© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон: ғайримусалмонҳо шиква доранд, мақомот ҳеҷ мушкиле намебинанд, коршиносон аз таҳдидҳо мегӯянд

Дар пасманзари куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон намояндаҳои адёни ғайриисломӣ аз коҳиши мизони таҳаммулпазирии динӣ хабар медиҳанд. Аммо мақомот мавҷудияти ин падидаи манфиро рад мекунанд. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Павел Холови 38-сола масеҳӣ аст. Ӯ дар шаҳри Норак ба дунё омада ва ба воя расидааст. Падараш тоҷик ва модараш рус ҳастанд. Павел мегӯяд, масеҳиятро бо машварати модараш, ки православӣ мебошад, қабул кард.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва иқтисодчӣ аст. Бештари дӯстон ва ҳамкоронаш мусалмон ҳастанд, аз ин рӯ дар суҳбат бо онҳо талош мекунад, саволҳои марбут ба динро нодида бигирад.

“Бештари дӯстон медонанд, ки мусалмон нестам. Баъзеҳо, махсусан одамони миёнасол чизе намегӯянд. Аммо ҳамкорони ҷавон, вақте аз дини ман огаҳ мешаванд, зуд фосила мегиранд. Чанде ҳам омада мепурсанд, ки “чаро мусалмон нашудӣ? Охир, Ислом дини ростин аст?” Дар чунин ҳолатҳо талош мекунам, бо онҳо баҳс накунам”,-мегӯяд Павел.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза набудани таҳаммулпазирии диниро дар Тоҷикистон, ки бештари аҳолиаш мусалмон аст, зиёдтар эҳсос мекунад.  

Ӯ мегӯяд, ин ҳолат пас аз соли 2014, замоне ки таблиғи густурдаи гуруҳҳои экстремистӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия шурӯъ гардид, шадидан эҳсос шуд.

Вожаи “муртад” дубора маъруф шуд

Коршиносони CABAR.asia ба ин нукта ишора карданд, ки бори нахуст пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи кишвар калимаи “муртад” дубора маъмул гардид. Ин вожа ба одаме нисбат дода мешавад, ки аз Ислом ба дини дигар гаравидааст.

Зери таъсири таблиғоти густурда наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ҷангҷӯёни ДОИШ (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа мамнӯъ) пайвастанд.

Полковник Гулмурод Ҳалимов бо Президент Эмомалӣ Раҳмон: Акс аз: eadaily.com
Полковник Гулмурод Ҳалимов бо Президент Эмомалӣ Раҳмон: Акс аз: eadaily.com

Нуқтаи авҷи ин таблиғот фирори полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН-и ВКД ба Сурия гардид. 

Ба андешаи коршиносон афзоиши таблиғоти андешаҳои экстремистӣ сабаби коҳиши мизони таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Намояндаҳои адёни дигар, назири масеҳият ва баҳовиҳо мегӯянд, дар ҷомеа онҳоро “кофир” ном мебаранд.

Дар ин бастагӣ на танҳо пайравони адёни дигар, балки тоҷиконе ҳам ки аз Ислом рӯ гардондаанд, шикоят мекунанд.

Онҳо мегӯянд, муносибати атрофиёни мусалмонашон бо онҳо ба тарафи манфӣ майл мекунад. 

Дидгоҳҳои динӣ хонаводаро ба ду қисм ҷудо кард

Раҳим Амонатов 25-сол қабл бо Адолат, зани аз шавҳар ҷудошудае, ки писаре бо номи Амонуллоҳ дошт, издивоҷ кард. Раҳим Амонуллоҳро ба писархондӣ гирифт ва муносибати дуяшон хеле хуб буд. Баъдан, дар ин хонавода писаре ба дунё омад, ки Хайруллоҳ номаш гузоштанд. Амонуллоҳ ва Хайруллоҳ ҳамдигарро эҳтиром мекарданд. Амонуллоҳ донишҷӯ шуд ва як рӯз ба хона омада эълон кард, дигар намехоҳад мусалмон бошад ва дини дигареро баргузидааст.   

Падарандар аз ин хабар ҳайрон шуд, аммо чизе нагуфт. Бо гузашти замон Амонуллоҳ пешвои ҷамъияти дини наваш гардид ва муносибати ҳамсояҳо бо падарандари ӯ тағйир ёфт.

“Ҳамсояҳо дигар бо ман аҳволпурсӣ намекарданд ва барои ибодат ба масҷид ҳам даъват намекарданд, ҳарчанд ҳамеша онҷо мерафтам. Як рӯз кудакон дар саҳни ҳавлӣ маро “падари кашиш, падари кашиш…” гуфта, масхара карданд. Зиёд ба ғазаб омадам, вақте Амонуллоҳ хона омад, сахт ҷанҷол кардем”,-мегӯяд Раҳим Амонатов.

Дар ин ҷанҷол модар ҷониби писарашро гирифт. Дар натиҷа падархонд ва писар бо ҳам қаҳрӣ шуданд.

“Хонаи мо ба ду ҷабҳа тақсим шуд: ману писари хурдӣ – Хайруллоҳ рӯза мегирифтем ва ҳамроҳ панҷ вақт намоз мегузоштем, Амонуллоҳ бошад, салиб мекашид ва дар утоқи худаш ибодат мекард”,-афзуд Амонатов. 

Ҳамсари ӯ мекушид ҳангоми ҷанҷолҳо аз ҳеч тарафе пуштибонӣ накунад ва талош мекард, миёни шавҳару писараш нақши пулро иҷро кунад. Баъдан, Амонуллоҳ бидуни розигии падархондаш бо як духтар аз ҷамъияташон хонадор шуд ва Раҳим Амонатов писархондашро аз манзил берун кард. 

“Тамоми ин солҳо ҳамсарам бо писараш пинҳонӣ аз ман мулоқот мекунад. Ҳамин тариқ оилаи хушбахти мо дар пайи баҳсҳои динӣ хароб шуд. Бо гузашти солҳои зиёд, ҳарчанд ҳанӯз намоз мегузорам ва мусалмони содиқ ҳастам, хоҳиши бахшидани писарам ва ӯро дубора ба хона баргардондан маро ором намегузорад. Аммо намедонам, ки ин корро метавонам анҷом диҳам ё на?”,-мепурсад Раҳим Амонатов.

Ҷамолиддин Хомушов: Касеро ки Исоро эътироф намекунад, мусалмон гуфтан ҷоиз нест

Дар пасманзари афзоиши мизони таҳаммулнопазирии динӣ  раҳбарияти Шӯрои уламо аз мусалмонон даъват мекунанд, аз бархӯрд бо пайравони адёни дигар худдорӣ намоянд.

Ҷамолиддин Хомушов, аъзои Шӯрои уламо. Акс аз: CABAR.asia
Ҷамолиддин Хомушов, аъзои Шӯрои уламо. Акс аз: CABAR.asia

Ҷамолиддин Хомушов, аъзои Шӯрои уламо, ягона ниҳоди дорои ҳаққи содир кардани фатво, дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, бо назардошти талаботи дини Ислом мусалмонро зарур аст бо пайравони адёни дигар, ки бо онҳо дар як ҷомеа зиндагӣ мекунанд, эҳтиром қоил бошад.

Ба гуфтаи Хомушов, яке аз шартҳои асосӣ барои мусалмон доштани имон ба тамоми пайғомбарони гузашта мебошад.    

“Барои мисол, ӯро мусалмон хондан мумкин нест, агар Исо (пайғамбари масеҳиён – шарҳи CABAR.asia)-ро эътироф накунад. Аз ҷониби дигар, китоби муқаддаси мусалмонҳо – Қуръон ҳамеша ба пайравонаш таъкид мекунад, ки бо тамоми одамон, новобаста аз он ки кадом динро пайравӣ мекунанд, муносибати хуб дошта бошанд”,-таъкид намуд, ҷаноби Хомушов.

Бино ба омори Кумитаи дини Тоҷикистон, дар натиҷаи нуфусшумории соли 2010 маълум шуда, ки 99,4 дарсади аҳолӣ мусалмон ҳастанд.

41,6 ҳазор ё 0,6%-и аҳолӣ намояндаи дигар адён мебошанд, хабар додаанд аз ин ниҳод ба Islamnews.tj дар марти соли 2013.  

Бо ин ҳол, сомонаи туркии HaberVaktim мегӯяд, то охирҳои соли 2012 дар Тоҷикистон 95 дарсади аҳолӣ аз Ислом пайравӣ мекардаанд. Аммо ин сомона нагуфтааст, ки маълумотро аз кадом сарчашма дарёфт кардааст.  

Бар пояи гузориши Созмони байналмилалии  “Open Doors” дар Тоҷикистон 61,7 ҳазор масеҳӣ зиндагӣ мекунад, ки ба 0,7 дарсади аҳолии кишвар баробар аст. Бештари онҳо – 72,1% православҳо мебошанд. Аммо танҳо наздики 500 нафар ба калисо мераванду халос.

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон ва кишварҳои Ғарб чандин маротиба Тоҷикистонро барои маҳдуд сохтани озодиҳои динӣ мавриди интиқод қарор доданд. Барои мисол, соли 2015 Департаменти давлатии ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, уҳдадориҳояш барои эҳтироми бовар ва озодиҳои диниро риоя кунад.

Соли 2009 дар Тоҷикистон қонун дар бораи озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қабул гардид. Он ҳама гуна таблиғоти ғояҳои диниро берун аз доираи ҷамъиятҳои динӣ манъ мекунад.

Моҳи феврали соли 2019 ҷамъияти баптистҳои Тоҷикистон ба маблағи 4000 сомонӣ ($423) ҷарима шуд ва Хадамоти гумрук 5 ҳазор тақвими аз ин ташкилот дар фурудгоҳи Душанбе гирифтаро маҳв кард.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон 5000 тақвими ҷамоати Баптистиро нобуд кард. Акс аз: rferl.org
Хадамоти гумруки Тоҷикистон 5000 тақвими ҷамоати Баптистиро нобуд кард. Акс аз: rferl.org

Ташхиси Вазорати фарҳанг дар ин тақвимҳо нишонаҳои таблиғи дини бегонаро маълум кард. Кумитаи дин бошад, хабар дод ки ташкилоти мазкур иҷозаи муқаддамотӣ барои вуруди ин тақвимҳоро дарёфт накарда, бар илова шумораи тақвимҳо аз теъдоди пайравони баптизм дар кишвар зиёд мебошад.

Мақомот: Ҳеҷ мушкиле нест

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мавқеи расмии худро дар мавриди ташдиди авзоъ дар ҷомеа нагуфтанд. Аммо созмонҳои динӣ ва ниҳодҳое, ки ин муносибатҳоро ба танзим медароранд, бар инанд, ки мизони таҳаммулпазирии ҷомеа коҳиш наёфтааст.

Ба андешаи мақомдорон, адами бархӯрд ва низоъҳо миёни пайравони адёни мухталиф баёнгари мавҷудияти таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Хомушов, намояндаи Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, интихоби эътиқод озод аст ва ҳар нафари болиғ метавонад дини дилхоҳашр интихоб кунад.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили аслӣ ин аст, ки солҳои ахир ҷомеаи Тоҷикистон иттилоъ дар бораи Исломро на аз уламои суннатӣ, балки аз Интернет ва шабакаҳои моҳвораӣ дарёфт карданд.

“Дар чунин шароит хатари вуруди ғояҳои экстремистӣ миёни аҳолӣ афзоиш меёбад, ки метавонад сабаби коҳиши мизони таҳаммулпазирии динӣ гардад”,-мегӯяд Хомушов.

Аз ин рӯ, вай аз пайравони дигар адён даъват кард, талош намоянд, ба арзишҳои мусалмонҳо тавҳин накунанд, то сабаби вокуниши низоъбарангез нашавад. 

“Тавҳин ба ҳамагуна арзишҳои исломӣ метавонад сабаби бархӯрдҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шавад”,-мегӯяд ӯ.

Ҳодизода: Вазъ шабеҳи замони Шӯравӣ аст

Таҳлилгари масоили динӣ Фаридун Ҳодизода муътақид аст, ки коҳиши мизони таҳаммулпазирии динӣ аз он далолат мекунад, ки ҷомеа барои мубоҳиса баста аст ва намехоҳад андешаи дигарро қабул кунад.

Ба гуфтаи коршинос, намунаи монанд дар аҳди Шӯравӣ буд, ки танҳо идеологияи коммунистиро барҳақ медонистанд ва тамоми ғояҳои дигарро маҳкум намуда, қабул намекарданд.

Қонунгузории Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ва динӣ аз панҷ то ҳашт соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. 

Куштори чор сайёҳи хориҷӣ дар намунаи нисбатан бузургтари набудани таҳаммулпазирии динӣ мебошад. Акс аз: currenttime.tv
Куштори чор сайёҳи хориҷӣ дар намунаи нисбатан бузургтари набудани таҳаммулпазирии динӣ мебошад. Акс аз: currenttime.tv

Куштори чор сайёҳи хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара намунаи нисбатан бузургтари набудани таҳаммулпазирии динӣ мебошад. 

Ин амали террористӣ аз сӯи панҷ шаҳрванди Тоҷикистон анҷом шуд, ки изҳор доштанд, ба ДОИШ (созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа мамнуъ) савганди садоқат хӯрдаанд. Дар интернет наворе нашр шуд, ки лаҳзаи савгандёдкунии онҳоро намоиш медиҳад. 

Ба андешаи таҳлилгарон, дар сурати ривоҷ ёфтани раванди қабул накардани адёни дигар дар ҷомеа, эҳтимоли такрор шудани чунин амалҳои террористӣ афзоиш меёбад.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, агар баҳсҳои динӣ миёни мусалмонон ва пайравони адёни дигар дар доираи мубоҳисаҳо сурат бигирад, ҳеч хавфу хатаре надорад.

Аммо ба гуфтаи ӯ, агар ин баҳсҳо аз доираи мубоҳиса ва шабакаҳои иҷтимоӣ берун бароянд, барои суботи ҷомеа хатарзо хоҳанд буд.

“Мушкиле нест, агар касе чизеро қабул намекунад ва ё нуқтаи назари дигареро баён месозад ва ин ҳама дар сатҳи баҳсҳои зеҳнӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд. Мушкил замоне сар мезанад, ки ин мавзӯъ ба бозору кӯчаҳо кашида мешавад”,-мегӯяд Саъдӣ Юсуфӣ. 


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст. 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: