© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Пушти боздошти рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов чӣ меистад?

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) рӯзноманигор Далер Шарифовро боздошт карданд. Ӯ дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ айбдор мешавад. Аммо наздикон ва дӯстони Далер ин иттиҳомотро рад мекунанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Далер Шарифов 28 январи соли 2020 боздошт гардид. Ба гуфтаи пайвандони рӯзноманигор, тақрибан соатҳои 11 барои як суҳбат ба Душанбе даъват шуд. Далер Шарифов аз манзили худ аз шаҳри Ваҳдат, даҳ километрии шарқи Душанбе ба пойтахти кишвар раҳсипор гардид ва он рӯз ба хона барнагашт. Барои пайвандону дӯстони Далер танҳо ҳамин қадар маълум гашт, ки ӯ дар бинои Раёсати КДАМТ дар Душанбе қарор дорад. Танҳо шоми 29 январ ба падари Далер – Абдуманнон Шарифов иҷоза доданд, ки дар боздоштгоҳи КДАМ  бо ӯ мулоқоти кӯтоҳ дошта бошад. Падари Далер баъди ин мулоқот гуфт, вазъи писараш хуб аст ва ҳеҷ шикояте накардааст. Аммо дар мавриди чигунагии қазия чизеро фаҳмида натавонист.  

Далер Шарифов. Акс аз Asiaplustj.info
Далер Шарифов. Акс аз Asiaplustj.info

Шоми 30 январ Далер Шарифов бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳасби пешакӣ гирифта шуд. Абдуманнон Шарифов ба CABAR.asia гуфт, алайҳи писараш бо моддаи 189, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

 Моддаи 189 . Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ.

Қисми 1. Ҳаракатҳое ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал. Агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори умум анҷом дода шуда бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад”.

Кормандони КДАМТ, ки ҳамроҳи Далер Шарифов ба додгоҳ омада буданд, аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ намуда, онҳоро нагузоштанд, ки акс бигиранд. Шарифов ҳангоми берун шудан аз толори додгоҳ бо табассум ба ҳамкорон салом гуфт. Ӯро зуд ба мошин шинонда, бурданд.  

Вакилони дифои Далер Шарифов ҳам аз шарҳи бештари парвандаи ӯ худдорӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, забонхат додаанд, ки ҷузъиёти парвандаро ифшо намекунанд.

29 январ дар мавриди қазияи Шарифов баъзе маълумотҳо расонаӣ шуд. Ба иттилои сарчашмаҳо сабаби боздошти рӯзноманигор китоби дар соли 2019 навиштаи ӯ бо номи “Муҳаммад (с) ва терроризм” будааст.

Муаллифони ин иттилоъ бо нашр кардани чанд акс аз ин китоб гуфтанд, Шарифов дар ин рисола аз донишманди мисрӣ Юсуф Қарзовӣ ва яке аз муаллифони назарияи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуи “Ихвон-ул-муслимин” Сайид Қутб иқтибос овардааст. Аммо баъди ду рӯз, 31 январ муаллифони ин паём навиштаҳои худро пок карданд.

Танҳо бо гузашти панҷ рӯз, 1 феврал вобаста ба ин қазия шарҳи расмӣ садо дод. Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” эълом кард, Далер Шарифов “дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”.

Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз ozodi.org
Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз ozodi.org

“Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарифов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи  пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни “Ихвон-ул-муслимин” (“Бародарони мусулмон”), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд”,-омадааст дар изҳорот.

Мехмоншоҳ Шарифзода. Акс аз саҳифаи ӯ аз Facebook аст
Меҳмоншоҳ Шарифзода. Акс аз саҳифаи ӯ аз Facebook аст

Донишманди тоҷик Меҳмоншоҳ Шарифзода, ки ба ин китоб пешгуфтор навиштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин китобча аслан навишта ва гуфтаҳои мутафаккирон ва нависандагони машҳури Шарқу Ғарб дар бораи шахсияти паёмбари Ислом аст, на чизи дигар.”

Таҷрибаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои овардани иқтибос аз ягон китоб дар Тоҷикистон аз ин пеш тақрибан вуҷуд надоштааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ҳуқуқшиносон дар феҳристи адабиёти мамнӯъи ВКД китобҳои зикршудаи Юсуф Қарзовӣ ва Сайид Қутб нестанд.

Вокуниши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон

Нуриддина Қаршибоева. Акс аз CABAR.asia
Нуриддина Қаршибоева. Акс аз CABAR.asia

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонад. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари ин анҷуман ба CABAR.asi гуфт, ин қазия боиси нигаронӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, боздошти Далер Шарифов ба озодии баён ва гуногунандешии сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад. 

Дар ҳамин ҳол бархе созмонҳои рӯзноманигорӣ дар ин қазия хомуширо ихтиёр кардаанд. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Бахтиёр Ҳамдам ба CABAR.asia гуфт, ин қазияро бо аъзои шӯро баррасӣ карда, пасон андешаи худро иброз медорад.

Боздошти Далер Шарифов баъзе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ нигарон кардааст. Бархе аз онҳо мегӯянд, аз оғози боздошт ҳуқуқҳои рӯзноманигор поймол шуданд.

Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз CABAR.asia
Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз CABAR.asia

Ҳомии маъруфи ҳуқуқ ва роҳбари созмони “Перспектива+” Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, бар асоси қонун вақте шахс боздошт мешавад, бояд иҷоза дошта бошад, ки ба наздиконаш занг бизанад. Ба гуфтаи ӯ, шахси боздоштшуда бояд фавран бо вакили дифоъ таъмин карда шавад. Бобоназарова бар ин аст, ки ба ҳабси пешакии Далер Шарифов ҳеч зарурат набуд, зеро ин рӯзноманигор барои ҷомеа шахси хавфнок нест.

Ҳуқуқшинос инчунин мегӯяд, агар мақомот воқеан ба гунаҳкор будани Далер Шарифов мутмаинанд, пас бояд ба рӯзноманигорон иҷоза медоданд, ки дар мурофиаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ ҳузур пайдо мекарданд.

Фишор ба расонаҳо

Ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ солҳои ахир фишор ба расонаҳо дар Тоҷикистон суръат гирифтааст. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо, даъват ба мақомот барои “суҳбат”, надодани иҷозатномаи кор ё аккредитатсия, таҳдиди боз кардани парвандаи ҷиноӣ аз роҳҳои фишор маҳсуб меёбанд.

Соли 2018 дар вилояти Суғд Хайрулло Мирсаидов, ки ба расонаҳо аз суиистифодаи мансаб аз ҷониби мансабдорон хабар дод, барои 12 сол равонаи зиндон шуд. Баъдан, ӯ мавриди афв қарор гирифт ва ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад.

Хайрулло Мирсаидов. Акс аз саҳифаи  шахсии ӯ аз Facebook.com аст
Хайрулло Мирсаидов. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ аз Facebook.com аст

Мавриди таъкид аст, ки алайҳи Мирсаидов низ бо моддаи 189 парванда боз шуда буд. Ҳуқуқдонҳо қаблан гуфта буданд, ки ин моддаи Кодекси ҷиноӣ характери норавшанӣ дорад ва ба мансабдорон имкон медиҳад, мунтақидони мақомотро таъқиб кунанд.

Хайрулло Мирсаидов ахиран бо пахши як изҳорот дар Фейсбук гуфт, мақомот натавонистанд собит кунанд, ки ӯ даст ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ задааст. Ӯ муътақид аст, бо шарофати вокуниши ҷомеа ба озодӣ баромад.

“Он вақт ҷомеаи ҷаҳонӣ маро дастгирӣ кард ва ҳоло ман дар озодӣ қарор дошта, фаъолияти рӯзноманигориро идома медиҳам”,-изҳор дошт Хайрулло Мирсаидов.

Раҷаби Мирзо. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ аз Facebook.com аст
Раҷаби Мирзо. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ аз Facebook.com аст

Аз ин рӯ, Мирсаидов ёрӣ ба ҳамкасбони дигарро, ки дар вазъи сангин қарор доранд, қарз мешуморад.

“Ин дастгирӣ барои Далер Шарифов ва хонаводаи ӯ ҳаётан муҳиманд”,-таъкид намуд вай. 

Ба таъкиди рӯзноманигори шинохта Раҷаби Мирзо, чунин иттиҳом “метавонад ба муқобили ҳар нафари озодандеш истифодаву сӯистифода гардад”. 

Ӯ меафзояд, маҳз ҳузури одамони озодандеш “дар кӯчаҳои Душанбе маънии таҳаммулпазирии расмиро дорад”.

“Онҳоро тоқат кунед, агар садоқате ба арзишҳои демократӣ ва ҳукумати қонун доред”,-изҳор дошт Раҷаби Мирзо.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: