© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Вижагиҳо ва чашмандози таҳвили қудрат дар Тоҷикистон

«Аз ҳукумат ва тими ояндаи Рустами Эмомалӣ наметавон интизор дошт, ки дигаргунии ҷиддие дар низоми мудирият ва улгуи иқтисодии мавҷуд ба вуҷуд оварад», – ин назари ояндабинонаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов аст, ки дар мақолаи худ барои CABAR.asia матраҳ кардааст.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Тайи даҳ соли ахир масъалаи пойдорӣ ва бақои нухбагони сиёсии мобаъди шӯравӣ ба яке аз мабоҳиси матраҳ дар қаламрави иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ табдил шудааст. Ин тааҷҷубовар нест, зеро бештари раҳбарони кишварҳои бозмонда аз Шӯравӣ дар даҳаи солҳои 1980-1990 рӯи кор омадаанд ва ҷобаҷоии наслҳо дар зимоми раҳбарии ин мамолик сол ба сол ногузир ва гурезнопазир мешавад.

Бар ин асос, баҳси таҳвили қудрат дар ин кишварҳо ва ё ин ки ҳукумат аз насли куҳан ба насли наве аз сиёсатмадорон чигуна мунтақил мешавад, баҳсе бамавқеъ ва ҳоизи аҳаммият аст. Ва пурсиши аслӣ ин аст, ки оё таҳвили қудрат паёмадҳои ҷиддии сиёсӣ ба дунбол хоҳад дошт? Ва оё мӯҷиби ошуфтагии муваққат ё тӯлонимуддати ҷомеъа нахоҳад шуд? Бахши дигаре аз пурсишҳо ба чашмандози тағйир дар масири сиёсӣ ва иқтисодии кишвар пайванд хӯрдааст; ба иборати дигар, оё таҳвили қудрат ба тағйири чашмгири сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ хоҳад анҷомид ё хайр?

Мақоми тозаи Рустами Эмомалӣ ӯро ба дувумин фарди бонуфуз дар силсиламаротиби қудрат дар кишвар табдил додааст. Акс: prezident.tjasia
Мақоми тозаи Рустами Эмомалӣ ӯро ба дувумин фарди бонуфуз дар силсиламаротиби қудрат дар кишвар табдил додааст. Акс: prezident.tjasia

Дар соли ҷорӣ, ҳамаи ин масоил дар иртибот бо Тоҷикистон борҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Иллати ин амр, дар ибтидо, номзадии Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии феълӣ, ба узвияти маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, ва муддате баъд, интихоби ӯ ба риёсати Маҷлиси Миллӣ ба торихи 27 апрел аст. Мақоми тозаи Рустами Эмомалӣ ӯро дарвоқеъ ба дувумин фарди бонуфуз дар силсиламаротиби қудрат дар Тоҷикистон табдил додааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ин интисоб барои ин кишвар чи маъно дорад ва оё таҳвили қудрат як мушкили аз пеш ҳалшуда дар Тоҷикистон аст?

Таҳвили қудрат, яне чӣ?

Истилоҳи «таҳвили қудрат» дар улуми сиёсӣ ва рӯзноманигории имрӯз бисёр ба кор меравад, ҳарчанд таърифи воҳиде аз он вуҷуд надорад. Бархе аз муҳаққиқон ин истилоҳро фақат дар мавриди гузор аз як низоми худкома ба демукротик ба кор мебаранд, – яъне агар бихоҳем ба баёне содатар биӯем, аз истибдод ба мардумсолорӣ. Бархе дигар ин истилоҳро сирфан ба маънои интиқоли қудрат аз як ҳукумат ё нухбагони сиёсӣ ба ҳукумат ё нухбагони сиёсии дигар ба кор мебаранд. Ба эҳтимоли зиёд, дар бофтори воқеъиятҳои феълӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ, таҳвили қудрат ба маънои хориҷ шудани зимоми умур аз дасти як ҳоким дар маҷмӯъ ва қарор гирифтани он дар дасти фармонравои дигарест – ин мумкин аст ҷобаҷоии наслҳо бошад ё сирфан гузор аз як ҷиноҳи сиёсӣ ба ҷиноҳи дигаре.

Ба ин тартиб, нухбагони сиёсии кишварҳои бозмонда аз Шӯравӣ таҳвили қудратро танҳо як фароянди қобили мудирият медонанд, ки таҳти назари ‘боло’ ё ҳокимияти феълӣ сурат мепазирад. Ба назар мерасад, раҳбарони давлатҳои мобаъди шӯравӣ сирфан шеваи мудириятшуда барои таҳвили қудратро бар ҳар шеваи дигаре тарҷеҳ медиҳанд, чун ин равиш кумак мекунад захоир ва манобеъи иқтисодию сиёсиеро, ки тайи даврони дар сари қудрат буданашон андӯхтаанд, ҳифз кунанд.

«Нухбагони сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ таҳвили қудратро танҳо як фароянди қобили мудирият медонанд, ки таҳти назари ‘боло’ ё ҳокимияти феълӣ сурат мепазирад».

Сабки мудириятшудаи таҳвили қудратро дар оғоз ҷомеъаи байналмилалӣ ба унвони фароянде мардумӣ ва демукротик ба расмият нахоҳад шинохт – ба ин далели сода, ки ниҳодҳои демукротик (монанди интихоботи ҳамагонӣ) дар ин фароянд нақши сонавӣ доранд – аммо фароянди таҳвили қудрат дар кул ва натоиҷи малмуси он ‘аз боло’ таъйин мешавад. Бо ин ҳол, ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар амал ночор аст бо ин шеваи таҳвили қудрат дар давлатҳои худкома канор биёяд – зеро рӯи кор омадани як ҷойгузини мардумӣ ва демукротик дар ин кишварҳо дар ояндаи наздик, ба ҳар ҳол, баъид ба назар мерасад.

Имрӯз мо мебинем, ки бисёре аз нухбагони сиёсии пасошӯравӣ дар фароянди эҷоди созукорҳо барои таҳвили қудрат ҳастанд, ҳарчанд дар ҳеч яке аз ин кишварҳо ба назар намерасад, ки ин раванд комилан ба поён расида бошад. Мушкил ин аст, ки дар дунёи имрӯз фақат таҳвили қудрати сиёсӣ кофӣ нест, – лозим аст ҷонишин ё ҷонишинҳои сиёсӣ битавонанд қудратро тамому камол ҳифз кунанд ва дар айни ҳол зомини рисолат ва тааҳҳудоте бошанд, ки ба дӯш гирифтаанд, чун дастёбӣ ба ин ҳадаф дар дунёе, ки басуръат дар ҳоли тағйир ва дигаргунӣ аст, рӯбарӯз душвортар мешавад.

Вижагиҳои миллии таҳвили қудрат

Имрӯз дар мавриди таҳвили қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон метавон пешопеш чунин натиҷагирӣ кард:

Нахуст, дар Тоҷикистон ба назар меояд, ки интихоб рӯи таҳвили мудириятшудаи қудрат қарор гирифтааст. Муддати зиёде васваса ин буд, ки чи касе ҷонишини раҳбари давлат хоҳад шуд – фарде аз хонадони раисҷумҳур (он гуна ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт) ё каси дигаре аз ҳалқаи наздиконаш (монанди улгуи Узбакистон)? Ҳамакнун, ба назар мерасад, ки бо интихоби Рустами Эмомалӣ ба риёсати Маҷлиси Миллӣ, ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо кардааст – таҳвили қудрат ба эҳтимоли зиёд дар чорчӯби хонавода сурат мепазирад – аз насли куҳантар ба насли ҷавонтар. Дар ҳар сурат, бештари нозирону таҳлилгарон муътақиданд, ки шахсияти ҷонишин ё вориси сиёсии аслӣ аз қабл мушаххас шудааст.

Рустами Эмомалӣ барои ҷонишниии падараш солҳо омода шудааст. Акс: fft.tj
Рустами Эмомалӣ барои ҷонишниии падараш солҳо омода шудааст. Акс: fft.tj

Дувум, бояд таъкид шавад, ки Тоҷикистон ҳануз дар оғози фароянди таҳвили қудрат аст. Албатта, васвасаи дигаре ҳам мавҷуд аст ва он эҳтимоли номзадии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда (дар пойизи имсол) аст. Ҳарчанд бештари таҳлилгарон чунин таҳаввулеро баъид медонанд. Ба эҳтимоли зиёд, раиси ҷумҳурии феълӣ дар интихоботи оянда низ номзад хоҳад шуд ва ба ин тартиб то ҳафт соли дигар дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.

Бино бар ин, дар марҳилаи кунунӣ ва оғозини таҳвили қудрат мо бештар дар бораи тадовум ва бақои болотарин марҷаъи сиёсӣ суҳбат мекунем. Он ки дар оянда зимоми умурро ба даст хоҳад гирифт, аз ҳоло маълум аст – ва тибқи қонун дар сурати бурузи ҳар иттифоқе раиси Маҷлиси Миллӣ худбахуд кафили раҳбарӣ мешавад.

Севум, бояд хотирнишон кард, ки дар низоми давлатдории Тоҷикистон нақш ва ҷойгоҳе вижа барои ‘пешвои миллат’ дар назар гирифта шудааст. Ва аз ин унвон танҳо раиси ҷумҳурии кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон бархурдор аст. Ин бад-он маъност, ки агар Рустами Эмомалӣ дар интихоботи оянда худро номзад кунад ва ҳамин сол раисҷумҳур шавад, боз ҳам падараш дар ҷойгоҳе ‘бартар аз ҳокимият’ бар фароянди тасмимгириҳои асосӣ назорат хоҳад кард, – эҳтимолан ба шакле, ки имрӯза дар Қазоқистон роиҷ аст. Бино бар ин, ҳатто дар ин ҳолат, таҳвили қудрат ба шакли комил аз як ҳоким ба ҳокими дигаре баъид ба назар мерасад – ба эҳтимоли зиёд як навъ ҳокимияти муштараки ду нафар ё пуштисариҳам байни онҳо эҷод хоҳад шуд. Дар айни ҳол, сухан гуфтан аз ин ки ҳавзаи масъулият ва ихтиёроти ин ду мақоми бартари сиёсӣ чигуна тақсимбандӣ мешавад, ҳамакнун душвор аст; ба эҳтимоли зиёд, ҷузъиёти ин масоил пушти парда ва байни худашон ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Бадеҳист, ки мақомоти Тоҷикистон ба масъалаи виросат ё ҷонишинӣ дар ҳокимият аҳаммияти зиёде қоиланд. Албатта Рустами Эмомалиро барои нишастан бар ҷойгоҳи падараш солҳои зиёде омода кардаанд. Боло рафтани тадриҷии ӯ аз як мақоми раҳбарӣ ба мақоме дигар имкон дод, ки ӯ на танҳо маҳоратҳои раҳбариро фаро бигирад, балки бо тайфи густардае аз кормандони давлатӣ тамос эҷод кунад ва тими худашро ташкил диҳад. Интисоби тозаи ворис ё ҷонишини расмии раисҷумҳур паёмест ба нухбагони сиёсӣ ва ҷиноҳҳои дохили ҳокимият, ба ин маъно ки ҳеч навъ рӯёрӯии пинҳони сиёсӣ байни онҳо таҳаммул нахоҳад шуд.

Воқеъияти дигаре ҳам ин нуктаро собит мекунад, ки дар ин авохир раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш ҳамроҳ бо писараш дар малои ом зоҳир мешавад. Аксҳои муштараки онҳо низ бештар аз гузашта дар расонаҳо ва матбуъот мунташир мешавад. Бар ин асос, метавон натиҷа гирифт, ки худи раиси ҷумҳур интихобашро карда ва ба самъи бозигарони дигари дохилӣ ҳам расондааст. Низоми сиёсии феълии Тоҷикистон комилан мутамаркиз аст – ҳамаи аҳрумҳои тасмимгирӣ дар дасти раиси ҷумҳур аст. Бино бар ин, бозигарони дохилӣ ҳар ойина маҷбуранд тасмими ӯро бипазиранд – лоақал дар марҳилаи кунунӣ. Боз ҳам бояд таваҷҷуҳ дошт, ки раисҷумҳур Раҳмон зери унвони ‘пешвои миллат’ нақши болотарин марҷаъро дар миёни нухбагони ҳоким иҷро хоҳад кард, аз ҷумла бо хунсо кардани танишҳои эҳтимолӣ байни ҷиноҳҳои даруни ҳокимият.

Чаҳорум, мақомоти Тоҷикистон ҷонишинӣ ё истимрор дар қудрати сиёсиро сареҳан ба бозигарони хориҷӣ ҳам гӯшзад мекунанд. Дар кул, ҳануз ҳеч изҳороти расмӣ аз сӯи Русия, Чин ё раҳбарони ғарбӣ дар иртибот бо таҳвили қудрат дар Тоҷикистон мунташир нашудааст.

Дар айни ҳол, бо такя бар мақолаҳо ва таҳлилҳои коршиносон дар матбуъот метавон вокунишҳои умумиро интиқодомез вале боэҳтиёт тавсиф кард – ва ин таҳаввул бо аксари пешбиниҳои мавҷуд созгор аст. Ба иборати дигар, ҷомеъаи байналмилалӣ ба ҳеч ваҷҳ аз ин амр шигифтзада ба назар намеояд, чун аз мақомоти тоҷик касе интизори гузинаҳои “камтар мудириятшуда” ва созгортар бо усули демукросӣ ё мардумсолориро ҳам надоштааст.

Тардид ва нигаронии аслӣ чандон, ки дар мавриди субот ва пойдории улгу ё мудели иқтисодии мавҷуд дар кишвар вуҷуд дорад, дар иртибот бо таҳвили қудрат вуҷуд надорад.

 Зоҳиран, шарикони хориҷии давлати Тоҷикистон имрӯз бештар нигарони ин масъала ҳастанд, ки оё иқтисоди ин кишвар дар баробари буҳрони рӯзафзуни ҷаҳонӣ побарҷо хоҳад истод ва мақомот чигуна мехоҳанд субот ва пойдории онро афзоиш бидиҳанд. Ба сухане дигар, аз диди шарикони хориҷӣ, масалан Русия, на шеваи таҳвили қудрат, балки натиҷаи он – яъне шоистагӣ ва нуфузи ҷонишинони сиёсӣ бештар аҳаммият дорад. Ин ки онҳо муносибат ва нигариши худро ба шеваи таҳвили қудрат ва нухбагони сиёсии навпо чигуна таъйин мекунанд, бастагӣ ба ҳалли ин масоил дорад.

Чашмандози оянда: дар даҳ соли оянда чи интизоре метавон дошт?

Ба ин тартиб, бо таваҷҷуҳ ба моҳияти раванди оғозшудаи таҳвили қудрати сиёсӣ, метавон тақрибан пешбинӣ кард, ки ҳаракат ва шакли таҳаввулоти Тоҷикистон тайи даҳ соли оянда чигуна хоҳад буд. Ба иборати дигар, аз онҷо ки мо медонем чи касоне дар солҳои оянда пас аз интихобот қудрати сиёсиро дар даст хоҳад дошт, пас метавонем дар бораи шеваи мудирияти онҳо низ пешопеш натиҷагирӣ кунем.

Дар ин росто, пешрафти ояндаи кишвар ба шарҳи зер хоҳад буд:

Аввал аз ҳама, бо таваҷҷуҳ ба воқеъияти Тоҷикистон, тадовум ё истимрори сиёсӣ ба маънои истимрор дар ҳавзаи иқтисодӣ низ ҳаст. Ба иборате дигар, аз давлат ва тими ояндаи Рустами Эмомалӣ тағйире асосӣ дар ҳавзаи мудирият ва улгӯи иқтисодии мавҷуд наметавон интизор дошт. Намояндагони насли наве аз нухбагони ҳоким, ки баъд аз чанд сол метавонанд қудратро ба дасти худ бигиранд, алорағми омӯзиши беҳтар ва таҷрубаи мудирият, ки то кунун ҳосил кардаанд, ба низоми давлатии оғушта дар фасод ва хешовандсолории кунунӣ хӯ гирифтаанд ва худро дар он роҳат ҳис мекунанд. Онҳо ҳеч шабоҳате ба ҳомиёни ислоҳоти густарда ва фарогир надоранд – ба эҳтимоли зиёд онҳо ба самти навсозӣ ва на бозсозӣ пеш мераванд.

Аз давлат ва тими ояндаи Рустами Эмомалӣ тағйире асосӣ дар ҳавзаи мудирият ва улгуи иқтисодии мавҷуд наметавон интизор дошт.
Таҳвили қудрат ба шеваи тоҷикӣ ба маънои идома додани улгуи мавҷуд аст – қабл аз ҳама, ҷиноҳҳои умдаи сиёсӣ ва нухбагони тиҷорӣ сареҳан ба дунболи ҳифзи он ҳастанд. Ин улгуро метавон шартан сармоядории давлатӣ-инҳисорӣ номид, ки ба маънои таркибе ноҳамхон аз нухбагони сиёсию тиҷорӣ аст. Дар ин улгу, фармони тавсеъа дар дасти ширкатҳои бузургест, ки бахшҳои умда ва судовари иқтисодро ба инҳисори худ даровардаанд. Тамаркуз рӯи иқтисоди калон ва тарҳҳои бузурги тавсеъа қарор хоҳад гирифт, дар ҳоле ки аз иқтисоди хурд чун дар гузашта сарфи назар хоҳад шуд.

Ислоҳоти эҳтимолӣ дар чорчӯби улгуи мавҷуд анҷом хоҳад шуд.

Пайдост, ки ҳатто бо ҷобаҷоии наслҳо, ислоҳоти эҳтимолӣ фақат дар чорчӯби улгуи мавҷуд анҷом хоҳад шуд – то битавон онро пойдору побарҷо, қодир ба муқовимат дар баробари буҳронҳо ва таконҳои мухталиф, чи дар минтақа ва чи дар сатҳи ҷаҳонӣ, нигоҳ дошт. Дар ин росто, осон кардани шароит барои тиҷорат ва касбу корҳои кӯчак, тарвиҷи равишҳои тозаи мудирият, иқтисоди диҷитол, шеваҳои корофаринии ҷадид имконпазир аст – аммо боз ҳам дар чорчӯби навсозӣ ё мудернизаи низоми мавҷуд.

Аз тарафи дигар, маълум аст, ки улгуи иқтисодӣ ва мудирияти феълӣ қодир ба муқобила бо чолишҳои тоза нест. Низоми тасмимгирӣ ва вокуниш ба чолишҳо, эҷоди созукорҳо ва абзорҳо барои арзёбии дурусти таҳаввулот, таҳия ва тадвини роҳбурдҳо ва ғайра ба бозсозии куллӣ, густарда ва фарогир ниёзманд аст. Наҳваи вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ҳамагирии вируси куруно собит намуд, ки дар системи мудирияти давлатӣ мушкилоти ҷиддии сохторӣ вуҷуд дорад.

Илова бар ин, буҳрони феълии марбут ба ҳамагирии бемории кувиди 19 метавонад ба таври билқувва вазъияти иқтисодию иҷтимоиро дар кишвар тағйир бидиҳад, танишҳо байни нухбагони сиёсӣ ва тиҷориро афзоиш диҳад ва паёмадҳое ғайри қобили тасаввур ва пешбинӣ ба дунбол дошта бошад.

Таҳдидҳои берунӣ дар ҳоли афзоиш аст, пешомадҳое чун ҳамагирии вируси куруно ва ё уфти баҳои ҷаҳонии нафт хатаре ҷиддӣ барои субот ва пойдории улгуи мавҷуд аст. Бино бар ин, нокомӣ ё муваффақияти ояндаи таҳвили қудрат дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо ба омилҳои хориҷӣ вобаста аст. Ва барои хунсо кардани таъсири чолишҳои ҷаҳонӣ мақомоти тоҷик фурсат ва маҷоли андаке дар ихтиёр доранд.


Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ аз ҳошия то бодия» таҳия шудааст. Назароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: