълумоти хуб ва ояндаи шоистаро таъмин намоям. Бовар надорам, ки барои тифли сеюм ё чорум имкони молии ман кифоят мекунад”,-меафзояд ӯ.
Георги дар Тифлис зиндагӣ дорад ва имсол донишгоҳро хатм хоҳад кард. Ӯ аллакай медонад, ки ватанро тарк мекунад — қасд дорад ба хориҷа биравад ва онҷо барои худ карера бисозад. Ояндаи наздики худро дар Гурҷистон намебинад.
“Фикр мекунам дар Гурҷистон субот нест, кори сермузд, муфид ва даромаднок нест, инҷо имкони осоиш нест. Бояд ба хориҷа рафт. Мехоҳам дар Лаҳистон ба магистратура дохил шавам ва онҷо кор пайдо кунам. Дар оила тифли ягона ҳастам, аз ин рӯ ҳамеша мехостам ки хонаводаи калон дошта бошам. Нақша дорам, ки соҳиби фарзанди зиёд шавам. Ман барои тамоми умр тарки ватан карданӣ нестам — вақте аз нигоҳи молӣ бениёз шудам, бармегардам”,-мегӯяд Георги.
Тадқиқотҳои гуногуни анҷомшуда нишон дода, ки дар Гурҷистон пеш аз ҳама ҷавононро мушкили пайдо кардани ҷойи кор нигарон мекунад. Ин дар ҳолест ки бар пояи омори Хадамоти миллии омори “Сакстат”, мизони бекорӣ дар кишвар дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Агар соли 2017 он 13,9 дарсад буд, соли 2018 ба 12,7 дарсад расидааст.
“Писар лозим аст”
Дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Оҷонсии омор дар оғози соли 2019 мизони бекорӣ 2 дарсад ва ё 47 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба Гурҷистон ба таври қобили мулоҳиза камтар аст, аммо музди миёнаи меҳнат инҷо ҳамагӣ 1324 сомонӣ (140 доллар) мебошад, дар Гурҷистон он ба 1100 лари (388 доллар) мерасад.
Вале, на адами ҷойи кор ва на маоши паст сабаби коҳиши теъдоди фарзандон дар хонаводаҳои тоҷик намешавад.
Дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 шумораи аҳолӣ дар кишвар босуръат коҳиш ёфт. Мардум ба дунболи пайдо кардани ҷойи амн аз кишвар фирор карданд. Аммо пас аз соли 2000-ум иқтисоди кишвар аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ ба беҳбудӣ овард.
Давоми 15 соли ахир, ҳамасола теъдоди одамон дар кишвар ба ҳисоби миёна 2 дарсад афзоиш меёбад. Соли 2018 афзоиши аҳолӣ ҳудуди 188,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Бино ба омори расмӣ, дар семоҳаи аввали соли 2019 шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллиону 166 ҳазору 100 нафар баробар шудааст.
Ҳоло ба ҳисоби миёна дар кишвар ба ҳар зан 3-4 тифл рост меояд. Аммо дар деҳот вазъ дигартар аст – ба ҳар зан шояд то 5-6 кӯдак рост биояд.
Умеда, сокини 38-солаи ноҳияи Спитамен чор духтар дорад. Ӯ ва шавҳараш нақша доштанд, ки ҳамагӣ ду тифл барояшон кофӣ аст, аммо таваллуди боз як духтар сабаби ҳомиладории навбатӣ шуд.
Ӯ панҷ маротиба ҳомила шуд, аммо таваллуди ахир хеле вазнин гузашт ва Умеда тасмим гирифт, дигар дуҷон нашавад. Вале ба андешаи хушдомани ӯ, дар оила ҳатман бояд писар – ворис ва давомдиҳандаи насл бошад.
“Шавҳарам ҳеч гоҳ маро таъна намекунад, ӯ фарзандонамонро дӯст медорад. Ҳомиладории чорумро қатъ кардем. Дар мо мегӯянд, ки гӯиё ҳангоми ҳомиладории се ё панҷум ҷинси тифл тағйир меёбад, барои ҳамин тасмим гирифтам, ки тифли панҷумро ба дунё биёрам. Аммо боз ҳам духтар таваллуд шуд. Хушдоманам мегӯяд, ки баъди як муддати истироҳат бояд писар таваллуд кунам. Аммо сину сол ва саломатӣ мисли пеш нест”,-мегӯяд Умеда бо чеҳраи маҳзун ва гирифта.
Ба андешаи духтури занона Раъно Меҳмонова, ахиран дар сини 38-40 таваллуд кардани занон дар Тоҷикистон зиёд шуда, доштани кӯдаки чорум дар хонавода ба як меъёр табдил ёфтааст.
Ӯ мегӯяд, барои табибон бо саломатии занҳо кор кардан душвор аст. 50 дарсад мехоҳанд, ки пас аз таваллуд истироҳат кунанд ва аз маводҳои пешгирикунандаи ҳамл истифода намоянд, аммо таври маъмул онҳо дар интихоби “таваллуд кардан ё накардан” озод нестанд. Ин масъала аз ҷониби узви оила, шавҳар ё хушдоман ҳал карда мешавад.
“36 дарсади занон аз маводҳои зидди ҳамл истифода мекунанд. Дар кишвар барои дастрасӣ бо онҳо ҳеч мушкил нест, ройгон ҳастанд. Аммо худи занҳо барои истифода кардан ё накардани ин мавод тасмимгиранда нестанд. Онҳо бояд на танҳо аз шавҳар, балки аз хушдоман низ иҷоза бигиранд”,-меафзояд Меҳмонова.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи занони деҳот хеле бад аст. Бисёриҳо аз камхунӣ, ҷоғар ва касалиҳои гурда ранҷ мекашанд. Ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаи ҳукумати Ҷопон амалӣ мешавад, ки ба ҳифзи саломатии занон ва коҳиши мизони маргу мири кӯдакон нигаронида шудааст.
Соли 2018 бошад, Бонки ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон даъват кард, дар сатҳи давлатӣ мизони афзоиши аҳолиро коҳиш бидиҳад.
“Агар дар кишвар ягон қонун ё амр дар самти банақшагирии оила қабул мегардид, мо бо истифода аз он барои барқарор намудани сиҳатии занон талош мекардем”,-мегӯяд Меҳмонова.
Аммо дар Тоҷикистон барнома ё стратегияи батанзимдарории шумораи аҳолӣ мавҷуд нест, ки ба гуфтаи таҳлилгар Абдуазиз Қосимов, бар иловаи сиҳатии занон ин метавонад сабаби як қатор мушкилиҳои дигар шавад.
“Дуруст аст, ки ҳоло нарасидани заминро эҳсос намекунем, зеро сеяки аҳолии кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Аммо дер ё зуд ин масъала доғ мешавад. Барои ҳал шудани ин мушкил бояд имкон фароҳам овард, то тиҷорати хурду миёна тавсеа ёбад. Ҳоло бар асари фазои номусоиди тиҷорӣ, корхона кушода шуда, зуд баста мешавад”,-мегӯяд Қосимов.
Аммо ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова бар ин аст ки барои танзими шумораи аҳолӣ ҳеч қонун ё стратегияе лозим нест, балки бояд аз “сиёсати нарм” кор гирифт.
“Ба ин масъала бояд васоити ахбори оммаро ҷалб кард. Бештар ба тарбияи кӯдакон ва дарёфти маълумоти хуб барои онҳо тамаркуз намуд. Як чиз боиси хурсандӣ аст, ки ҳоло ҷавонон намехоҳанд фарзанди зиёд дошта бошанд. Ва умуман, ҳар нафар бояд дар мавриди хонаводааш худаш тасмим бигирад, ин ҳаққи ӯст”,-таъкид мекунад Бобоназарова.
Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.