© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Мушкилоти шаффофият дар раванди харидҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Созмонҳои байналмилалӣ ба кушода будани буҷети давлатии Тоҷикистон ва шаффофияти раванди харидҳои давлатӣ баҳои хеле паст додаанд. Икром Қӯчқоров, хатмкардаи Мактаби таҳлилии CABAR.asia дар як матлаби худ таъкид мекунад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи мазкурро танзим мекунад, ба талаботи муоссири ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ нест ва ба такмил ниёз дорад.


Тренинг ОБСЕ о предотвращении коррупционных рисков при госзакупках. Фото: osce.org
Тренинг ОБСЕ о предотвращении коррупционных рисков при госзакупках. Фото: osce.org

Тоҷикистон дар радабандии шаффофияти харидҳои давлатӣ дар соли 2019, ки Шарикии байналмилалии буҷаӣ таҳия мекунад, аз 100 имтиёзи имконпазир ҳамагӣ 37,88 хол гирифтааст. Ин пасттарин нишондод миёни 31 кишваре ҳаст, ки мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Коршиносони ин созмон шохиси кушода будани буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2019 аз 100 имтиёзи имконпазир 17 хол арзёбӣ кардаанд. Дар муқоиса бо давраи сипаришуда ин нишондод 13 имтиёз камтар мебошад (соли 2017 Тоҷикистон 30 имтиёз гирифта буд).

Дар Тоҷикистон қонуни аслие, ки ин бахшро танзим мекунад, қонун “Дар бораи хариди давлатӣ” аст, ки соли 2006 тасвиб шуд. Дар сатҳи байналмиллалӣ шаффофият дар хариди давлатӣ тавассути санадҳое монанди Конвенсияи СММ алайҳи коррупсия, Қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ оид ба хариди молҳо, Принсип ё усулҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд оид ба баланд бардоштани неквиҷдонӣ дар харидҳои давлатӣ ва Меъёрҳои шаффофияти Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси ором танзим карда мешаванд.

Мақомот ҳамчунин аҳамияти принсипҳои шаффофиятро дар харҷи маблағҳои буҷетӣ эълон мекунанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2012 дар Паёми солонаи худ ба порлумони кишвар таъкид карда буд, ки барои таъмини шаффофият дар масрафи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи дурусти захираҳои моддию молиявӣ бояд табодули электронии иттилоот байни мақомоти давлатӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.  

Президент Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, инчунин ташаккули манбаъҳои иловагии пур кардани буҷети маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

 Иштироки ҷомеа дар тамоми марҳилаҳои раванди буҷет як унсури хеле муҳими баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия дар умури молии давлатӣ мебошад.

Шаффофият дар раванди харидҳои давлатӣ инчунин барои коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ муҳим мебошад.

Агар ҷомеа дар умум ба раванди буҷет, аз ҷумла ба раванди хариди давлатӣ таъсири кофӣ надошта бошад, ин чиз аксар вақт боиси масрафҳои ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ мегардад. Баъзан тасмимҳо дар асоси манфиати шахсии мансабдори ваколатдор қабул карда мешаванд. Ин ба он оварда мерасонад, ки шартномаҳо бо таъминкунандагони бесифат баста мешаванд ва гоҳо шахсони мансабдор ҳатто маблағҳои давлатиро азхуд мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар радабандии мизони фасоди созмони Шаффофияти Байналмилал (Transparency International) барои соли 2020, Тоҷикистон бо касби 25 имтиёз аз 100 холи мумкин, миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор гирифт.

Шаффофият инчунин бо фароҳам овардани замина дар соҳаи тиҷорат ва пешниҳоди хидматрасонӣ барои тамоми иштирокчиёни бозор дар рушди соҳибкории хурду миёна нақши муҳим дорад. Таҳлили муфассали сомонаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки молу хидматрасонӣ нисбат ба арзиши бозорӣ бо нархи баландтар харидорӣ мешаванд. Асосан молҳо ба миқдори зиёд харидорӣ мешаванд ва аз рӯи мантиқ таъминкунандагони яклухт бояд ҳудуди 10-20% аз нархи бозор тахфиф кунанд.  

Дар мавриди мақсаднок будани харидҳо низ саволҳое ба миён меоянд. Масалан, Бонки миллии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2021 ба маблағи 1 миллиону 336 000 сомонӣ (ҳудуди 118 000 доллар) мошини сабукрав харидааст. Дар ин харид танҳо як таъминкунанда ширкат кардааст.

Бо дарназардошти он ки маоши миёнаи омӯзгорону пизишкон дар Тоҷикистон аз 140 доллар бештар нест, мошини харидашуда аз даромади моҳонаи беш аз 800 омӯзгор зиёдтар мебошад. Таҳлили қонунгузорӣ оид ба харидҳои давлатии Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиноси мустақил дар умури хариди давлатӣ ва молия Парвина Ибодова дар соли 2019 анҷом дода шуд, нишон медиҳад, ки дар он механизми машварат бо бахши хусусӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ вуҷуд надорад.

Қонун дар бораи хариди давлатӣ шахси масъули идораи хариди давлатиро вазифадор намекунад, ки аз ин механизм мунтазам истифода барад. Ба ин тартиб, мансабдорони тасмимгиранда бо ҷомеа, аз ҷумла оид ба муайян кардани мушкилот дар низоми хариди давлатӣ иртиботи мутақобила надоранд.

Дар натиҷаи таҳлил маълум гардид, ки қонун дар бораи хариди давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест ва баҳои хеле паст гирифтааст.

Радабандии шаффофияти харидҳои давлатӣ мизони кушода ва шаффоф будани раванди харидҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2019 аз 100 имтиёзи имконпазир ҳамагӣ 37,88 хол арзёбӣ кардааст, ки нишондиҳандаи пасттарин мебошад. Холи миёнаи ҳамаи 31 кишвари ба рейтинг ҷойёфта 67,91 аст.

Таҳлили муфассали маълумоти аз се портал – шохиси дарки коррупсияшохиси кушода будани буҷет ва радабандии шаффофияти харидҳои давлатӣ гирифташуда нишон медиҳад, ки маълумоти шохисҳои зикршуда дар аксари кишварҳо мутаносиб аст. Масалан, Гурҷистон аз рӯи ҳамаи шохисҳо имтиёзҳои баландтаринро касб кардааст, нишондодҳои Тоҷикистон бошад дар ҳамаи радабандиҳо поин аст.

Дар баробари ин, миёни шохиси кушода будани буҷети давлатӣ ва шохиси дарки коррупсия алоқамандӣ вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, беҳбуди нишондиҳандаи як радабандӣ боиси беҳтар шудани нишондиҳандаи дигар мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки сомонаи нави давлатии eprocurement.gov.tj нисбат ба https://zakupki.gov.tj/ (сомонаи асосии марбут ба хариди давлатӣ, ки дар ҳоли ҳозир бисёр бахшҳои иттилоотии он дастрас нестанд) бештар интерактивӣ кор мекунад ва ҳамарӯза дар пешниҳоди маълумот дар бораи хариди давлатӣ пешравиҳое мушоҳида мешавад.

Масалан, ҳоло метавонем ҳисоботи фаврӣ дар бораи хариди давлатии молҳо, корҳо, хидматрасониҳо ба муддати муайян, аз рӯи минтақаҳо ва дигар маълумотро дастрас намоем. Аммо таҳиягаронро зарур аст барои такмил ва содафаҳм шудани сомона заҳмати зиёде бикашанд, масалан, ворид кардани дидорисозӣ ва омор дар бораи нишондиҳандаҳои асосии хариди давлатии мол, кор ва хидматрасониҳо муҳим ҳастанд. 

Ҳисобот оид ба хариди давлатии молҳо, корҳо, хизматрасониҳо то 07.12.2021

Таҳлили ҳисобот аз 01.01.2021 то 12.07.2021 нишон медиҳад, ки маблағи умумии лотҳои нашршуда 2 285 316 598 сомонӣ ($203682406)-ро ташкил медиҳад, ки 97,6 дарсади музоядаҳо бо иштироки номаҳдуд мебошанд. Шумораи лотҳои нашршуда 76399 буда, 99,8% музояда бо иштироки номаҳдуд аст. Дар давраи зикршуда маблағи лотҳои нашршуда, ки боиси бастани қарордодҳо гардидаанд, 1120909277,24 сомонӣ ($10776227)-ро ташкил додааст, ки 98,5% аз нашри аввал шартнома бастаанд. Шумораи умумии лотҳое, ки боиси бастани шартномаҳо гардиданд, 68345 ададро ташкил медиҳад.   

Шумораи лотҳои нашршуда, ки дар давраи ҷамъбасти натиҷаҳо бо усули тендер бо иштироки номаҳдуд боиси бастани қарордодҳо нашудаанд (бо сабаби рад шудани ҳама пешниҳодҳо) 72 адад ё ба маблағи 24227498 сомонӣ ($2159313) мебошад. 

Маблағи лотҳои нашршуда, ки дар онҳо аз ҷониби таъминкунандагон бо истифода аз усули тендер бо иштироки номаҳдуд дархостҳо пешниҳод нашудаанд, ба 86684865 сомонӣ ($7725923) мерасад. Донистани ин ки чаро таъминкунандаҳо хоҳиши ширкат дар тендер ба маблағи 90 миллион сомонӣ (8 021 390 доллар) надоштаанд, хеле ҷолиб аст.

Тадқиқоти буҷети кушода (OBS) як воситаи тадқиқоти мустақил, муқоисавӣ ва ба далелҳо асосёфта мебошад, ки бо истифода аз меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ барои арзёбии дастрасии аҳолӣ ба иттилооти буҷети ҳукумати марказӣ; дар қонунгузорӣ дарҷ шудани имкониятҳо барои иштироки ҷомеа дар раванди буҷети миллӣ ва нақши мақомоти назорати буҷетӣ, монанди парлумон ва муассисаи олии назоратӣ дар раванди буҷа мусоидат мекунад.

Тавре дар график нишон дода шудааст, шохиси буҷети кушода ба сатҳи соли 2012 фаромадааст. Коршиноси мустақил дар умури буҷет Уктам Ҷумъаев поин рафтани мақоми кишварро дар радабандӣ чунин шарҳ медиҳад:

    • эҷод кардани буҷети шаҳрвандӣ танҳо барои истифодаи дохилӣ.
    • гузоришҳои ҷорӣ сари вақт дар интернет ҷойгир карда нашудаанд.
    • ҳисоботи солона тартиб дода нашудааст. 

Ба эътиқоди коршинос, барои бештар кардани ширкати мардум дар раванди буҷети Тоҷикистон Вазорати молия бояд ба иқдомоти зерин авлавият бидиҳад:

·  эҷоди механизмҳои ҷалби ҷомеа ба таҳияи буҷет ва назорати иҷрои буҷет.·         ҳамкории фаъол бо гуруҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ва ақаллиятҳо бевосита ё тавассути созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ) дар робита ба тасвиби буҷети солона ҷаласаҳои ҷамъиятиро таъсис додааст, аммо он ҳам бояд ба тадбирҳои зерин авлавият бидиҳад:

·  ба намояндагони ҷомеа ё созмонҳои ҷамъиятӣ иҷоза бидиҳад, ки ҳангоми ҷаласаҳо оид ба буҷет то тасдиқ шудани он суханронӣ кунанд. ·         ба намояндагони ҷомеа ва ё ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷоза бидиҳад дар ҷараёни ҳисоботи аудитӣ суханронӣ кунанд. Хулоса ва тавсияҳо Радабандиҳои байналмилалӣ ба сатҳи кушода будани буҷети давлатии Тоҷикистон ва шаффофияти раванди харидҳои давлатӣ баҳои хеле паст додаанд. Тавре маълум гардид, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатӣ” ба талаботи муоссири ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ нест ва ба такмил ниёз дорад.

Қонун бояд ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иштирок дар ҳама марҳилаҳои раванди буҷет, аз банақшагирӣ сар карда то тафтиши иҷрои буҷети давлатӣ ҳуқуқҳои бештар бидиҳад.

 Дар асоси натиҷаҳои таҳлил пешниҳод карда мешавад:- Бо дарназардошти дурнамои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат ва таъсиррасонӣ ба раванди хариди давлатӣ, қонун “Дар бораи хариди давлатӣ” такмил карда шавад;

- Амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ оид ба буҷет. Шаҳрвандон ҳуқуқҳои худ ва уҳдадории давлатро дар назди онҳо хубтар дарк мекунанд; - Сомонаи хариди давлатӣ такмилу навсозӣ шавад, то ҳамаи иштирокчиёни эҳтимолӣ бевосита пешниҳодҳои худро интишор кунанд. - Таъмини интишори додаҳои боз оид ба хариди давлатӣ (беҳтараш дар формати Open Contracting Data Standard) бо мақсади имкони таҳлили автоматӣ ва сохтани абзорҳои интерактивии таҳлилӣ;

- Такмил додани имкониятҳои техникӣ, дастрас ва фаҳмо гардонидани портал, ҷорӣ намудани дидорисозии додаҳо оид ба бандҳои асосии харид, фароҳам овардани имкони интерактивии бештар дастрас намудани намудҳои гуногуни маълумоти оморӣ.

Далелҳо ба зарурати иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ба равандҳои барномарезӣ, тақсим ва тафтиши маблағҳои буҷетӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти давлат ва коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар шаҳодат медиҳанд. Истифодаи оқилона ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ эътимоди мардумро ба ҳукумат афзоиш дода, барои рушди ҷомеаи демократӣ мусоидат мекунад

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: