© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Бозор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ гуна кор мекунад?-гузориш

Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бозорҳои марзӣ таъсис ёфтанд, ки ҳадаф беҳтар кардани шароити мардуми ҳар ду тарафи марз буд. Вале ба назар мерасад, ки сокинони деҳоти марзии Афғонистон зиёдтар ба фаъолияти ин бозорҳо моиланду аз онҳо фоидаи бештар мебинанд. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Даромадгоҳи бозори наздисарҳадии Тем. Акс аз CABAR.asia
Даромадгоҳи бозори наздисарҳадии Тем. Акс аз CABAR.asia

Беҷодаи Саидбек, як зане аз Бадахшони Афғонистон аст, ки тобистон бештари вақташ ба алафдаравиву молбонӣ ва тутчиниву ресандагӣ  мегузарад. Ҳар рӯзи шанбе пойи пиёда дар қатори дигар шаҳрвандони Афғонистон гузаргоҳҳои марзбонӣ ва гумрукиро убур намуда, ба воситаи пули дарёи Панҷ ба бозори марзӣ-воқеъ дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ мегузарад.

Беҷода дар бозор тоқӣ, ҷамолак барои оро додани гесӯи духтарон,  тутмавиз, қурут ва дигар фаровардаҳои дастиашро ба фурӯш мегузорад.

Ин навбат Беҷода ба бозор гиёҳҳои шифоии ба мисли решаи ширинбия, кавар, сипандона, пудинаи кӯҳӣ, настаран, занҷабилу амсоли инҳо ва сурма, ки занон барои ранг кардани абрувон ба кор мебаранд,  бо худ оварда, дар даромадгоҳи бозор рӯйи замин паҳн кард, то диққати харидорони бештарро ба молаш ҷалб кунад.

Ба гуфтаи Беҷода агар дар бозори марзӣ аз 50 то 100 сомонӣ (аз 5 то 10 доллари ИМА) даромад ба даст орад, хурсанд мешавад. Бо ин пул маҳсулоти нонӣ, умдатан макарон харид мекунаду ба хона бармегардад.

«Бозорҳои Тоҷикистону Афғонистон нодиранд»

Айни ҳол байни Тоҷикистону Афғонистон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон чор бозори марзӣ- воқеъ дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ, маркази  ноҳияи  Ишкошим, Рузвайи ноҳияи Дарвоз ва Хумроғии ноҳияи Ванҷ амал мекунанд. Дар ин бозорҳои марзӣ тоҷиронро аз Кобул, Тахор ва Файзобод низ дидан мумкин аст, ки молашонро барои савдо меоранд. Ғайр аз мардуми маҳаллӣ, сайёҳони хориҷӣ низ дар бозорҳои марзӣ зиёд ба чашм мерасанд.

Абахон Султоназаров, роҳбарии Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ОМ. Акс аз CABAR.asia
Абахон Султоназаров, роҳбарии Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ОМ. Акс аз CABAR.asia

Абахон Султоназаров, роҳбари Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ бардошташро аз бозори марзии Тем гуфт, ки агарчӣ бозорҳои марзии байни ҷумҳуриҳо дар Осиёи Марказӣ зиёданд, аммо бозори марзии байни Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози аҳамият ва хусусияти худ нодир аст. Дар ин бозор  сокинони деҳоти ду тарафи марз маҳсулоти ҳанармандии дастиашонро ба фурӯш мегузоранд ва аз таҷрибаи касбии ҳамдигар меомӯзанд.

Султоназаров илова кард: «боиси таассуф аст, ки имкониятҳои  лоиҳаи бузурги тавсеи тиҷорати марзӣ  пурра истифода нашудаанд. Тиҷорат дар бозор ҳанӯз аз ҳолати ибтидоӣ берун наомадасту бештари савдогарон дар ҳавои кушод дар гармову сармо молашонро ба фурӯш мегузоранд».

Нобовобаста аз он ки дар бунёдгузории ин бозори марзӣ маблағҳои зиёд аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҷудо шудаанд, аммо дар муддати беш аз даҳ сол натавонистанд, ки онро ба сатҳи бозорҳои байналмиллӣ бирасонанд.

Ӯ зикр намуд, ки аз лиҳози инфрасохтор бозор ҳанӯз заиф буда, имкониятҳои васеътари тараққиро дорад. Масалан,  дар ин ҷо утоқи барҳавое мавҷуд нест, ки шарикони тиҷоратӣ битавонанд, масоили ҳамкориро баррасӣ кунанд.

Ба назари ҳамсӯҳбати мо гарчанде дар Афғонистон вазъият ноором асту солҳои тӯлонӣ ҷанг давом дорад, аммо ҳунари тоҷирии мардум хеле баланд аст ва дар истеҳсоли маҳсулоти дастӣ пешрафтаанд. Аз ин рӯ аз ин бозори марзӣ бештар тоҷирони афғон фоида мегиранд ва маҳсулоте, ки онҳо ворид мекунанд талабот ба он бештар аст. Тоҷирони мо бошад, танҳо маҳсулоти истеҳсоли Хитойро барои онҳо пешкаш мекунанд.

Вале Боймамад Алибахшев, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Миллал Интер» изҳор дошт, ки бозор ҳамон вақт ҳолати ибтидоӣ дошт, ки дар он шароитҳои оддитарин вуҷуд надоштанд ва савдогарон молашонро дар руйи замин паҳн карда, ба харидорон пешкаш менамуданд.

Акнун дар борзорҳои марзӣ барои доду гирифт шароит муҳайё шуда, тиҷорат шакли маданӣ гирифт. Савдогарон имконияти интихоб доранд, ки дар утоқҳои пӯшида молашонро ба савдо мегузоранд ва ё дар ҳавои кушод дар саҳни бозор савдо мекунанд. 

Акси Боймаҳмад Алибахшов аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Акси Боймамад Алибахшев аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Маҳсулоти Афғонистон ба ҷойи моли Эрон ва Покистон

Саидқадам, сокини деҳаи Башори вулусволии Шуғнон дар бозори марзӣ маҳсулоти  саноатӣ, аз ҷумла молҳои истеҳсоли Афғонистон ба мисли лаганду деги буғӣ, чойники оҳанин, тухмпаз (сковородка) мефурӯшад.

Саидқадам  мегӯяд, ки пештар фақат маҳсулоти саноатии истеҳсоли Покистон ва Иронро мефурӯхт, вале акнун тавлидоти саноатӣ дар Афғонистон ҳам рушд кардаасту молҳои саноатии афғонӣ харидори зиёд доранд.

Ба гуфтаи Саидқадам тоҷирони савдояшон бузургтар ба мисли вай 20 сомонӣ пардохт менамоянду роҳат дар растаҳои бинои пӯшидаи бозор тиҷорат мекунанд. Вале майдафурӯшони зиёд, ки рӯзҳои бозор даромадашон аз 100 то 200 сомонӣ зиёд нест, барои пардохти  ин миқдор маблағ ҳам ҳозир нестанд. 

Аксари савдогарони афғон дар суҳбат гуфтанд, ки аз ҷониби кормандони назорати марзӣ ва гумрукии ду тараф болояшон фишор нест ва чизе аз онҳо талаб намекунанд, вале вобаста аз ҳаҷми борашон савдогарон худихтиёрӣ аз як то 20  сомонӣ ба нозирони ду тарафи марз медиҳанд. Агар бор зиёд бошад, масалан, ба мисли  ҷорӯб чанд донаро бо ризоияти соҳиби мол мегиранду дар маҷмӯъ дар убуру мурури марз дар рӯзҳои бозор мушкилот вуҷуд надорад, мегӯянд онҳо.

Аммо як нафар аз тоҷирони афғон, ки нахост номашро зикр кунем, аз муносибати кормандони гумруки Тоҷикистон шикоят кард. Ӯ афзуд, ки ҳар вақте сарҳадро убур мекунанд гумрукчиён баъзе борҳояшонро маҷбуран мегиранд ва маблағ низ талаб мекунанд.

Иддае аз шаҳрвандони тоҷик  гуфтанд, ки кормандони   пулис ва амният на ҳамеша барои аксгирӣ дар бозор  иҷозат медиҳанд, ҳол он, ки аксбардорӣ бояд озод бошаду бо ин  восита  сайёҳон ва мизоҷони бештар ба ин ҷо меоянд.

Бозори марзӣ ҷойи на фақат табодули молу коло, балки ҳамгироии фарҳангист. Дар ин ҷо хешовандони зиёд, ки асрҳо боз девори марз онҳоро аз ҳам ҷудо сохтааст, ба ҳам меоянд, суҳбат мекунанд ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар мешаванд.

Гурӯҳи сайёҳони олмонӣ ва ҳоландӣ, ки дар бозор дучор шудам, гуфтанд, ки дар роҳи сафари Бадахшон аз бозорҳои марзӣ дидан кардаанд. Чунки ин бозорҳо на фақат аз лиҳози аҳамияти тиҷоратӣ, балки дидану омӯзиши фарҳанги мардумони кишварҳои гуногун  барояшон мароқангезанд.

Кадом соҳили Панҷ зудтар рушд мекунад?

Бозорҳои марзӣ ба сокинони деҳоти кӯҳистонии ҳар ду тарафи марз барои кӯмак дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таъсис ёфтаанд, вале ба назар мерасад, ки сокинони деҳоти марзии Афғонистон бештар ба фаъолияти ин бозорҳо ҳавасманданду аз онҳо фоидаи бештар мебинанд.

Султоназаров, шуури тиҷоратии сокинони деҳоти марзии Афғонистонро ҳамқадами аср ва ҳатто болотар аз сокинони деҳоти марзӣ дар тарафи дигари соҳил дарёфтааст. Сокинони деҳоти марзии Афғонистон зуд ба талаботи бозор мутобиқ мешаванд ва аз ҳар имконият самаранок ба нафъи тиҷорати хеш истифода мебаранд, гуфт ӯ.

Бубинед, устоҳои афғон чархро дар як ҷо ва оҳану абзори кафшергариро дар дигар ҷо дарёфт мекунанд ва аробаҳои (тачкаҳои) ҳаҷми гуногунро чунон хуб месозанд, ки айни ҳол қариб ҳар як хонавода дар шаҳри Хоруғ ва Шуғнон аз онҳо, ки то 350 сомонӣ нарх дорад, истифода мебарад.

Қарор аст, ки калонтарин бозори марзии дигар, воқеъ дар маҳалли Лангари Ишкошим, дар ояндаи наздик мавиди истифода қарор дода шавад.

Ба гуфтаи Алибахшев бозорҳои марзӣ  дар ВМКБ асосан бо маблағгузории ташкилотҳои байналмиллӣ созмон ёфта, тиҷорати маданӣ дар ин ҷо ба роҳ монда шуд, акнун вақти он расидааст, ки сармояи хусусӣ бояд дар ривоҷ додани тиҷорати марзӣ фаъол гардад. 


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.                       

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: