© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: волидон аз талаби мактабҳои хусусӣ дар давраи вабои коронавирус норозиянд

Волидони бархе аз хонандагони мактабҳои хусусии Тоҷикистон даъво доранд, онҳо вазифадор нестанд, ки дар давраи таътили пеш аз вақт маблағи шартномаи мактабро пардохт кунанд. Таътиле, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона аз сӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон шуд. Аммо масъулони мактабҳои хусусӣ мегӯянд, назди кормандони худ, мақомоти андоз ва бонкҳо масъулияти молӣ доранд ва агар волидон маблағ напардозанд, наметавонанд, аз уҳдаи иҷрои масъулиятҳояшон бароянд. Коршиносон бар ин назар аст, ки қисме аз мушкилоти волидон ва мактабҳои хусусиро бояд давлат ба зима гирад.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Сар аз 27 апрел дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон нахуст то 10 май таътили муваққатӣ эълом шуд. Ба маҳзи сабти нахустин ҳолатҳои расмии гирифтории сокинони Тоҷикистон ба COVID-19, таътили муваққатии хонандагонро то 16 август тамдид карданд. Дар ҳоле, ки соли хониш дар кишвар маъмулан то даҳҳаи аввали моҳи июн идома мекард.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли ҷорӣ бо содир кардани фармоне дастур дод, ки музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан боз доштани раванди таълим (моҳҳои май, июн, июл, август) пардохт карда шавад. 

Пеш аз он ки фармони вазири маориф дастраси расонаҳо гардад, волидони хонандагони бархе аз мактабҳои хусусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои паёмакрасонҳо аз ин бобат баҳсу баррасиро оғоз карданд. Волидон мегӯянд, музди меҳнати омӯзгорон дар давраи “муваққатан боз доштани раванди таълим” аз ҷайби онҳо рӯёнида мешавад, ки ба гуфтаашон, “ноодилона” аст.

Майя Темирова, сокини шаҳри Хуҷанд, ки фарзандаш дар “Мактаби хусусии Файз” таҳсил мекунад, гуфт, дар шартномаи вай бо мактаб дарҷ шудааст, ки муассиса шароити таълимро фароҳам меоварад. Хонум Темирова мегӯяд, ҳоло ки фарзандаш аз таҳсил боз монда ва шавҳараш ҳам даромадашро аз даст додааст, чаро бояд музди меҳнати омӯзгоронро вай пардозад? 

“Бисёре аз волидон ҳамин аҳволи моро доранд. Як зан 5 фарзандаш дар мактаби хусусӣ таҳсил мекунад. Ин қадар маблағро чи хел бояд пардозад? Интизор дорем, ки мактаб сабукӣ медиҳад ва ё гузашт мекунад”, – гуфт Майя Темирова.

Чуноне аз шартномаи ин зан бо мактаби хусусӣ бармеояд, таҳсил дар мактаб барои синфҳои 1 то 4 моҳона 440 сомонӣ ва барои синфҳои 5 то 11 моҳона 495 сомонӣ арзиш дорад, ки маблағи 10 моҳи таҳсил мутаносибан ба 4400 ва 4950 сомонӣ (муодили тақрибан 440 ва 490 доллари ИМА) баробар аст.

Хуршед Бобоев, корбари дигари Фейсбук навиштааст, ки “ҳама дар ҳоли зиён дидан ҳастанд, аммо танҳо мактабҳои хусусиянд, ки зоҳиран инро дарк намекунанд”. 

“Ҳама ҳоло мушкили молӣ дорад, бисёриҳо кор намекунанд, ҳатто наметавонанд ҳаққи истифодаи хадамоти комуналӣ, барқ, об ва ғайраро пардохт кунанд. Дар ин гуна ҳолат бояд давлат мардумро кӯмак кунад. Вале ин ҷо мактабҳои хусусӣ, ки пеш аз вабо солҳо даромад дидаанд, бояд дар ин ҳолати ғайриинтизор ба кормандон ва омӯзгорони худ кӯмак кунанду аз мардум барои хизмати норасондаашон пул напурсанд”, – навишт Хуршед Бобоев.

Дар саросари ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ фаъолият мекунад. Ин мактабҳо дар маҷмуъ 25 ҳазору 889 хонандаро ба таҳсил фаро гирифтаанд. 

Ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар мактабҳои хусусӣ 1881 омӯзгор ба кор машғул аст. Ҳаққи таҳсил дар мактабу литсейҳо ва гимназияҳои хусусӣ, вобаста ба минтақаҳои кишвар, ба ҳисоби миёна моҳона аз 400 то 1000 сомонӣ иборат аст. 

Вазорати маориф: волидон баҳонаҷӯӣ накунанд

Бештаре аз корбарон ҳамин нуқтаи назар ва пешниҳодҳоро доранд. Пешниҳоде, ки на мақомоти маорифи кишвар ва на мудирони мактабҳои хусусӣ бо онҳо розиянд. Абдураҳим Қурбонов, муовини сардори раёсати маориф дар вилояти Суғд дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, дуруст аст, ки дар мактабҳо дарс нест, вале “омӯзгорон ба мактаб рафту омад доранд, дафтарҳоро тафтиш мекунанд”.

“Агар омӯзгор чаҳор моҳ маош нагирад, худу фарзандашро чи гуна таъмин мекунад”, – суол мегузорад Абдураҳим Қурбонов. 

Вай илова кард, ки волидон ва масъулони мактабҳои хусусӣ бояд байни худ ба муросо оянд ва ин мушкилро ҳал кунанд.

Илҳомиддин Ҳакимниё. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com
Илҳомиддин Ҳакимниё. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com

Ба гуфтаи Илҳомиддин Ҳакимниё, директори генералии муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо”-и шаҳри Душанбе, мактабҳои хусусӣ имкон надоранд, ки аз ҳисоби худ музди меҳнати омӯзгоронро пардозанд.

“Айни ҳол 1 миллион сомонии литсей (наздики 100 ҳазор доллари ИМА, аз идора) дар дасти мардум аст. Ҳаққи таҳсили фарзандонашонро барои моҳҳои гузашта напардохтаанд. Чаро волидон эҳсоси масъулият намекунанд? Вазъият ҳоло ин гуна шуд, вале дар давраҳои муқаррарӣ ҳам бархеҳо намепардозанд. Даромаде, ки литсей дарёфт мекунад, харҷи андоз ва музди моҳонаи кормандон мешавад. Пасандоз боқӣ намемонад, ки мо аз ҳисоби худ дар ҳолатҳои ғайриинтизор маош пардохт кунем”, – гуфт директори “Литсейи Раҳнамо”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Илҳомиддин Ҳакимниё, Кумитаи андозу бонкҳо айни ҳол барои мактабҳои хусусӣ имтиёзе фароҳам наовардаанд ва табиист, ки мактбаҳо низ дар ҳоли ҳозир наметавонанд, ба волидон гузашт кунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба суоли CABAR.asia дар бораи ин ки чаро волидон бояд ҳаққи моҳҳои ғайритаҳсилии фарзандонашонро пардохт кунанд, посухи муфассал дод. 

Музди меҳнати омӯзгор дар уҳдаи мактаб аст, на хонандагону волидон

“Якум, муассиса ва омӯзгор дар назди хонандаю волидайн тамоми уҳдадориҳои худро тибқи шартномаи дуҷониба иҷро кардааст ва ҳеҷ чизе баҳона шуда наметавонад, ки волидайн маблағи шартномаи таҳсилро пардохт накунад. Барномаи таълимӣ аз худ шуд, баҳои чорякӣ гузошта шуд, аттестатсияи хатм доир гардид ва хонанда синфашро хатм кард. Акнун дигар чӣ ҳам мемонад, ки барои волидайн баҳона пеш ояд?

Дуввум, дар ин муассисаҳо фарзандони шахсоне таҳсил мекунанд, ки имкони пардохти шартномаи таҳсилро доштанду доранд. Агар волидайн, ки имкони пардохти шартномаи таҳсили фарзандро надоранд, пас чаро намегузоранд, ки фарзандонашон дар муассисаҳои давлатӣ таҳсил кунанд?

Модом ки мехоҳем фарзандамон дар муассисаи хуб таҳсил кунад, модом ки мехоҳем ба фарзандамон омӯзгорони варзидаю соҳибтаҷриба дарс гӯянд, пас чаро музди маошашро пардохт намекунем?”, – навишт маркази матбуотии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба суолҳои CABAR.asia.

Муносибатҳои молии волидайн ва мактбаҳои хусусиро шартномаи тарафайн муайян мекунад. Дар шартномае, ки Майя Темирова, модари як хонанда аз шаҳри Хуҷанд дар ихтиёри мо гузошт, омадааст, мактаб уҳдадор аст, ки барои хонандагон шароити мусоиди таълимӣ ба роҳ монад. 

Абдулмаҷид Ризоев. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com
Абдулмаҷид Ризоев. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com

Дар асоси ҳамин банди шартнома ҳуқуқшинос Абдулмаҷид Ризоев мегӯяд, дар ҳоле, ки мактаб уҳдадориашро иҷро накардааст, волидон метавонанд, ҳаққи таҳсили моҳҳои боқимондаро пардохт накунанд. 

“Музди меҳнати омӯзгор дар уҳдаи мактаб аст, на хонандагону волидон. Вақте мактаб уҳдадориашро иҷро накардааст, волидон ҳақ доранд, ки маблағ пардохт накунанд”, – гуфт Ризоев. 

Аммо волидоне ҳам ҳастанд, ки музди меҳнати собит доранд ва ба тасмими вазорати маорифу мактабҳои хусусӣ дар мавриди пардохти моҳонаи омӯзгорон бархурди мусбат мекунанд. 

Саъдӣ Ворисов. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com
Саъдӣ Ворисов. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com

Саъдӣ Ворисов, сокини шаҳри Душанбе, ки ду фарзандаш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи “Гимназияи Кафолат” таълим мегиранд, мегӯяд, аз ҳаққи худ ба фоидаи омӯзгорон гузашт кардааст. Ба гуфтаи Саъдӣ, вай ҳаққи таҳсили фарзандонашро ба таври солона, на моҳона, пардохт кардааст ва ҳоло бо қатъ шудани дарсҳо пеш аз муҳлат, дигар даъвое надорад. 

“Муаллимҳо ҳамкорӣ доранд, барои давраи таътил адабиёт додаанд, занг мезананд, мепурсанд, ки дар хона ба мутолиа ва такрори дарсҳо машғул ҳастанд ё не. Мавзуъ медиҳанд, тариқи телефон бо бачаҳо кор мекунанд. Онҳо ҳам инсонанд, бояд маош гиранд. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, касе ки имконият дорад бояд дастгирӣ кунад”, – мегӯяд Саъдӣ Ворисов.

Чи гуна аз бунбаст берун шуд?

Як манбаи огоҳ гуфт, дар шаҳри Душанбе ба ҷуз аз “Литсейи Раҳнамо” чанд муассисаи таълимии хусусии дигар мушкили молӣ доранд. Барои мисол, “Литсейи Раҳнамо” 1 млн сомонӣ (ҳудуди 100 ҳазор доллар), “Литсейи Ҳотам ПВ” 2 млн сомонӣ (ҳудуди 200 ҳазор доллар), “Гимназияи Кафолат” 1,5 млн сомонӣ (бештар аз 150 ҳазор доллар)-ро натавонистаанд, аз волидон ҷамъоварӣ кунад.

Илҳомиддин Ҳакимиён, директори генералии “Литсейи Раҳнамо” мегӯяд, айни ҳол барои пардохти музди меҳнати омӯзгорон роҳҳале пеши рӯ надоранд. Ҳакимиён умедвор аст, ки кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти андозҳо то аввали соли нави хониш муҳлат диҳад ва ё бонкҳо ба муассисаҳои таълимии хусусӣ қарзи боимтиёз пешниҳод кунанд.

“Баъди пушти сар шудани ин марҳила шакли фаъолиятро шояд бозбинӣ кунем. Мо ҳам метавонем мисли ширкатҳои мобилӣ баробари анҷоми маблағи барои муҳлати муайян пардохтшуда хизматрасониамонро қатъ намоем ё мисли бонкҳо ҷарима ва фоиз ҳисоб кунем. Аммо, бо дарназардошти моҳияти иҷтимоӣ доштани масъала то ин вақт ин корро накардаем. Вале, агар маҷбур шавем, шояд аз чунин равишҳо низ истифода намоем”, – илова кард Ҳакимниё.

Ба гуфтаи як ҳуқуқшинос аз шаҳри Душанбе, ки фарзандаш дар мактаби хусусӣ таҳсил мекунад, дар сурати ба додгоҳ шикоят бурдани волидон, “бо назардошти вижагиҳои Тоҷикистон”, мушкил аст, ҳақ будани худро исбот кард.

Ба бовари вай, маҳз дар ҳамин гуна “ҳолатҳои ғайриинтизор” пуштибонии давлат зарур аст.

“Тоҷикистон – давлати иҷтимоӣ аст, дар Конститутсияи мо дар ин бора навишта шудааст. Маҳз давлат қисме аз мушкилоти кунунии мактабҳои хусусӣ ва волдонро бояд ба зима гирад”, – гуфт ҳуқуқшинос.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: