© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: чӣ тавр бояд аз фарогир шудани ифротгароӣ дар маҳбасҳо ҷилавгирӣ кард?

Мақомот роҳҳалро дар нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо бо ҷурми экстремизм ва терроризм дар биноҳои алоҳида мебинанд, аммо ин кор ҳам хавфҳое дорад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Маҳбаси №3/2-и шаҳри Ваҳдат. Акс аз ozodi.org
Маҳбаси №3/2-и шаҳри Ваҳдат. Акс аз ozodi.org

Мушкили паҳншавии ақидаҳои мамнӯъ дар маҳбасҳо падидаи тоза нест ва он на танҳо мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ин мушкил ҳар вақт ки дар маҳбасҳои кишвар ошӯб бармехезад, мавриди баррасӣ қарор мегирад.  

Охирин бетартибиҳо, ки теъдоди бештари қурбониро дар пай доштанд давоми ду соли ахир ба вуқӯъ пайвастанд: дар натиҷаи ошӯби 7 ноябри соли 2018 дар маҳбаси №3/3-и шаҳри Хуҷанд бар пояи иттилои расмӣ 25 нафар, бо шумули ду муҳофиз ба ҳалокат расид. Моҳи майи соли 2019 бошад, дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат бар асари бетартибиҳо 32 кас кушта шуд. Масъулияти ташкили ҳар дуи ин ҳолатро созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва чанд кишвари ҷаҳон мамнӯъ аст, бар уҳда гирифт. Дар ин бора Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам хабар дод. 

Ба иддаои мақомот, бештари маҳбусони дар ҷараёни ин бетартибӣ кушташуда ифротгаро ва “моил ба фирор” буданд.

Абдураҳим Саттор, писари Махсуми Саттор, яке аз маҳбусони кушташуда дар ҷараёни ошӯби зиндони Ваҳдат дар суҳбат ба Радиои “Озодӣ” тасдиқ намуд, ки зимни мулоқоти ахир падараш аз мавҷудияти баҳсҳо бо пайравони  яке аз гуруҳҳо дар маҳбас суҳбат кардааст.

10 апрели соли 2019 Ҷалолиддин Маҳмудов, ки намояндаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд ва соли 2015 дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ бо ҷурми нигоҳ доштани силоҳ, барои 5 сол равонаи зиндон шуд, дар як мусоҳиба бо Радиои “Озодӣ” аз вуҷуди хусумат миёни маҳкумшудаҳо тибқи моддаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм бо зиндониёни дигаре, ки бар асоси моддаҳои дигари ҷиноӣ (куштор, дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ ва ғ) адои ҷазо мекунанд, ҳарф зад.  

Ба гуруҳҳо тақсим кардан дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ аз гузашта сарчашма мегирад. Аз замоне ки низоми “табақабандии маҳбас” – гуруҳи гуногуни маҳбусон, ки мавқеи мухталифро ишғол мекарданд, шакл гирифт. Ин усули муносибати мутақобили иҷтимоӣ дар фазои ҷиноӣ ҳанӯз вуҷуд дорад.

Давоми солҳои ахир боз як гуруҳи дигар ба вуҷуд омад, ки онҷо “ҳизбиҳо” ворид карда шуданд. Дар жаргони ҷиноӣ афродеро гӯянд, ки бо моддаҳои марбут ба экстремизми динӣ, терроризм ва пайравӣ аз равияҳои гуногуни тундгаро зиндонӣ шудаанд.

Номи ин гуруҳ дар фазои ҷиноии Русия оғози солҳои 2000-ум, вақте созмони экстремистии “Ҳизб-ут-таҳрир” дар Русия ва баъдан дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон манъ карда шуд, шакл гирифт. Ин гуруҳ бо “ҳаётиҳо” хусумат доранд. Ба ин мафҳум дар жаргони маҳбас ва лагерҳои давраи Сталинӣ онҳоеро меномиданд, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тибқи қонунҳои ҷаҳони ҷиноӣ зиндагӣ мекарданд.

Акс аз News.tj
Акс аз News.tj

Мубориза барои “лидерӣ” дар маҳбас

Ба гуфтаи А.К., яке аз маҳбусони собиқ, дар зиндон ҷойи хоби онҳое ки ба гуруҳи аввал мансубанд, аз кати гуруҳи дуввум фарқ мекунад.

“Муносибати миёни онҳо хуб нест, зеро ҳеч нафаре аз онҳо намехоҳад қонуни дигариро эътироф кунад ва ин сабаби нофаҳмиҳо мегардад. “Ҳаётиҳо (жаргони маҳбас – шарҳи идора) мехоҳанд, ки дар зиндон қонуни “дуздони қонунӣ” амал кунад, ки барои “ҳизбиҳо” (жаргони маҳбас – шарҳи идора) қобили қабул нест”,-мегӯяд маҳбуси собиқ.

Ба андешаи ӯ, моҷаро дар маҳбасҳо бештар аз ҷониби онҳое сар мезанад, ки мехоҳанд худро “роҳбар” (лидер) эълон кунанд. Ҳар кадоме аз онҳо мехоҳад мавқеи “раҳбарӣ” дошта бошад ва ҳеч кас дар ин замина муросо кардани нест.

С.Т., яке аз маҳбусони собиқ мегӯяд, ҳар ду гуруҳ дар маҳбасҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ нигоҳ дошта мешаванд ва баъзан миёни онҳо моҷаро бармехезад. Ба таъкиди ӯ, дар дохили ду гуруҳи калон боз гуруҳчаҳое ҳастанд, ки ҳар яке вобаста ба моддаи парвандаашон ҷудо мегардад.

 “Худи кормандони маҳбас зиндониёнро ба чунин гуруҳҳо тақсим мекунанд. Ҳар ҳафта бо “ҳизбиҳо” (жаргони зиндон – шарҳи идора) дар мавзӯи муқобила бо тундгароӣ дарс мегузаронанд. Нозирони маҳбас ин гуруҳро зери назорати ҷиддӣ мегиранд ва умуман бо онҳо муносибати хуб надоранд. Барои хурдтарин хато онҳо муҷозот мешаванд. Ин нобаробарӣ аксар вақт сабаби норозигии онҳо мегардад”,-мегӯяд маҳбуси собиқ.

Як маҳбуси собиқи дигар – Ҷ.С. мегӯяд, танҳо қисми ками онҳое ки бо ҷурми экстремизм муҳлати ҷазои худро пушти сар мекунанд, ақидаву рафторашон мазҳабӣ мебошад ва дигаронро қабул надоранд.

Яке аз сабабҳои ба ду гуруҳ ҷудо шудани маҳбусонро вай бетартибии маҳкумшудаҳое унвон кард, ки барои ҷиноятҳои “маишӣ” ба зиндон афтидаанд.

Ҷ.С. меафзояд, дар маҳбас мулло ва имомҳое, адои ҷазо мекунанд, ки бо ҷурми дуздӣ ё қаллобӣ боздошт шудаанд ва онҳо аз ҷониби гуруҳи аввал эҳтиром намешаванд ва аз пушти онҳо намоз намегузоранд. Онҳо дар гуруҳҳои хурд 2-3 ё 5 нафар шуда, намоз мегузоранд.

“Шароити маҳбасҳо ба таблиғи ақидаҳои мамнӯъ мусоидат мекунад”

Дар ҳамин ҳол, ба қавли маҳбусони собиқ, барои пайравони гуруҳҳое мисли “Салафия” (бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст), “Ҳизб-ут-Таҳрир” (бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст) ва дигарон, зиндон  ҷоест, ки озодона ақидаҳои худро таблиғ мекунанд ва одамони иродаашон заифро ба сафи худ ҷалб месозанд.

“Ин ҳама пинҳонӣ сурат мегирад, зеро дар ҳолати ошкор шудан маъмурияти зиндон ба маҳбусон ҷазо таъин мекунад. Одамоне буданд, ки барои дуздӣ ё ришвахорӣ ба маҳбас афтиданд, аммо аз онҷо бо ақидаҳои тундгароӣ берун шуданд. Агар дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Тоҷикистон 10 ифротгарои ҳақиқӣ бошад, метавонанд 100-150 маҳбуси дигарро, ки танҳо барои “лайк” гузоштан, зиндонӣ шудаанд, ба сафи худ ҷалб созанд”,-мегӯяд маҳбуси собиқ Ш.Д.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони маҳбас талош мекунанд аз таблиғи ақидаҳои тундгароӣ ҷилавгирӣ кунанд. Маъмурияти муассиса пас аз анҷоми намоз ба маҳкумшудаҳо иҷоза намедиҳад дар масҷиди зиндон биншинанд: “Ҳатто ҳолатҳое буд, ки онҳо хондани намозро дар “барак”-ҳо манъ карда, ҷойнамозҳоро мусодира карданд ва танҳо иҷозаи намозгузорӣ дар масҷидро доданд. Ин кор ду-се ҳафта давом кард, аммо пас аз норозигии маҳбусон дигарбора иҷозаи хондани намозро дар “барак” доданд, зеро интихоби дигар надоштанд. Дар сурати баръакс ин метавонад сабаби ошӯб гардад”.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, “онҳое ки ақидаҳои ифротгароиро таблиғ мекунанд, ин корро дар гуруҳҳои хурд, миёни як-ду нафар дар дохили ҳуҷраҳо анҷом медиҳанд. Бо ӯ ҳам чанд маҳбус дар бораи идеологияи салафӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон, шарҳи идора) суҳбат кардаанд, аммо напазируфтааст. Ҳар гуруҳ раҳбари худро дорад ва аъзои гуруҳ ҳамеша аз ӯ итоат мекунанд ва ҳангоми баҳсҳо низ гапи охирро ӯ мегӯяд”.

Дар бораи робитаи маҳбусон бо ҷаҳони берун суҳбат карда, ӯ афзуд, зиндониён тамоми шароитро доранд, то бо берун иртибот барқарор кунанд; барои ин пешниҳоди пора ба кормандони муайяни маҳбас кофӣ аст.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Фахриддин Зубайдзода мегӯяд, телефон дар ҳудуди маҳбас бо корт амал мекунад, ки танҳо шумораи 4 хеши наздик навишта шудааст ва бо телефон мешавад танҳо ба ин рақамҳо тамос гирифт. Ба шумораҳои дигар маҳбусон занг зада наметавонанд.

“Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки маҳбусон мехоҳанд пинҳонӣ телефони мобилиро ба маҳбасхонаҳо ворид кунанд, ки ҳамоно аз ҷониби гуруҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ пешгирӣ карда мешавад”,-таъкид мекунад Зубайдзода.

Ячейкаи экстремистҳо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ

Ҷ.С. аз таъсиси “Ҷамоати Муваҳиддин”, ки аз дасти кам 20 нафар иборат буда, дар қаламрави маҳбаси маъруф ба “Якум советский” бо ҳадафи паҳн кардани ақидаҳои тундгароӣ таъсис ёфтааст, хабар дод. Аммо гуфт, он аз ҷониби маъмурияти зиндон ошкор шуд ва созмондиҳандагонаш муҷозот шуданд.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати адлияи Тоҷикистон Фахриддин Зубайдзода мавҷудияти чунин ҷамъиятро дар қаламрави муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон тасдиқ кард ва афзуд, “бо назардошти афзоиши шумори гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва бинобар пайдо шудани хавфи паҳншавии ақидаҳои тундгароӣ ва террористӣ бо мақсади пешгирии зуҳури ҳолатҳои хатарнок миёни маҳкумшудаҳо, вазъи фаврии муассисаҳои ислоҳӣ таҳлил шуда, дар натиҷа гуруҳи тозатаъсиси “Ҷамоати Муваҳиддин” ошкор гардид”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин гуруҳ дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и низомаш пурзӯри шаҳри Душанбе бо мақсади паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ-террористӣ миёни маҳбусон ва бесуботсозии вазъ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таъсис шудааст. Дар натиҷа 33 нафар аз муассисаи ислоҳии 3/1, 30 нафар аз муассисаи ислоҳии ЯС ¾ ва се нафар аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар ҳоли ҳозир, нисбат ба 66 нафар ҳукми додгоҳ баромада, дар марҳилаи кассатсионӣ қарор дорад.

Ба таъкиди Фахриддин Зубайдзода, таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки “Ҷамоати Муваҳиддин” созмоне ба шумор меравад, ки дар заминаи равияи “Салафия”-и такфирӣ (бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст) ба вуҷуд омада, ақидаҳои дигарро эътироф намекунад ва ин ҷамоат танҳо дар ҳудуди зиндон амал мекард. Аъзои ин ҷамоат Тоҷикистонро “давлати кофирҳо” ва кормандони мақомоти давлатиро “муртад” меномиданд. 

Пайравони ин ҷамъият ақидаҳои дигар ҳизбу ҳаракатҳоро “ботил” мешуморанд. Онҳо ҳатто волидон ва пайвандони худро, ки ақидаи онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд, инчунин дигар маҳбусонро, ки ҳамроҳашон нигаҳдорӣ мешаванд, барои тамошои телевизор, кашидани тамоку ва нос “кофир” мехонанд.

Зубайдзода мегӯяд, аъзои “Ҷамоати Муваҳиддин” ҳатто маълумоти миёна ва маълумоти комили динӣ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод маҳз бо далели набудани донишҳои дурустӣ динӣ ва дунявӣ узви “Ҷамоати Муваҳиддин” шудаанд. Онҳо Исломро танҳо дар ҷиҳоди хашин мебинанд.

“Онҳо фикр мекунанд, ҷиҳод аз куштори кофирон иборат буда, дар сурати аз дасти онҳо кушта шудан, шаҳид мешаванд”,-идома дод ӯ.

Бо мақсади ислоҳ намудани ин гуруҳи маҳбусон дар назди муассисаҳои ислоҳӣ мактаби таълимоти умумӣ ва касбӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир 123 маҳбус, ки таълимоти миёна надоранд, барои гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ ҷалб шудаанд.

Фахриддин Зубайдзода, ки шахсан парвандаи ҷиноии аъзои ҷамъияти зикршударо тафтиш кардааст, мегӯяд, миёни аъзои ин гуруҳ на танҳо онҳое, ки бо гуноҳҳои характери террористӣ-экстремистидошта зиндониянд, шомиланд, балки онҳое низ ҳастанд, ки барои ҷинояти нисбатан сабуктар, масалан барои истифодаи маводи мухаддир ё дуздӣ муҷрим шинохта шудаанд.

Ӯ мегӯяд, таблиғи ақидаҳои мамнӯъ дар ҳудуди маҳбас бо роҳҳои гуногун анҷом мешавад. Барои мисол, “Ҷамоати Муваҳиддин” аксаран бо қалами одӣ ақидаҳои ифротии худро бо ҳуруфи кирилӣ дар миёни сатрҳои ояҳои Қуръон, ки дар масҷид ва китобхонаи зиндонҳо мавҷуд ҳаст, менависанд. Баъдан аз аз пайравони худ дархост мекунанд дар фалон саҳифа андешаи онҳо навишта шудааст, онро хонанд. Маҳбус меояд ва дар саҳифаи муайян матни тундгароёнаи онҳоро мехонад. Дар чунин вазъ, кормандони маҳбасҳо фикр мекунанд, ки маҳбус матни воқеии Қуръонро мехонад. Ва ин ҷустуҷӯ ё пайдо кардани онҳоро мушкил мегардонад, зеро хондани Қуръон дар маҳбасҳо мамнӯъ нест.

Чораҳои пешгирӣ аз гузаронидани суҳбат ва лексияҳо иборат аст

Афшини Муқим. Акс аз саҳифааш аз Facebook гирифта шудааст.
Афшини Муқим. Акс аз саҳифааш аз Facebook гирифта шудааст.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон Афшини Муқим гузаронидани суҳбату мулоқоти кормандони кумитаро дар маҳбасҳои Тоҷикистон тасдиқ карда, илова намуд, ки он дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо Вазорати адлия сурат мегирад. Мавзӯи аслии ин мулоқотҳо вобаста ба экстремизм ва терроризм буда, кормандони кумита мавзӯъро аз нигоҳи дин шарҳ медиҳанд.  

Ҳадафи чунин мулоқотҳо ҷилавгирӣ аз ифротишавии дубораи маҳбусон пас аз анҷоми муҳлати иҷрои ҷазо ва ба озодӣ баромадан гуфта мешавад. Санаи баргузории мулоқотҳо аз ҷониби Вазорати адлия дар асоси нақша муайян карда мешавад. Давоми ду моҳи соли 2020 онҳо аллакай бо маҳбусон чунин мулоқотҳо анҷом додаанд.

Баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо маҳбусонро бо мақсади пешгирии таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ ва террористӣ ҳамроҳ бо Кумитаи дин, Маркази исломшиносӣ, Академияи илмҳо, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Фахриддин Зубайдзода ҳам тасдиқ намуд. Ӯ гуфт, онҳо бо истифода аз ҳадису оятҳои Қуръон дар мавриди зарар ва ҳадафҳои нопоки террористон маълумот медиҳанд.

Зубайдзода ошкор ва пешгирии фаъолияти “Ҷамоати Муваҳиддин”-ро яке аз дастовардҳо дар самти ҷилавгирии паҳншавии ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ унвон кард.

“Аъзои ин гуруҳ бо дигарон дар якҷоягӣ намоз намехонданд ва тарзи намозгузории онҳо низ аз ибодати пайравони мазҳаби ҳанафӣ тафовут дошт. Инчунин, аз пушти имом-хатиби масҷиди маҳбас намоз намехонданд. Ҳангоми дар алоҳидагӣ хондани намоз ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ мекарданд”,-мегӯяд Ф.Зубайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои дигар гуруҳҳо, монанди “Гуруҳи 24”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Ҳоҷи Ҳалим” ва “Бародарони мусалмон” (фаъолияти ҳамаи инҳо дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст) ва дигарон якҷоя намоз мехонанд, аммо пайравони “Салафия” (бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст), ки “Ҷамоати Муваҳиддин” (бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст), яке аз шохаҳои он аст, намоз ва дигар ақоиди диниро ҷудо аз дигарон анҷом медоданд. 

Ҳусниддин Нидоев. Акс аз CABAR.asia
Ҳусниддин Нидоев. Акс аз CABAR.asia

Узви гуруҳи мониторинги назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев ба CABAR.asia гуфт, ҳангоми баргузор кардани суҳбату мулоқот бо маҳбусон онҳоро ба гуруҳҳо ҷудо намекунанд, балки омили асосии муайянкунанда ин аст ки онҳо инсон ҳастанд.

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки дар маҳбасҳо эҳтимоли таблиғи ақидаҳои мамнӯъ вуҷуд дорад, зеро онҷо одамони гуногун нигоҳ дошта мешаванд. Ба сифати мисол, ӯ аз ду ошӯби калон дар маҳбасҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ёд овард, ки шояд яке аз омилҳои сар задани он таблиғи ифротгароии хушунатбор миёни маҳбусон будааст.

Бо такя ба суҳбатҳо бо кормандони маҳбасхонаҳо ӯ гуфт, ҳолатҳои таблиғи ақидаҳои нодуруст дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ба назар мерасад, нафароне ҳастанд, ки ақидаҳои ифротии худро ҳақ медонанд ва дар ин ақида устувор мебошанд. Аммо вай таъкид намуд, ки аз худи маҳбусҳо дар бораи тарғиби ақидаҳои ифротгароӣ чизе нашунидааст ва ҳам шахсан шоҳид нашудааст.

Маҳбаси алоҳида – роҳи пешгирӣ аз тарғиби ақидаҳои мамнӯъ?

Мутахассисон ва коршиносон ҷиҳати коҳиши хавфи таблиғи ақидаҳои тундгароёна дар маҳбасҳо пешниҳодҳои мухталиф доранд. Ҳусниддин Нидоев пешниҳод дорад, ки муассисаҳои ислоҳӣ аз навъи “лагерӣ” ба ҳуҷравӣ гузаронда шаванд, зеро вақте навъи “лагерӣ” аст, дар он тақрибан 100 нафар нигаҳдорӣ мешавад ва хавфи ин ки як кас метавонад ақидаҳои ифротии худро миёни дигарон паҳн кунад, мавҷуд аст. Агар ба шакли ҳуҷравӣ ҷудо шавад, ҳар нафар тибқи категория нигоҳдорӣ мегардад ва бо ин роҳ хатари тарғиби ақидаҳои ифротгароӣ камтар мешавад. Ин тадбир амнияти зиндониҳоро низ таъмин мекунад. Ба андешаи ӯ, ин кор то андозае пеши роҳи тарғиби ақидаҳои ифротгароиро дар маҳбасҳо мегирад.

Х.Нидоев аз ҳолати муроҷиати як шаҳрванд ёд овард, ки гуфтааст, писари ӯ барои қаллобӣ зиндонӣ шудааст, аммо дар маҳбас муҳлати иловагиро барои экстремизм гирифтааст. “Ман ба масъулин муроҷиат кардам, онҳо ҷавоб доданд, ки “дар атрофи худ чанд нафаро ҷамъ карда, миёни онҳо ақидаҳои ифротии худро таблиғ мекард”.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тасмим доранд, онҳоеро ки бо ҷурми экстремизм ва терроризм зиндонӣ шудаанд, дар биноҳои алоҳида нигаҳдорӣ кунанд. Ин хабар 20 ноябри соли 2019 дар доираи мизи гирди минтақаӣ – “Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Вазорати адлия ва PRI (Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ) дар Душанбе баргузор шуд, садо дод. Инчунин дар мавриди омода будани тарҳи биноҳо низ хабар доданд.

Мансурҷон Умаров. Акс аз ozodi.org
Мансурҷон Умаров. Акс аз ozodi.org

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Мансурҷон Умаров дар ҷараёни ин мизи гирд изҳор дошт, “баробари ба истифода додани биноҳо, назорати ин гуруҳи зиндониён сахттар мешавад, ҳолатҳои ба вуқӯъ омадани бетартибиҳои оммавӣ, сӯиқасду куштор ва аз ҳама муҳим тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротагроӣ ва ҷалби дигар маҳкумшудагон пешгирӣ мегардад. Тарбия кардани онҳо дар алоҳидагӣ осонтар аст”.

Сардори шӯъбаи дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуфҷон Юсуфзода, ки дар ин мизи гирд ҳузур дошт, бунёди муассисаҳои махсусгардонидашуда барои маҳкумшудаҳо бо ҷурми терроризм ва экстремизмро муҳим хонд. 

Ӯ гуфт, “маҳбусоне, ки бо чунин ҷурмҳо зиндонӣ шудаанд, набояд дар ҷойҳои умумӣ, балки дар муассисаҳои махсус нигаҳдорӣ шаванд”.

Ҷаноби Юсуфзода дар идома гуфт, худи таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон нафароне ошӯб бардоштанд, ки бо  ҷурми терроризм ва экстремизм ҳабс шудаанд.

“Ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро ҳам маҳбусоне, ки бо ҷурми шомил будан ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ нигоҳдорӣ мешуданд, ташкил намуданд ва ошӯб дар Ваҳдатро низ онҳо ташкил карданд. Аз ин рӯ, вобаста ба вазъи баамаломада, чораандешӣ кардан лозим аст”,-илова кард Ю.Юсуфзода.

Сохтмони бинои алоҳида барои онҳое ки дар терроризм ва экстремизм муҷрим шинохта шудаанд, коршиносонро ба ду гуруҳ тақсим кардааст. Бархе онро идеяи хуб мешуморанд, аммо гуруҳи дигар зидди чунин таҷриба ҳастанд.

Нуралишо Назаров. Акс аз ozodi.org
Нуралишо Назаров. Акс аз ozodi.org

Коршиноси масоили амниятӣ ва генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров ба сохтмони чунин биноҳо назари мусбат дорад. Ба андешаи ӯ, ин иқдом метавонад ба пешгирӣ ва ё коҳиши ошӯбҳо, фирор ва таблиғи идеяҳои тундагароёна оварда расонад. 

Аммо ҳуқуқшиноси тоҷик ва раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Преспектива+” Ойниҳол Бобоназарова, ки чандин бор аз вазъи маҳбасҳо дидан кардааст, зидди ин иқдом аст ва мегӯяд, дар алоҳидагӣ ва дар як ҷой нигоҳ доштани чунин нафарон шумораи ошӯб, маҳбасгурезӣ ва таблиғи ифротгароиро бештар мекунад, зеро дар чунин шароит онҳо худро нисбатан озод ҳис мекунанд.  

Ба андешаи ӯ, вақте пас аз чанд сол ин одамон ба озодӣ мебароянд, назорати онҳо мушкил мешавад ва касе кафолат дода наметавонад ки таҷрибаи дар маҳбас гирифтаи худро дар ҷомеа истифода намекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз саҳифаи шахсӣ аз Facebook гирифта шудаст
Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз саҳифаи шахсӣ аз Facebook гирифта шудаст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамеша дар бораи вазъи маҳбасҳо мегӯянд, аз ҷумла дар бораи истифодаи шиканҷа ва шароити бади нигоҳдорӣ. Аммо мақомот мавҷудияти шиканҷаро дар муассисаҳои ислоҳӣ рад мекунанд.

Баъзе коршиносон иқдоми ҷудо нигоҳ доштани муҷримин дар терроризму экстремизмро аз зиндониёни дигар пуштибонӣ мекунанд, аммо ба шарте ки он ба муассисаи пӯшидаву дастнорас ва макони шиканҷа табдил наёбад.

Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки ҷудо нигоҳ доштани чунин маҳбусон муваффақ набудааст. Моҳи августи соли 2019 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо як қарор маҳбаси низомаш шадиди “Жаслик”-ро ки бештари зиндониёнашро муҷримин дар терроризму экстремизм ташкил медоданд, баст. Маҳбусони он ба дигар зиндонҳо тақсим шуданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдом истиқбол кард, зеро ҳомиёни ҳуқуқ  ҳамеша аз истифодаи шиканҷа нисбат ба маҳбусон дар “Жаслик” бонги изтироб мезаданд.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, қабл аз бастани ин маҳбас мақомоти марбутаи Узбекистон таҷрибаи кишварҳои зиёдеро омӯхта, ниҳоят ба ин натиҷа расиданд, ки маҳз бояд чунин тасмим гирифта шавад.

“Тақрибан дар ягон кишвар чунин маҳбас ва биноҳо нест. Ҳадди ақал таҷрибаи кишварҳои ҳамсояро бояд омӯхт, ки чаро онҳо аз ин чиз даст кашиданд”,-таъкид мекунад Бобоназарова.

Шуҳрат Қудратов. Акс аз саҳифаи шахсӣ аз Facebook гирифта шудаст
Шуҳрат Қудратов. Акс аз саҳифаи шахсӣ аз Facebook гирифта шудаст.

Ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов, ки чанд соли умрашро дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ гузаронидааст, мегӯяд, алоҳида нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо бо моддаҳои экстремизм ва терроризм хавфи рӯй додани ошӯбҳоро зиёд мекунад, зеро онҳо дар эътиқоди худ мустаҳкаманд. 

“Дар сурати ҷудо нигаҳ доштани онҳо қонунҳои нонавиштае ба вуҷуд меоянд ва аз амали ояндаи онҳо касе хабардор намешавад. Вақте онҳо бо дигарон якҷоя нигоҳ дошта мешаванд, аққалан касе пайдо мешавад, ки аз нақшаи ношоистаи онҳо ба маъмурият хабар расонад. Дар ин ҳолат онҳо ба ҳама кирдори кормандони маҳбас посух мегардонанд”,-ҳадс мезанад ӯ. 

Бар илова, ӯ одилона будани ҳукми судҳоро зери шубҳа мегузорад. Ба андешаи вай, қисми зиёди одамоне, ки бо ҷурми ифротгароӣ ҳабс шудаанд, бегуноҳанд ва дар ҳолати аз маҳбусони дигар ҷудо нигоҳ доштанашон зери ақидаи ифротиёни ҳақиқӣ мемонанд. Ифротгароёни ҳақиқӣ бо ҳар роҳу восита, ба мисли кӯмаки молиявӣ ва маънавӣ маҳбусонро ба гуруҳ шомил мекунанд ва ақидаҳои ифротгароии худро ба сари онҳо бор мекунанд.

Саидҷафар Усмонзода. Акс аз саҳифаи шахсӣ аз Facebook гирифта шудаст.
Саидҷаъфар Усмонзода. Акс аз саҳифаи шахсӣ аз Facebook гирифта шудаст.

Саидҷаъфар Усмонов, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон мегӯяд, онҳоеро, ки авбошӣ карда ё аз ноогоҳиву беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, бо террористоне, ки аллакай мафкураашон тағйир хӯрдааст, якҷо нигоҳ доштан нодуруст аст.

“Маҳбусон, ки аллакай худро дар дохили зиндон аз рӯи ҷинояти содиркарда ба қишрҳои алоҳида тақсим карданд, бояд ҳамин тавр дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта шаванд. Яъне, ҳар як ҷиноят бояд дар алоҳидагӣ зиндони худро дошта бошад”,-мегӯяд С.Усмонов.

Таҳлили афкори бештари коршиносон нишон медиҳад, ки баҳсҳо дар мавриди шеваи нигаҳдории одамони бо ҷурми терроризм ва ё экстремизм нигоҳдошташаванда воқеан тезу тунд аст. Қисме аз коршиносон ҷонибдори нигоҳдории муштараки муҷримин дар терроризму экстремизм бо зиндониёни дигар ҳастанд ва барои ин далелҳои худро доранд. Дар ҳамин ҳол, нуқтаи назари гуруҳи дигари коршиносон тамоман хилофи гуруҳи аввал аст. Онҳо пешниҳод мекунанд, одамони бо ҷурми терроризму экстремизми динӣ зиндонишударо бояд ҳатман дар зиндонҳои алоҳида нигоҳ доранд. Ин гуруҳи мутахассисон ҳам барои исботи андешаи худ далелҳо пеш меоранд.

Ба хотири пешгирии ақидаҳои террористию экстремистӣ мақомоти давлатии Тоҷикистонро зарур аст, андешаҳои тамоми мутахассисони ватанӣ ва таҷрибаи кишварҳои хориҷиро дар ин масъала омӯхта, ба хулосае бирасанд, ки ба манфиати давлат ва ҷомеаи кишвар бошад.


Ин  тадқиқоти журналистӣ дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: