© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Вижагиҳои рушди ВМКБ: ба ёрии марказ ва ҷомеаи байналмилалӣ ниёз дорад

Доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба кумаки назарраси ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Ба андешаи ӯ, дар шароити сахти ВМКБ танҳо бо системаи сахтгиронаи мудирияти давлатӣ мешавад ба натиҷаҳои рушди воқеӣ даст ёфт.  


Хорог - административный центр ГБАО. Фото: akdn.org

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз вижагии хосе бархӯрдор аст. Тамоми қаламрави ин минтақа ба категорияи баландкӯҳ шомил мебошад. Ҳоло ВМКБ дар роҳи тадриҷан берун шудан аз бунбасти ҷуғрофии худ қарор дорад.

Масофаи байни маркази ВМКБ ва Душанбе зиёда аз 650 километр, то Ош (Қирғизистон) ва то Қашғар тақрибан 1000 километрро ташкил медиҳад. Аҳолии вилоят босуръат дар ҳоли афзоиш буда, ҳоло қариб ба 230 ҳазор нафар мерасад.

Аз сабаби баландкуҳ будани минтақа дар вилоят замин хеле кам аст. Масоҳати заминҳои вилоят қариб ба 18 ҳазор гектар мерасад. Вилоят аз 7 ноҳияи маъмурӣ ва шаҳри Хоруғ иборат аст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ барои таъмини зиндагии муътадили аҳолӣ ва рушди иқтисодии минтақа тадбирҳоеро пиёда карданд. Бо вуҷуди ба амал баровардани як қатор тадбирҳо иқтисодиёти вилоят нисбат ба ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ақиб мондааст.

Дар натиҷаи иҷрои чунин иқдомот мизони музди меҳнат дар ВМКБ нисбатан беҳтар гуфта мешавад. Музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар ВМКБ дар соли 2021 – 1486 сомонӣ (қариб 115 доллари ИМА бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи 30.03.2022)-ро ташкил додааст,  дар ҳоле ки дар миқёси кишвар он 1377,17 сомонӣ (қариб 107 доллар) мебошад.  Дар ВМКБ музди номиналӣ аз сатҳи вилоятҳои Суғду Хатлон зиёдтар аст. Ҳамин чиз ба ҳаҷми миёнаи нафақаи моҳона низ дахл дорад. Аз рӯи ин нишондод, ВМКБ танҳо аз шаҳри Душанбе ақиб мемонад.

Ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ва тамоми кишвар дар умум аз ҷиҳати таъминоти нафақа аз ВМКБ ақиб мемонанд. Ҳаҷми нафақаи ҳармоҳа вобаста ба маоши миёнаи номиналӣ дар ВМКБ 32,0 дарсадро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки он ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 22,7 дарсад ва дар Душанбе 19,8 дарсад мебошад. Албатта, чӣ дар ВМКБ ва чӣ дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ ҳанӯз мизони музди меҳнат ва нафақа ба дараҷае нест, ки мардум тавонанд зиндагии худро ба сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.

Раванди рустонишинӣ (деурбанизатсия)

Миёни тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ВМКБ аз ҳама рӯстонишинтарин ба шумор меравад. Ин ҷо 86,7% аҳолӣ дар деҳот ва ҳамагӣ 13,3% дар шаҳр зиндагӣ мекунанд[1].

Агар ба нақши маош ва нафақа дар тағйир додани сатҳи зиндагии аҳолӣ бодиққат назар андозем, баъзе рақамҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки боиси нигаронии муҳаққиқон мегардад.

Дар ВМКБ давоми 10 соли охир раванди рустонишинӣ (деурбанизатсия)-и ҷомеа ба амал омад, ки падидаи манфӣ ҳисобида мешавад, зеро  деурбанизатсия боиси афзоиши беш аз ҳади аҳолии кишоварзии ҷомеа мегардад.  Ин ба маънии коҳиши мизони шуғл ва мутаносибан афзудани сатҳи бекорӣ мебошад. Ҳолати мазкур ба нишондиҳандаҳои афзоиши шумораи миёнаи солонаи коргарон дахл дорад. Дар зарфи 5 соли охир дар ВМКБ шумораи коргарон кам шудааст.

Дар умум, дар қаламрави кишвар афзоиши шуғли аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ВМКБ бекорӣ ба як мушкили хеле ҳассос табдил меёбад. Дар ин бора рақамҳои зер шаҳодат медиҳанд. Таносуби бекорон ба ҳисоби фоизи онҳое, ки бо кор таъминанд (дар саросари кишвар), тибқи омори расмӣ 4,1 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе ба 2%, дар вилояти Суғд 2,1%, дар вилояти Хатлон 3,1%, ВМКБ ба 19,3% мерасад. Агар таносуби теъдоди кормандонро ба тамоми аҳолӣ бубинем, пас ВМКБ дар муқоиса бо сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ (19,9%), шаҳри Душанбе (19,2%), вилояти Суғд (15,6%), вилояти Хатлон (14,1%) ақиб мемонад. Ин нишондиҳанда дар ВМКБ ба 10,1 дарсад мерасад[2]

Мушкилоти муайяне ҳастанд, ки ба шароити зисту зиндагонии аҳолии ВМКБ пайванданд. Пеш аз ҳама ин, ҳисоби миёнаи бо манзил таъмин будани аҳолӣ мебошад (ба як нафар масоҳати умумии метри мураббаъ рост меояд).  Динамикаи ин нишондиҳанда давоми 10 соли охир хушҳолкунанда нест. Агар дар миқёси ҷумҳурӣ давоми солҳои 2010-2019, сатҳи таъмини манзил 25,3 дарсад афзуда бошад, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 11,8%, дар вилояти Суғд 13,9%, дар вилояти Хатлон 15,8%, дар НТМ 26,7%, пас он дар ВМКБ тамоюли камшавӣ доштааст (8,7%). 

Саноати вилоят ба душвориҳои зиёде рӯбарӯ аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатие, ки дар миқёси кишвар истеҳсол мешавад, танҳо 0,9 дарсади он ба ВМКБ рост меояд. Ҳол он ки аҳолии вилоят 2,5 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

 Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки дар ВМКБ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҷумҳуриявӣ 2,8 баробар камтар сурат мегирад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ дар соли 2019 — 2 миллиону 49 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 160 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба вилояти Суғд 52,4 маротиба камтар аст[3]

Коҳиши босуръати ғалладона ва картошка 

Манотиқи рӯстоии ВМКБ бо рушди қобили таваҷҷуҳи бахши зироаткорӣ ва чорводорӣ фарқ мекунанд. Бо далели шароити номусоиди нақлиётӣ ва ҷуғрофӣ вобастагии аҳолии деҳот ба соҳаи кишоварзӣ зиёд аст. Оморҳои ин соҳа аз хеле бад шудани вазъияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ далолат мекунанд. Ба ин тартиб, давоми даҳсолаи охир (2010-2019) истеҳсоли ғалла дар Бадахшони куҳӣ 61,0 дарсад кам шудааст, дар ҳоле ки дар  НТҶ мизони тавлиди ин маҳсулот 4,2%, дар вилояти Хатлон 11,6%, дар вилояти Суғд 24,2% ва дар миқёси Тоҷикистон 19,2 дарсад бештар шудааст. 

Ҳолати вобаста ба истеҳсоли картошка ҳам, ки дар ин вилоят “нони дуюм” эътироф шудааст, чунин аст. Дар давраи зикршуда, ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ВМКБ 54,0 дарсад кам шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки истеҳсоли  картошка дар вилояти Суғд 57,3%, дар Хатлон 6,2%, дар навоҳии тобеи марказ 38,5% ва дар саросари кишвар 30,8% афзоиш ёфтааст.

Истеҳсоли маҳсулоти полизӣ бошад, дар ВМКБ 7,8 баробар кам шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки дар баъзе навоҳӣ ва дар маҷмӯъ дар миқёси кишвар суръати тавлиди маҳсулоти полизӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад (аз 36,4 то 198,0 дарсад).

Якбора коҳиш ёфтани мизони тавлиди сабзавот дар ҳудуди вилоят низ боиси нигаронӣ аст. Ин нишондиҳанда дар саросари ВМКБ 41,9 дарсад кам шудааст. Барои муқоиса қайд мекунем, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли сабзавот 99,9%, дар вилояти Хатлон 2,4 баробар афзуд. Дар ВМКБ танҳо ҳаҷми истеҳсоли мева  – 31,2 дарсад афзудааст.  Аммо дар ҳамин давра ҳам дар миқёси минтақаҳои дигар ва ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ истеҳсоли мева аз сатҳе, ки дар вилояти Бадахшон ба даст омадааст, қариб 4 маротиба зиёдтар буд[4]

Далели ин тамоюлҳои манфиро дар ВМКБ мизони поини ҳосилнокии ғалладона, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мегӯянд. Соли 2019 дар ВМКБ ҳосилнокии ғалладона аз 1 гектар 14,3 сентнерро ташкил дод, дар ҳоле ки дар миқёси кишвар ҳосилнокии ин маҳсулот аз ҳар гектар то 30,9 сентнер баробар буд.

 Ҳамон сол, ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка дар ВМКБ 131,9 сентнер, дар вилояти Суғд 200,5 сентнер ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 198,2 сентнерро ташкил дод. Тадқиқоти Институти биологияи Помир нишон медиҳад, ки дар аҳди Шӯравӣ баъзе бригадаҳо дар ноҳияи Рӯшон аз як гектар замин 550-600 сентнер картошка гирифтаанд.

Худи ҳамон сол ҳосилнокии сабзавот дар ВМКБ 158,8 сентнерро ташкил дод. Барои муқоиса қайд мекунем, ки ҳосилнокии миёнаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 964,6 сентнер буд, аз ҷумла дар вилояти Суғд 977,2 сентнер ва дар вилояти Хатлон 280,0 сентнер. Ҳосилнокии маҳсулоти полезӣ дар ВМКБ ба 150,0 сентнер расид, ки нисбат ба вилояти Хатлон ду баробар кам мебошад. ВМКБ барои рӯёнидани ҳосили баланди картошкаю сабзавот шароити мусоиди хоку иқлимӣ дорад.

Аммо бо далели душвориҳои марбут ба нарасидани мутахассисон, нуриҳо ва воситаҳои муҳофизати растаниҳо аз ҳашароту касалиҳо имкониятҳои мазкур пурра истифода намешаванд. Бинобар ин ҳукумати марказии кишварро лозим аст, барои ҳарчӣ бештар тағйир додани вазъияти марбут ба ҳосилнокии зироатҳои ғалладона, лӯбиёгӣ, картошка ва сабзавот барномаи вижа таҳия кунад.

Дар баробари ин, бояд ба назар гирифт, ки таҳвили картошка, сабзавот ва зироатҳои полезӣ, инчунин орд аз навоҳии марказии кишвар ва аз қаламрави Қирғизистон раванди хеле мушкил буда, сабаби болоравии нарх дар бозорҳои маҳаллӣ мегардад.

Бисёриҳо бар ин назаранд, ки коҳиши тавлиди ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба раванди муҳоҷирати кории зиёди аҳолӣ марбут аст. Аммо бар иловаи ин, омилҳои дигаре низ ҳастанд, мисли якбора кам шудани ҳаҷми нуриҳои органикӣ, боло рафтани арзиши нуриҳои менералӣ, тақрибан аз байн рафтани низоми мубориза бо ҳашароти зараррасон ва бемориҳои маҳсулоти кишоварзӣ.

Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки ҳамасола арзиши нуриҳои маъданӣ ва воситаҳои муҳофизат аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ боло меравад. Дар муқоиса ба аҳди Шӯравӣ истифодаи нуриҳои маъданӣ бештар аз 55 дарсад кам шудааст.

 Ҳамаи ин дар якҷоягӣ сабаби бад шудани ҳосилхезии замин гардид. Фоизи мавҷудияти гумус (ҳумус) дар таркиби хоки Бадахшони куҳӣ ба сатҳи буҳронӣ наздик мешавад.

Вазъияти дар боло зикргардида дар ВМКБ бо назардошти ин ки майдони кишт ба сари ҳар як аҳолӣ дар қиёс ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза кам мебошад, ба бад шудани амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад. 

Дар ВМКБ ба ҳар нафар 0,05 гектар замин рост меояд. Ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд 0,10 га, дар Хатлон 0,13 га ва дар миқёси кишвар 0,9 га мебошад. Ғайр аз ин бояд дар назар дошт, ки майдонҳои кишти ВМКБ бо заминҳои санглох ва сатҳи поини ҳосилхезии табиӣ фарқ мекунанд.

Шароити иқлимӣ низ барои дар як сол чанд ҳосил гирифтан мусоид нест. Агар дар вилояти Хатлон аз як майдон 6-7 ҳосили юнучқа гирифтан мумкин бошад, пас дар шароити Бадахшони куҳӣ ҳангоми ҳосили сеюм мавсими сармо шурӯъ мешавад.

Ба ин монанд, кишти такрории бисёре аз маҳсулоти ғалладона ва зироатҳои лӯбиёгӣ низ имконпазир нест. Аз ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки бояд тамоюлҳои манфии мавҷуд дар бахши зироатпарварии вилоят ба самти баръакс тағйир дода шаванд. Дар ин соҳаҳо мисолҳои хеле самаранок истифода бурдани заминҳо бисёранд.

Замоне дар ноҳияи Рушон аз ҳар га замин то 450 сентнер ва аз ин ҳам зиёдтар картошка ва лаблабӯ (барои хӯроки чорво) мегирифтанд. Дар бисёре аз майдонҳои кишти водии рӯди Бартанг аз ҳар гектар замин то 80-90 сентнер гандум рӯёнида мешуд. Ҳосили баланд ба дараҷаи баланди маърифати кишоварзӣ вобастагӣ дошт. 

Мутаассифона, давоми 30 соли охир бисёре аз малакаҳои таҷрибаҳои пурарзиши аҳолии маҳаллӣ дар мавриди ба даст овардани ҳосили баланд аз даст рафт. Инчунин, таъсири илми кишоварзии вилоят ба тараққиёти маҳсулот низ хеле поин рафт.

Аз ҷиҳати истеҳсол ва истеъмоли шир ҳам ВМКБ аз дигар навоҳии кишвар ба таври қобили мулоҳиза қафо мондааст. Дар вилоят аз ҳар cap модагов ба ҳисоби миёна 30-40 кг шир душида мешавад. Ин рақам дар қиёс ба ҳаҷми миёнаи ҷумҳурӣ 5,5 баробар кам аст. Барои муқоиса қайд мекунем, ки дар Ҳолланд аз ҳар cap модагов бештар аз 11000 кг шир душида мешавад.

Зимнан, академики марҳум Худоёр Юсуфбеков усулҳои илман асосноки ба даст овардани ҳосили баланд ва роҳҳои расидан ба худтаъминкунии озуқавории вилоятро коркард  карда буд, ки дар бораи он роҳбарони нави маҳаллӣ тасаввуроте надоранд. 

ВМКБ аз ҷиҳати истеҳсоли гӯшт (бо вазни зинда) аз ҳаҷми миёнаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд пеш аст. Танҳо нишондиҳандаи Хатлон нисбат ба ВМКБ бештар мебошад, ки он ҷо истеҳсоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ 46,5 кг рост меояд, дар ВМКБ он 38,9 кг мебошад[5]

Дар ВМКБ чашмаҳои ҳароратии зиёде мавҷудаст, ки имкони истеҳсоли занбуруғ ва маҳсулоти занбуруғиро, ки ивазкунандаи гӯшт мебошанд, ба вуҷуд меорад. Сухан пеш аз ҳама дар бораи камарбанди обҳои ҳароратии қад-қади дарёи Ғунд меравад, ки 12 километр тӯл дорад.  

Дар ин ҷо тавассути террассабандӣ мешавад гармхонаҳои зиёде барои парвариши занбуруғ, инчунин меваҳои субтропикӣ ва тропикӣ, банан, лиму, ананас, мандарин, афлесун, манго ва ғайра бунёд кард. Мутахассисон ба ин боваранд, ки ноҳияи мазкур аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти гармхонаӣ метавонад ба минтақаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ табдил шавад.  

Мутаассифона, дар пайи кам будани даромади буҷаҳои маҳаллӣ чунин ақида вуҷуд дорад, ки буҷаҳои маҳаллии ВМКБ наметавонанд худкифоя шаванд. Ин симат дар ихтиёри мудироне ҳаст, ки дар дафтарҳои ҷумҳуриявӣ ҳузур доранд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳавзаи иҷтимоии ВМКБ хеле суст тараққӣ карда, аз қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ташаккули “сармояи инсонӣ”-и муосир ниҳоят дур аст.

Танҳо гуфтан кифоя аст, ки давоми солҳои 2016-2020 дар ВМКБ муассисаҳои амбулаторӣ-дармонгоҳӣ ба истифода дода нашудаанд, дарҳоле ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе теъдоди зиёди чунин муассисаҳо ба фаъолият шурӯъ карданд.  Дар ин давра дар ВМКБ ягон беморхона сохта ва ба истифода дода нашудааст, дар ҳоле ки дар вилояти Хатлон беморхонаи дорои 655 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин давоми панҷ соли охир дар ВМКБ ягон муассисаи томактабӣ ба истифода дода нашудааст. Дар ин муддат дар вилояти Хатлон муассисаи томактабӣ барои 1301 нафар ва дар шаҳри Душанбе барои 2049 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар мавриди даромади бадахшониҳо мешавад аз маълумоти муомилоти моли чакана огоҳӣ пайдо кард. Муомилоти чакана ба ҳар сари аҳолӣ дар ВМКБ нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ 74,9 дарсад, аз ҷумла нисбат ба шаҳри Душанбе 89,2%, нисбат ба НТҶ 61,8%, нисбат ба вилояти Суғд 79,8% ва нисбат ба вилояти Хатлон 65,1% кам буд[6]

Дар бахши татбиқи хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ вазъият нигаронкунандатар аст. Дар ВМКБ сатҳи татбиқ шудани чунин хидматрасониҳо ба ҳар сари аҳолӣ ба мизони миёнаи ҷумҳурӣ 27,4 дарсадро ташкил медиҳад[7].

Натиҷагирӣ ва пешниҳодҳо 

Тамоми маълумотҳои боло гувоҳӣ медиҳанд, ки ВМКБ ба кумаки назарраси ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Ба назари мо амалӣ кардани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебуд: 

– шиносоии бештар бо таҷрибаи рушди иҷтимоию иқтисодии навоҳии куҳистони ҷаҳон ва тадбирҳо барои баланд бардоштани иқтисодиёти ин ноҳияҳо. Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои атрофи қаторкуҳҳои Алп (Швейтсария, Италия, Австрия), инчунин таҷрибаи рушди водии дарёи Ҳунзаи Покистон муносибтар ба назар мерасад; 

– таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар шароити вазнини минтақаҳои куҳсор бо системаи қатъии мудирияти давлатӣ ба натиҷаҳои воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои алоҳидаи маъмурӣ даст ёфтан имконпазир аст. Бояд дарк намуд, ҳар қадар дараҷаи қафомонии иқтисодиёт баланд бошад, ҳамон андоза зарурати тараққиёти сектори давлатӣ зиёд мешавад. Дар баробари ин бояд дар назар дошт, ки миёни усулҳои барномарезӣ ва танзими давлатӣ дар навоҳии куҳсор усулҳои дастурӣ бояд дар мадди аввал гузошта шаванд;

– бояд он захираҳои вилояти Бадахшони Куҳӣ ба арзёбии сареъ фаро гирифта шаванд, ки истифодаи онҳо на танҳо боиси барҳам додани дотатсияи буҷети вилоятӣ ва ноҳиявӣ, балки боиси якбора афзудани захираҳои тараққиёт мегардад. Ба қисмати охир инҳо шомил мешаванд:

– ташкили рушди васеи ҳунарҳои мардумӣ (ҷӯроби пашмини помирӣ ва либосҳои рангаи занонаи Бадахшон аллакай дар миқёси ҷаҳонӣ машҳур гаштааст);

– зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус ба тараққиёти боғдорӣ бо роҳи васеъ кардани майдони зери айвонҳо. Ин кор барои зиёд кардани истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (анор, анҷир, лиму, инчунин бисьёр навъҳои сабзавот), инчунин бунёди боғҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим шароит фароҳам меоварад;

– ба истифода додани корхонаи давлатии шароб ва арақ дар ноҳияи Рӯшон оид ба истеҳсоли арақи тут, ки онро на танҳо ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Русия низ содирот кардан мумкин аст. Даромад аз фурӯши чунин нӯшокиҳои спиртӣ бояд пурра ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шавад;

– истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо. Бадахшон бо доштани конҳои зиёди ин гуна сангҳо машҳур аст. Ба дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ расондани ин сангҳо низ даромади буҷаи маҳаллиро ба таври назаррас зиёд мекунад;

– бунёди неругоҳҳои барқӣ-обии хурд дар қад-қади дарёҳои куҳӣ. Ин кор зарурати кашидани хатҳои барқи магистралӣ ба маҳалҳои аҳолинишинеро, ки дар қисматҳои поини куҳӣ ҷойгиранд, аз байн мебарад; – бунёди неругоҳи бузурги барқӣ-обӣ дар баромадгоҳи оби кӯли Сарез. Бар асоси ҳисоби муассисаҳои махсус инҷо бунёди НБО бо иқтидори 1200 мегаватт имконпазир мебошад. Бо назардошти фаъолияти неругоҳҳои хурд дар дараҳои ВМКБ нерӯи барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда комилан ба Афғонистону Покистон содирот шуда, даромадҳои онро мешавад барои зиёд кардани ҳаҷми умумии буҷаи вилояту ноҳияҳо истифода бурд;

– идома додани сохтмон ва ободонии роҳҳо дар шоҳроҳи асосӣ, ки аз Душанбе ба Хоруғ ва минбаъд ба Чину Қирғизистон мебарад. Сохтмони роҳҳои маҳаллӣ низ аҳамияти калон дорад;

– ҷалби сармоягузорони Ҳинд ва Эрон барои рушди зерсохтори саноатӣ ва иҷтимоии ВМКБ. Ҳиндуҳо бо далели ҳамсоягӣ бо Покистон ва зиддиятҳои марбут ба сарзаминҳои шимолии Ҳинд дар Покистон ба ширкат дар рушди чунин зерсохтор манфиатдоранд. Эрониҳо бошанд, метавонанд барои азхудкунии обҳои гарму шифобахши Помир сармоягузорӣ кунанд. Ба андешаи мо, татбиқи ин гуна тадбирҳо метавонад ба раванди тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ВМКБ кумак намуда, онро то сатҳи минтақаҳои тараққикардаи кишварҳои пасошӯравӣ бирасонад.

Ба фикри мо, ба амал баровардани ин гуна тадбирхо ба тезон-дани тараккиёти социалию иктисодии ВАБК, ба дарачаи районхои тараккикардаи мамлакати собик Иттиходи Шуравй баромадани он ёрй расонда метавонад.


[1] Ҳисобҳо аз рӯи мақолаҳои маҷмӯаи «Районҳои Тоҷикистон» анҷом дода мешаванд. Душанбе, 2020, саҳ. 32, 35, 74, 77

[2] Ҳисобҳо аз рӯи мақолаҳои маҷмӯаи «Районҳои Тоҷикистон» анҷом дода мешаванд. Душанбе, 2020, саҳ. 70, инчунин Солномаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе. 2021, саҳ. 95

[3] Вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2020, саҳ. 120

[4] Ҳисобҳо аз рӯи мақолаҳои маҷмӯаи «Районҳои Тоҷикистон» анҷом дода мешаванд. Душанбе, 2020, саҳ. 160, 164, 166.

[5] Вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2020, саҳ. 244, 245

[6] Вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2020, саҳ. 312-315.

[7] Ҳисобҳо аз ҳамон манбаъ. саҳ. 316, 318.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: