© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

«WHATSAPP» МУЗАФФАРРО 12 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД (САДО+ИНФОГРАФИКА)

Музаффар Хоҷабоев тариқи барномаи «WhatsApp» фирефтаи аъзои созмони террористии «ДИИШ» шудааст ва додгоҳро ўро беш аз 12 сол паси панҷараи низомаш шадид равон кардааст.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Музаффар Хоҷабоев
Музаффар Хоҷабоев

Автор: Ҷамшед МАЪРУФ

Додгоҳи Истиқлоли шимоли Тоҷикистон моҳи феврали соли равон як ҷавони ўзбекзабони ин шаҳрро барои қасди ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия ва пайравӣ ба равияи ифротии «ДИИШ» 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд.

Манбаи мўътамад аз ин ҷавон Музаффар Хоҷабоев ном бурда, афзуд, ки ў қасди иштирок дар созмони фаъолияташ мамнўъ дар Тоҷикистонро доштааст. Ба иттилои манбаъ, ҳукми айбдоршаванда аз сўйи судяи суди шаҳри Истиқлол Сомониддин Муслибиддинзода дар толори додгоҳи шаҳри Хуҷанд хонда шудааст. Зимни эълони ҳукм айбдоршаванда аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ кардааст.

Бино ба иттилои додгоҳ, ин ҷавонро 12-уми апрели соли 2017 мақомоти интизомии Истамбули Туркия бо ҳамсару ду фарзанди ноболиғаш боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол додааст: «Хоҷабоев бо супориши яке аз ифротиҳои равияи террористии «ДИИШ» ҳамсараш Хоҷабоева Ю.М. ва фарзандонашро бо худ гирифта, тавассути мошини кирокаш ба «Автовокзал»-и шаҳри Истамбул рафта, аз он ҷо ба шаҳри Ҳотай, ки дар наздикии марзи Туркия ва Сурия ҷойгир аст, раҳсипор шудаанд. Бинобар назорати пурзўри сарҳади давлатӣ ва пайдо накардани имконияти вуруд ба қаламрави Сурия, ин аъзои оила ба шаҳри Истамбул бозпас омада, баъдан аз сўйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт гаштаанд».

Додгоҳ гуфтааст, Музаффар Хоҷабоев тариқи барномаи «WhatsApp» фирефтаи аъзои созмони террористии «ДИИШ» шудааст ва ҳамакнун, ў беш аз 12 соли ҳаёташро зери панҷараи низомаш шадид паси сар хоҳад кард.

 

630 суғдӣ дар робита ба терроризм ва экстремизм гумонбаранд

Раёсати умури дохилии Суғд дар нишасти солонаи хабариаш дар рўзи 2-уми феврали соли равон аз 630 сокини вилоят хабар дод, ки дар самти терроризм ва экстремизм гумонбар дониста мешаванд.

Машраф Истамзода, сардори Шўъбаи кофтукови ҷиноии Раёсат

Машраф Истамзода, сардори Шўъбаи кофтукови ҷиноии Раёсат гуфт, айни ҳол 1041 нафар дар умум дар кофтукови расмӣ қарор доранд: «Аз ин шумора 630 нафар дар самти терроризм ва экстремизм мебошад».

 

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд Қудратулло Назарзода мегўяд, дар натиҷаи амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни волидайн ва хешовандони онҳо 34 нафар ихтиёран ба шўъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии вилоят ҳозир шуданд.

Қудратулло Назарзода, Сардори Раёсати умури дохилии Суғд
Қудратулло Назарзода, Сардори Раёсати умури дохилии Суғд

Дар идома Назарзода аз 7 шаҳру навоҳии осебпазири шимоли кишвар – Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт, ном бурд, ки маҳз сокинони ин ҷо бештар ба гурўҳҳои ифротӣ пайвастаанд.

 

Ҷустуҷўйи ҳудуди 80 сокини Ашт дар самти ифротгароӣ

Шўъбаи умури дохилии Ашт ҳудуди 80 сокини ин ноҳияро дар самти терроризм ва экстремизм ҷустуҷўй дорад. Дар ин бора сардори ин ниҳод Солеҳзода Абдувоҳид зимни нишасти хабарии раиси ноҳияи Ашт ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ў гуфт, соли 2017 дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 94 ҷинояткори дар ҷустуҷўй қарордошта ба қайд расида бошад, аз ин шумора танҳо 77 нафар дар самти терроризм ва экстремизм мебошад: «Аз ин рақам 45 кас дар дигар давлатҳои исломӣ дар задухўрдҳои мусаллаҳона ширкат доранд ва 32 тани дигар дар робита ба экстремизм аст».

Солеҳзода инчунин оид ба баргардонидани толибилмоне, ки дар дигар давлатҳо маълумоти ғайриқонунии динӣ мегиранд, маълумот дода, афзуд, ки соли гузашта ҳамагӣ 9 нафарро ба қайд гирифтаанд.

 

59 донишҷўй аз Суғд дар макотиби динии хориҷи кишвар ҳастанд

Назарзода мегўяд, феълан 59 донишҷўй аз шимоли Тоҷикистон дар макотиби динии хориҷи кишвар қарор доранд.

Бино ба иттилои Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Суғд, то 1-уми январи соли 2018 дар хориҷи кишвар ҳамагӣ 59 нафар донишҷўён, аз он ҷумла 21 каси тамоман барнагашта ва 38 тани дуборарафта, қарор доранд. Ў мегўяд, инчунин дар 12 моҳи соли гузашта 23 нафар донишҷўён даст ба ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистидошта задаанд, ки феълан онҳо дар пайгарди расмӣ қарор доранд.

Ба иттилои ин ниҳод, аксари донишҷўён дар донишгоҳҳои динии Покистон, Миср, Ливия, Ироқ ва Қатар таҳсил менамоянд.

Мақомоми корҳои дохилии Суғд феълан барои ба Ватан баргардонидани ин донишҷўён аз таҳсил бо волидайну пайвандони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанўз моҳи марти соли 2017 дастур дода буд, ҷавонони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба Ватан баргардонида шаванд.

 

Қатъи 3 парванда аз сўйи Додситонии Суғд оид ба ифротгароӣ

Додситонии вилояти Суғд дар соли гузашта 3 парванда оид ба ифротгароиро қатъ кардааст. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидов, сардори ин ниҳод зимни нишасти солонааш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ў афзуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар соли 2017 се парвандаи ҷинояти дорои хусусияти ифротгароиро бинобар баргашта омадан ва пушаймонӣ изҳор кардани ашхоси гумроҳшуда қатъ кардааст.

Ҳабибулло Воҳидов

Бино ба гуфтаи Воҳидов, гўиё онҳо дар муҳорибаҳои мусаллаҳона иштирок доштаанд, вале ба далели дарёфт нашудани асосҳои лозима аз сўйи ин ниҳод парванда қатъ карда шудааст.

Ин ниҳод ҳамчунин журналистонро барои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Пешгириии 3 амали террористӣ дар шимоли Тоҷикистон

Раёсати умури дохилии Суғд соли 2017 аз се амали террористӣ дар қаламрави шимоли кишвар пешгирӣ кардааст. Дар ин бора сардори ин ниҳод Қудратулло Назарзода зимни нишасти солонаи хабариаш ба журналистон хабар дод.

Бино ба гуфтаи генерал, ин се амали террористӣ дар Истаравшан, Ҷаббор Расулов ва Исфара пешгирӣ карда шудааст.

Машраф Истамзода, сардори Шўъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД дар Суғд дар шарҳи ин амалиёт гуфт, ҷинояткорон мехостанд, чанд бинои маъмурии ҳифзи ҳуқуқ дар ин шаҳру ноҳияро тарконанд.

Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии Суғд, соли 2017 дар қаламрави вилоят 5 ҳазору 712 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи амалинамоии маҷмўи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва тафтишоти ошкорнамоии 4 ҳазору 478 адад ё 93,35%-и ҷиноятҳо таъмин карда шудааст.

«Таълими «Одоби дин» ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ монеъ мешавад»

Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода
Ибодулло Калонзода

Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода, рўҳонӣ ва яке аз чеҳраҳои саршинос дар як суҳбати ихтисосӣ аз сабабу омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои террористиву экстремистӣ ҳарф зада, гуфт, вақте дар бораи омилҳо сухан мекунем, бояд маърифати ҳуқуқии ҷавононро аз имрўз баланд кард. Ў бар ин назар аст, ки дар оила вақте хавфи шомил шудани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ мавҷуд аст, падару модар ин қисмати тарбиявии оилавии худро бояд ҷоннок кунанд. «Дар синни мактабӣ, донишгоҳ, донишкада аз тарафи волидон нуқтаи назари мазҳабии мо, бигзор соддаву одӣ бошад ҳам, лекин фаҳмонида шавад. Изофа бар ин, ҳамеша вақте телефонӣ суҳбат мекунанд, фарзандони худро огаҳ созанд, ки ба хотири пул ё мол ба доми ифротиҳо гирифтор нашаванд. Чунки ҷавонон дар дигар шаҳру навоҳӣ ва ё хориҷи кишвар аз назорати падару модар озодтаранд»,- афзуд ў.

Ин рўҳонии шинохтаи тоҷик дар поёни ҳарфаш пешниҳод кард, ки дар макотиби миёнаву олӣ таълим додани «одоби дин» ва мулоқоту вохўриҳои зиёд ҳам метавонад, ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ сабаб шавад.

 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: