© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Зиддиятҳо дар сиёсати Тоҷикистон: Риторикаи фақр ва таҷрибаи ҷашнҳои давлатӣ

Мақомоти Тоҷикистон муддати дароз аст, ки сиёсати танзим ва хароҷоти шаҳрвандон дар тӯйҳо, зодрӯзҳо инчунин гузаронидани дигар чорабиниҳоро пеш мебаранд. Дар баробари ин, ҳукумат барои ҷашну маросимҳои бошукӯҳ маблағҳои зиёд сарф мекунад. Маълумоти бештар дар бораи чунин зиддият дар ин мақолаи CABAR.asia.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Празднование Навруза в Худжанде в 2020 году
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд, 21 марти соли 2020, акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон зиёда аз даҳ сол аст, ки мубориза бо камбизоатро бо роҳи маҳдуд кардани аҳолӣ дар хароҷоти шахсии худ идома медиҳанд. Аммо, дахолатнопазирии «зухурот»-«аскетизм» ба сиёсати расмии Душанбе дахл надорад, одатан харҷи садҳо миллион доллар барои баргузории чорабиниҳои идона, бунёди иншооти боҳашамати меъморӣ ва сафарҳои сарвари давлат ба минтақаҳо мебошад.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва маросимҳоро аз аввали моҳи декабр ба гузаронидани назарсанҷӣ дар байни аҳолӣ шурӯъ намуд, ки беш аз даҳ ҳазор нафарро фаро мегирад. Мавзӯи асосии пурсиш саволе буд, ки то чӣ андоза ҷомеаи Тоҷикистон қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро дастгирӣ мекунад[1].

Кумита қайд мекунад[2], ки пурсиш бо мақсади татбиқи самарабахши қонун ва бо назардошти фикри аҳолӣ дар масъалаҳои татбиқи қонун гузаронида мешавад. Шояд аз рӯи натиҷаҳои пурсиш ба қонун тағйироти муайян ворид шавад. Аммо кадоме аз онҳо, ҳукумат хабар намедиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон ба муваффақияти усули махсуси мубориза бо камбизоатӣ ва маҳдуд кардани хароҷоти аҳолӣ итминон доранд. Аммо ин равиш монеъ намешавад, то ки ҳукумат пули зиёдеро барои хариди ашё ва чорабиниҳо сарф намояд, ки мувофиқи мақсад, боиси танқиди рақибони Душанбе мегардад.

Қонуни номуайян

Соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ба имзо расонид, ки онро «бо ҳимояи арзишҳои воқеии фарҳанги миллӣ, эҳтироми урфу одатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии шаҳрвандон» асоснок мекунад.

Меъёри нав шаҳрвандони ҷумҳуриро вазифадор сохт, ки тантанаҳо ва ҷашнҳои худро ба муносибати тӯй, ёдбуд, солгарди марг ва ғайра дар доираи маҳдуд гузаронида шавад. Барои иҷрои қонун мақоми махсуси ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо назорат мебарад, ки намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ҳар лаҳза ба чорабинӣ омада, тафтишро оғоз кунанд.

 (Видео: Муноқиша бо кормандони БДА аз сабаби шумораи зиёди мошинҳо дар тӯй)

  

Дар тӯли мавҷудияти қонун, пурсишҳои мустақилона дар бораи он, ки оё шаҳрвандони кишвар воқеан дахолатро ба ҳаёти шахсии худ дастгирӣ мекунанд ва ё на, гузаронида нашудаанд, ба истиснои он пурсишҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ оғоз ёфтаанд, ки натиҷаҳоро объективӣ номидан мумкин нест.

Ҳуқуқшиносони мустақил борҳо қайд намудаанд, ки қонун мухолиф ба моддаи 22 Конститутсияи Тоҷикистон аст, ки дахлнопазирии манзил ва моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Аммо, мақомот ин далелро ба назар нагирифта, ишора карданд, ки маҳдуд кардани хароҷоти аҳолӣ боиси баланд шудани сатҳи зиндагӣ мегардад.

 «Ғамхорӣ ба шаҳрвандон» дар ин ҳолат меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқҳои инсон ки шиддат гирифтани баҳсро дар бораи авторитаризми низоми сиёсии мавҷудаи кишвар мебошад тақвият бахшид.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, зимни натиҷа ва ҷамъбасти фаъолияти даҳсолаи ин қонун дар соли 2017 гуфтанд, ки дар тӯли даҳ сол мардум дар маросимҳо беш аз ду миллиард доллар сарфа карданд.«Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандони кишвар ба таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шудаанд,  масалан – дар тӯли 10 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 525 ҳазор мошин ворид карда шуд», – қайд кард он замон Раҳмон.[3] Он қадар маълум нест, ки бо кадом усул ин омор ҳисоб карда шудааст, аммо дар тамоми мақомоти давлатӣ ва дар шарҳҳо ВАО ба он шикоят карданд.

Хеле равшан пайгирифта шуд кӯшиши возеҳи мақомот барои таҳияи «тарзи зоҳирии зиндагӣ» ба аҳолӣ ва нишон додани муваффақияти ташаббуси сарвари давлат, бидуни пешниҳоди ягон далелу ҳисоботҳои боварибахш барои манфиат ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум.

Гузашта аз ин, дар бораи он, ки ин маҳдудиятҳо ба тиҷорати маҳаллӣ, ки буҷаро 60% пур мекунад, чӣ гуна таъсир расонидааст, чизе гуфта намешавад. Билохира, ин ҳама маблағҳо дар дохили кишвар харҷ мешуданд, ки ба иқтисодиёти миллӣ ва даромади буҷа фоида мерасонданд.

Камбизоатиро бартараф карда тавонистед?

Ҳанӯз соли 2017 Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон қайд карда буд, ки қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” боиси коҳиши сатҳи камбизоатӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ, агар дар соли 2007 сатҳи аҳолии камбизоат дар кишвар 70 дарсадро ташкил дода бошад, дар соли 2017 ин рақам ба 30 фоиз коҳиш ёфтааст.[4]

Дар асоси натиҷаҳои соли гузашта Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 27,5% коҳиш ёфтааст.[5] Валле ин дар ҳақиқат ҳамин тавр аст?

Тибқи методикаи Бонки Ҷаҳонӣ, хатти камбизоатӣ даромади як нафар аз 16,6 сомонӣ (1,9 $) дар як рӯз ё тақрибан 498 сомонӣ (57 $) дар як моҳро ташкил медиҳад. Тибқи маълумот ва пурсиши барномаи Ҷаҳонии озуқавории СММ дар соли 2019, тақрибан нисфи аҳолии кишвар дар ҳолати камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд яъне камтар аз 1,33 $ дар як рӯз ва 17% камтар аз 0,85 $.[6]

Дар Тоҷикистон, аз соли 2008, тибқи қарори ҳукумат №379 оилаҳое камбизоат эътироф карда мешаванд, ки ҳар як аъзои оила камтар аз 50 % музди меҳнати ҳадди ақаллро (400 сомонӣ ё камтар аз $40) ташкил медиҳад.[7]

Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар асл, дар ин муддат на он қадар сатҳи некӯаҳволии мардум, балки усули ҳисобкунии одамони камбизоат тағир ёфт.

Афзоиши музд ва беқурбшави пул

Дар моҳи августи соли 2020, пеш аз интихоботи президентӣ, Эмомалӣ Раҳмон фармон кард, ки музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳои буҷавӣ 15% зиёд карда шавад. Бори охир музди меҳнат ва нафақа ду сол қабл – моҳи сентябри соли 2018 низ 15 фоиз зиёд карда шуда буд. Аммо, аҳолӣ амалан чунин афзоишро дар пасманзари болоравии нархи озуқа ва беқурбшави пул дар бозори озуқаворӣ эҳсос намекард. Аз аввали соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллар беш аз 9% коҳиш ёфт ва беқурбшави пул дар бозори истеъмолӣ 5,1% -ро ташкил дод.[8]

Бо сабаби баста шудани марзҳо ва коҳиш ёфтани воридот ба кишвар, арзиши баъзе молҳои зарурӣ беш аз 30% боло рафт.[9]

Музди меҳнати ҳадди аққал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (камтар аз 40 $), мебошад, музди миёнаи моҳонаи номиналӣ 1406 сомониро ташкил медиҳад, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомонӣ (камтар аз 30$).

Бо чунин нишондиҳандаҳо, дар бораи коҳиши воқеии сатҳи камбизоатии мардум сухан кардан асоси воқеӣ надоранд.

Намуна барои пайравӣ накардан

Бо даромади музди ночизи аҳолӣ ва анъанаҳое, ки ҷашну идҳоро ташвиқ мекунанд, қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз як тараф мантиқӣ ба назар мерасад, зеро он ба оилаҳои камбизоат имкон медиҳад, то ки оилаҳои камбизоат бо хароҷоти камтарин чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, ҳукумат, ки захираҳои зарурӣ надорад ва дар назди қарздиҳандагон қарзи зиёд дорад, кӯшиш намекунад, то ки ба аҳолӣ намунаи худро дар бораи кам кардани хароҷот нишон диҳад.

Тоҷикистон бо иншооти боҳашамати меъмории худ, ки ба маблағи даҳҳо миллион доллар сохта шудааст, дар минтақа шӯҳрат дорад. Дар кишвар аллакай бунёд шудааст дар соли 2011 яке аз баландтарин пояҳои парчамҳои ҷаҳон, калонтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ дар соли 2012, осорхона дар соли 2013 ва чойхона дар соли 2014.

Дар соли 2015 президент санги аввалро барои бунёди бузургтарин театри минтақа гузошт, ки тибқи арзёбиҳои мухталиф 100 млн $ ташкил медиҳад.[10]

Айни замон, миёни Тоҷикистон ва Хитой дар мавриди маблағгузории ҷониби Чин барои бунёди маҷмааи парлумонӣ дар маркази Душанбе ба маблағи 250 млн $ созишнома гуфта шудааст.

Сохтмони объектҳои гаронбаҳо дар кишвар дар пасманзари гирифтани кӯмаки башардӯстона аз як қатор кишварҳо ва шарикони рушд иншоотҳои гаронарзиш будёд мекунад.

Ҳангоми пандемияи коронавирусӣ, Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар аз шариконаш, ба монанди БРО, Бонки Ҷаҳонӣ, ИА, ИМА, Чин, Русия, Узбакистон ва ғайра кумак гирифт. [11]Мақомот ҳаҷми умумии кӯмаки гирифтаро нагуфтанд.

Аз соли 2010-2018, ҷумҳурӣ кӯмаки башардӯстона ба маблағи $ 614 миллион, ки вазнаш беш аз 180 ҳазор тонна буд гирифт. Донорҳои асосии кишвар ИМА, Русия, Чин ва Олмон буданд.[12]

«Ҷашнҳо шаванд!»

Бо вуқуди ин, тавре ки таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон нишон медиҳад, баҳрабардори кумаки башардӯстона маънои даст кашидан аз ҷашнҳои гаронарзишро надорад. Дар буҷаи соли 2020 хароҷоти тақрибан як миллиард сомонӣ барои чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ пешбинӣ шуда буд. Ин ҳаҷм ба хароҷот барои рушди соҳаи кишоварзӣ, саноат ва сохтмон дар маҷмӯъ баробар буд.[13] Ин дар ҳолест, ки давлат ҳадафҳои стратегиро барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва индустрикунонии иқтисодиёт муайян кардааст. Барои ноил шудан ба охирин танҳо 4% -и буҷа ҷудо карда шудааст.

Намояндагони Вазорати молияи Тоҷикистон соли гузашта дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ қайд намуданд, ки хароҷот барои ҷашнҳои сатҳи минтақавӣ ва шаҳрӣ, инчунин таътилоти соҳавӣ аз ҳисоби деҳқонони маҳаллӣ ва соҳибкорони хусусӣ сурат мегирад, ки дар байни рузноманигорон баҳсро ба миён овард.

Мансабдорро хотиррасон карданд[14], ки пас аз чунин чорабиниҳо дар маҳал, табибон ва муаллимон бо музди меҳнат дар ҳар се моҳ ба таъхир меафтанд. Ва дар соли 2017, пас аз таҷлили «Рӯзи ваҳдат» дар Ваҳдат, буҷаи шаҳр бидуни маблағ монд ва танҳо пас аз танқиди Президент Раҳмон, Вазорати молия интиқоли  маблағро ба онҳо 15 миллион сомонӣ (1,3 миллион $) супурд.

Открытие нового стадиона в Вахдате в рамках празднования 20-летия Дня Единства в Таджикистане. Фото: Федерация Футбола Таджикистана
Ифтитоҳи  майдони нав дар Ваҳдат ба муносибати 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдат дар Тоҷикистон. Ако: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Хароҷоти сафари сарвари давлат ба минтақаҳо, ки тақрибан тамоми сол идома доранд, номаълум боқӣ мемонад. Президентро дар сафарҳои худ ҳазорон нафар низомиён, намояндагони ҳайати ӯ, тамоми вазорату идораҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Дар замин барои ҳамаи ин меҳмонон, онҳо анъанавӣ ид ва ҷашнҳо ташкил мекунанд, ва дар меҳмонхонаҳои гаронбаҳо ҷойгир карда мешаванд ва ғ. Мақомот хароҷоти зиёдеро аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба таври ихтиёрӣ мепӯшонанд. Аммо, мақомот гузориш намедиҳанд, ки як сафари президент ба минтақа ба хазина чӣ қадар хароҷот дорад.

Бар ивази хулосса

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон воқеан аз маълумоти интишоркардаи омори расмӣ якчанд маротиба зиёдтар аст. Маълумот дар бораи баланд шудани некӯаҳволии мардум натиҷаи усули дигари ҳисоббарорӣ мебошад, ки ба стандартҳои СММ мувофиқат намекунад.

Даромади аҳолӣ, алалхусу кормандони давлатӣ, аз ҳисоби коҳиш ёфтани пули миллӣ ва идомаи беқурбшави пул дар бозори хӯрокворӣ зиёд намешавад.

Доштани шумораи зиёди хешовандон ва тарзи ҳаёти суннатӣ аҳолиро маҷбур мекард, ки ҳангоми гузаронидани маросимҳои гуногуни идона ба хароҷоти калон муроҷиат кунанд. Шояд, бо назардошти ин мақомот, сарфи назар аз хусусияти зидди конститутсионии ин тадбир, кӯшиш карданд, ки чунин маросимҳоро ба танзим дароранд ва хароҷотро коҳиш диҳанд.

Аммо, некӯаҳволии мардум бидуни афзоиши даромад ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодии давлатҳо ғайриимкон аст.

Аз як тараф, мақомот ҳадафҳоеро барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва индустрикунонии иқтисодиёт муқаррар кардаанд, ки муваффақияти онҳо метавонад ҳазорҳо ҷойҳои иловагиро фароҳам орад, аз тарафи дигар маблағҳои бузурги буҷетиро барои гузаронидани ҷашнҳо равона мекунанд, ки имконпазирии онҳо шубҳаҳои ҷиддиро ба бор меорад.

Сарфакорӣ дар хароҷот танҳо дар сурате самарабахш буда метавонад, ки агар он дар сатҳи расмӣ риоя шуда бошад ва пасандозҳо барои ислоҳоти зарурӣ ва барқарорсозии воқеии иқтисод сарф карда шаванд. Дар акси ҳол, рафтори мақомотро метавон ҳамчун як сабқати доимӣ барои намоиш додани тамошобин ба мардуми ниёзманд тавсиф кард.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи IWPR “«Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шудааст.


[1] Закон Республики Таджикистан “Об упорядочении традиций, торжеств т обрядов в Республике Таджикистан. Сайт МИД РТ https://mfa.tj/ru/main/view/3960/zakon-respubliki-tadzhikistan-ob-uporyadochenii-traditsii-torzhestv-t-obryadov-v-respublike-tadzhikistan

[2] А. Зарифи «Закон об упорядочении традиций и обрядов: за и против» Радио Озоди https://rus.ozodi.org/a/30989431.html

[3] Asia-Plus, 11.07.2017, Эмомали Рахмон убежден: таджикский народ стал жить лучше. Из-за закона о традициях и обрядах, https://asiaplustj.info/news/tajikistan/power/20170711/emomali-rahmon-ubezhden-chto-tadzhikskii-narod-stal-zhit-luchshe-iz-za-zakona-o-traditsiyah-i-obryadah

[4] Radio Ozodi, 08.12.2020, Закон об упорядочении традиций и обрядов: за и против, https://rus.ozodi.org/a/30989431.html

[5] Sputnik Tj, 26.12.2019, Рахмон заявил о снижении в Таджикистане уровня бедности

https://tj.sputniknews.ru/country/20191226/1030454543/tadzhikistan-uroven-bednosti-rahmon-otchet.html

[6] CABAR.Asia, 28.06.2019, Таджикистан: За порогом бедности, https://cabar.asia/ru/tadzhikistan-za-porogom-bednosti?pdf=20815

[7] Там же.

[8] Radio Ozodi, 30.07.2020, В Таджикистане в условиях пандемии COVID-19 зарплаты бюджетников, пенсии и стипендии повысят до 15%, https://rus.ozodi.org/a/30756401.html

[9] Radio Ozodi, 22.10.2020, Таджикистан: пандемия угрожает продовольственной безопасности?, https://rus.ozodi.org/a/30906946.html

[10] Eurasianet, 17.04.2015, Таджикистан потратит $100 млн на театр, но где он возьмет столько театралов?https://russian.eurasianet.org/node/62021

[11] Radio Ozodi, 05.05.2020, Счёт идет на миллионы: кто помогает Таджикистану в борьбе с COVID-19, https://rus.ozodi.org/a/30593729.html

[12] Asia-Plus, 19.12.2019, Уровень бедности в Таджикистане сократился, но гумпомощь все еще отправляют, https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20191219/uroven-bednosti-v-tadzhikistane-sokratilsya-no-gumpomotsh-vse-etshe-otpravlyayut

[13] Asia-Plus, 20.01.2020, Бюджет Таджикистана – 2020: Танцуют все!, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200120/byudzhet-2020-na-razvlecheniya-v-tadzhikistane-potratyat-stolko-zhe-skolko-i-na-promishlennost

[14] Stan Radar, 18.02.2019, Глава Минфина Таджикистана рассказал, на какие деньги проводятся пышные праздники в стране, https://stanradar.com/news/full/33038-glava-minfina-tadzhikistana-rasskazal-na-kakie-dengi-provodjatsja-pyshnye-prazdniki-v-strane.html

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: