Суғд
Мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ барои сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон солҳо боз ҳалношуда боқӣ мемонад. Барои рафъи он чанд маротиба маблағҳои қобили таваҷҷуҳ ҷудо шудааст, аммо сокинони маҳаллӣ шикоят доранд, ки ҳанӯз маҷбуранд об бихаранд ва касе барои ҳалли мушкили онҳо иқдом намекунад. (more…)
Авоили моҳи апрел сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон бар асари боришоти шадид ва фаромадани ярч осеб диданд. Дар пайи офатҳои табиӣ як кӯдак ҷон бохта, чанд нафар бесарпаноҳ монд ва ҳоло маҷбуранд, ки шабро дар кӯча рӯз кунанд. (more…)
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таъкид мекунанд, ки дар кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси нав сабт нашудааст. Аммо далелҳои фавти мармузи даҳҳо нафар, дафни онҳо зери чораҳои шадиди эҳтиётӣ ва карантини пайвандони эшон ин изҳоротро зери шубҳа мебарад. (more…)
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд хабарҳои нигаронкунанда дар бораи кашфи нахустин мавриди олудагӣ ба вируси короно дар шимоли ин кишвар ҳақиқат надорад. (more…)
Ҳамасола аз буҷаи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барои муассисаҳои таълимии томактабӣ маблағи муайян ҷудо мешавад. Шарҳдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода борҳо дар нишастҳои хабарияш гуфта, ки барои таъмин ва таъмири мактабу боғчаҳои маркази вилояти Суғд аз сокинон пул ҷамъ карда намешавад. Вале таҳқиқоти мо нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимии томактабии Хуҷанд ҳанӯз ҳам аз волидон пул талаб мекунанд. (more…)
Дар Тоҷикистон бисёре аз духтарон пас аз фориғ шудан аз мактаб аз ҳаққи идомаи таҳсил дар донишгоҳ маҳруманд. Бовари ғолиб ин аст, ки зани тоҷик бояд шавҳар кунад ва ба тарбияти фарзандон машғул шавад ва дар хидмати шавҳару волидони шавҳараш бошад. Бино бар ин, барои бисёре аз духтарон мадраки таҳсилоти олӣ монеъе барои зиндагии хонаводагист. (more…)