© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Иттиҳоди нави Душанбеву Теҳрон: Дастгирии дипломатӣ бар ивази сармоягузорӣ?

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон умедвори дарёфти сармоягузорӣ аз Эрон аст, дар Теҳрон бошанд, аз Душанбе дастгирии дипломатиро интизоранд. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English Русский

Президент Ҳасан Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе. Акс аз news.tj

“Ба ватани дуюми худ хуш омадед”,-гуфт президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эрониаш Ҳасани Руҳонӣ. Дар ҷавоб раисҷумҳури ҶИЭ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон худро воқеан дар ватан эҳсос мекунад.  

Ҳамин тавр, ҳадсу гумонҳо дар бораи ин ки мулоқоти ду раисҷумҳур дар Душанбе барои об шудани яхи муносиботи Тоҷикистону Эрон мусоидат мекунад, дуруст баромад. Ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ба ин нукта ишора кард.

“Тоҷикистон ҳамеша хостори ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодӣ бо Эрон ҳаст. Масъалаҳои мубраме, ки барои рушди муносибатҳои ду кишвар ҳастанд, дар мулоқоти ду раҳбари давлат баррасӣ мешаванд”,-таъкид намуд Раҳмонзода.

Қаблан, дар оғози моҳи июн сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин ба Теҳрон сурат гирифт ва ӯ бо Ҳасани Руҳонӣ мулоқот кард.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, раисҷумҳури Эрон ва вазири тоҷик масъалаи дастрасӣ пайдо кардани Тоҷикистон ба бандари Чобаҳо, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эронро баррасӣ кардаанд.

“Эрон метавонад долони транзитии амнтарин ва муфидтарин барои молу колои Тоҷикистон гардад”,-навиштанд хабаргузориҳои маҳаллӣ аз қавли Руҳонӣ.

Таърихи пурихтилофи муносиботи Душанбе ва Теҳрон

Дар гузашта Эрон шарики муҳими Тоҷикистон буд. Ин кишвар дар соли 1991 аввалин шуда истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва муносиботи дипломатиашро оғоз кард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон дар Теҳрон баргузор шуд. 

Яке аз давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон дар Теҳрон баргузор шуд. Акс аз ozodi.org

Бо ибтикори Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург – сохтмони нақби “Истиқлол” ва НБО Сангтуда-2 амалӣ гардид. Инчунин, аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ба сокинони Тоҷикистон ёрии башардӯстона мерасонд.

Ду кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ҳам ҳамкориҳои танготанг доштанд. Муносиботи Тоҷикистону Эрон дар аҳди раисҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба авҷи худ расид. Яке аз мисолҳои барҷастаи ин ҳамкорӣ ҷашнгирии муштарак аз Наврӯзи 2012 дар Душанбе буд. Аммо бо сари қудрат омадани раисҷумҳури нави Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар соли 2013 авзоъ тағйир ёфт.

Муносиботи Тоҷикистону Эрон дар аҳди раисҷумҳур Аҳмадинажод ба авҷи худ расид. Акс аз dw.com

Амалан, муносиботи Душанбе ва Теҳрон дар оғози соли 2014 дар пайи қазияи тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки ба иттилои расонаҳо ба атрофиёни Аҳмадинажод иртибот дошт, шиддат гирифт.

ИМА Занҷониро дар он муттаҳам кард, ки бо давр задан аз таҳримҳои амрикоӣ ба фурӯши нафти Эрон даст дошт. 

Соли 2013 расонаҳои Тоҷикистон Занҷониро дӯсти мансабдорони тоҷик унвон карданд. Дар расми ифтитоҳи терминали ширкати «Asia Express», ки он замон ба Занҷонӣ мутаалиқ буд, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок карданд.

Баҳори соли 2013 парлумони Тоҷикистон ба ширкати «Контгруп Тоҷикистон», ки молики он Занҷонӣ гуфта мешуд, як қатор имтиёзоти молиётӣ фароҳам кард.

Раисҷумҳури нав Ҳасани Руҳонӣ ба тафтиши сиёсати иқтисодии ҳамтои пешини худ шурӯъ намуд. Дар Эрон Бобаки Занҷонӣ дар дуздии 2,54 миллиард евро муттаҳам шуд. Дар ҷавоб Занҷонӣ гуфт, ӯ ду миллиарду 60 миллион доллари аз фурӯши нафти Эрон ба дастомадаро аз Душанбе ба Теҳрон интиқол дод.

Ба гуфтаи ӯ, интиқол тавассути Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт ва санадҳои лозимро ҳам дар ихтиёр дорад. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ин ҳарфҳои Занҷониро рад карда, санади ироакардаи ӯро тақаллубӣ хонданд.

Чанд даври музокирот миёни Эрон ва Тоҷикистон дар мавриди пулҳои гумшуда бенатиҷа анҷом ёфт. Чеҳраҳои расмии Эрон гуфтанд, дороиҳо ва ширкатҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мансабдорон аз худ карда мешаванд. Дар Душанбе ин иттиҳомро рад карданд.

Аз оғози соли 2014 муносибатҳо бо суръат бад шуданд. Дар давоми сол Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ва чанд маркази фарҳангии Эрон баста шуд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода чанд бор аз шиаҳои исноашарӣ (бештари эрониҳо аз ин равияи Ислом пайравӣ мекунанд) интиқод кард.

Сафари раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон дар моҳи декабри соли 2015 фосилаи ҷудоиро бармало сохт. Баъди ин ҳукумати Тоҷикистон маъракаи таблиғотиро алайҳи Эрон шурӯъ ва онро дар дастгирии терроризм муттаҳам кард.

Тамоми мушкилотро ба мавзӯоти молиявӣ рабт додан ҳам нодуруст мебуд. Нақши идеология ҳам андак набуд. Дар Душанбе ҳамеша ба “дунявӣ” будани низом таъкид намуда, талош мекарданд, фосиларо бо мақомоти ҷумҳурии исломӣ нигоҳ доранд.

Дар ин рӯйдодҳо неруҳои беруна, аз ҷумла мақомоти Арабистони Саудӣ нақши муайян доштанд. Аммо аҳамияти ин омил набояд аз ҳад зиёд нишон дода шавад. Ба эҳтимоли зиёд, далели буҳрон дар муносиботи Тоҷикистону Эрон маҷмӯи омилҳоест, ки дар як замоне ба ҳам иттифоқ афтоданд.

 Молия, интихобот, транзити мол, ҳамкории дипломатӣ ва бонкӣ

Ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек. Акс аз kremlin.ru

Сабаби наздикшуданҳои нави ду кишварро метавон бо назардошти мушкилоти ташаннуҷёфтаи ду кишвар дарк кард. Барои Тоҷикистон мушкили №1 ин камбуди молӣ аст. Барои мисол, дар тарҳи умумилии НБО Роғун мушкили бузурги молӣ мавҷуд аст. Барои Эрон дар пасманзари ихтилофот бо Ғарб, аз ҷумла ИМА ба даст овардани дастгирии байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.

Аз ҷумла, ба иддаои бархе коршиносон, Теҳрон дар талоши дарёфти дастгирӣ аз сӯйи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад, ки Тоҷикистон узви он аст. Эрон бошад, ҳоло дар ин созмон мақоми нозирро дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан маҳз Тоҷикистон зидди ба узвияти СҲШ пазируфтани Эрон баромад карда буд. Тавре сиёсатшиноси тоҷик Рашид Абдулло ба CABAR.asia гуфт, кишварҳои калидии ин созмон – Русия ва Чин аз мухолифатҳо миёни аъзои СҲШ истиқбол намекунанд, “аз ин рӯ беҳтар шудани муносибот миёни Эрон ва Тоҷикистон ба манфиати онҳост”.  

Аммо дар ҷаласаи СҲШ рӯзи 14 июн дар Бишкек масъалаи қабули Эрон ба ин созмон ҳатто баррасӣ нагардид. Инчунин, дар ҷараёни сафари Руҳонӣ ба Душанбе аз созишҳои мушаххаси ба дастомада миёни ду кишвар хабар дода нашуд.

Аз ин рӯ, бархе коршиносон мегӯянд, барқарорсозии иртиботи миёни ду кишвар ҳоло танҳо дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад ва барои ҷонибҳо ҳоло аз ҳама муҳим ба даст овардани боварӣ аст.

“Масъалаи асосӣ барқарор намудани эътимод миёни мақомоти олии ду кишвар аст. Агар ин шарти хеле муҳим иҷро гардад, пас ояндаи наздик ҳатман таҳаввулоти хуберо дар ҳамкориҳо шоҳид хоҳем шуд”,- изҳор дошт коршиноси тоҷик Иршод Сулаймонӣ ба CABAR.asia.

Ба андешаи коршиносон Тоҷикистон ба сармоягузориҳои Эрон ва содироти молу колои ин кишвар, ки барои ғанӣ намудани бозорҳои маҳаллӣ лозиманд, умед дорад. Инчунин дар Душанбе тасмим доранд, барои содироти пахта ва алюминиум ба бандарҳои Эрон даст ёбанд. Эҳтимол, мақомоти тоҷик инчунин умед доранд, ки Теҳрон мушкили интиқоли борҳо тавассути Туркманистонро ҳал мекунад.

Дар Эрон бошад, метавонанд ба ин умед банданд, ки ҳамкорӣ бо Душанбе дар низоми бонкӣ барои бартараф кардани монеаҳои дар чорчуби таҳримҳои ИМА ба миёномада, ёрӣ мерасонад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи коршиносон, барои мақомоти Тоҷикистон масъалаи муҳим интихоботи раёсатҷумҳурӣ мебошад, ки авохири соли 2020 дар назар аст. Дар ин робита, барои Душанбе хеле муҳим аст, ки мавқеи Эрон ҳангоми интиқоли қудрат чӣ гуна хоҳад буд.

Боиси тазаккур аст, ки бино ба хабари сомонаи “Ахбор”, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нахуст дар матни баёнияаш дар мавриди ёддошти тафоҳум бо Эрон навишт, “дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ пешгирӣ хоҳад кард”, аммо баъдан номи ҳизби наҳзати исломиро аз баёнияаш гирифт. 

Иршод Сулаймонӣ. Акс аз catoday.org

Ба андешаи Иршод Сулаймонӣ манофеи кӯтоҳмуддати бархе аз гуруҳҳои қудрат набояд бар манофеи дарозмуддати ду кишвар соя андозад.

“Рақобати қудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва вазъияти геополитикии минтақаӣ нишон медиҳад, ки Эрон дар оянда яке аз манбаъҳои аслии таҳаввулот табдил хоҳад ёфт. Бинобар ин, маҷмуае аз ин далелҳо таъкид бар он доранд, ки Тоҷикистон бояд дар канори Эрон ва Эрон дар канори Тоҷикистон боқӣ бимонад”,-таъкид мекунад Иршод Сулаймонӣ.

 Коршинос: Сухан танҳо дар бораи оддисозии муносибатҳо меравад!

Сиёсатиноси маъруфи тоҷик Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ки ҳоло танҳо мешавад “аз оддисозии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва аз бозгашти онҳо то вазъи қаблазбуҳронӣ” сухан гуфт. Муллоҷонов ин нуктаро дар як мусоҳибаи кутоҳ бо CABAR.asia таъкид дошт.

CABAR.asia. Эрон солҳои зиёд бо Тоҷикистон муносиботи наздик дошт. Чаро соли 2014 ин муносибатҳо сард шуд: барои қазияи Занҷонӣ, таваҷҷуҳи ғарбгароии Руҳонӣ, ихтилофи идеологӣ ё таъсири Арабистони Саудӣ? Ё инҷо маҷмӯи далелҳо сабаб шуданд?  

Воқеан, Эрон ва Тоҷикистон дар дарозмуддат ҳамкориҳои хубро ҳифз карданд; эрониҳо чанд бор ҳангоми баҳсҳои иқтисодӣ ва ихтилофи назар бо ҳамсояҳо – пеш аз ҳама Узбекистон ва Туркманистон ба таври фаъол аз Тоҷикистон пуштибонӣ намуданд. 

Дар навбати худ, Душанбе манфиатҳои Теҳронро дар фарози кишварҳои пасошӯравӣ, ба вижа дар доираи иттиҳодҳои гуногуни кишварҳои ИДМ, монанди итиҳоди иқтисодии АвруОсиё, дастгирӣ мекард. Як замон сармоягузории Эрон ва тиҷорати хусусии он ба Тоҷикистон ворид шуд, аммо дар пайи фазои номусоиди сармоягузорӣ ин самт ба таври лозим рушд накард. Занҷонӣ танҳо яке аз сармоягузорони бузург буд, аммо бар иловаи ӯ тоҷирони сатҳи хурду миёнаи Эрон ҳам ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда буданд.   

Муносибатҳо пас аз қазияи Занҷонӣ ба таври ҷиддӣ бад шуданд, аммо ин танҳо яке аз омилҳо буд. Ба андешаи ман, вазъ печидатар аст: далели аслии сардии муносиботи ду кишвар таъсири Арабистони Саудӣ ва лоббиҳои байналмилалии салафӣ – шабакаи таблиғотӣ ва муташаккил, ки қисман аз ҷониби саудиҳо, инчунин сохторҳои марбут ба ДОИШ ва дигар созмонҳои ҷиҳодӣ маблағгузорӣ мешавад, мебошад.   

Парвиз Муллоҷонов. Акс аз ipp.kg

То андозае, Тоҷикистон гаравгони ихтилофоти байни ду маркази асосии геополитикии ҷаҳони  Ислом – Эрон ва Арабистони Саудӣ гардид. Ин ду кишвар дар тӯли таърих барои раҳбарӣ дар ҷаҳони Ислом талош мекунанд ва барои таъсиргузорӣ ба минтақаҳои мусалмонон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ мубориза мебаранд.  

Дар ин миён, Тоҷикистону тоҷикҳо дар пайи наздикии забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо Эрон аз сӯи саудиҳо ва салафиҳо нуктаи заъф ҳисобида мешаванд. Аз ин рӯ, маҳз нисбат ба тоҷикон маъракаи таблиғотӣ ва созмонёфтаи нисбатан бошиддат баргузор карда мешавад, ки ҳадафаш салафикунонии ҷомеа, тағйири худогоҳӣ ва ҳувияти мардуми тоҷик, бедор кардани руҳияи зидди эронӣ ва зидди шиа дар кишвар аст. 

Бо ин ҳол, пушти манбаъҳои маъракаҳои зидди эронӣ дар Тоҷикистон бозигарони беруна, ба вижа саудиҳо ва лоббиҳои байналмилалии салафӣ қарор доранд.

CABAR.asia. Ангезаҳои наздикшавии ғайримунтазираи ду кишвар чӣ аст? Ё набояд ба сигналҳои ахир зиёд таваҷҷуҳ кард? Ҳоло Эрон ба Тоҷикистон ва баръакс Тоҷикистон ба Эрон чӣ дода метавонад?

Эҳтимол, дар Душанбе дарк карданд, ки ҳоло фурсати дурусти мувозӣ кардани сиёсати беруна аст. Майли якҷониба ба сӯи Арабистони Саудӣ худи меъёри сиёсати хориҷии бисёрсамтаро, ки ҳанӯз оғози солҳои 2000-ум дар кишвар эълон шуд, нақз мекунад.

Ҳамзамон, бештари коршиносони мустақил ба таъсири Русия ва шарикони ӯ аз шумули кишварҳои пасошӯравӣ ишора мекунад. Феълан, дар Шарқи Наздик ва Ховари Миёна ду паймони ғайрирасмии геополитикӣ шакл гирифтааст – аз як тараф ИМА, Арабистони Саудӣ ва Исроил, аз ҷониби дигар Эрон, ки аз мавқеаш ба ин ё он дараҷае Русия, Чин ва Қатар дастгирӣ мекунанд.   

Иттиҳоди Аврупо низ ба Трамп ва сиёсати ӯ нисбат ба Эрон ва наздикшавӣ бо саудиҳо назари интиқодӣ дорад. Дар ин шароит, маъракаи зидди эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҷараён мегирад, аз ҷониби иттифоқчиёну шариконаш дар ИДМ ва СҲШ ҳеч набошад, бо нофаҳмӣ қабул карда мешавад. 

Дар ҳоле ки Русия ва Чин дар фикри тавсеа додани СҲШ бо пазируфтани кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, ба узвияти он ҳастанд. Бар ин асос, мавқеи зидди эронии Душанбе ва талоши  ба узвияти СҲШ напазируфтани Эрон имрӯз муносиб шумурда намешавад ва ба стратегияи умумии СҲШ мухолифат мекунад.  

Бар илова, Душанбе натавонист сиёсати зидди эронии худро назди Русия ва дигар шариконаш дар СҲШ ба таври зарурӣ собит намояд. Барои мисол, зиёд гуфта шуд, ки маҳз Эрон ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар оғози солҳои 90-ум барангехт. Дуруст аст, ки барои таблиғоти дохилӣ чунин гап мегузарад, дар ҳоле ки дар он давра Эрон воқеан яке аз бозигарони асосии геополитикии таъсиргузор ба авзои сиёсати дохилии Тоҷикистон буд.

Аммо худи русҳо мустақиман ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иртибот доштанд ва тамоми авзоъро хуб медонанд. Яъне, тамоми коршиносони рус ва сиёсатмадорон хуб медонанд, ки донишҷӯёни кадом кишварҳо солҳои 80-ум пушти “Ҳизб-ут-Таҳрир” меистоданд, шаҳрвандони кадом кишварҳо дар солҳои оғози ҷанг ҷомадонҳои пури пулро масҷид ба масҷиди кишвар мебурданд, кадом кишвар ва фондҳои киҳо аввалин ячейкаҳои ваҳҳобиро дар Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ карданд.

Зимнан, ҷойи он ки ҳампаймонҳо ва шариконамонро дар СҲШ ва ИДМ мутмаин созем, баръакс онҳоро нигарон намуда, шубҳаву гумонро дар дурустӣ ва беғаразии сиёсати берунаи худ зиёд кардем.

Он чӣ ки ба манфиатҳои мутақобил марбут аст — барои Эрон дастгирии Тоҷикистон дар доираи СҲШ ва ИДМ, дар муносибат бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ муфид аст; дар дурнамо ба Тоҷикистон тиҷорат ва ширкатҳои хусусии эронӣ лозиманд.

Барои Тоҷикистон, ин дурнамои дарёфти сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёт мебошад. Эрон аз рӯи захираи нафт дар ҷаҳон мақоми панҷум ва аз рӯи захираи газ ҷойи дуюмро касб мекунад, ки мешавад онро барои коҳиши арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон истифода кард.

Дар Эрон саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди сехҳои хурд, масолеҳи сохтмон — он чӣ ки имрӯз барои тиҷорати хурди кишвари мо зарур аст, хуб рушд кардааст. 

Аммо, ин ҳама сатҳи дигари муносибот ва ҳамкориҳои мутақобил, инчунин тағйири фазои сармоягузорӣ дар дохили кишварро талаб мекунад. Дар шароити феълӣ, ки низоми муассири ҳифзи сармоягузорӣ вуҷуд надорад, гумон аст, ки сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд.   

CABAR.asia. Феълан, ҷонибҳо то куҷо омодаи ҳамкорӣ ҳастанд? Оё Тоҷикистон метавонад, ба дастгирии Эрон барои мисол дар сармоягузории неругоҳи Роғун умед бандад? Эрон метавонад дар ҳалли мушкили марбут ба нақлиёт бо Туркманистон ёрӣ расонад? 

Дар ҳоли ҳозир, мо танҳо метавонем дар мавриди оддисозии муносиботи Тоҷикистону Эрон, аз бозгашти онҳо то авзои тобуҳронӣ суҳбат кунем. Ба эҳтимоли зиёд, ҷонибҳо аллакай дар мавриди роҳандозии чанд тарҳи бузург дар бахши энергетика суҳбат ва ҳатто ба мувофиқа ҳам расида бошанд. Вале дар мавриди сармоягузории Эрон ба НБО Роғун ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст.

Аммо Эрон воқеан метавонад дар ҳалли мушкилоти нақлиётӣ бо ҳамсояҳо кумак кунад. Намунаи он дар аҳди раисҷумҳур Аҳмадинажод иттифоқ афтод ва Эрон барои осон кардани вазъи муҳосираи нақлиётӣ аз ҷониби Узбекистон ба Тоҷикистон кумак карда буд.

CABAR.asia. Қаблан, Тоҷикистон барои ба СҲШ шомил шудани Эрон мухолифат кард. Ин созмон то куҷо барои Эрон муҳим аст?

Ҳадафи аслии Эрон феълан берун шудан аз инзивои геополитикӣ ва муҳосираи иқтисодӣ аст. Дар муқобила бо ИМА, раҳбарияти Эрон аз ҳама бештар аз он хавф дорад, ки дар инзивои ҳамсояҳои худ ва дигар бозигарони глобалӣ наафтад. Аз ин рӯ, Эрон талош мекунад иштирок ва шарикиашро дар иттиҳодияҳои гуногуни геополитикӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва паймонҳо тавсеа бахшад.    

Наздикшавӣ ба СҲШ ва кишварҳои аъзои ин созмон яке аз самтҳои муҳими сиёсати берунии раҳбарияти Эрон мебошад. Дар оянда, Эрон метавонад бо истифода аз имконот ва имтиёзҳое, ки аъзои ин созмон дарёфт мекунанд, таҳримҳои иқтисодӣ ва эмбаргоро давр бизанад. Ба эҳтимоли зиёд дар Эрон ба ин умед мебанданд.

CABAR.asia. Дар Риёз ва Вашингтон ба эҳтимоли наздикшавии Тоҷикистону Эрон чӣ гуна муносибат мешавад? Онҳо мизони ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро коҳиш медиҳанд ё ба ин таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намекунанд?

Бешак, Вашингтон ва Риёз аз наздикшавии Эрон бо кишварҳои СҲШ чандон розӣ нестанд, аммо коҳиши мизони ҳамкориҳо баъид аст. Тавре болотар ишора шуд, ҳоло сухан танҳо аз оддисозии муносиботи Тоҷикистону Эрон меравад.   

Ба ибораи дигар, Тоҷикистон ба сиёсати берунии бисёрсамта бармегардад, ки метавон ҳам бо ИМА, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ ва кумак дарёфт кард.

Чунин сиёсати берунаи бисёрсамта бештар ба манфиатҳои Душанбе — новобаста аз муносибат миёни ин давлатҳо, мувофиқ аст. Тоҷикистон омода аст, ки бидуни ба кадом ҷонибе афзалият додан ва дар марказ гузоштани манфиатҳои миллӣ ва иқтисодии худ, бо ҳар яке аз ин кишварҳо муносибати кориро ҳифз намояд.

Чунин мавқеъ барои тамоми бозигарони геополитикӣ фаҳмо аст ва дар гузашта ҳеч мушкиле дар гузарондани чунин як сиёсати берунии мувозӣ надоштем.

Аз ин рӯ, гумон аст ки аз ҷониби ин кишварҳо шоҳиди вокуниш ё иқдомҳои мушаххасе шавем. Ҳама мефаҳманд, ки фишор метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад. Аммо ба эҳтимоли зиёд фаъол шудани таблиғоти салафиро, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ маблағгузорӣ мешавад ва ба барангехтани руҳияи зидди эронӣ дар Тоҷикистону минтақа равона шудааст, метавон интизор шуд. 


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: