“Забони русӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз мисли қабл ҷойгоҳи муҳимеро ишғол менамояд. Онро дар бахшҳои зиёди ҳирфаӣ истифода менамоянд, аммо сатҳи забондонӣ, бахусус дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад”,-навиштааст сиёсатшинос Муслимбек Буриев дар мақолаи худ, ки махсус барои сомонаи таҳлилии CABAR.asia таҳия гардидааст.
English На русскомБа канали мо дар Telegram бипайвандед!
Мазмуни мухтасари мақола:
- Дар аҳди Шӯравӣ донистани забони русӣ барои расидан ба мартабаҳои мансабӣ афзалияти муҳимтарин маҳсуб ёфта, инчунин барои шиносоӣ пайдо кардан бо фарҳанги ҷаҳонӣ имконият фароҳам меовард;
- Имрӯз забони русӣ дар Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад;
- Дар соҳаи маориф забони русӣ мақоми устувор дошта, соатҳои таълимӣ барои омӯзиши забони русӣ ба таври ҳатмӣ ҷудо мешаванд;
- Таълими забони русӣ на танҳо ҳамчун фанни ҳатмӣ, балки дар чорчӯби таълими иловагӣ барои онҳое ки муҳоҷирати кориро ба Русия ба нақша гирифтаанд, ба роҳ монда шудааст;
- Забони русӣ воситаи нерӯи нарми фарҳангӣ-маърифатӣ гардидааст, ки ба ҳифзи нуфузи Русия нигаронида шудааст;
- Ба арзёбии ба андозаи кофӣ мусбат вобаста ба мақоми расмии забони русӣ нигоҳ накарда, норасоӣ дар мавриди мавҷудияти муҳити забонӣ барои омӯзиши самарабахштари он дар Тоҷикистон мавҷуд мебошад;
Барои он ки вазъи забон ба таври пурра баҳогузорӣ шавад, одатан теъдоди одамонеро, ки онро дар зиндагии ҳаррӯза фаъолона истифода менамоянд ва шумораи мактабҳои забони таълимашон русиро таҳлил менамоянд. Аммо барои мукаммалии манзара набояд сиёсати дохилии давлат, ҳамкориҳои беруна бо Русия ва таъсиргузории ин ҳамаро ба муносиботи забонии дохили кишвар сарфи назар кард.
Дар мақолаи мазкур муаллиф саъй кардааст ба тамоюлҳои асосии рушди забони русӣ дар Тоҷикистон баҳогузорӣ карда, мушкилотро ошкор ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳоро баррасӣ намояд. Забони муоширати байни миллатҳо Дар аҳди Шӯравӣ донистани забони русӣ барои расидан ба мартабаҳои мансабӣ афзалияти муҳимтарин маҳсуб ёфта, барои шиносоӣ пайдо намудан бо фарҳанги ҷаҳонӣ имконият фароҳам меовард. Забони русӣ ба ҳайси миёнараве, ки Тоҷикистонро бо ҷаҳон мепайваст, хидмат мекард, зеро дар саросари қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ адабиёт ва рисолаҳои илмии муаллифони хориҷӣ асосан бо забони русӣ интишор мешуданд. [1] Имрӯз забони русӣ дар Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад[2]. Ва ин мақом дар Конститутсияи ҷумҳурӣ сабт ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки забони русӣ дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад, ба ҳеч ваҷҳ маҳдуд намегардад ва ҳар нафари донандаи забон метавонад онро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёту фаъолияти худ бемамониат истифода намояд. Новобаста ба ин, дар муқоиса бо аҳди Шӯравӣ забони русӣ дар кишвар мавқеъи худро аз даст додааст. Ин ҳам бо кӯч бастани аҳолии русзабон аз ҷумҳурӣ дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ бо сиёсати бунёди миллӣ иртибот дорад. Ташаккули равиши нав дар масоили забонӣ соли 1989, вақте ки Қонуни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон “Дар бораи забон” қабул гардид, оғоз ёфт[3]. Қонун мансабдорон ва хизматчиёни давлатиро вазифадор мекард, ки ба таври комил зимни коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ танҳо забони тоҷикиро истифода намоянд[4]. Ин раванд ба бунёди миллӣ ҳусни оғоз бахшид, ки дар давраи ошкорбаёнӣ фаъол гардидани неруҳои миллӣ-демократӣ иборат аз зиёиён, руҳониён ва ҷавонон, ба он мусоидат намуд. Аммо ҳеч кас аз забони русӣ даст кашидан намехост ва инро ҳукумат ҳам, ки ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дода буд, дарк мекард. Дар асл он айни замон низ чунин мебошад, зеро ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлол забони русӣ ҳамчун забони асосӣ барои қисми зиёди аққалиятҳои миллӣ, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд, агар дар бораи миқдори боқимондаи русҳои этникӣ сухан ҳам накунем, пас барои тоторҳо, осетинҳо, украинҳо, куриёиҳо забони асосӣ боқӣ мемонад. Забони русӣ ҳанӯз муҳим аст Новобаста ба он ки 70%-и аҳолии русзабон Тоҷикистонро дар оғози солҳои 1990-ум тарк намуд, забони русӣ дар дохили кишвар дар бахшҳои зиёд, аз ҷумла дар тиҷорат, санъат ва рузноманигорӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ васоити ахбори омма, рӯзномаҳои маҳаллӣ, расонаҳои онлайн ва шабакаҳои радиоӣ, ки бо забони русӣ фаъолият менамоянд, инчунин шабакаҳои телевизионии Россия машҳур мебошанд. Дар бахши академикӣ забони русӣ аз аҳамияти калидӣ бархурдор аст, зеро рисолаҳои илмӣ ва тахасусии академикҳои тоҷикистонӣ ҳуқуқи гузаштани комиссия тавассути Комиссияи Умумирусиягии Аттестатсионӣ (ВАК)-ро доро мебошанд[5]. Дар робита бо он, кулли ин қабил рисолаҳо бояд бо забони русӣ пешниҳод шаванд. Чунин равиши кор миёни олимони маҳаллӣ маъруфияти баландро дорост, зеро маълумоти дар Русия гирифташуда баландтар арзёбӣ гардида, ташхиси илмии аз ҷониби ВАК-и Русия додашуда эътибори бештар мебахшад. Шӯрои олии диссертатсионӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 2011 фаъолият дорад, аз соли 2017 бо фармони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рисолаҳоро танҳо бо забони русӣ ё англисӣ қабул менамояд.[6]Дар бахши таҳсилоти олӣ дар ҳудуди кишвар се донишгоҳ бо таълими пурра бо забони русӣ фаъолият менамоянд – инҳо филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва филиали Донишкадаи пӯлод ва хулаҳои Маскав мебошанд. Дар муассисаҳои зиёди дигар низ шуъбаҳо бо забони русии таълим мавҷуданд. Дар соли таҳсили 2008-2009 дар маҷмӯъ дар макотиби олӣ 33,495 донишҷӯ бо забони русӣ таҳсил менамуданд, ки ин 28% аз шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медод[10].
Тамоюле ба назар мерасад, ки забони русӣ ба таври устувор мавқеи муайянеро ишғол менамояд. Намояндагони касбҳои гуногун, аз ҷумла арбобони ҳунар ва академикҳо забони русиро фаъолона истифода намуда, инро дар даврони истиқлол низ ҳифз карданд. Бинобар ин, метавон натиҷагирӣ кард, ки забони русӣ ба баъзе маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, мақоми устуворро ишғол менамояд. Иртиботи миёнаравӣ, ки забони русӣ дар тӯли асри гузашта иҷро менамуд, ҳамчунон боқӣ монда, аммо асосан хусусияти минтақавӣ гирифтааст. Забони русӣ дар сатҳи муносиботи иқтисодӣ-сиёсии байни миллатҳо, аз он ҷумла дар миқёси ИДМ мақоми сиёсии ба худ хос низ касб кардааст. Аммо муҳимияти он барои равандҳои дохилӣ дар Тоҷикистон низ бо шарофати баъзе омилҳои сиёсӣ боло рафтааст. Иртибот бо Русия Боз як омиле ки ба истифодаи забони русӣ дар Тоҷикистон иртибот дорад, муҳоҷират мебошад[11]. Таълими забони русӣ на танҳо ҳамчун фанни ҳатмӣ дар мактабҳо, балки дар доираи таълими иловагӣ барои онҳое, ки муҳоҷирати кориро ба Русия ба нақша гирифтаанд, ба роҳ монда шудааст. Дар ҷумҳурӣ марказҳои забономӯзӣ амал мекунанд, ки дар онҳо муҳоҷирони оянда барои мутобиқат бо шароитҳои нав ва гузаштан аз санҷиш ҷиҳати дарёфти муҷаввизи кор омода мешаванд.Барои Русия ин манбаҳои арзони меҳнатиро таъмин менамояд, бинобар ин ҷанбаи ба шаҳрвандон омӯзонидани забони русӣ барои он кишвар низ муҳим аст. Ҳамзамон чунин омодасозӣ барои назорати ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ муҳим аст, раванде ки дар Русия аз оғози солҳои 2000-ум – даврае, ки муҳоҷират аз кишварҳои ИДМ дараҷаи баланди рушдро касб намуд, ба мушкилот мувоҷеҳ мебошад.
Русия айни замон барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ, бахусус дар бахши ҳифзи амният боқӣ мемонад. Бинобар ин ҳузури муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия яке аз омилҳо ҷиҳати нигаҳдошти муносиботи босуботи байни давлатҳо боқӣ мемонад. Аммо гуногунии соҳаҳое, ки забони русӣ дар Тоҷикистон дар онҳо истифода мешавад, далели он аст, ки иртиботи миёни ҳарду давлат дорои хусусияти нисбатан васеътар мебошад. Тавсеаи забони русӣ барои Русия як ҷузъи раванди доманадори сиёсӣ, аз ҷумла, ҷиҳати нигаҳдошти мақоми забони русӣ дар қаламрави собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ[12] ба шумор меравад. Илова бар ин, Русия барои донишҷӯён аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон барои таҳсил дар макотиби олии Русия квотаҳо ҷудо менамояд[13]. Ҳамин тавр, забони русӣ воситаи нерӯи нарми фарҳангӣ-маърифатӣ гардидааст, ки ба ҳифзи нуфузи Русия нигаронида шудааст. Ҳамчун нишондиҳандаи вазъи забони русӣ, ки коршиносон ва арбобони давлатии Русия аз он кор мегиранд, метавонад теъдоди муассисаҳои таълимӣ бо забони русии таълим хизмат намояд[14]. Дар ҳамин ҳол мақом ва дараҷаи донистани забони русӣ дар Беларус ва Қазоқистон[15], ҳамчунин Қирғизистон, ки забони русӣ забони расмӣ мебошад, метавонад намунаи ҳадафи чунин сиёсат ном бурда шавад. Дар Тоҷикистон мақоми он баланд аст, аммо на чун дар Беларус ва теъдоди мактабҳои таълим бо забони русӣ низ хеле камтар аст, дараҷаи донистани забони русӣ бошад, аз Қирғистону Қазоқистон пасттар мебошад. Чунин вазъ баёнгари он аст ки ҳукумати Русия ҷиҳати таҳкими забони русӣ дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ИДМ чӣ чораҳоеро амалӣ кардан мехоҳад. Ҳамасола, тавассути намояндагии созмони давлатии фарҳангӣ-башардӯстии «Россотрудничество»-и Русия ба мактабҳо китобҳои дарсии нав ҷудо мешаванд, бахусус, барои хонандагон ва муаллимони мактабҳо бо забони тоҷикии таҳсил. Ҳамчунин дар соли 2017 ва моҳи сентябри соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 50 нафар муаллимони забони русӣ барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ фиристода шуда буданд[16]. Илова бар ин, Вазорати маорифи Русия изҳор дошта буд, ки тарҳрезии 5 лоиҳаи мактабҳои нави забони таълимашон русӣ ҷараён дорад, ки сохтмони онҳо дар панҷ шаҳри сераҳолии Тоҷикистон, ки ба забони русӣ нисбатан бештар талабот доранд, ба нақша гирифта шудааст[17]. Ҳукумати маҳаллӣ бошад, пайваста сиёсати афзоиши теъдоди соатҳои таълими забони русиро дар мактабҳои тоҷикӣ пиёда мегардонад[18].Русия бо ин роҳ нишон медиҳад, ки аз дараҷаи донистани забони русӣ дар Тоҷикистон чӣ андоза нигарон аст ва ҳам ин ба стратегияи ба роҳ мондани васоити нерӯи нарм комилан мутаносиб аст. Дар ин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон ба ин вазъ мусоидат намуда, дарк месозад, ки талабот ба худи забони русӣ ва таълими он дар кишвар чӣ андоза зиёд аст.
Таълим Ба арзёбии ба ҳадди кофӣ мусбати мақоми расмии забони русӣ нигоҳ накарда, дар Тоҷикистон дар мавриди муҳити забонӣ барои омӯзиши самарабахши он камбуд мавҷуд мебошад. Бахусус таъкид мешавад, ки миқдори соатҳо, ки барои таълими забони русӣ дар макотиб ҷудо гардидааст, кофӣ нест. Бояд таъкид сохт, ки чунин баҳогузории вазъ бо назардошти он ба вуҷуд меояд, ки забони русӣ чӣ андоза талабот дорад. Чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ имрӯз, донистани забони русӣ афзалият маҳсуб мешавад. Волидайн инро дарк менамоянд, бинобар ин саъй менамоянд фарзандони худро ба мактабҳое бидиҳанд, ки таълим пурра бо забони русӣ сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол чунин мактабҳо барои ҳамаи хоҳишмандон кифоят намекунанд ва аксаран онҳо аз ҳад зиёд пур мебошанд. Дар “мактабҳои тоҷикӣ” муҳити забонӣ, ки дар он корбарии забони русӣ дар вазъи ҳаррӯза мумкин бошад, мавҷуд нест. Новобаста ба он ки забони русӣ аслан забони ҳатмии хориҷӣ мебошад, дар қиёс бо шароити таълими дигар забонҳои хориҷӣ, теъдоди хонандагон зимни машғулиятҳои забони русӣ ниҳоят зиёд аст. Масалан, барои омӯзиши забони англисӣ синф ба якчанд гуруҳ ҷудо карда мешавад, ки боиси осонии кори муаллим бо хонандагон мегардад. Дар мавриди забони русӣ бошад, муаллим наметавонад ба ҳар як хонанда таваҷҷуҳ зоҳир намояд, ки ин сифати таълим ва ҳам азбарнамоии забонро аз ҷониби хонандагон коҳиш медиҳад. Бо дарназардошти он ки чунин мушкилот дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳое ба вуҷуд меоянд, ки мактабҳои забони таълимашон русӣ нестанд, он хусусияти умумиҷумҳуриявӣ касб менамояд. Чораҳое ки чӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар ва чӣ ҳукумати Русия амалӣ мешаванд, нишон медиҳанд, ки ҳар ду ҷониб чӣ андоза ба ҳалли мушкилот манфиатдоранд, аммо самаранокии ин иқдомҳоро ҳанӯз баҳогузорӣ кардан номумкин аст. Пешниҳодоти алтернативие ҷиҳати дигаргун намудани вазъ низ мавҷуданд, ки миёни онҳо омодасозии нисбатан босуръати кадрҳои дохилиро метавон таъкид сохт. Он дар оянда метавонад стратегияи ҳалли мушкилоти мазкурро устувортар намояд. Муаллимони маҳаллӣ метавонанд сифати таълимро боло бардоранд, вобастагӣ аз гуруҳи муаллимон аз Русия бошад, бо мурури замон аз байн меравад. Бо вуҷуди ин, чунин алтернатива дар навбати худ ба мушкилоти нисбатан ҷиддитар оварда мерасонад. Музди меҳнати кам, набудани имтиёзҳои иҷтимоӣ барои муаллимон якҷо бо ҳаҷми зиёди кор, мутаассифона, касби муаллимиро камтар ҷаззоб мегардонад. Махсусан, ин ба хатмкунандагони ҷавони шуъбаҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дахл дорад. Мушкилоти дигар ба дастрасии омӯзиши забони русӣ дар саросари мамлакат вобаста аст.- Зиёд кардани миқдори соатҳо барои таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ. Дар ин самт аллакай корҳо ҷараён доранд, аммо арзёбии то чӣ андоза самарабахш будани ин чора зарур аст, ки ин барои муайян кардани тағйирот муҳлати муайянеро тақозо менамояд.
- Беҳтар намудани омодасозии муаллимони забони русӣ миёни донишҷӯёни маҳалии шуъбаҳои омӯзгорӣ. Варианти ҷудо намудани идропулӣ барои таҳсил дар чунин ихтисосҳо, аз ҷумла дар макотиби олии Русия имконпазир аст.
- Ҳангоми амалисозии ин вариант ҳамчунин механизми тақсимоти хатмкунандагонро ба мавқеъҳои тайёри корӣ бояд таҳким бахшид. Кафолати ҷойи корӣ метавонад ба қадри кофӣ ҷаззоб бошад, аз ҷумла, барои онҳое, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд.
Мавзӯи мақолаи мазкурро баррасӣ намуда, аммо бидуни масоили мушкилоти дар боло зикрёфта, метавон гуфт, ки забони русӣ бо вуҷуди сатҳи нисбатан пасти донистани он миёни аҳолӣ, дар ҳаёти Тоҷикистон нақши муҳимеро мебозад. Онро дар соҳаҳои гуногун истифода менамоянд ва он ҳанӯз ҳам нақши ба худ хоси миёнаравиро чун дар давраҳои шӯравӣ иҷро менамояд. Забони русӣ дар шароити шаҳрҳо ба қадри кофӣ мустаҳкам реша кардааст ва талабот ба таҳсил бо забони русӣ ба андозаи кофӣ баланд аст. Дар бораи афсурдашавии вазъи он гап задан ҷоиз нест, аммо бозгашт ба таҷрибаи қаблии истифодаи он низ айни замон номумкин мебошад. Забони русӣ дар Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳо боқӣ мемонад ва асосан дар он соҳаҳое истифода мешавад, ки тавонистааст реша давонад.
[1] Усмонов, Р. 2011, Русский язык в культуре и политике Таджикистана, Язык. Словесность. Культура (Забони русӣ дар фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон, Забон. Адабиёт. Фарҳанг) http://publishing-vak.ru/file/archive-philology-2011-2/1-usmonov.pdf [2] Конституция Республики Таджикистан, статья 2, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 2, http://www.president.tj/ru/taxonomy/term/5/112 [3] Закон Таджикской Советсвкой Социалистической Республики «о языке», Қонуни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «дар бораи забон», http://www.medialaw.asia/document/-261 [4] Закон Республики Таджикистан о Государственном Языке Республики Таджикистан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, http://www.kumitaizabon.tj/ru/content/zakon-respubliki-tadzhikistan-o-gosudarstvennom-yazyke-respubliki-tadzhikistan [5] Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о сотрудничестве в области аттестации научных кадров высшей квалификации, Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ, http://www.anrt.tj/ru/ob-akademii/attestatsionnaya-komissiya-rt [6] В Таджикистане защитить диссертацию нужно будет на русском либо на английском языках, Радио Озоди, Дар Тоҷикистон рисолаҳои илмӣ бояд бо забони русӣ ё англисӣ ҳимоя шаванд, Радиои Озодӣ, 09.11.2017, http://rus.ozodi.org/a/28843841.html [7] Боришполец, К., РУССКИЙ ЯЗЫК В ЦЕНТРАЛЬНО-АЗИАТСКОМ РЕГИОНЕ, Вестник МГИМО Университета, 2 (35) (ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ) (Паёми МГИМО, 2 (35) http://www.vestnik.mgimo.ru/sites/default/files/pdf/borishpolec.pdf [8] Нагзибекова М.Б. 2008, Русский язык в Таджикистане, (Забони русӣ дар Тоҷикистон) Slavica Helsingiensia 35. С любовью к слову (Бо муҳаббат ба калом) / Festschriftin Honour of Professor Arto Mustajoki on the Occasion of his 60th Birthday. Ed. by Jouko Lindstedt et al. – Helsinki, http://www.helsinki.fi/slavicahelsingiensia/preview/sh35/pdf/20.pdf [9] Ҳамон ҷо [10] Усмонов, Р. 2011, Русский язык в культуре и политике Таджикистана, Язык. Словесность. Культура (Забони русӣ дар фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон, Забон. Адабиёт. Фарҳанг) http://publishing-vak.ru/file/archive-philology-2011-2/1-usmonov.pdf [11] Великий и могучий русский язык в таджикских реалиях (Забони бузург ва муқтадири русӣ дар воқеиятҳои Тоҷикистон), Asia-Plus, 24/05/2017 https://news.tj/ru/news/tajikistan/society/20170524/velikii-i-moguchii-russkii-yazik-v-tadzhikskih-realiyah [12] Лебедева, М., 2014 «МЯГКАЯ СИЛА» В ОТНОШЕНИИ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ: УЧАСТНИКИ И ИХ ДЕЙСТВИЯ, Вестник МГИМО “НЕРӮИ НАРМ” ДАР МУНОСИБАТ БО ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ИШТИРОКДОРОН ВА АМАЛКАРДИ ОНҲО (Паёми МГИМО), №2(35) http://www.vestnik.mgimo.ru/sites/default/files/pdf/lebedeva.pdf [13] Торкунов, А., 2012, Образование как инструмент «мягкой силы» во внешней политике России, Вестник МГИМО Университета, Маориф ҳамчун воситаи “нерӯи нарм” дар сиёсати хориҷии Россия (Паёми МГИМО) 4 (25) http://www.vestnik.mgimo.ru/sites/default/files/pdf/74217507.pdf [14] Пьянов, А., 2011, СТАТУС РУССКОГО ЯЗЫКА В СТРАНАХ СНГ, Вестник КемГУ МАҚОМИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ, Паёми КемГУ № 3 (47), http://www.philology.ru/linguistics2/pyanov-11.htm [15] Ҳамон ҷо [16] С первого сентября 2018 года уже 60 учителей из России будут обучать детей в школах Таджикистана, Аз якуми сентябри соли 2018 60 муаллим аз Россия дар мактабҳои Тоҷикистон ба бачаҳо таълим медиҳанд Sputnik, 23.05.2018 https://tj.sputniknews.ru/main/20180523/1025655671/rossiya-uvelichit-chislo-uchiteley-prepodavat-tajikistan.html [17] Пять школ откроет Россия в Таджикистане для продвижения русского языка, Россия для всех, Россия барои пешбурди забони русӣ дар Тоҷикистон панҷ мактаб ифтитоҳ мекунад, Россия барои ҳама, 07.08.2018 https://tjk.rus4all.ru/education/20180807/728728926.html [18]Фасхутдинов, Г., Русского языка в Таджикистане станет больше: осталось найти учителей, Забони русӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад: фақат бояд муаллим пайдо кард Deutsche Welle 09.07.2015 https://www.dw.com/ru/русского-языка-в-таджикистане-станет-больше-осталось-найти-учителей/a-18572263 [19] Asia-Plus, 12/01/2017, «Эксперт: После распада СССР образование на русском языке получили около 1% из 1,5 млн. таджикских школьников» “Коршинос: Пас аз пошхӯрии ИҶШС аз 1,5 миллион хонандагони тоҷикистонӣ наздики 1% бо забони русӣ маълумот гирифтаанд” https://news.tj/news/tajikistan/society/20170112/ekspert-posle-raspada-sssr-poluchili-obrazovanie-na-russkom-yazike-okolo-1-iz-15-mln-tadzhikskih-shkolnikov [20] Кудоярова, 2010 Т. ПРОБЛЕМЫ ФУНКЦИОНИРОВАНИЯ И ИЗУЧЕНИЯ РУССКОГО ЯЗЫКА В ПОСТСОВЕТСКОМ ТАДЖИКИСТАНЕ, Вестник РУДН, серия Русский и иностранные языки и методика их преподавани, МУШКИЛОТИ АМАЛКАРД ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ФАЗОИ ПАСОШӮРАВӢ, Паёми РУДН, силсилаи Забонҳои русӣ ва хориҷӣ ва методикаи таълими онҳо, № 1, https://cyberleninka.ru/article/n/problemy-funktsionirovaniya-i-izucheniya-russkogo-yazyka-v-postsovetskom-tadzhikistane [21]Olimova S., 2010 The Impact of Labour Migration on Human Capital: The Case of Tajikistan, Revue européenne des migrations internationals vol.26 №3 https://journals.openedition.org/remi/5239?lang=enМаводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Норвегия амалӣ карда мешавад, таҳия гардидааст. Дидгоҳҳои дар мақола тазаккурёфта мавқеи расона ё донорро инъикос наменамоянд.