© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳамлае, ки боиси афзоиши худсонсурӣ дар Тоҷикистон мешавад

Рӯзноманигори тоҷик, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ки ахиран мавриди ҳамла қарор гирифт, муътақид аст, ки ин ҳамла аз қабл барномарезишуда ва амдӣ буд. Коршиносон мегӯянд ин ҳодиса ба ҳамлаҳое, ки дар гузашта ба рӯзноманигорон сурат гирифта буд, шабоҳатҳое дорад.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Абдуллоҳи Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи хабаргузории «Осиё-Плос», шаби 11 май мавриди лату кӯби ду фарди ношинос қарор гирифт. Ба гуфтаи худи Абдуллоҳ, ин ҳодиса наздикии соъати 21:20 ҳангоми бозгашти ӯ ба хона аз фурушгоҳ рух додааст.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ. Акс аз сафҳаи шахсии ӯ дар facebook.com
Абдуллоҳи Ғурбатӣ. Акс аз сафҳаи шахсии ӯ дар facebook.com

Аз суханони Ғурбатӣ чунин бармеояд, ки дар он соъати шаб ҳангоме ки вай ба самти хона қадам мезад, баногоҳ эҳсос кард, ки касе ӯро дунбол мекунад. Вақте баргашт, ки ба ақаб нигоҳ кунад, фарди муҳоҷим аввалин зарбаро ба ӯ зад. Баъд аз ин, ду нафар, ки ниқобҳои тиббӣ доштанд, бо ӯ даровехтанд ва зарбаҳое бар андомаш заданд. Баъд аз он ки Абдуллоҳ фарёд зад ва аз мардум ёрӣ хост, муҳоҷимон рӯ ба фирор оварданд.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба торнамои CABAR.asia гуфт, ки бозбинии муҳтавои дурбинҳои мавҷуд дар маҳалли ҳодиса собит карда, ки афроди муҳоҷим дар онҷо муддате дар интизори ӯ будаанд.

Абдуллоҳ гуфт: «Ин ду нафар аз пеш қасди ҳамла ба ман доштанд ва роҳамро мепойиданд. Ин ҳамла тасодуфӣ набуд, ва маро ҳам тасодуфӣ интихоб накарда буданд. Онҳо мунтазир буданд, ки сару каллаам онҷо пайдо шавад. Маълум нест, ки аз дурбин хабар доштанд ё на, вале баъд аз он ки маро лату кӯб карданд, савори мошине шуданд, ки мунтазири онҳо истода буд».

Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар бемористон баъд аз ҳамла. Акс: Asia-Plus
Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар бемористон баъд аз ҳамла. Акс: Asia-Plus

Ғурбатӣ бар ин бовар аст, ки лату кӯби ӯ ба фаъолияти ҳирфаияш рабти мустақим дорад, чун пеш аз ин ҳамла чанд бор ба ӯ зангҳои телефонии таҳдидомез шуда буд. Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса фарде ношинос бо ӯ хостори мулоқот шуд ва суроғаи манзилашро гирифт. Илова бар ин, ду ҳафта пеш аз ин ҳодиса дар Ютюб видеое мунташир шуд, ки дар он фарде ношинос Абдуллоҳи Ғурбатиро «ватанбезори дар ватан» хонда буд. Ба гуфтаи вай, сабки баён ва муҳтавои ин видео ба корҳои гурӯҳи маъруф ба «фабрикаи ҷавоб» шабеҳ аст – гурӯҳе, ки аз тарафдорони давлат иборат аст ва бо номҳои ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пайваста ба норозиён душном медиҳанд.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ рӯзноманигори ҷавонест, ки дар ин авохир ба нашри матолиби баҳсбарангезе шуҳрат ёфтааст. Барои мисол, дар оғози моҳи март ӯ дар бораи тарсу нигаронии мардум аз коҳиши эҳтимолии орд дар бозорҳои Душанбе гузориш карда буд.

Соли гузашта низ Ғурбатӣ ҳангоми «облава» ё чаповул аз сӯи кормандони интизомӣ барои дастгир кардан ва фиристодани иҷбории ҷавонон ба хидмати сарбозӣ ба дасти маъмурон уфтод. Он замон вай видеои интиқолаш бо мошин ба кумисориёи низомӣ (военкомат) тавассути низомиён ва кормандони пулисро дар Фейсбук пахш кард. Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҳамчунин борҳо аз амалкарди давлат дар заминаҳои мухталиф интиқод карда буд.

Ғурбатӣ мегӯяд, ки пеш аз ин ҳамла афроди ношинос дар тамосҳои телефунӣ ба ӯ аз ҷумла гуфта буданд: “Барои чи ту ба радиои Озодӣ мусоҳиба додӣ ва гуфтӣ, ки Рӯзи пойтахтро набояд ҷашн гирифт? Чиро ту мехоҳӣ, ки қарантина эълом шавад?”

Қазияи ҳамла ба рӯзноманигори «Осиё-Плос»-ро Вазорати умури дохилӣ таҳқиқ мекунад. Худи рӯзноманигор мегӯяд, ки дар ду рӯзи аввали баъд аз ин ҳодиса кормандони пулиси шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, – ҷое ки шикоят карда буд, – барои таҳқиқи ин қазия корҳои ҷиддие анҷом надодаанд. Бино бар ин, рӯзноманигор маҷбур шудааст ба дастгоҳи марказии Вазорати умури дохилӣ рӯй оварад.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ гуфт: «Ман аз Вазорати умури дохилӣ хостам, ки шикоятамро бипазирад. Баъд аз ин, кормандони пулиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки ду рӯз ба зангҳоям ҷавоб намедоданд, ба суроғам омаданд ва маро ба вазорат бурданд. Ман бори дигар ариза навиштам ва ин бор сардори таҳқиқоти вазорат парвандаро зери назари худ гирифт».

Рӯзи 15 май, чаҳор рӯз баъд аз ин ҳодиса, Вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ) дар иртибот бо ҳамла ба Абдуллоҳи Ғурбатӣ хабар дод. Дар хабаре, ки дафтари матбуъотии вазорат дар ин бора интишор дод, омадааст, ки «раванди тафтиши пешакӣ зери назари доимии вазири умури дохилӣ идома дорад».

Лату кӯби рӯзноманигори ҷавон боиси нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар шуд. Бавижа, Дидабони Ҳуқуқи Башар дар мавриди ҳамлаи афроди номаълум ба Абдуллоҳи Ғурбатӣ ибрози нигаронӣ кард ва дар баёнияе аз давлати Тоҷикистон хост, ки омилони ҳамла ба ин рӯзноманигорро пайдо кунад.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ҳам баёнияҳои мушобеҳе интишор доданд. Ҳамаи ин созмонҳо ва сафорати Омрико дар Душанбе аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароити мусоид фароҳам созад.

Олис Велз, муовини вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, гуфт, ки «мақомҳои Тоҷикистон бояд шароите барои рӯзноманигорон фароҳам созанд, ки онҳо битавонанд бидуни тарсу бим аз интиқом ба фаъолияти ҳирфаии худ идома диҳанд».

Вай гуфт: «Ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъи саҳеҳу дақиқ дар бораи вазъияти бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон ва пахшу интишори он, бавижа дар замони ҳамагирии «Кувид-19», барои мардум бисёр муҳим аст. Дар чунин шароите, муҳим аст, ки мо аз рӯзноманигорон ва ҳаққи дастрасии онҳо ба иттилоъи дуруст пуштибонӣ кунем».

Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон низ дар баёнияе аз ҳамла ба Абдуллоҳи Ғурбатӣ ибрози нигаронӣ кард. Ба назари аъзои Шӯро, ба дунболи ин ҳамла «назарҳо ва фарзияҳои гуногуне» дар бораи иллати ин ҳодиса дар ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Дар ин баёния аз вазорати умури дохилӣ хоста мешавад, ки иқдомоти лозимро барои иҷрои адолат ва муҷозоти омилони ҳамла анҷом диҳад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки ҳамла ба Абдуллоҳи Ғурбатӣ «ҳушдоре тоза аз сӯи нерӯҳо ва гурӯҳҳои муайян аст, ки намехоҳанд ахбору иттилоъоти дурусту дақиқ дар бораи миқёси олудагӣ ба вируси куруно дар Тоҷикистон ба мардум бирасад».

Ба гуфтаи Қаршибоев, ин ҳодиса нишон медиҳад, ки «афрод ва ниҳодҳои зидахл» бо рӯзноманигории ҳирфаӣ дар Тоҷикистон башиддат мухолифат меварзанд.

‘Бори аввал нест’

Абдуллоҳи Ғурбатӣ нахустин рӯзноманигори тоҷик нест, ки дастхуши ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст. Дар гузашта рӯзноманигорони саршиносе чун Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода ва Далер Шарифов низ ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта буданд.

Ба назари коршиносон, дар ҳамаи ин ҳаводис, ки тайи 20 соли гузашта рух додааст, нишонаҳои мушобеҳ вуҷуд дорад. Бавижа ин ки рӯзноманигорон дар ҳамаи маворид пеш аз лату кӯб паёмҳои таҳдидомезе дарёфт кардаанд. Дар бештари маворид, ин ҳамлаҳо шабҳангом ва дар наздикии маҳалли иқомати рӯзноманигорон сурат гирифтааст.

Аммо, муҳимтар аз ҳама, ниҳодҳои интизомӣ омилони ҳамларо дар бештари маворид пайдо накардаанд.

Нуриддин Қаршибоев. Акс: CABAR.asia
Нуриддин Қаршибоев. Акс: CABAR.asia

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, ба ин воқеъият ишора мекунад, ки пеш аз ҳамла ба Абдуллоҳи Ғурбатӣ видеои «туҳматомезе» дар шабакаи Ютюб дар бораи ӯ пайдо шуд.

Вай гуфт: «Барои вазорати умури дохилӣ пайдо кардани муаллиф ва суфоришгари ин видео душвор нест, зеро вазорат аз имконоти фаннӣ барои анҷоми ин кор бархурдор аст. Танҳо дар ин сурат метавон касонеро, ки масъули ҳамла ба рӯзноманигор ҳастанд, пайдо кард».

Раҷаби Мирзо рӯзноманигори тоҷикест, ки ду бор мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Дар ҳодисаи дувум ҷони ин рӯзноманигор дар сари мӯе қарор дошт ва наздик буд бимирад.

Пас аз интишори хабари ҳамла ба Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Раҷаби Мирзо дар веблоги худ навишт, ки ҳамлаҳо ба рӯзноманигорони тоҷик тайи 28 соли ахир вижагиҳои муштараке доранд.

Ба бовари вай, гурӯҳҳое, ки дар ин ҳамлаҳо даст доранд, ба ин шева мехоҳанд таваҷҷуҳи мардумро аз масоили мубрами рӯз дур созанд.

Мирзо гуфт: «Бо истифода аз ин равиш, онҳо дар зеҳни мардум тарсу ҳарос эҷод мекунанд».

Коршиносон дар ин бора, ки аз таҳқиқи ин ҳодиса «зери назари шахсии вазири умури дохилӣ» чи натиҷаи матлубе ба даст меояд, шак доранд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, мегӯяд: «Мо наметавонем бигӯем, ки ин таҳқиқ чи натиҷа медиҳад. Аммо, бо итминон метавонем бигӯем, ки ин ҳодиса боиси афзоиши худсонсурӣ дар миёни рӯзноманигорон хоҳад шуд».


Ин гузориш дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣаз ҳошия то бодия» таҳия шудааст. Назароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: