© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чаро Тоҷикистон ба рушди сайёҳии деҳот ниёз дорад?

Сайёҳии деҳот метавонад яке аз роҳҳои баланд бардоштани таъсирнокии кишоварзӣ ва умуман иқтисоди Тоҷикистон гардад. Ин нуктаро Маъруф Абдуҷабборов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва ширкаткунандаи Мактаби таҳлилии CABAR.asia дар як матлаб таъкид мекунад.


English Русский


  Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Бахши аъзами аҳолии Тоҷикистон – беш аз 73 дарсад, дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аммо бо ин ҳол, сайёҳии деҳот дар кишвар комилан рушд накардааст. Сайёҳии деҳот яке аз асосҳои иқтисоди бештари кишварҳо ба шумор меравад, ҳатто барои давлатҳое ҳам, ки аҳолии шаҳрӣ ба таври қобили мулоҳиза аз аҳолии деҳот бештаранд. Дар ИМА ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ давоми 20 соли ахир сайёҳии деҳот ба як бахши мустақил ва хеле сердаромади саноати сайёҳӣ табил ёфт. Дар Юнон ва Кипр сайёҳии деҳот асоси иқтисоди кишвар эътироф шудааст.

Бино ба арзёбии Созмони ҷаҳонии тиҷорат, сайёҳии деҳот яке аз панҷ самти стратегияи рушди туризми ҷаҳонӣ то соли 2020 мебошад[1].   

Сайёҳии деҳот ё аграрӣ – бахши саноати сайёҳиест, ки ба истифодаи захоири табиӣ, фарҳангӣ-таърихӣ ва вижагиҳои он барои таъсиси маҳсулоти комплексии сайёҳӣ нигаронида шудааст[2].

Бар пояи оморҳо, ҳамасола беш аз 700 миллион сайёҳ аз ин ё он маконҳои сайёраи Замин дидан мекунанд, ки аз ин рақам аз 12 то 13 дарсад ба сайёҳии деҳот рост меояд. Аммо гуфтан ба маврид аст, ки ин рақам танҳо марбут ба туризми ҷаҳонӣ аст, теъдоди сайёҳони дохилӣ ба маротиб бештар мебошанд[3].

Дар Тоҷикистон аз 13043 сайёҳ, танҳо 13,5 дарсад аз деҳот дидан кардаанд[4].

Маълумоти дақиқ дар мавриди теъдоди сайёҳони деҳот рӯи даст нест. Агар 13,5 дарсадро ҳамчун нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон ба ҳисоб бигирем, пас соли 2018 — 155 ҳазору 925 сайёҳ (аз шумораи умумии як миллиону 155 ҳазор) ба деҳот рафтаанд. Дар натиҷаи тағйиротҳои мусбате, ки солҳои охир дар бахши туризм дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, ин рақам метавонад як баробар бештар бошад.

Тоҷикистон. Куҳҳои Фон. Акс аз travelask.ru

Дар Тоҷикистон сайёҳӣ як самти нав, вале хеле ояндадор маҳсуб мешавад. Бо гузашти замон, сайёҳии деҳот сабаби рушди дигар бахшҳои хоҷагидорӣ – нақлиёт, васоили иртибот, сохтмони манозил ва иншооти истироҳатӣ ва ғайра мегардад. Инчунин, барои ба миён омадани ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам меоварад.

Бар илова, рушди сайёҳии деҳотро мешавад на танҳо ҳамчун масоили фарҳангӣ ва миллӣ, балки ҳамзамон чун барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ кард.  

Чаро маҳз сайёҳии деҳот?

Зарурати тавсеаи сайёҳии деҳот ба чанд омил бастагӣ дорад:

Мизони поини рушди иҷтимоӣ-иқтисодии деҳот;

Ба шаҳр ё берун аз марзи кишвар рафтани сокинони деҳот;

Адами имкони навсозии шуғлу касб ва зарурати таъсиси ҷойҳои кории нав;

Фосилаи деҳот аз марказҳои саноатӣ, шаҳру навоҳӣ.

Дар қиёс ба дигар бахшҳо созмон додани сайёҳӣ дар деҳот чанд бартарӣ дорад:

Барои шурӯъи тиҷорати сайёҳӣ ба сармоягузории зиёд зарурат нест: деҳқонҳои хоҳишманд бо сарфи маблағи андак ҳам метавонанд ба ин тиҷорат машғул шаванд;

Ба сарфи маблағ барои таблиғот зарурати зиёд нест, зеро маълумот (чӣ мусбат ва чӣ манфӣ) дар мавриди нуқтаҳои хизматрасонии туристӣ зуд аз як меҳмонхона ба дигараш паҳн мешаванд;

Дар атрофи ҳоҷагиҳое, ки ба ин намуди фаъолият машғуланд, инфрасохтори дигар таъсис мешавад: нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ёдгорӣ ё хотира, маҳсулоти хуроквории маҳаллӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун;

Дар деҳот ҳунарҳои мардумӣ рушд мекунанд, фарҳанги тиҷорати сокинон шакл мегирад;

Маҳсулоти хурока дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо 2-2,5 баробар арзонтар ҳастанд, ки сабаби коҳиши харҷҳои сайёҳон гардида, майли онҳоро барои рафтан ба деҳот бештар мекунад.

Сайёҳӣ ва консепсияи классикии меҳмоннавозӣ дар деҳоти Тоҷикистон

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ду роҳи созмон додани сайёҳии деҳот мавҷуд аст:

Аввал, – сайёҳӣ ҳамчун истеҳсолоти ёридиҳанда. Сокинони деҳот ба тиҷорати сайёҳӣ дар як вақт бо дигар фаъолиятҳои хоҷагидорӣ машғул мешаванд. Бо ин ҳол, онҳо ба ҷалби сармоя машғул намегарданд ва туризм асосан аз ҳисоби маблағҳои худӣ тавсеа меёбад. Чунин тарҳи рушди сайёҳӣ на аз рӯи нақша-барнома, балки дар асоси принсипҳои тасодуфӣ пеш бурда мешавад, ки чандон муассир нест.

Дуввум, – бахши сайёҳӣ ба тиҷорати асосӣ табдил мешавад, на ёридиҳанда ва барои сайёҳон тамоми шароит – чӣ экологӣ ва чӣ эстетикӣ, муҳайё мегардад. Имконоти зиндагии деҳот (сайёҳат бо асп, ҷамъоварии ҷуворимакка, меваҷот, гиёҳҳои шифобахш, моҳидорӣ) комилан боз гардида, дастрасӣ ба маҳсулоти арзони маҳаллӣ ва ғайра таъмин мегардад.

Чунин навъи сайёҳӣ, яъне, сайёҳии сабзи деҳот ё туризми аграрӣ дар ИМА, кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Туркия босуръат паҳн шудааст. Сайёҳон як муддат дар деҳот ба сар бурда, зиндагии рустоиро таҷриба мекунанд.

Феълан, сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон бар асоси принсипи аввал рушд мекунад ва потенсиали он тақрибан истифода намешавад. Набудани меҳмонхона, роҳ ва дигар инфрасохтори туризм дар деҳот мушкили аслӣ ҳастанд.

Масалан, агар сайёҳ барои тамошои кӯл, куҳҳо ва монанди инҳо ба деҳот биравад, бо мушкили ҷойи хоб рӯбарӯ мешавад. Одатан сайёҳон дар чунин ҳолатҳо бо худ хайма мегиранд, ки дар шароити куҳӣ чандон бехатар нест.

Соли 2015 мақомот ба нақша гирифтанд, ки барои рушди туризм дар шоҳроҳҳои кишвар баъди ҳар 50 км ҳоҷатхона ва пас аз ҳар 100 км меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, ки дар онҳо нуқтаҳои савдо, ошхона, васоили иртибот амал мекунанд, бунёд намоянд[5]. Аммо бо далели мушкили молӣ ин тарҳ амалӣ нашуд.

Мақомоти Тоҷикистон натавонистанд тарҳи бунёди меҳмонхона ва ҳоҷатхонаҳоро амалӣ намоянд. Акс аз news.tj

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз то бунёди инфрасохтор бояд фарҳанги сайёҳии сокинон шакл дода шавад. Дар акси ҳолат сайёҳии деҳот муассир нахоҳад буд. Консепсияи классикии меҳмоннавозӣ, ки дар асоси мақоли маъруфи “Меҳмон атои Худо” амал мекунад, то андозае барои ба манбаъи даромад табдил ёатани сайёҳӣ монеа эҷод мекунад. Яъне, ҳар сайёҳ, ки ба деҳот меравад, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ мисли дарвеше қабул мегардад, ки нисбат ба ӯ истифодаи одоби меҳноннавозӣ кори хайр ҳисобида мешавад. 

Барои мисол, дар Масчои Куҳӣ то имрӯз ягон меҳмонхона мавҷуд нест. Аз як тараф агар ин ба набудани соҳибкорони муваффақ ва ташаббускор бастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар ба анъанаҳои меҳмоннавозии маъмул дар ин минтақа вобаста аст.   

Тавре дар навоҳӣ мегӯянд, “гуноҳ аст, агар меҳмон дар меҳмонхона шабро рӯз кунад”. Дар тамоми муддате, ки меҳмон дар манзили сокинони маҳаллӣ зиндагӣ мекунад, тамоми хизматрасониҳо ба ӯ ройгон расонида мешаванд. Чунин ҳолатро мешавад дар аксар деҳоти Тоҷикистон мушоҳида кард. Дар шароити ҷаҳони муосир ва рушди иқтисоди бозорӣ бо чунин шева ба роҳ мондани сайёҳии деҳот душвор аст, зеро зиёновар мешавад. Аз ҳама муҳимаш, бар илова тамоми имкониятҳои табии деҳоти Тоҷикистон аз сӯйи сайёҳон бепул мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Аммо дар минтақаҳои дигар – ВМКБ, махсусан шаҳри Хоруғ ва навоҳии Балҷувон, Варзоб ва Ромит нигоҳи одамон ба туризм мутаносибан пешрафта аст. Бар иловаи меҳмонхонаҳои зиёд, инчунин субъектҳои зиёди хизматрасонӣ дар манзил амал мекунанд.

Сокинон ба сайёҳон манзилҳои худро барои зиндагӣ пешниҳод мекунанд. Чунин меҳмонсароҳои хонагӣ барои сайёҳоне ки имкониятҳояшон нисбатан маҳдуд аст, махсусан сайёҳони дохилӣ, нисбатан дастрастар мебошад.

Қадамҳои муҳим барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомон ва тарроҳон лоиҳаи “Деҳоти ҳунармандон” мавриди омӯзиш қарор дорад, ки ҳадафи он рушди туризм дар минтақаҳои куҳӣ, пеш аз ҳама Бадахшон, Суғд ва Хатлон мебошад[6]. Ин иқдом ба он марбут аст, ки сайёҳони хориҷиро бештар минтақаҳои куҳӣ, яъне рустоҳои Тоҷикистон ба худ ҷалб мекунанд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи сокинони бархе деҳоти кишвар ба бахши туризм ва ҳунарҳои мардумӣ бештар мешавад. Барои мисол, як сокини Мурғоб дар маркази ноҳия мағозаи ҳунарҳои мардумӣ боз карда, онҷо на танҳо маҳсулоти худ, балки дигар ҳунармандонро ҳам мефурӯшад.

Анҷумани сайёҳии экологӣ-фарҳангии Помир нақшаи рушди соҳаро таҳия кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ бунёди меҳмонхонаҳои хурд ва муосир, ки дар атрофашон нуктаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, дар навоҳии дурдасти ВМКБ-ро дар назар дорад[7]. Зарур аст, то ин таҷриба барои амалӣ кардан дар тамоми ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.   

 Сайёҳии деҳотро чӣ гуна мешавад тавсеа дод?

Бо назардошти корҳои барои рушди сайёҳӣ анҷомшуда, талошҳои алоҳида дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистон нокофӣ ҳастанд. Рушди ин бахш барномарезии дақиқ ва тарҳи ягонаи миллиро тақозо мекунад. 

Адами тарҳи миллии рушди сайёҳӣ аз чанд ҷиҳат ба адами шароитҳои назариявӣ ва тадқиқотии омӯзиши масъала рабт дорад. Барои мисол, дар тамоми ҷаҳон кишварҳо имконоти рушди минтақаҳоро тадқиқ мекунанд, аз ҷумла талош мешавад, то махсусиятҳои он бо назардошти вижагиҳои иқлим, экология, релеф, олами наботот ва монанди инҳо маълум карда шаванд. Чунин таркиббандӣ барои омухтани роҳҳои пайдо кардани даромад аз ин минтақаҳо имконият медиҳад. Дар оянда ин барои пешниҳоди минтақаҳои мазкур ҳамчун василаи сайёҳӣ кумак мекунад.

Таҷрибаи ҷаҳонии рушди сайёҳӣ

Ба таҷрибаи кишварҳое ки тавонистанд дар рушди сайёҳии деҳот ба комёбиҳо ноил шаванд, таваҷҷуҳ кардан аз манфиат холӣ нест. Дар Лаҳистон, ки минтақаҳои деҳот 93 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи асосӣ ба тавсеаи сайёҳии деҳот равона шудааст. Кӯдакон ҳанӯз дар мактаб ба “техникаи сайёҳии деҳот” ошно гардида, онҳоро барои ҷалб гардидан ба ин тиҷорат омода мекунанд. Имрӯз, дар ин кишвар беш аз 27 дарсади аҳолӣ дар бахшҳои мухталифи сайёҳии деҳот кор мекунанд, ки таҷрибаи беназир аст.

Дар кишварҳои бо Тоҷикистон ҳамсоя — Узбекистон ва Қирғизистон ҳам сайёҳии деҳот нисбатан рушд кардааст. Барои мисол, сайёҳии деҳот дар вилоятҳои Ҷизах ва Навойӣ, дар куҳҳои Нуратини Узбекистон ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Инҷо ба сайёҳон барои шиносоӣ бо табиат ва дигар дастовардҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Сайёҳон метавонанд асп, уштур ва харҳоро иҷора гирифта, ба сайру гашт бароянд.

Дар Қирғизистон низ сайёҳии деҳот, ба вижа “туризми юртавӣ” хеле ҷолиб ба роҳ монда шудааст. Дар бозорҳои ин кишвар маҳсулоти ҳунарҳои дастии зиёде ба фурӯш гузошта мешаванд. Дар натиҷа теъдоди сайёҳони аз ин кишвар диданкарда, аз нишондоди Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза бештар аст. Масалан, соли 2018  — 5,5 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Қирғизистон дидан кардаанд[8], ин рақам дар Узбекистон[9] ба 5,3 миллион мерасад, ки аз нишондиҳандаи Тоҷикистон 4,5 маротиба бештар мебошад.

Барои рушди сайёҳии деҳот чӣ монеа мешавад?

Омилҳое ки мустақим ё ғайримустақим ба рушди сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон таъсиргузоранд:

Адами таваҷҷуҳи сокинони деҳот ба тиҷорати сайёҳӣ, хавфи иҷрои тартиби қабули меҳмонҳо, надонистани асосҳои ин тиҷорат; надонистани забонҳои хориҷӣ; набудани кадрҳо.

Сифати хеле поини роҳҳо, дар баъзе ҳолатҳо адами роҳҳои қобили истифодаи мошингард барои рафтан ба маконҳои сайёҳӣ. Барои мисол, роҳ ба дараи “Ҳафткӯл” дар Панҷакент харобу душворгузар аст, ки новобаста ба беҳамто будани табиати кӯл метавонад сайёҳонро аз рафтан ба ин минтақа боздорад.

Пешниҳоди хизматрасонии бесифат ба сайёҳон дар шароити мавҷуди инфрасохтори деҳот.

Ноустувории бозори сайёҳии деҳот, ки мавсимӣ ба роҳ монда шудааст. Бештари ширкатҳои сайёҳӣ танҳо дар мавсимҳои муайян кор мекунанд ва дар фосилаи ин мавсим (масалан зимистон) ба дигар фаъолиятҳо машғуланд. Мавриди таъкид аст ки истифодаи дурусти захоири табиии деҳот метавонад ин мушкилро бартараф созад. Дар бархе минтақаҳо зимистон имкони ба варзиши лижаронӣ машғул шудан мавҷуд аст. Танҳо бояд инфрасохтори зарурӣ рушд дода шавад. Барои мисол, ин навъи сайёҳиро мешавад дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз тавсеа дод. Инҷо монанди “Сафед дара” мешавад маҷмааи бузурги лижаронӣ бунёд кард.

Дар бархе минтақаҳо мешавад мисли “Сафед дара” сайёҳии лижарониро ба роҳ андохт. Акс аз en.wikipedia.org

Афзалиятҳои рушди сайёҳии деҳот

Тавсеаи инфрасохтори сайёҳӣ дар деҳот афзалиятҳои зиёде дорад:

Роҳҳои маҳаллӣ ба таъмири кулл фаро гирифта мешаванд.

Сайёҳон аз кишоварзон маҳсулоти арзону аз нигоҳи экологӣ тозаро харидорӣ мекунанд, ки сабаби боло рафтани даромади аҳолӣ мегардад. Ин ҳамчунин майлу рағбати сокинон, аз ҷумла шаҳриҳоро барои ҷустуҷӯи кор дар деҳот бештар мекунад.

Бо рушди тиҷорати сайёҳӣ ва ҷалби сокинони деҳот ҳавасмандии онҳо ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳо ва табиат бештар мегардад.

Рушди сайёҳии деҳот раванди ба рустоҳо омадани аҳолии шаҳриро метезонад.

Пешниҳодҳо:

Мисли дигар бахшҳо сайёҳии деҳот низ донишу малакаро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, барои хонандаҳои синфҳои болоӣ созмон додани дарсҳои асосҳои малакаи тиҷорати сайёҳӣ (меъёрҳо, этика ва психологияи хизматрасонӣ) зарур аст.  

Зеро на ҳамаи мутахассисон, ки дар шӯъбаҳои туризми муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил мекунанд, ба деҳот бармегарданд.

Дар низоми илмҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ то имрӯз пажуҳиши дақиқ дар мавриди сайёҳии деҳот ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ мавҷуд нест. Дар ин бастагӣ зарур мешуморем, ки мазмуни иқтисодии сайёҳии деҳот барои иқтисоди кишвар ба таври дақиқ таҳлил ва арзёбӣ карда шавад.

Барои таблиғи сайёҳӣ мувофиқи мақсад мешуморем, ки дар сомонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ феҳрасти тамоми шаҳру навоҳӣ бо пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи иншооти сайёҳӣ бо харита ва бо забонҳои хориҷӣ нашр карда шавад. Ин ба сайёҳон имкон медиҳад, маълумоти заруриро роҳат пайдо кунанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои Тоҷикистон сайёҳии деҳот ҳам аз нигоҳи ҷомеа ва ҳам аз нигоҳи иқтисод манфиатовар аст. Дар навбати худ, бояд дар назар гирифт, ки рушди ин бахш пурра метавонад дар асоси барномаи вижа роҳандозӣ гардад. Бо назардошти ин, таҳия ва роҳандозии “Барномаи рушди сайёҳии деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли  2025” муҳим мебошад.

Бунёди меҳмонсароҳои хонагӣ (homestay) ва дигар нуқтаҳои қабули сайёҳонро намешавад ҳамчун охири кор арзёбӣ кард. Дар ин самт донистани асосҳои қабули сайёҳон ва маркетинг зарур аст. Аз ин рӯ, Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст дар асоси барномаи махсус бо ҷалби мутахассисон миёни кормандони ин бахш дар деҳот давраҳои омузишӣ созмон дода, ба онҳо роҳи тавсеаи тиҷорат ва пайдо кардани манбаъҳои маблағгузорӣ ва ғайраро нишон бидиҳад.

Барои мисол, дар Олмон ва Кипр барномаи махсуси рушди сайёҳии деҳот амал мекунад, ки дар асоси он сокинони деҳот роҳҳои таъмир ва ороиши меҳмонсароҳои хонагиро бо истифодаи махсусиятҳои миллӣ меомӯзанд, барои хоҳишмандон бошад, қарзҳо бо фоизҳои дастрас пешниҳод мегардад[10].

Бо ин роҳ, пажуҳишҳо зарурати сайёҳиро дар деҳоти кишвар нишон медиҳанд. Ин бахш барои рушди ҷомеа ва давлат нақши муҳим бозида, имкон медиҳад, ояндаи наздик мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар деҳот ҳал карда шавад.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.


[1] Никитин И. С. Экономико-математическое обоснование рациональности использования сетевых форм гостиничного бизнеса на сельских территориях регионов РФ. Теория и практика общественного развития (2014, № 7).- С.108-112

[2] Шилова С. Г. и др. «Зеленый дом». Организация сельского туризма. Методическое пособие.

[3] Казьмина Е. Б. Развитие услуг сельского туризма в российских Регионах. Диссертации на соискание ученой степени кандидата экономических наук. Москва.,2012

[4] Материалы из отчета Комитета молодёжи, спорта и туризма при Правительстве Республики Таджикистан за 2002-2008 годы.

[5] Туризм в Таджикистане развивают. Но туалеты мы до сих пор не построили. 4 мая 2017. www.news.tj

[6] Дар Тоджикистон «дехаи хунармандон» дари худро ба рўи сайёхон боз хохад кард. 8.02. 2019. http://khovar.tj

[7] Ассотсиатсияи сайёхию экологи ва фархангии Помир дар дехоти дурдаст мехмонхонахои муосир бунёд мекунад. 6.02. 2019. http://khovar.tj

[8] В 2018 году Кыргызстан посетило около 5,5 млн. туристов из-за рубежа.16.01.2019. http://www.cis.minsk.by/news.php?id=10541

[9] В 2018 году Узбекистан посетило рекордное количество туристов. https://uznews.uz/ru/article/13575. 25.01.2019

[10] Здоров А.Б. Комплексное развитие туризма в сельской местности. Журнал «Проблемы прогнозирования». – С.149-153. https://cyberleninka.ru

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: