© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба инъикоси масоили динӣ барои рӯзноманигорони чор кишвари Осиёи Марказиро баргузор кард.

Рӯзноманигорон пас аз ин машғулиятҳо барои расонаҳои худ ва сомонаи таҳлилии cabar.asia матолиб таҳия мекунанд.


English На русском

Рӯзноманигорон аз Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон машқҳои амалиро баррасӣ мекунанд.
Рӯзноманигорон аз Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон машқҳои амалиро баррасӣ мекунанд.

Дар се давраи омӯзишӣ рӯзноманигорон аз манотиқи мухталифи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Онҳо намояндагони шабакаҳои телевизион, радио ва расонаҳои онлайнии давлатӣ ва хусусӣ мебошанд.

Машғулиятҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти рӯзноманигорон ҳангоми инъикоси масоили марбут ба дин нигаронида шудаанд. Ҳадафи дигар ба бештар намудани матолибе, ки ба хонанда аз гуногунии динӣ ва таҳаммулпазирӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот медиҳад, иртибот дорад.

Дар робита ба зиёд шудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба дин ва фаъол гардидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, рӯзноманигорони минтақа дар матолиби хеш бештар ба ин мавзӯъҳо дахл мекунанд. Аммо коршиносон, намояндагони дину мазҳабҳои гуногун ва диншиносон дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври яксон дар бораи сифати матолиби расонаҳои маҳаллӣ дар ин мавзӯъ ва иштибоҳҳои зиёд, ки муаллифон зимни омода кардани мақола ва гузоришҳои худ ба онҳо роҳ медиҳанд, ибрози назар менамоянд.

Рустам Азизӣ, диншинос аз Тоҷикистон
Рустам Азизӣ, диншинос аз Тоҷикистон

IWPR Central Asia барномаи вижаи омӯзишӣ барои рӯзноманигоронро таҳия намуд, ки баланд бардоштани иттилоотнокии иштирокдорон оид ба равияҳои динии мавҷуд дар кишварҳояшон; истифодаи дурусти истилоҳ ва мафҳумҳо, ки дар қаринаи мубориза бо ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм зикр мешаванд, дар бар мегирад. Инро диншиносони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон тавзеҳ додаанд.

Асем Миржекеева, Остона (Қазоқистон):

“Ман бори дигар дарк намудам, ки рӯзноманигор бо навиштаҳои худ метавонад ё низоъро шадидтар кунад ё баръакс ба раванди сулҳ мусоидат намояд. Истифодаи дурусти истилоҳҳоро алоҳида барои худ қайд намудам, зеро аз истифодаи нодурусти онҳо метавонад тамоми маънои матн тағйир ёбад”.

Медиаэксперт Инга Сикорская
Медиаэксперт Инга Сикорская

Сарвари Мактаби ҳимоят аз сулҳ ва технологияҳои расонаӣ дар Осиёи Марказӣ Инга Сикорская дар мавриди андешарониҳои таҳқиромез, клише ва қолибҳо (мухтасар забони хусумат), ки дар расонаҳои маҳаллӣ нисбат ба афроди диндор ё бедин истифода мешаванд, суҳбат кард.

Ӯ гуфт, рӯзноманигорон тавассути матолиби касбӣ ва санҷидашудаи худ бояд ба паҳншавии забони хусумат ва андешарониҳои таҳқиромез дар ҷомеа муқовимат кунанд, на ин ки паҳнкунандаи он бошанд.

Зимни тренинг иштирокдорон барои таҳияи луғати забони хусумат дар ҳар кишвар фаъолият намуданд, ки он пас аз мукаммал гардидан ба рӯзноманигорон ҳамчун феҳрасти айёнии суханҳо, клише ва қолибҳои ғайри қобили қабул, ирсол мешавад, ки онҳоро зарур аст, ҳангоми таҳияи матолиб аз истифодаашон худдорӣ намоянд.

Мақсад Ҷонгиров, Тошканд (Узбекистон):

“Истилоҳоти наверо шунидам, ки ҳангоми таҳияи матолиб дар ин мавзӯъҳо бояд истифода кард. Дар мавриди забони хусумат хеле чизҳое фаҳмидам, ки аз истифодаи он бояд худдорӣ намуд. Бунёди пули рӯзноманигорон, коршиносон ва фаъолони динӣ, ки барои гуногунии динӣ ва таҳаммулпазирӣ ба якдигар кумак мекунад, идеяи хубе мебошад, ки барои оянда нигаронида шудааст ва ба шиори “Субот тавассути муколамаи озод” мувофиқат мекунад”.

Муҳаррирони IWPR Central Asia Лола Олимова ва Тимур Токтоналиев дар мавриди рӯзноманигории ҳимоят аз сулҳ муфассал суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки журналистон тавассути матлабҳои худ бояд ба ҳалли низоъ ва муколама дар доираи қонунгузории маҳаллӣ мусоидат намуда, ба ҳамзистии осоиштаи ҷамъиятҳои гуногун дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.

Рӯзноманигорон аз меъёрҳои байналмилалии журналистика, ки бояд ҳангоми инъикоси масоили динӣ, вазъиятҳои низоъбарангез ва баҳсӣ риоя шаванд, огоҳ гардиданд.

Маводи ин бахши омӯзиш тавассути машқҳои интерактивӣ ва бозиҳо аз бар карда шуданд. Дар ҷараёни он рӯзноманигорон ба ҷамъоварии маълумот ва ҷобаҷогузории матолиб дар модели вазъи низоъбарангез, ки сари чанд вақт дар кишварҳои минтақа сар мезананд, машғул гардиданд.

Даврон Насибхонов, шаҳри Ош (Қирғизистон):

“Дар навиштаҳои худ принсипҳои журналистикаи ҳимоят аз сулҳ – тавассути мусоҳибон ба муколама даъват кардан ва пешниҳод намудани ҳалли ин ё он мушкилро истифода мекунам. Ман мафҳумҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дақиқ дарк намудам ва онҳоро ба ҳам омехта намекунам. Махсусан, қисмати марбут ба забони хусумат ва роҳ надодан ба истифодаи гуфтаҳои таҳқиромез ва клише муҳим буд”.

Ҳуқуқдонҳои масоили ВАО аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар робита ба масъулияти рӯзноманигорон дар нақзи қонунҳои маҳаллӣ ҳангоми инъикоси масоили марбут ба дин, инчунин ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм муфассал суҳбат карданд.

Ба таъкиди онҳо, баъзан дар ВАО матолиберо дидан мумкин аст, ки онҷо забонихусумат истифода гардида, кинаву адоват ва низоъ миёни ҷамъиятҳои гуногун барангехта мешавад, баъзан ғояҳои мамнӯъ таблиғ мешаванд, ки ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай доранд. Журналистон бояд дар таҳияи матолиби худ дар мавзӯи динӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм масъулиятшинос бошанд.

Ҷасур Абдуллоев, Душанбе (Тоҷикистон):

Ин тренинг ба мо имкон медиҳад, нозукиҳоеро, ки ҳангоми инъикоси мавзӯи дин заруранд, дарк кунем. Омӯзиши меъёрҳои байналмилалӣ ҳангоми инъикоси мавзӯоти марбут ба ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм низ барои ман муҳим буд”.

Хабарнигорон Чынара Исраилова- Харьехузен ва Азамат Каработоев ҳангоми иҷрои машқи амалӣ
Хабарнигорон Чынара Исраилова- Харьехузен ва Азамат Каработоев ҳангоми иҷрои машқи амалӣ.

Се машғулияти омӯзишӣ тавре роҳандозӣ шуда буд, ки дар аввалӣ рӯзноманигорон аз Қазоқистону Узбекистон, дар дуввумӣ аз Қирғизистону Узбекистон ва дар саввумӣ аз Тоҷикистону Узбекистон иштирок доштанд. Дар ҷараёни семинар иштирокдорон масоили риояи касбият аснои инъикоси масоили дин ва низоъҳои гуногунро ба баҳс гирифта, дар зимн табодули андешаҳо сурат гирифт.

Дар ҷараёни омӯзишҳо сомонаи belief.cabar.asia муаррифӣ шуд, ки рӯзноманигорон метавонанд, онҷо коршиносони мавриди назари худ, матолиби ҳуқуқӣ ва омӯзишӣ пайдо намуда, инчунин бо мақолаҳои ҳамкасбон вобаста ба ин мавзӯъ ошно шаванд.

Ҳар рӯзноманигори иштирокдори тренинг мавзӯи матолиби худро, ки ояндаи наздик таҳия мекунанд, муаррифӣ намуд. Барномаи омӯзишӣ тавассути сарпарастии инфиродӣ бо ҳар иштирокчӣ вобаста ба мавзӯи марбут ба инъикоси авзои динӣ дар ҳар кишвар (гуногунии динӣ ва таҳаммулпазирӣ, риояи ҳуқуқҳои динӣ ва ғ.) идома пайдо мекунад. Инчунин матолиби муштараки минтақавӣ ва байникишварӣ дар як мавзӯъ дар назар аст.

Ин матолиб дар расонаҳои маҳаллӣ, ки иштирокдорони семинар кор мекунанд, инчунин барои аудиторияи байналмилалӣ дар сомонаи минтақавии таҳлилии cabar.asia ва сомонаи iwpr.net нашр мешаванд.

Назари иштирокчиёни тренинг аз Душанбе ва Бишкек


Машғулиятҳои омӯзишӣ дар чорчуби лоиҳаи IWPR “Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ” баргузор шуданд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: