Гулбиддин Зиёбеков
Эътирозҳо дар ВМКБ ҳеч гоҳ тарҳрезишуда ва созмонёфта набуданд ва ҳар навбат дар вокуниш ба ягон рӯйдод ба таври худҷӯш баргузор мешаванд. Ин нуктаро коршиноси мустақил ва магистри равобити байналмилалӣ Субҳия Мастоншоева дар як матлаби таҳлилӣ таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ, ҷузъҳои иҷтимоиву иқтисодии вазъи буҳронӣ дар Помирро ҳам бояд дар назар гирифт, ки аксар ҳолат нақзи қонун аз сӯи мақомоти қудратӣ ҳам бар он изофа мешавад ва ин ҳама дар маҷмӯъ сабабгори норизоиятӣ мегарданд. (more…)
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) пас аз тазоҳуроти эътирозӣ, ки авохири соли гузашта сурат гирифт, таниш дар ҷомеа дар ҳоли афзоиш аст. Кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба далели он ки намехоҳанд дар як маъракаи таблиғотии маҳкум кардани тазоҳуркунандаҳо ширкат кунанд, маҷбуранд аризаи аз кор рафтани худро бинависанд.
(more…)
Чаро ҷуғрофияи эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки охири ҳафтаи гузашта пас аз марги як сокини деҳот чанд тазоҳурот баргузор шуда буд, меафзояд?
(more…)