© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Пардохти маблағ дар боғчаҳои Хуҷанд: 150 сомонӣ ба ҷои 110 (чандрасонаӣ)

Ҳамасола аз буҷаи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барои муассисаҳои таълимии томактабӣ маблағи муайян ҷудо мешавад. Шарҳдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода борҳо дар нишастҳои хабарияш гуфта, ки барои таъмин ва таъмири мактабу боғчаҳои маркази вилояти Суғд аз сокинон пул ҷамъ карда намешавад. Вале таҳқиқоти мо нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимии томактабии Хуҷанд ҳанӯз ҳам аз волидон пул талаб мекунанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Сокини 36-солаи шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз, ки нахост насабаш бурда шавад, гуфт, бо маоши 670-сомониаш (69 доллар) ҳар моҳ барои ду кӯдаки худ 200 сомонӣ пули боғча месупорад. Ин зан, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, фарзандонашро ба танҳоӣ бузург мекунад, афзуд, дар баробари пули моҳона барои таъмири бинои боғча ва лавозимоти дигар низ аз ӯ маблағ талаб мекунанд. Ҳамчунин баъзан маҷбур аст, барои баргузор кардани ин ё он чорабинӣ ва эҳтиёҷоти дигари боғча низ пул бидиҳад.

«Касе маҷбур намекунад, пул диҳанд…»

Шарҳдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар нишасти хабарии нимсолаи 2018 гуфта буд, «ягон хел маблағситонии иҷборӣ вуҷуд надорад. Танҳо худи кумитаи падару модарон барои беҳтар кардани шароити хониши фарзандонашон иқдом менамоянд».

Бино ба иттилои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, фасодкорӣ миёни кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва соҳаи маорифу тандурустии шимоли кишвар афзоиш ёфтааст.

«Барои намуна, давоми соли 2018 даст доштани 14 корманди соҳаи маориф дар 19 ҷиноят ошкор карда шуд ва ду нафари онҳо мудири боғча ҳастанд”, – омадааст дар иттилоияи раёсат.

Ба гуфтаи нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсат Назриён Васлибек, мудири боғчаи шаҳри Бустон Сафия Каримова 30 апрели соли 2018 аз шаҳрванд Каримова А.Р. барои бе навбат қабул кардани фарзандаш Саидова Р. 400 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.

Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд
Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд

Сардори раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Карим Иброҳимзода сабаби асосии даст ба фасодкорӣ задани кормандони ниҳодҳои давлатиро ба омилҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сатҳи иҷтимоии онҳое рабт дод, ки ришва мегиранд.

Мафҳуми “коррупсия” дар қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” чунин омадааст:

Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 772);

Ҳуқушинос Абдулмаҷид Ризоев мегӯяд, бар асоси мафҳуми мазкур шахсоне, ки ришва медиҳанд ё мегиранд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Дар Тоҷикистон барои мубориза бо фасодкорӣ тамоми шароит фароҳам карда шудааст. Соли 2007 бо ин ҳадаф бар асоси фармони президенти Тоҷикистон ниҳоде таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он мубориза бо коррупсия буд ва хоҳад монд. Ҳамзамон ҳар сол қонунгузории Тоҷикистон дар ин самт такмил шуда, амалҳое, ки қаблан фасодкорӣ шумурда намешуданд, ҳоло ҷиноят эълом гаштаанд.

Ба гуфтаи Ризоев, Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳам барои додани ришва ва ҳам барои гирифтани он ҷазо пешбинӣ кардааст. «Барои намуна, моддаи 319 «гирифтани ришва», моддаи 320 «додани ришва» ва моддаи 321 «талаби ришва» мебошанд», – изҳор дошт ҳуқуқшинос.

Бино ба иттилои расмӣ, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 22 ҳазор кӯдаке зиндагӣ мекунанд, ки синашон томактабӣ аст. Соли гузашта 8 ҳазору 470 нафар дар муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ ва 800 тани дигар дар боғчаҳои хусусӣ тарбият гирифтаанд.

Ба гуфтаи мушовири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди шаҳр 44 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 32 муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, 11 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ ва 1 Маркази ислоҳнамоӣ-педагогӣ барои кӯдакони норасоии нутқдошта фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо ҷамъан 9270 кӯдак тарбият гирифта, 430 мураббӣ фаъолият мекунад. Ҳаминтариқ соли 2018 беш аз 42 дарсади кӯдакони синни томактабии маркази вилояти Суғд дар боғчаҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бар пояи иттилои сомонаи президенти Тоҷикистон, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят ба таълими тарбия фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ҳамагӣ 15 дарсад ва якҷо бо марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 20 дарсадро ташкил медиҳад.

«Ҳарчанд нишондиҳандаи мазкур нисбат ба минтақаҳои дигари кишвар беҳтар аст, вале онро набояд қонеъкунанда шумурд. Зеро иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 12,5% таъмин гашта, дар ин давра аз 280 муассисаи дар нақша буда танҳо 35 муассисаи томактабӣ таъсис дода шудааст»,- афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти кишвар ҳамчунин қайд карда, ки бар асоси нишондоди Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушди кишвар барои солҳои 2016-2020 фаро гирифтани кӯдакони аз 3 то 6-сола ба муассисаҳои таълимии томактабӣ бояд то 30 дарсад расонида шавад. “Аз ин лиҳоз, раҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар робита ба ноил шудан ба нишондиҳандаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд”, – таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон.

Беш аз 15 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ дар соли 2018

Бино ба иттилои Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд, бар асоси буҷаи тасдиқшуда барои муассисаҳои таълимии томактабии маорифи шаҳр дар соли 2018, барои боғчаҳои маркази вилояти Суғд дар аввал 14 миллиону 778 ҳазору 486 сомонӣ  ҷудо шудааст ва ба далели дар натиҷаи офатҳои табиии охирҳои соли 2017 осеб дидани боғчаҳои шаҳр ибтидои соли соли 2018 аз ҳисоби захираҳои буҷаи маҳаллӣ барои рафъи зарарҳо 1 миллиону 90 ҳазору 971 сомонии иловагӣ ҷудо гашт. Ҳаминтариқ соли 2018 барои муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд ҷамъан 15 миллиону 869 ҳазору 457 сомонӣ ҷудо шудааст.

Мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова дар суҳбат бо хабарнигори CABAR.asia гуфт, сар аз 1 январи соли 2016 тамоми муассисаҳои таълимии томактабии маркази вилояти Суғд ба низоми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шудаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин кор бар асоси Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 2-уми ноябри соли 2015, таҳти №627 «Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ», мутобиқи моддаи 55-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва бо ҳадафи роҳандозии механизми нави маблағгузории муассисаҳои давлатии томактабӣ анҷом шудааст.

Нозимова афзуд, ки соли 2018 барои муассисаҳои томактабӣ аз буҷаи маҳаллии шаҳр беш аз 14 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки назар ба соли 2017 се дарсад бештар аст. “Ин пулҳо барои пардохти маош, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маводи ғизоӣ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, молҳои канселярӣ ва таҷҳизоти техникӣ истифода бурда мешаванд”,- илова кард ӯ.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи шаҳри Хуҷанд, бар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31-уми марти соли 2016 таҳти №150 «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, аз 10-уми январи соли 2017 таҳти №7 «Оид ба пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» ҳамаи мудирони боғчаҳо вазифадор карда шудаанд, ки истифодаи мақсадноки пулҳои ҷудошударо назорат кунанд.

Бинобар ин, ба гуфтаи Муҳаббат Нозимова, тибқи талаботи қарорҳои мазкур ҳангоми таҳияи буҷаҳои маҳаллӣ сметаи хароҷоти ҳар як муассисаи таълимии томактабии шаҳр ба назар гирифта шуда, вобаста ба шумори кӯдакон маблағгузорӣ хоҳанд шуд.

“Дар асоси гуфтаҳои боло, пардохти моҳонаи боғчаҳо барои як кӯдак 100 сомониро ташкил дода, тибқи фармоиши шӯъбаи маориф, 70%-и ин маблағ ба маводи ғизоӣ, 25% ба харҷҳои коммуналиву хидматрасониҳои дигар равона шуда, бо 5%-и боқӣ касре рӯйпӯш карда мешавад, ки дар натиҷаи фарқияти мизони харҷҳо аз даромад ба миён омадааст”, – афзуд ӯ.

Тибқи ҳисоби мо, агар волидони 8 ҳазору 470 кӯдаке, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд тарбият мегиранд, 100-сомониӣ пардохт кунанд, дар як моҳ 847 ҳазор ва дар 12 моҳи соли гузашта 10 миллиону 164 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст. Агар аз буҷаи маҳаллӣ 15 миллиону 869 ҳазору 457 сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас бар сари ҳар як боғчаи шаҳри Хуҷанд, ки шуморашон ба 33 адад мерасад, 480 892 сомониву 63 дирам рост хоҳад омад.

8 470 кӯдак х 100 сомонӣ = 847 000 сомонӣ

847 000 сомонӣ х 12 моҳ = 10 164 000 сомонӣ ё

15 869 457 сомонӣ / 33 боғча = 480 892,63 сомонӣ

8 470 кӯдак х 10,32 USD = 87 395,27 USD

87 395,27 USD х 12 моҳ. = 1 048 743,24 USD

ё 1 637 444,49 USD / 33 боғча = 49 619,53 USD (санаи 01.11.2019 қурби 1 доллар – 9.6916 сомонӣ)

Ҷамъан соли 2018 пуле, ки аз буҷаи шаҳри Хуҷанд ҷудо ва аз сӯи волидони кӯдакон пардохт шудааст, ки 26 миллиону 33 ҳазору 457 сомонӣ (ҳудуди 2 миллиону 686 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Ваъдаҳои иҷронашуда…

Моҳи августи соли 2017 якбора се мақоми баландпояи вилояти Суғд эълом карданд, ки сар аз соли 2018 ба ҷамъоварии маблағ аз волидон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар хотима хоҳанд бахшид.

Сокини шаҳри Хуҷанд Даврон Каримов дар суҳбат бо мо гуфт, кормандони муассисаи таълимии томактабӣ аз замони қабули фарзандаш ба боғча ва то замони ба сини мактабӣ расидани ӯ ҳар моҳ бо ҳар баҳона маблағи иловагӣ талаб мекарданд.

Маблағи моҳонаи боғчаҳо то охири соли гузашта 100 сомониро ташкил дода, аз моҳи январи соли равон то ба 110 сомонӣ боло бурда шудааст. “Албатта, ҳар як падару модар барои тарбияву омӯзиши фарзандони худ ин маблағро падорхт мекунанд, ки аз дигарон ақиб намонданд. Вале вақте бар иловаи пули моҳона барои таъмири бино ё чизи дигар пул талаб мекунанд, одам дар ҳайрат мемонад”, – изҳор дошт Каримов.

Раиси пешини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ яке аз нахустин мақомҳои баландпояи вилояти Суғд буд, ки зимни як нишасти хабарӣ дар ин замина бо рӯзноманигорон суҳбат кард. Ӯ гуфт, сар аз соли 2018 ҷамъоварии маблағ аз волидон барои таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ дар 8 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, аз ҷумла Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон, Бустон, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ қатъ хоҳад шуд.

Дертар шарҳдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода илова кард, ки соли 2018 барои таъмири бинои мактабу боғчаҳо аз волидон пул ҷамъ карда намешавад. “Инро ман расман эълон карда истодаам. Буҷаи шаҳр ба мо имконият медиҳад, ки мактаб ва боғчаҳоро аз ҳисоби буҷа таъмиру тармим кунем. Вале фақат аз соли нави хониш, чунки аллакай имсол маблағҳо ҷамъ шуда, сарф гаштааст ва 89%-и корҳо аллакай ба охир расидааст”,- изҳор дошта буд, раиси шаҳр.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ҳам он замон ба масъалаи таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ дахл карда, гуфта буд, ки «ҳамин соли хонишро мо бо кӯмаки волидон ҷамъбаст карда, соли оянда ҳангоми банақшагирии буҷаи соли 2018 хазинаи таъмири бинои мактабҳоро ба назар мегирем».

Соли гузашта низ дар нишасти хабарии шаҳрдории Хуҷанд масъалаи мазкур матраҳ карда шуд. Маъруф Муҳаммадзода ба хабарнигорон гуфт, «дар ҳақиқат дар нишасти қаблӣ зикр карда будем, ки маблағситонӣ аз падару модарон бардошта мешавад ва мо инро пайгирӣ намуда, то охир мебарем. Вале аз сабаби рух додани офати табиӣ дар охири моҳи декабри соли 2017 чанд муассисаи таълимии шаҳр осебҳои ҷиддӣ диданд ва маблағҳои зиёд барои таъмир бом, дар ва тирезаи мактабҳо сарф шуданд. Бинобар ин, дар буҷа маблағҳои лозима кам монданд».

Ваъдаи мақомоти вилояти Суғд дар мавриди андешидани чораҳои зарурӣ ва ҳалли мушкили маблағситонӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо гузашти чандин муддат ҳанӯз ҳам иҷро нашудааст.

Назарпурсӣ ба ҷои хулоса…

Арзиши хидматрасонии муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 дар як моҳ расман 110 сомонӣ муайян карда шуд. Вале натиҷаи назарпурсии мо нишон дод, ки аксарияти волидон беш аз 110 сомонӣ месупоранд.

84% дарсади иштирокдорони назарпурсии мо (шумори умумии иштирокдорон – 130 нафар), ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук анҷом шуд, гуфтанд, дар як моҳ беш аз 110 сомонӣ пули боғча месупоранд. Дар назарпурсие, ки миёни 36 падару модар анҷом шуд, 28 дарсад гуфтанд, ки моҳе аз 100 то 110 сомонӣ пули боғча месупоранд. 72 дарсади боқӣ аз 115 то 150 сомонӣ месупоридаанд. Назарпурсиҳо дар мавриди пули боғча дар миёни сокинони шаҳри Хуҷанд ва се гуруҳи шабакаи иҷтимоии Фейсбук – («Я, Люблю Худжанд!», «Tajik Mama Group» ва «Навиди Суғд») моҳи майи соли равон анҷом шудаанд.

Натиҷаи назарпурсӣ

18 нафари пурсидашудаҳо гуфтанд, ки аз шароити муассисаҳои томактабӣ “розӣ” ҳастанд. 11 нафар шароити боғчаҳоро “қаноатбахш” номида, танҳо 7 кас гуфтанд, ки аз он норозиянд. Дар ҳамин ҳол, 15 падару модар иқрор карданд, ки барои қабул шудани фарзандашон ба боғча “маблағ” доданд. Ҳашт тани пурсидашудаҳо гуфтанд, ки фарзандони онҳо ба воситаи миёнаравии шиносҳояшон ба боғча қабул шуда, ҳашт каси дигар ба муассисаҳо “кумак” кардаанд.

Ҳамчунин дар натиҷаи назарпурсӣ маълум гашт, ки аз миёни 36 падару модари пурсидашуда танҳо 78 дарсадашон бо муассисаҳои таълимии томактабӣ шартнома доранд. Ин волидон мегӯянд, бар иловаи пули моҳона, барои чизҳои дигар низ ҳар моҳ пул месупоранд.

Падару модарон ҳамчунин аз шумори зиёди кӯдакон дар гуруҳҳо ибрози норизигӣ мекунанд. Онҳо дар рафти назарпурсӣ гуфтанд, ки дар баъзе аз гуруҳҳо то 40 кӯдак тарбият мегирад. Ба гуфтаи волидон, ин чиз ҳам барои мураббӣ ва ҳам барои назорати гуруҳ мушкил эҷод хоҳад кард.


Ин тадқиқоти журналистӣ дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: