© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тасмими боҷ ситонидан аз сайёҳону ҳоҷиён ширкатҳои сайёҳиро ҳайрон кардааст

Дар Тоҷикистон пардохти боҷ  барои  сайёҳон ҷорӣ шуд. Аммо кадом намуди боҷ, норавшану мубҳам аст. Ширкатњои сайёҳй мегўянд, ки ќонун бояд шарҳ дода шавад.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Русский English

Дар Тоҷикистон санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ, қонуне қабул гардид, ки тибқи он сайёҳони хориҷие, ки вориди давлат мешаванд ва шаҳрвандони худи кишвар, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, пардохти боҷ ба маблағи як доллари амрикоӣ барои ҳар як шабонарӯз ҷорӣ шуд. 

Сайёҳони хориҷие ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, бояд як доллар месупоранд. Акс аз youtube.com.
Файзиддин Қаҳҳорзода. Акс аз minfin.tj

Ин тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ” ворид карда шуданд. Зимни суханронӣ дар парлумон вазири молияи кишвар, Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуд, ки чунин тасмим барои ғанӣ гардонидани буҷаи тавлатӣ гирифта шудааст. 

“Ин лоиҳа бо мақсади иҷрои протоколи ҷаласаи ҳукумат аз 21-уми январи имсол дар бораи пайдо кардани манбаҳои иловагии ғанӣ кардани буҷа омода шудааст”, — гуфт вазири молия дар парлумон.

Ҳамзамон, вазири молия илова намуд, ки ҳаҷми боҷи сайёҳиро ҳам барои хориҷиён ва ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳукумати кишвар муқаррар мекунад.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба тамошои кишварҳои дигар мераванд, ҳамчунин тоҷикистониёне, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, низ боҷ пардохт мекунанд”,-гуфт ӯ.

Қонун қабул, вале тарзи ситонидани боҷ то ба ҳол норӯшан

Вакили парлумон, Саидҷаъфар Исмонзода мегӯяд, қабули қонуни мазкур ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намуда, барои баланд бардоштани маоши соҳаҳои ниёзманди ҷомеа кӯмакрасон аст.

“Имрӯз буҷаи мо ба чунин манбаҳои қишри даромад ниёз дорад. Баланд бардоштани  маоши омӯзгорон, нафақахӯрон, кормандони соҳаҳои қудратӣ, ҳатмӣ аст”.  

Ба гуфтаи парлумони кишвар, тибқи қонуни нав танҳо аз он сайёҳоне боҷ ситонида мешавад, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Вале, инҷо суоле ба миён меояд, ки он сайёҳоне, ки дар хонаи хешовандон меистанд, ё тариқи ширкатҳои сайёҳӣ намеоянд, аз онҳо боҷ ситонида мешавад?

Саидҷаъфар Исмонзода. Акс аз ozodi.org

Ба гуфтаи вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонзода маблағи мазкур дар дохили ҳуҷрае, ки сайёҳ дар меҳмонхона ҷойгир мешавад, ҳисобида мешавад, вале он сайёҳоне, ки дар хонаи хешовандон меистанд, аз онҳо боҷ ситонида намешавад. 

«Ин маблағ аз сайёҳон тариқи ширкатҳои сайёҳие, ки меҳмононро қабул мекунанд, гирифта мешавад, чун меҳмонхона дар давлат боҷ месупорад. Дар дохили нархи ҳуҷраи меҳмонхона ҳамаи он пардохтҳо ҳисобида мешаванд. Яъне ба сайёҳ гуфта намешавад, ки маҳз барои ҳамин қадар маблағ месупорӣ. Агар сайёҳ омада, дар хонаи хешовандонаш истад, дар ин ҳолат чизе намесупорад»,-илова намуд ӯ.

Дар ҳоле, ки қонун ба тасвиб расидааст, вале то ҳол дар он муайян карда нашудааст, ки чӣ гуна ва тибқи кадом меъёру усулҳо бояд аз сайёҳон боҷ ситонида мешавад. Дар ин маврид вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонзода қайд намуд, ки қонун қабул, вале ҳоло дар амал татбиқ нашудааст. Танҳо пас аз дар амал татбиқ кардани он муайян хоҳад шуд, ки чӣ гуна бояд аз сайёҳ боҷ ситонида шавад.

— То ҳол тарзи ба роҳ мондани чӣ гуна аз сайёҳ ситонидани боҷ аниқ нашудааст. Ҳоло қонун баромадааст, вале дар амал татбиқ кардани онро, сохторҳои марбута, Ҳукумати кишвар муайян мекунад, ки аз кадом вақт бояд шурӯъ ба амал кунад,-илова намуд вакил.  

Қонун ба рушди соҳаи сайёҳӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?

Иқтисоддони тоҷик, Аӣдурақиб Қодиров бар он ақида аст, ки ҷорӣ намудани чунин қонун саривақтӣ, мақсаднок ва ҳадафмандона ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, маблағе, ки аз ҳисоби боҷ ҷамъоварӣ карда мешавад, барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ таъсири мусбӣ мерасонад.    

“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти он ки сарчашмаҳои молиявӣ фароҳам нестанд, фикр мекунам, чунин кор аз ҳар нигоҳ саривақтӣ, мақсаднок ва ҳадафманд ҳам ҳаст. Маблағҳое, ки аз ҳисоби ҷамъоварии боҷ ба даст меояд, онҳо имкон медиҳанд, ки инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушд дода шавад”.

Ба андешаи ин иқтисоддони тоҷик, айни ҳол, ки бахши хусусии Тоҷикистон барои фароҳам овардани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои молиро дар ихтиёр надорад, қабули чунин қонун як сарчашмаи иловагии рушди соҳаи сайёҳиро ба вуҷуд меоварад.

— Барои пурқувват намудани потенсиали сайёҳии ҳар давлат аз нигоҳи шароитҳо табиист, ки сармоягузориҳои ҳам давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ лозим аст. Бахши хусусии Тоҷикистон барои фароҳам овардани инфрасохтори зарурии сайёҳӣ имкниятҳои зарурии молиявиро дар ихтиёр надорад. Аз ин хотир, муқаррар намудани чунин навъи пардохт дар ҳаҷми 1 доллари амрикоӣ имконият медиҳад, ки ҳамин маблағҳо ҷамъоварӣ шуда, як сарчашмаи иловагии рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро ба вуҷуд орад,- илова кард ӯ.  

Ширкатҳои сайёҳӣ: Қонун бояд асоснок карда шавад

Ин ҳолат масъулини ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистонро нигарон кардааст. Барои  онҳо ин иқдом барои рушди буҷаи давлат хуб аст, вале аз ин ки қонун қабул шудаву то ба ҳол тарзи ситонидани боҷ аз сайёҳ муайян нашудааст, барои онҳо норушан ва суолест беҷавоб.

Дирекори ширкати Маркази рушди сайёҳӣ, Маъруф Нодирӣ мегӯяд ин иқдом барои буҷаи давлат хуб аст, вале бояд чӣ гуна ситонидани боҷ аз сайёҳ низ муайян карда шавад, то онҳо тавонанд ба сайёҳон фаҳмонанд, ки чаро маҳз як доллар аз онҳо ситонида мешавад.    

«Модули аз сайёҳ ситонидани боҷ бояд коркард шавад. Натанҳо қонунро қабул, балки бояд тарзи чӣ гуна ситонидани маблағ низ аз сайёҳ муайян карда шавад. Ин масъала аломати саволи калонеро мемонад, ки бояд равшанӣ андохта шавад. Масалан, вақте сайёҳ суол медиҳад, ки чаро ба ҳамин миқдор маблағ супоридан лозим? На танҳо аз рӯи қонун, балки бояд ҳар як ширкат фаҳмонида тавонад, ки чаро маҳз 1 доллар меситонанд»,- гуфт М. Нодирӣ.

Ҳамзамон, барои ширкатҳои сайёҳӣ норӯшан аст, ки агар ғайри ширкатҳо сайёҳон ба кишвар оянд, аз онҳо чӣ гуна боҷ ситонида мешавад? Ба гуфтаи онҳо, қонун дар ҳолати қабул бояд асоснок карда шавад. 

— Вақте ки сайёҳ тариқи ширкатҳои сайёҳӣ як ду маротиба сафар мекунанд, вале агар бори дигар худаш ғайри ширкатҳои сайёҳӣ сафар кунанд, чӣ хел аз онҳо боҷ гирифта мешавад? Барои ҳамин ҳам, дар ин масъала саросемагӣ даркор нест, аввал як маротиба санҷида тарзи гирифтани маблағро муайян карда, баъд қонуни лозимаро роҳандозӣ кардан лозим аст,-илова кард М. Нодирӣ

Директори ширкати сайёҳии ҶДММ “Саодат- сайр”, Саодат Ризозода, ки ширкати содиротӣ аст, мегӯяд, қабули қонун ҳам таъсири манфӣ ва ҳам таъсири мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ситонидани боҷ дар ҳаҷми як доллар бояд асоснок карда шавад, ки бояд сайёҳ аз рӯи кадом меъёр маблағ супорад. 

“Қабули ин қонун ҳам ҷиҳати мусбӣ ва ҳам манфӣ дорад. Ҷиҳати мусбиаш ҳамин, ки як доллар барои хориҷӣ чизе нест, лекин ҳаминро асоснок карда гуфтан лозим аст. Мисол, вақте меҳмонхонаҳои Дубай шаҳрвандони моро қабул мекунанд, дар ҳамон рӯзи аввал миқдори се доллар, ҳамчун андоз аз мо мегирад ва онро асоснок карда мефаҳмонад, шаҳрванди мо медонад, ки ин маблағро барои чӣ месупоранд. Ин иқдоми бад нест, лекин инро асоснок кардан лозим аст, ки аз рӯи кадом меъёр бояд маблағ супорад”,-гуфт ҳамсуҳбати мо. 

Ба ақидаи ширкатҳои сайёҳӣ, қабули қонуни мазкур таъсири манфии худро ба ворид шудани сайёҳон ба кишвар мерасонад. 

Ба ақидаи ширкатҳои сайёҳӣ, қабули қонуни мазкур таъсири манфии худро ба ворид шудани сайёҳон ба кишвар мерасонад. Акс аз sputnik-tj.com

Намояндаи ширкати сайёҳии «Зигана- тур» чунин мешуморад, ки ин иқдом ба он сайёҳоне, ки шароити хуби молӣ доранд, он қадар муҳим нест, вале он сайёҳоне, ки имконият надоранд, шояд воридашон ба Тоҷикистон камтар шавад.

«Барои сайёҳон агар боҷ 1 доллар бошад ва онҳо муддати як ҳафта ё 10 рӯз дар дохили давлати мо фарз кардем, қарор доранд ва 10 доллар сарфа карданд. Барои бисёр сайёҳоне, ки шароиту имконият доранд, ин он қадар гарон нест, вале барои сайёҳоне, ки имконияти додани чунин маблағро надоранд, аз чунин хабар огоҳ шуда, шояд воридашон ба кишвар камтар шавад»,-гуфт ӯ. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ аст ва то ба куҷо муваффақ шудани онро вақт нишон медиҳад.

Дар парлумон қайд гардид, ки аз пардохти чунин боҷ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъбони гурӯҳҳои якуму дуюм, кӯдакони синни то 16-сола ва дипломатҳо озод карда мешаванд.

Тибқи иттилои парлумон, айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 145 ширкат фаъолият дорад. Танҳо соли гузашта беш аз 1 млн. нафар саёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: