© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Баландтарин нишондиҳандаи маргу мир аз садамаҳои нақлиётӣ дар минтақа ба Тоҷикистон рост меояд

Ҳамасола дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо каси дигар маҷруҳ мешавад.  Коршиносон сабаби инро риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯйи ронанда ва пиёдагардон, бар ивази пул гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин зерсохторҳои номуносиби роҳ дар кишвар мегӯянд. Мақомот иддао доранд, барои ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.


Бино ба омори Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Тоҷикистон (БДА), давоми шаш моҳи соли 2021 дар кишвар 472 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда, шумораи садамаҳо 29 адад бештар аст.

Давоми 2,5 соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ 2793 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷа 925 кас ба ҳалокат расида, 3114 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Моҳи майи соли 2019 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як гузориши вижа қайд карда буд, ки ҳамасола мизони маргу мир дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ ба 19 нафар рост меояд. Ин баландтарин нишондиҳанда дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, тақрибан ба сатҳи маргу мир дар пайи сониҳаҳои нақлиётӣ дар Русия ва Чин баробар аст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукумат ва шарикони худ даъват кард, талошҳоро барои коҳиш додани шумораи садамаҳои роҳу нақлиёт бештар кунанд.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, бештари садамаҳои нақлиётӣ бо айби пиёдагардон, баланд кардани суръати ҳаракати мошинҳо, пойга ва бархӯрд дар роҳҳо сар мезанад. Ба иттилои БДА-и ВКД бештар аз 50 дарсади садамаҳоро бархӯрд бо пиёдагардон ташкил медиҳад. 53 дарсади сониҳаҳо бар асари баланд кардани суръати нақлиёт ва тақрибан аз се як ҳиссаи он дар пайи ба самти муқобили роҳ баромадану нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба вуқӯъ мепайванданд.

Ба гуфтаи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳам метавонад ба мизони маргу мир дар роҳҳо таъсиргузор бошад. Масалан, бештар аз 90 дарсади ҳолатҳои фавт бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба кишварҳое рост меояд, ки сатҳи даромади онҳо миёна ё поин аст.

Вакили парлумони кишвар Ҷамшед Муртазозода соли 2019 дар як суханронии худ, ки ба амнияти ҳаракат дар роҳ ихтисос ёфта буд, изҳор дошт, “сабаби асосии садамаҳои нақлиётӣ дидаву дониста вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби ронанда ва пиёдагардон мебошад”.

Қурбон Абдуллоев, муҳандиси роҳ ва собиқадори соҳаи нақлиёт дар суҳбат бо CABAR.asia сабаби асосии садамаҳоро ҷавононе гуфт, ки шаҳодатномаи ронандагиро тавассути пора ба даст овардаанд.

Абдуллоев афзуд, замони Шӯравӣ дар тамоми автобазаҳо муҳандиси бехатарии ҳаракат фаъолият мекард, ки пайваста бо ронандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, аз онҳо имтиҳон мегирифт.

“Яъне, раванди омӯзиш идома меёфт. Ба ронандаҳо ҳамеша риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таъкид карда мешуд. Ҳоло ин тавр нест, баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ онҳо дар бораи омӯхтан ҳатто фикр ҳам намекунанд”,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

“Шаҳри бехатар” шумораи садамаҳоро коҳиш надод

Мақомот мегӯянд, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ ва ё коҳиши садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар чораҳо меандешанд. Ба сифати намуна низоми “Шаҳри бехатар” мисол зада мешавад.

“Шаҳри бехатар” моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷорӣ карда шуд ва дар 75 чорроҳа ва кӯчаҳои марказии пойтахт 855 дурбин насб гардид. Ин тадбир мебоист мушкили вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва садамаҳои нақлиётиро ҳал мекард. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки барои бештари ронандаҳо дурбинҳои назоратӣ монеа нестанд.

Соли 2017 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бо мақсади риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронанда ва пиёдагардон ва пешгирии садамаҳо тағйирот ворид карда шуд.

Бар асоси ин тағйирот, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳолати мастӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст ва ё расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ гардидааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум сохтан аз ҳаққи фаъолиятҳои муайян ба муҳлати 10 сол муайян гардидааст.

Инчунин муҳлати маҳрум сохтан аз ҳаққи ронандагӣ аз 2 то 10 сол зиёд карда шуд. Рондани мошин дар ҳолати мастӣ бо ҷарима дар ҳаҷми 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 15 ҳазор сомонӣ (1 323 доллар) ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум сохтан аз ҳаққи рондани воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол ҷазо дода мешавад.

Ҷавобгарӣ барои идораи мошин бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ низ аз 150-250 сомонӣ (13-22 доллар) то 12 500 сомонӣ (1105 доллар) боло бурда шуд. Барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ бошад, ҳаҷми ҷарима аз 2500 сомонии қаблӣ (221 доллар) то 20 000 сомонӣ (1767 доллар) боло бурда шуд. Ҳамзамон дар ҳолати такрор шудани қоидавайронкунӣ шахс метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Бештар аз як сол мешавад, ки мақомоти дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе ба таъқиби ронандаҳое шурӯъ кардаанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз мекунанд. Вақте касе шоҳиди ҷиноят ё қонуншикание мешавад, акс ва наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Facebook нашр мегарданд ва кормандони Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе барои ислоҳи вазъ дастбакор мешаванд. Баъди чанд рӯз мақомот бо нашри аксҳо аз баррасии мавзӯъ ва бартараф шудани мушкил хабар медиҳанд, бештари ронандаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Чунин иқдом ҳоло танҳо дар Душанбе амалӣ мешавад, аммо раҳбарияти минтақаҳои дигар метавонанд аз ин таҷриба кор бигиранд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки шоҳиди ҳодисае шудаанд ё мушоҳида кардаанд, ки ронанда мошини худро дар ҷойи номувофиқ нигоҳ доштааст, акс ё видеои онро мегиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштаи “Стопхам” нашр мекунанд.

Вакили дифоъ Наврӯз Одинаев мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон нисбат ба ронандаҳо муҷозоти сангин пешбинӣ шудааст, аммо он бояд боз ҳам вазнинтар карда шавад.

“Ман пешниҳод кардам, ки баланд кардани суръат то ду маротиба дар шаҳрҳо ҷинояти барқасдона ҳисобида шавад, на аз беэҳтиётӣ. Яъне, вақте ронанда нақлиётро аз меъёри муайяншудаи суръат ду маротиба бештар ба ҳаракат медарорад, ӯ аллакай медонад, ки метавонад одамонро зер кунад ва ба ҳалокат расонад, аммо ин чиз ӯро нигарон намекунад. Аз ин рӯ, ронандаҳое ки пиёдагардонро бо суръати баланд зер мекунанд, бояд ба муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон шаванд”,-гуфт ҳуқуқшинос.

Наврӯз Одинаев бар ин аст, ки яке аз сабабҳои асосии мизони баланди садамаҳо, ки бо марг меанҷоманд, надонистани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби пиёдагардон мебошад.

“Калонсолон аксар вақт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд. Ҳарчанд чароғаки роҳ сурх ҳам бошад, фарзандони худро маҷбур карданӣ мешаванд, ки аз роҳ гузаранд”, - гуфт вай ва пешниҳод намуд, ки ҷарима барои пиёдагардон бештар карда шавад.

Ҳоло ҷарима барои пиёдагардон барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла гузаштан аз ҷойи муайяннашуда ҳамагӣ 7,5 сомонӣ (наздики 0,66 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ислом Маликов мегӯяд, танҳо бо як ҷарима мушкилро ҳал кардан имкон надорад. Чунки бештари онҳое ки қоидаҳоро нақз мекунанд, - фарзандони мансабдорони боломақом ва тоҷирон ҳастанд ва барои онҳо пардохт кардани ҷарима ҳеч мушкил нест. Ронандаҳои “одӣ” ҳам медонанд, ки дар сурати зарурӣ метавонанд тавассути пора корро дар БДА ҳал кунанд, мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Абдуллоев, барои пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт кормандони БДА бояд дар роҳҳои хавфнок ва минтақаҳое биистанд, ки танбашавии нақлиёт зиёд аст. Аммо дар асл онҳо дар ҷойҳое меистанд, ки ба худашон писанд аст.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia, ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: