Дар Тоҷикистон занҳое ки ба сифати роҳбалад сайёҳону гардишгаронро дар куҳистон ҳамроҳӣ мекунанд, ангуштшумор ҳастанд. Бо далели мавҷудияти стереотипҳо дар ҷомеа занҳо тақрибан ба ин шуғл ё касб таваҷҷуҳ надоранд.
Умеда Қурбонбекова ба қаторкуҳҳои бошукуҳи Тоҷикистон, ки яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон мебошанд, ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд. Вай ба ин бовар аст, ки куҳҳои осмонбӯс танҳо одамонеро ба худ ҷалб мекунанд, ки дилашон мисли ин куҳҳо бузурганд.
Қурбонбекова ба ҳайси роҳбалад дар куҳистон фаъолият мекунад ва бештари вақти худро ҳамроҳи сайёҳони хориҷӣ дар шароити баъзан хатарнок, аммо ҳаяҷоновари табиати дидании кишвар мегузаронад.
Аслан ин кор барои ҳар нафаре душвор аст, аммо дар кишвари муҳофизакоре мисли Тоҷикистон, анҷом додани он барои як зан боварнокарданӣ менамояд.
Дар ҷомеъаи суннатии тоҷик бар ин назаранд, ки вазифаи аслии зан таваллуди фарзанд ва нигоҳубини шавҳар аст. Занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба табъиз ва нобаробарӣ дучор мешаванд; қисме аз онҳо, махсусан дар деҳот, берун аз хона кор намекунанд.
Қурбонбекова мегӯяд, бартарии ӯ ин буд, ки дар хонаводаи огоҳ ба камол расид.
“Ман дар оилае ба воя расидаам, ки дар он писарону духтарон як хел тарбия мегирифтанд”,- гуфт вай.
Худи ӯ ҳоло чор духтар дорад ва меафзояд, “пас аз волидон шавҳарам такягоҳи қавитарини ман мебошад. Ману шавҳарам ҳамсинф будем ва ӯ аввалин шахсе буд, ки дар интихоби касб маро дастгирӣ кард”.
Сайёҳоне ки Умеда ба ҳайси роҳбалад онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, аз Аврупо, аз ҷумла Фаронса, ИМА, Русия ва Малайзия меоянд. Миёни онҳо занону кӯдакон ва ҳатто солмандон низ ҳастанд.
Ӯ мегӯяд, ҳар рӯзи худро, ки ба роҳбаладӣ марбут аст, дақиқа ба дақиқа нақшабандӣ мекунад.
“Аввалин шуда, бояд аз хоб бедор шавед, барои меҳмонон субҳона таҳия кунед ё онро фармоиш бидиҳед. Пас аз як машварати кутоҳ ба роҳ мебароед. Таъкид ба риоя намудани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар шароити куҳистон, пушидани пойафзолу либоси махсус ва албатта гирифтани ғизое, ки мешавад дар куҳистон истифода кард, хеле муҳим аст. Захираи об бояд то макони ояндаи таваққуф кофӣ бошад. Раҳораҳ таърихи ин мавзеъҳоро нақл мекунем, ин ки чӣ ҳодисаҳои таърихӣ ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст, чӣ ривоят ва афсонаҳое ҳастанд, ки ба ҳамон мавзеъҳо рабт доранд. Бо ҳамин оҳиста-оҳиста онҳоро ба фарҳанги маҳаллӣ шинос мекунем”,-илова намуд ӯ.
Қурбонбекова аз рӯи ихтисос тарҷумони забони англисӣ мебошад, тақрибан 20 сол аст, ки дар бахши сайёҳӣ кор мекунад. Ӯ агентии сайёҳии “Ҷавоҳир”-ро таъсис дода, онро роҳбарӣ мекунад.
Муҳаббат ба таърихи зодбум манбаи илҳоми Фарангис Шарифова дар самти роҳбаладӣ дар шароити куҳистон гардидааст.
“Ба интихоби ман падарам, ки муаррих аст, таъсир расонд. Вақте ҳамроҳ ба сайру гашт мебаромадем ва ё ягон ҷо мерафтем, ӯ ҳамеша аз таърихи он мавзеъ нақл мекард”,- ба ёд меорад вай.
Аммо роҳи хонум Шарифова барои расидан ба орзуи худ содаву осон набудааст.
Вай кори худро аз роҳбалади одӣ оғоз кард, сайёҳонро ба осорхонаҳо ва шаҳрҳо мебурд. Даҳ соли ахир гуруҳи сайёҳонро ба манотиқи куҳистон роҳнамоӣ мекард. Ҳоло бошад, дар ширкати сайёҳии “Шоҳин Тур” кор мекунад.
Мегӯяд, волидонаш мухолифи касбаш нестанд, вале ҳамеша нигарон буданд, ки духтари ҷавон дар куҳистон ҳамроҳи афроди ношинос мегардад. Ба фарқ аз волидон шавҳараш дар аввал мухолифи кори ӯ буд, вале дар ниҳоят интихоби вайро пазируфт.
Дар шароити душвори куҳистон таваҷҷуҳ ва тамаркузи махсус лозим мешавад. Вай эътироф кард, ки аз нигоҳи ҷисмонӣ баъзан мушкилиҳо метавонанд пеш биёянд. Масалан, вақте сайёҳ дар куҳистон захмдор мешавад, на ҳамеша қувваи зан барои наҷот додан ва ба ҷойи зарурӣ бурдани ӯ кифоят мекунад. Дар ин гуна мавридҳо аз ҳарвақта дида, ҳамрайъии касбӣ ва ёрии мардон аҳамияти калон дорад.
“Як сол пеш як зани ҷаҳонгарди олмонӣ аз болои пул ба об афтид. Вақте барои наҷоташ худамро ба об андохтам, нерӯям нарасид, ки ӯро ба соҳил расонам. Роҳбаладони мард зуд ба ёрӣ омаданд ва он занро аз об берун кашиданд. Аз ин нуқтаи назар, ин касб барои занон мушкил аст ва кори мардона маҳсуб мешавад”,-таъкид мекунад Фарангис.
“То имрӯз менталитети мо ин касбро қабул надорад”,-меафзояд Шарифова.
Вай як духтари ҷавонеро ба ҳайси роҳбалади шароити куҳистон омода кардааст, аммо тахмин мекунад, ки пас аз издивоҷ шояд дар ин самт корашро идома надиҳад.
Шарипова гуфт, баъзан худи сайёҳон низ бовар надоранд, ки занҳо аз уҳдаи роҳбаладӣ ва роҳнамоӣ дар мавзеъҳои душворгузари куҳистон баромада метавонанд.
“Ин ба руҳияи инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ман борҳо нобоварона пурсидаанд, ки оё дар ҳақиқат барои рафтан ба куҳсор онҳоро ҳамроҳӣ карда метавонам?”,-гуфт ӯ.
Ба наздикӣ дар Тоҷикистон мавсими сайёҳӣ ва табиатгардӣ оғоз мешавад. Он аз охири баҳор шурӯъ гардида, то охири тирамоҳ идома мекунад. Шарифова гуфт, имсол барои қабули ҳудуди 100 сайёҳ аз Лаҳистон ва Узбекистон омодагӣ мегирад. Онҳоро ба куҳҳои Фон, яке аз зеботарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар куҳистони Тоҷикистон мебарад, ки дар 130 километрии шаҳри Душанбе ҷойгиранд.
Меҳрубонӣ ва самимияти сокинони рӯстоҳои куҳистон ба Фарангис ангеза медиҳад, ки дар тамоми фасли сол гардишгарӣ кунад.
“Вақте хориҷиёнро ба деҳаҳои куҳистон мебарам, моро мисли хеши худ қабул мекунанд. Сарфи назар аз зиндагии сахташон, ҳар чизе доранд, меҳмондорӣ мекунанд. Меҳмоннавозӣ ва самимияти онҳо ҳам ман ва ҳам хориҷиёнро мафтун карда, ба мо қувват мебахшад, ки сафарамонро идома диҳем”,- илова кард Шарифова.
Вай мегӯяд, нисбат ба табиатгардони Осиёи Марказӣ ва Русия, сайёҳони аврупоӣ аз дидани зани роҳбалад камтар тааҷҷуб мекунанд.
Умеда Қурбонбекова дар ҳоли ҳозир дар садади таҳияи чор масири нави гардишгарӣ ба манотиқи камтаррушдкардаи Тоҷикистон аст. Мегӯяд, ин масирҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ таҳия хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, бахши сайёҳии Тоҷикистон махсусан дар манотиқи дурдаст зерсохтори дуруст ва хидматрасонии хуб надорад.
Мегӯяд, агар мақомот шароити муносиб омода кунанд, сайёҳони бештаре барои дидани зебогии куҳҳо ва табиати нотакрори кишвар меоянд.
“Онҳо намефаҳманд, ки вақте сайёҳони танҳогард шароити бад, муоширати дағалона бо меҳмонҳоро мебинанд, нигоҳу таасуроташон нисбат ба таъриху фарҳанги мо манфӣ мешавад”.
Шарифова гуфт, роҳбаладони зан метавонанд нигоҳи ҷаҳонгардони хориҷиро ба Тоҷикистон дигар кунанд. Ӯ дар идома афзуд: “Ба мардон бояд фаҳмонем, ки дар паси касби роҳбаладӣ, пеш аз ҳама, шаъну шарафи духтари тоҷик меистад. Роҳбалад ҳамчун чеҳра ва муаррифгари кишвар аст”.