© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар бораи интихоботи президентии соли 2020-и Тоҷикистон чиро бояд донист?

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. Аммо коршиносон муътақиданд, ки натиҷаҳои он аллакай маълум аст ва раисҷумҳури амалкунанда курсиашро ҳифз мекунад.


Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!


Чӣ муқаррароте муайян шудааст?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 сол интихоб карда мешавад. Талаботи асосӣ барои муддаии курсии президентӣ:

  • синнаш ба 30 расида бошад;
  • забони давлатӣ (тоҷикӣ)-ро донад;
  • 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад.

Як нафар ҳақ надорад, ки беш аз ду давра президент бошад. Аммо ин талабот пас аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 2016, ба президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дахл надорад.

Муддаӣ барои сабти ном ба ҳайси номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон бояд аз шумораи умумии интихобкунандаҳо имзои панҷ дарсади онҳо (260 ҳазор)-ро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кунад. 

Имсол панҷ нафар барои курсии президентӣ талош мекунанд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бар иловаи президенти амалкунанда боз чор номзади дигарро сабти ном кард.

Эмомалӣ Раҳмон – ҲХДТпрезиденти амалкунандаи ҷумҳурӣ, 67-сола

Акс: Asia-Plus

Номзади аслии интихоботи президентӣ, раисҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош мекунад. Мисли соли 2013 бар иловаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ (ҲХДТ) номзадии ӯро инчунин Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ карданд.

Ин абзори маъмулии намоиш додани пуштибонӣ аз президент ва наздикии вай ба мардум гардидааст. Бар илова, ҳар ду ташкилот қобилияти бузурги ташкилотчигӣ ҷиҳати баргузории маъракаи пешазинтихоботии муфид барои Раҳмонро доро ҳастанд.

Дар барномаи пешазинтихоботии худ вай нишондиҳандаҳои муваффақи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро барои солҳои гузашта истифода мекунад. 

Эмомалӣ Раҳмон ягона номзаде ҳаст, ки дар барномаи худ аз рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои мушаххас – НБО Роғун, CASA-1000 ва дигарон мегӯяд. Инҷо ҷаноби Раҳмон ба намоиш мегузорад, ки дар замони раҳбарии ӯ тамоми лоиҳаҳои калидӣ барои Тоҷикистон оғоз шуданд ва мехоҳад онҳоро ба анҷом расонад.

Рустам Латифзода – аз соли 2014 раиси Ҳизби аграрӣ, 60-сола

Акс: ozodi.org

Барои Латифзода ин интихоботи аввал аст. Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) пайваста номзадҳои худро пешбарӣ мекунад ва барномаи пешазинтихоботии он тибқи маъмул дар мутобиқат ба самтҳои умумии фаъолияти ҳизб шакл гирифтаанд. Дар интихоботи гузашта, дар соли 2013, ҲАТ-ро академики кишоварзӣ Толиббек Бухориев намояндагӣ мекард. Ӯ пешниҳод карда буд, ки инфрасохтори аграрӣ дуруст ба роҳ монда шуда, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шаванд. Бухориев умед дошт, бо ин роҳ мешавад суръати ба Русия рафтани нерӯи кориро аз Тоҷикистон мешавад коҳиш дод.

Рустам Латифзода дар барномаи пешазинтихоботии худ идеяҳои нисбатан баландпарвозеро пешниҳод мекунад. Масалан, пешниҳод мекунад, ки низоъҳои марзӣ тавассути кӯч додани мардум ҳал карда шаванд, кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шуда, бисёрникоҳӣ иҷозат дода шавад.

Мавриди таъкид аст, ки феълан бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон бар асосӣ қонун манъ шудааст.

Абдуҳалим Ғаффоров – Ҳизби сотсиалистӣ, 68-сола

Акс: ozodi.org

Барои Ғаффоров ин сеюмин талош барои курсии президентӣ аст. Дар интихоботҳои гузашта ӯ ваъда дода буд, ҳисобҳои бонкии хориҷиро мебандад, бюрократизми бонкиро содда мекунад, ба низоми андоз ислоҳот ворид мекунад ва модарону кӯдакон ва кормандони бахши буҷавиро бо ҳифзи иҷтимоӣ таъмин мекунад. Барномаи пешазинтихоботии ахири ӯ аз намунаи соли 2013 тафовути зиёде надорад ва дар маҷмӯъ ба самти иҷтимоӣ равона шудааст. Бахше аз барномаи Ғаффоров, ки ваъдаи бунёди метро дар Душанберо медиҳад, мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.

Рустам Раҳматзода – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 57-сола

акс: ittiloot.com

Рустам Раҳматзода пешниҳод дорад, ки тамоми ҷанбаъҳои қонунгузории иқтисодӣ тағйир дода шавад: низоми молиёт ва маъмурикунонӣ, қонунгузории бонкӣ. Инчунин ӯ пешниҳод дорад, кишвар ба содироти мутташакили нерӯи корӣ бигзарад.

Раҳматзода ягона номзаде ҳаст, ки ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба бахши кишоварзӣ – соҳаи асосии иқтисоди кишвар таъкид мекунад. 

Мероҷ Абдуллоев, раҳбари Ҳизби комунист, 72-сола

Акс: Asia-Plus

Мероҷ Абдуллоев дар доираи барномаи пешазинтихоботӣ бештар ба назорати давлатӣ бар иқтисод ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид мекунад. Дар қиёс ба дигар номзадҳои “алтернативӣ” Абдуллоев ҳатто талош намекунад, ки аққалан кадом таваҷҷуҳеро ба худ ҷалб созад.

Интихоботи бидуни интрига

Ба иттилои Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА, интихоботи парлумонии соли 2020 дар Тоҷикистон дар муҳити шадидан назоратшаванда баргузор шуд ва ҷойе барои мубоҳисаҳои сиёсӣ намонд ва интихобкунандаҳо алтернативаи воқеии сиёсӣ надоштанд.

Аз ин рӯ, нозирон бар инанд, ки президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи октябри соли 2020 баранда мешавад.

Чаро Рустами Эмомалӣ номзад нашуд?

Акс: хадамоти-матбуот

Ягона интригаи марбут ба маъракаи интихоботии соли 2020 эҳтимоли пешбарӣ шудани номзадии писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ буд. Ин интизориҳо ба он вобаста буд, ки дар раъйпурсии соли 2016 дар Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳое ворид шуд, ки ба Рустами 32-сола имкон медиҳанд, барои курсии президентӣ талош кунад. Аммо чунин нашуд.

Эҳтимолан, президент Раҳмон ба чунин хулоса расид, ки Рустами Эмомалӣ ҳанӯз барои ишғоли мансаби олӣ дар кишвар омода нест, ба вижа бо назардошти мушкилоте ки кишвар дар ҳалли он оҷиз аст. Ба ин метавон нарасидани маблағ барои бунёди НБО Роғун, пурра нашудани буҷа ва баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистонро шомил кард. Пандемияи коронавируси нав мушкилотро бештар намуд. Инчунин эҳтимол дорад, ки шарикони Тоҷикистон дар ИДМ, қаблтар аз ҳама Маскав барои ин кор ризоият надодаанд.

Моҳи апрели соли равон Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумон шуд. Бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон (моддаи 71) ин мақом аз рӯи аҳамият дуюмин маҳсуб мешавад. Дар сурати фавт, истеъфо ва ё бо сабаби беморӣ иҷро карда натавонистани вазифаҳо маҳз раиси Маҷлиси Миллӣ иҷрокунандаи вазифаи президент мешавад.

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон кистанд?

Ҳеч яке аз рақибони сабтиномшудаи президент боре ӯро танқид накардаанд. Аз ин рӯ, нозирон мегӯянд, ин рақибони Эмомалӣ Раҳмон номзадҳои идорашавандаанд, ки ба хотири нишон додани рақобати сиёсӣ дар интихобот ҳамчун муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ қарор доранд.

Соли 2013 номзадҳоро мебоист барои сабти ном 210 ҳазор имзо (5 дарсад аз шумораи умумии интихобкунандаҳо) ҷамъоварӣ кунанд. Дар натиҷа панҷ рақиби Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби комунистӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби демократӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 16 дарсади овозҳоро гирифтанд. Ба ин ҳол, шумораи интихобкунандаҳо ба онҳо то 200 ҳазор нарасид, барои баъзеҳо ҳатто то 100 ҳазор рост наомад.  

Ҳамин тариқ, чунин менамояд, ки интихобкунандаҳое, ки ба ҷонибдории пешбарии номзадии онҳо имзо гузоштаанд, рӯзи интихобот аз нияти худ баргашта, раъйи худро ба президенти амалкунанда додаанд. Новобаста ба ин, тамоми номзадҳо гуфтанд, ки бо натиҷаи эълоншуда розӣ ҳастанд.

Тахмин задан мумкин аст, ки чунин вазъият дар интихоботи навбатӣ ҳам такрор мешавад.

Инфографикаи интихоботи 2013

Таҳрими интихобот

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, 63-сола

Акс: payom.net

 Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ба андешаи коршиносон ягона ҳизби воқеии оппозитсионӣ дар кишвар мебошад, интихоботи қарибулвуқӯъро таҳрим кард. Соли 2013 ҲСДТ ҳамроҳ бо ҳизби он замон қонунии наҳзати исломӣ интихоботро таҳрим карда буд. Ин баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки номзади ин ду ҳизб Ойниҳол Бобоназарова натавонист шумораи лозимии имзоҳоро ба даст биёрад ва дар натиҷа аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ сабти ном нашуд. Ин навбат ҲСДТ тасмим гирифт, умуман номзад пешбарӣ накунад.

Раҳбари ҳизб Раҳматилло Зоиров дар муроҷиати худ бо ишора ба ин ки интихобот қабл аз муҳлат баргузор мешавад (қаблан дар назар буд, ки интихобот моҳи ноябр баргузор мешавад), ҷамъоварии 250 ҳазор имзои интихобкунандаҳо дар чунин муҳлат ғайриимкон аст.

Инчунин, ӯ розӣ нест, ки комиссияҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ҳизби ҳокими ҳалқӣ-демократӣ ташкил ёфтаанд.

Пешбарии Иргашев – ягона сюрпризи маъракаи интихоботӣ

Акс: Аз саҳифаи шахсии Facebook.com

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз ВМКБ тақрибан ягона номзади худпешбар дар интихоботи президентии Тоҷикистон давоми 20 соли ахир аст.

Иргашев аз соли 2015 вакили Маҷлиси ВМКБ буда, инчунин бо фаъолияти ҳуқуқшиносии худ маъруф аст.

Барномаи пешазинтихоботии Иргашев ба мубориза бо коррупсия дар мақомоти давлатӣ, таъмини усулҳои қонунмандӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон равона шуда, тақрибан ба тамоми соҳаҳои зиндагӣ дахл мекард. Худпешбарии Иргашев вокунишҳои гуногунеро дар пай дошт, бисёриҳо аз тасмими ӯ ҷонибдорӣ мекарданд. Аммо муаллифони рӯбаҳукумат ин тасмимро зери танқид гирифтанд. Мунтақидон ӯро дар бетаҷрибагӣ ва нодида гирифтани талаботи қонун муттаҳам карданд.

14 сентябр Иргашев изҳор дошт, ки бо далели он ки натавонист 260 ҳазор имзои заруриро ҷамъоварӣ кунад, аз иштирок дар интихобот даст мекашад.

Ӯ гуфт, тасмим дорад ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, баррасии қонунгузории интихоботиро талаб кунад, то он барои  номзадҳои мустақил ҳам содда карда шавад.

Чаро Усмонзода сабти ном нашуд?

Саидҷаъфар Усмонзода – Ҳизби демократӣ, 60-сола

Акс: Asia-Plus

Моҳи майи имсол номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони кишвар аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус танқид кард. Усмонзода ба ҷорӣ кардани карантини умумӣ дар кишвар даъват кард ва пешниҳод намуд, ки назорати авзоъ ба ихтиёри мақомоти қудратӣ супурда шавад.

Чунин як интиқод аз ҷониби вакили амалкунандаи парлумон  дар шароити Тоҷикистони муосир бесобиқа буд.

15 сентябри соли равон Комиссияи марказии интихобот номзадии Усмонзодаро сабти ном накард. Далели инро ҷамъоварӣ нашудани шумори зарурии имзои интихобкунандаҳо гуфтанд.

Коршиносон Ҳизби демократро ҳизби оппозитсионӣ намедонанд. Аммо онҳо бар инанд, ки шояд сабти ном нашудани раҳбари Ҳизби демократ ба баъзе суханҳои интиқодии Усмонзода рабт дошта бошад.

Дар ҷаҳон ба интихоботҳои Тоҷикистон чӣ гуна муносибат мекунанд?

Интихоботҳои президентӣ дар Тоҷикистон ҳеч гоҳе бидуни нозирони байналмилалӣ гузаронда нашудаанд. Феълан, нозирони Шӯрои ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ корро аллай шурӯъ кардаанд. Соли 2013 Миссияи нозирони ИДМ интихоботи президентиро мутобиқ ба меъёрҳо ва шаффофу демократӣ эълон карда буд. Ва ин бор ҳам нозирон аз кишварҳои пасошӯравӣ ба эҳтимоли қавӣ дар бораи ҳеч қонуншикание дар ҷараёни интихобот ҳарф намезананд.

Аз ҷониби нозирони ғарбӣ, мушоҳидагарони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА калидӣ маҳсуб мешаванд. Феълан, интизор меравад, ки дафтар миссияи комили нозиронро ба Тоҷикистон намефиристад ва бо тими маҳдуде иктифо мекунад. Чунин як тасмим дар интихоботи парлумонии моҳи марти имсол ҳам гирифта шуд. Он замон дар пайи ҳисоботе эълон карданд, тамоми тавсия ва даъватҳо барои баргузории интихоботҳои шаффоф аз ҷониби мақомот нодида гирифта мешавад. Чунин як тамоюл ин навбат ҳам мушоҳида мешавад. Аммо ҳамзамон ҳар бор Душанбе барои нозирон аз САҲА даъватномаи расмӣ мефиристад, зеро барои Тоҷикистон ҳузури нозирони ғарбӣ як навъ нишон додани имиҷи демократӣ маҳсуб мешавад.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” таҳия шудааст

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: