Ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо дар Тоҷикистон на танҳо нақзи қонун аст, балки ба саломатии одамон ва муҳити зист таҳдид мекунад. Коршиносон мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бозори ғайриқонунии ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо чораҳои фаврӣ андешидан лозим аст.
«Кори хуб барои худ кор кардан аст»
Раҷаб Маҳмадов (номи қаҳрамон иваз шудааст) аз ҷумлаи онҳое аст, ки ҳамарӯза аз қуттиҳои партовгоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе буталҳои пластикӣ ҷамъ мекунанд. Бо аробаи худсохт аввал онҳоро ба хона мебарад ва онҷо мувофиқи салоҳдиди худ ба навъҳо ҷудо мекунад.
Бутал ва шишаҳои навтару тозатарро барои фурӯш ба онҳое мегузорад, ки нӯшокӣ ва об мефурӯшанд, боқимонда зарфҳои ифлостар ё комилан корношоямро барои коркарди дубора месупорад.
Маҳмадов мегӯяд, чанд моҳ пеш расман дар яке аз сохторҳои корхонаи манзилию коммуналии маҳалли зисташ кор мекард ва масъули тоза кардани партовгоҳ буд, вале пас аз иваз шудани роҳбарияти корхона корро тарк намуд ва ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ шурӯъ кард.
«Роҳбари собиқ барои тозагии як партовгоҳ ба мо ҳудуди ҳазор сомонӣ (ҳудуди 90-100 доллар) ҳақмузд медод, раиси нав бошад, ба ҳамин маблағ тоза нигоҳ доштани се партовгоҳро дастур дод. Ман рад карда, кори худро оғоз кардам», – мегӯяд Маҳмадов.
Маҳмадов ҳоло як бутали пластикиро бо қимати аз панҷоҳ дирам то як сомонӣ (тақрибан 5-10 сенти амрикоӣ) ба савдогорони обҳо мефурӯшад. Зарфҳои пластикии олудаву маҷақшударо бошад, бар ивази аз 1 то 1,3 сомонӣ (10 то 12 сенти амрикоӣ) барои як кило ба корхонае, ки ин навъи партовҳоро коркард мекунад, месупорад.
«Буталҳои пластикиро ба фурӯшандагони нӯшокӣ, ки дар маҳаллаҳои гирду атроф ҳастанд, мефурӯшам. Чунин савдогарон зиёданд, яъне харидор як шахси мушаххас нест. Зарфҳои пластикии чиркину маҷақшударо бошад, одамони мисли худам, ки мошин ва дар ин кор таҷрибаи зиёд доранд, омада аз хонаам мегиранд. Баъзан худам онҳоро ба «Политехникум» бурда, месупорам», – мегӯяд Раҷаб.
Ҳамин тариқ, ӯ маблағи муайян ба даст меорад. Ва ҳарчанд аз ифшои маблағи даромади ҳаррӯзааш худдорӣ кард, аммо бар ин бовар аст, ки кораш ба манфиати ҷомеа мебошад. Ӯ намедонад, ки ин намуди фаъолият ғайриқонунӣ аст.
«Ин кор беҳтар аз гадоӣ аст!»
Гулчеҳра Ҳасанова (ном иваз шудааст) низ ба таври ғайриқонунӣ аз партовгоҳҳои кӯчаҳои марказии пойтахт партовҳоро ҷамъоварӣ карда, ба фурӯши он машғул аст. Ӯ на танҳо зарфҳои пластикӣ, балки коғазу қуттиҳоро низ ҷамъоварӣ мекунад. Дар ин кор ба вай писари хурдиаш ёрӣ мерасонад.
«Ман кори расмӣ надорам, аз шавҳарам ҷудо шудаам. Аммо ман бояд ин писарро ғизо диҳам, таълим диҳам ва ба воя расонам. Ҳамаи ин маблағро талаб мекунад. Аз ин рӯ зарфҳои пластикӣ ва коғазпораҳоро ҷамъ карда, ба нуқтаи ҷамъоварии партовҳо месупорам ва аз ин ҳисоб ҳаррӯз то 30-40 сомонӣ (ҳудуди 3-4 доллар) ба даст меорам», – мегӯяд Гулчеҳра Ҳасанова.
Вай таъкид мекунад, ки то ҳол касе ӯро барои ин кор маҳкум накардааст, баръакс, баъзан саховатмандон ба вай кӯмаки молӣ ҳам мекунанд.
«Ман гадоӣ намекунам, дуздӣ намекунам, ҳеч кори ғайриқонунӣ намекунам. Кор мекунам ва зиндагиамро мегузаронам. Баъзан, дар роҳ одамони меҳрубон ману писарамро дида, ба мо каме пул медиҳанд. Аммо дар ҳар сурат, агар кори хубе бо маоши муносиб пайдо шавад, ҳатман аз ин шуғл даст мекашам. Аммо дар айни замон чунин имкон вуҷуд надорад. Аз талбандагӣ дида ин кор беҳтар аст»,- мегӯяд Ҳасанова.
Монанди Раҷаб Маҳмадов ва Гулчеҳра Ҳасанова дар пойтахти кишвар садҳо нафари дигар ба ҷамъоварӣ ва фурӯши партовҳо машғуланд. Теъдоди дақиқи онҳо маълум нест. Мақомоти кишвар низ дар ин бора омори мушаххасе пешниҳод намекунанд.
Бештари онҳо аз рӯи як нақша кор мекунанд: аз партовгоҳҳои пойтахт ҳар гуна зарф, коғаз, оҳану резинро ҷамъ карда, ба корхонаи коркарди партовҳо мебаранд ва бар иваз каме пул мегиранд. Ҳамин тавр барои пеш бурдани зиндагӣмаблағе ба даст меоваранд. Дар бораи асоси қонунии фаъолияти худ фикр намекунанд.
«Мо мебинем, аммо чашм мепӯшем»
Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди масъули назорати партовгоҳҳо иқрор мешаванд, ки аз фаъолияти ғайриқонунии сокинон вобаста ба ҷамъоварӣ ва фурӯши партовҳо огоҳанд.
Ин амал ғайриқонунӣ ва хилофи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аст. Аммо ба хотири таъмини фаъолияти корхонаҳои коркарди партов ва бо назардошти вазъи бади иҷтимоии аҳолӣ, набуди ҷойи кор ва ин далел ки он ягона манбаи даромади теъдоде аз сокинон мебошад, дар аксар мавридҳо ба қавле чашм мепӯшанд.
Ибодуллоҳи Маҳмадулло, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, сокинон ҳақ надоранд партовҳои партовгоҳҳоро ҷамъоварӣ кунанд ва умуман одамон иҷозаи ба партовгоҳ наздик шуданро надоранд (ба ғайр аз партофтани партовҳо).
«Танҳо мошини махсус метавонад ворид шуда, қуттиҳои партовгоҳҳоро холӣ кунад»,-таъкид мекунад Ибодуллоҳи Маҳмадулло.
Дар қонунгузории Тоҷикистон меъёрҳои мушаххаси ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо аз ҷониби сокинон пешбинӣ нашудааст, аммо тибқи моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми интиқол ва истифодаи партовҳо, ҷарима ба андозаи аз як то се нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 дар Тоҷикистон 72 сомонӣ ё 6,7 доллари ИМА мебошад) барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
Ибодуллоҳи Маҳмадулло мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2024 ҳудуди 30 нафар барои ҷамъоварӣ ва аз партовгоҳҳо берун бурдани партовҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
«Бештари онҳо бо ёрии дурбинҳои назоратӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар партовгоҳҳо насб шудааст, муайян ва муҷозот шуданд», – таъкид мекунад ӯ.
Ба гуфтаи Ибодуллоҳи Маҳмадулло, муҷозот барои ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо ночиз аст ва бояд сахттар карда шавад.
Дурбинҳои насбкардаи Кумита имкони назорати пурраи партовгоҳҳои Душанберо надоранд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҳоли ҳозир танҳо дар 50 партовгоҳи пойтахт дурбин насб шудааст. Аммо ба омори ниҳоди мазкур, теъдоди умумии партовгоҳҳо дар ҳудуди пойтахт ба 1805 адад мерасад. Ҳамин тавр, танҳо ҳудуди 2,7 дарсади партовгоҳҳо дар шаҳр таҳти назорат қарор доранд.
Маҳз бо ҳамин сабаб дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 30 нафар барои ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо муҷозот шудааст, ки барои пешгирии мушкил кофӣ нест. Ва ҳоло садҳо нафар дар кӯчаҳои пойтахт ба ин кор машғуланд ва ҳатто дар кӯчаву хиёбонҳои марказии Душанбе ҳам онҳоро дидан мумкин аст.
Ба гуфтаи Ибодуллоҳи Маҳмадулло, мақомот ба далели мушкили вазъи иҷтимоии мардум, набуди ҷойи кор ва ҳамчунин бо назардошти ин ки барои бархе аз сокинон ин ягона манбаи даромад маҳсуб мешавад, аз назорати ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз мавориди ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо даст кашидаанд.
Сабаби дигар мунтазам бо партовҳо таъмин намудани корхонаҳои коркарди такрорӣ мебошад. Ибодуллоҳи Маҳмадулло мегӯяд, ин корхонаҳо барои коркарди дубора ба мавод ниёз доранд ва бахше аз ин мавод маҳз аз ҷониби ҳамин сокинон таъмин мешавад.
«Ҳарчанд ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳо ба корхонаҳои коркарди партов аз ҷониби сокинон ғайриқонунӣ аст, аммо барои рушди ин корхонаҳо мо аз он чашм мепӯшем», – гуфт Ибодуллоҳи Маҳмадулло.
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии партовҳоро як корхонаи вижаи давлатӣ – Хоҷагии манзилию коммуналӣ анҷом медиҳад, ки партовҳоро аз партовгоҳҳои пойтахт ба партовгоҳҳои бузурги берун аз шаҳр мебарад.
Корхонаҳои коркарди такрорӣ дар кишвар асосан хусусӣ буда, партовҳоро аз шахсони алоҳида қабул мекунанд.
Бар асоси моддаи 239-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи партовҳо аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 14000 то 21600 сомонӣ ё аз 1284 то 1980 доллар) ҷарима мешаванд.
Ширкатҳои коркарди партовҳо қонунӣ кор мекунанд?
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар саросари кишвар 74 корхонаи хурди коркарди партов фаъолият дорад:
Ибодуллоҳи Маҳмадулло таъкид кард, ки ҳамаи ин корхонаҳо фаъолияти қонунӣ доранд, аммо тафтиши ҳамаи онҳо имконнопазир аст. Мо аз чанд корхонаи коркарди партовҳои пойтахт, аз ҷумла дар наздикии бозори собиқи “Ҷал-Ҷам”, маҳаллаи 46, назди боғи Фирдавсӣ ва маҳаллаи маъруф ба “Политехникум” дидан карда, боварӣ ҳосил намудем, ки ҳамаи ин корхонаҳо партовҳоро аз сокинони шаҳр қабул мекунанд, аммо ҳамаи кормандони ин корхонаҳо аз суҳбати ошкоро ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти расмӣ худдорӣ карданд.
Коршиносон ҳам бар ин назаранд, ки теъдоде аз корхонаҳои коркарди партов ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд.
Аниса Абибуллоева, фаъоли ҳифзи муҳити зист мегӯяд, бархе аз ин корхонаҳо ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд ва сабаби аслии ин корро ӯ фирор аз хароҷоти изофӣ барои дарёфти муҷаввизи Вазорати саноат ва савдо ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист медонад.
Барои гирифтани иҷозатномаи коркарди партовҳо дар Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ бояд дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шавад, илова бар ин, дарёфти санадҳои зиёде лозим аст – барои бехатарӣ аз сӯхтор аз Хадамоти оташнишонӣ, барои фаъолияти истеҳсолӣ аз Вазорати саноат ва савдо, барои ихроҷи моддаҳои олудакунанда ба ҳавои атмосфера аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Нуктаи дигаре, ки Аниса Абибуллоева ба он таваҷҷуҳ мекунад, ин аст ки дар бештари маворид чунин корхонаҳо ба далели надоштани сармоя ва кормандони кордон наметавонанд бо бозори доғи ҷамъоварӣ ва коркарди партов рақобат кунанд. Ва ин боиси боз ҳам шадидтар шудани бозори ғайриқонунии ҷамъоварии партовҳо мегардад.
Чӣ истеҳсол мешавад ва ин ҳама ба куҷо меравад?
Ибодуллоҳи Маҳмадулло мегӯяд, корхонаҳои коркарди партовҳо асосан ба коркарди дубора машғуланд. Масалан, аз пластика зарфҳои пластикӣ ё бастаҳои полиэтиленӣ, аз коғаз аксар вақт коғази ташноб, аз маҳсулоти нафтӣ рӯйпӯшҳои майдони варзишӣ ва маҳсулоти резинӣ омода мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳамасола дар кишвар каме бештар аз 23 ҳазор тонна партов коркард мешавад. Хаҷми умумии партовҳо 4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми гардиши сармояро дар ин бахш ҳисоб кардан ғайриимкон аст.
Ба гуфтаи Ибодуллоҳи Маҳмадулло, маҳсулоти тавлидшудаи ин корхонаҳо дар дохили кишвар истифода шуда, ба хориҷ содирот намешавад.
Аммо яке аз масъулони корхонаи коркарди партовҳои маҳаллаи 46-уми пойтахт бидуни зикри номаш гуфт, онҳо зарфҳои пластикии коркардшударо ба Узбекистон содирот мекунанд ва аз он бастаҳои полиэтиленӣ месозанд.
Чаро партовҳо дар корхонаҳои давлатӣ коркард намешаванд?
Соли 2021 ҳукумати шаҳри Душанбе аз татбиқи лоиҳаи “Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ” хабар дод. Лоиҳаи мазкур мебоист аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри Ҳушманд” амалӣ мешуд, ки ҳамчунин ба коркарди партовҳо машғул мегардид, аммо лоиҳа иҷро нашуд. Сабабаш то ҳол маълум нест.
Ҳамин тавр, дар кишвар ҳанӯз низоми давлатии коркарди партовҳо ташкил нашудааст. Аз ин рӯ, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро корхонаҳои хусусии коркарди партовҳо ва бидуни риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва бо истифода аз хадамоти шахсони алоҳида амалӣ мекунанд.
Коршиносон иллати ҷалби сокинон ба ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро ба стратегияи заифи мақомоти маҳаллӣ дар бахши муомилот бо партовҳо марбут медонанд.
Аз ҷумла, Аниса Абибуллоева мегӯяд, стратегияи заифи мақомоти маҳаллӣ дар соҳаи муомила бо партовҳо боиси беназорат баровардани партовҳо аз партовгоҳҳо мегардад, “қуттиҳои партов ҳамеша пур аст ва ин дастрасии аҳолӣ ба партовҳоро осон мекунад”.
Ва ин омил ки нерӯи корӣ дар Тоҷикистон босуръат меафзояд ва пайдо кардани ҷойҳои корӣ душвор аст, барои тавсеаи мушкили зикршуда мусоидат мекунад. Дар шароити бекорӣ бархе сокинон аз ҷамъоварӣ ва фурӯши партовҳо зиндагии худро таъмин мекунанд.
Ибодуллоҳи Маҳмадулло низ номукаммалии стратегияи давлатиро дар бахши коркарди партовҳо эътироф мекунад.
“Феълан, стратегияи махсуси коркарди партовҳо вуҷуд надорад. Қарор аст, дар оянда қабул шавад ва Кумита ин стратегияро таҳия мекунад”, – мегӯяд Ибодуллоҳи Маҳмадулло.
Аммо маълум нест, ки ин стратегия кай таҳия ва қабул мешавад, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ бошанд, дар ин бора маълумоти мушаххас намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, бояд қайд кард, ки қонунгузории кишвар тартиби ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва тоза кардани маҳалҳои аҳолинишинро муқаррар мекунад. Моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ин масъулиятро танҳо ба дӯши мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ гузошта, таъкид менамояд, ки ҳангоми татбиқи он риояи талаботи санитарӣ, гигиенӣ ва экологӣ зарур аст.
Дар моддаи 4-и қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо таъкид шудааст.
Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ” истеҳсолкунандаи партовҳо ҳуқуқи моликият ба партовҳоро аз лаҳзаи ҳосилшавии онҳо ва то ба шахси дигар гузаштани ин ҳуқуқ ё ин ки то коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовҳо бо тартиби муайяншуда ба даст меорад (моддаи 4 1). Пас аз ҷамъоварии партовҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор, он ба ихтиёри ин мақомот, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегузарад (моддаи 6).
Ташкили ҷамъоварӣ ва бурдани партовҳо бо стандартҳои тасдиқшудаи санитарию экологӣ танзим карда мешавад (моддаи 11). Худсарона баровардани партовҳо аз ҷониби сокинон, масалан, ба ҷойҳои иҷозатдодашуда метавонад нақзи қоидаҳои муқарраршудаи коркарди партовҳо ҳисобида шавад. “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд” (моддаи 22).
Ҳамин тариқ, ҳама гуна амалҳо бо партовҳо, ки ба стандартҳои муқарраршуда мухолифанд, метавонанд ҳамчун нақзи тартиботи муомилот бо партовҳо эътироф шаванд.
Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва и Қарори Ҳукумат “Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ” амал мекунад. Масъулияти иҷрои онҳо ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Хадамоти санитарию эпидемиологии кишвар гузошта шудааст.
Набудани стратегияи давлатии ҷамъоварӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳо дар Тоҷикистон, инчунин танзими нокифояи раванди коркарди партовҳо дар санадҳои қонунгузории кишвар заминаи мусоидро барои рушди ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо бо иштироки шахсони алоҳида фароҳам овардааст.
Пешгирӣ аз ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо
Аниса Абибуллоева нақши давлатро дар ҷилавгирӣ аз ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо муҳим медонад. Ба таъкиди ӯ, пеш аз ҳама системаи самарабахши ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро ба вуҷуд овардан лозим аст.
Ба гуфтаи Аниса Абибуллоева давлат метавонад ин бахшро танзим кунад ва барои ин василаҳои гуногун, аз қабили додани қарзҳои имтиёзнок, сармоягузории мустақим, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти расмӣ, осон кардани дастрасӣ ба муҷаввиз ва баланд бардоштани масъулияти истеҳсолкунандагонро дорад.
“Яке аз роҳҳои муосири танзими идоракунии партовҳо дақиқ кардани таркиби партовҳо ва оғози коркарди мутамаркази он мебошад. Яъне, агар таркиби партовҳо мушаххас ва он дар корхонаҳои бузурги коркарди партов ба таври мутамарказ коркард шавад, дар ин сурат метавон бештар маҳсулоти коркардшуда тавлид кард”, – мегӯяд Аниса Абибуллоева.
Вай роҳи дигарро дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мебинад. Абибуллоева мегӯяд, дар ин сурат давлат бо бахши хусусӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонад, мақомоти маҳаллӣ барои фаъолияти бахши хусусӣ шароит фароҳам меоранд, то мардум низ дар шароити муносиб кор кунанд. Дар ин сурат корхонаҳои коркарди партов барои қонунӣ кор кардан ҳавасманд мешаванд.
Ва ниҳоят, ба аҳолӣ низ бояд дар мавриди тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо, асосҳои қонунии он, талаботи санитарӣ ва дарёфти музди меҳнати муносиб маълумот дода шавад.
“Агар чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, теъдоди сокиноне, ки ба ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо машғул мешаванд, афзоиш ёфта, бахши коркарди партовҳо рушд намекунад”,- таъкид мекунад Аниса Абибуллоева.