© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Педофилия дар Тоҷикистон: ҷинояте, ки ошкор карданаш душвор аст

«Вақте аз духтарам фаҳмидам, ки ҳамсояи 65-солаи мо ӯро ба таҳхона бурда ва амалҳои ношоистае нисбат ба ӯ анҷом додааст, дигар натавонистам тоқат кунам. Дасти духтарамро гирифтам ва ҳамроҳ ба шуъбаи корҳои дохилӣ рафтем, то ариза нависем» – ин нақли падарест, ки духтари ноболиғаш қурбонии рафторҳои шаҳвонии ҳамсоя шудааст. Духтари ин мард яке аз даҳҳо кӯдакест, ки ба гуфтаи волидонашон, қурбонии озори ҷинсӣ ва паёмадҳои манфии он шудаанд, ки то охири умр онҳоро дунбол мекунад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Акс аз ozodi.org
Акс аз ozodi.org

Таҳқиқи рӯзноманигории мо нишон дод, ки ноболиғон дар Тоҷикистон на танҳо дар баробари озори ҷинсӣ, балки дар ҳамаи мавориди дигар осебпазиранд – ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо ҳануз ҳам кору кӯшиши зиёде мехоҳад. Яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи ноболиғоне, ки дучори озори ҷинсӣ шудаанд, “хомӯшӣ” ва ё пинҳон доштани ин мушкилот аз сӯи худи ҷомеа мебошад. Ба андешаи равоншиносон, дар ҷомеаи Тоҷикистон маворидеро метавон мушоҳида кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бадном ё “доғдор” шудани духтароне дучори озори ҷинсӣ шудаанд, дар ин бора садо баланд намекунанд. 

«Вақте духтарам гуфт, ки чи тавр ӯро таҳхона бурд…»

 Мавриди таҷовуз, озори ҷинсӣ ва дигар аъмоли ношоиста нисбат ба ноболиғон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва барои инъикоси ин мушкил мо тасмим гирифтем яке аз онҳоро ба таври муфассал баён кунем. 

 Тақрибан ним сол аст, ки волидони А. мехоҳанд озордиҳандаи духтари ноболиғашонро ба маҳкама кашанд. Асноди расмие вуҷуд дорад, ки номҳои кӯдак, волидони ӯ ва шахси гумонбарро, ки як додраси собиқ аст, таъйид мекунад. Аммо бо мулоҳизоти ахлоқӣ ва ба хотири ин ки парванда пушти дарҳои баста дар ҳоли баррасӣ аст, ин номҳо ифшо намешаванд. 

 Духтари осебдидаро, ки мо аз ӯ ба далоили ахлоқӣ А. ном мебарем, аз моҳи июни соли 2019 дучори афсурдагӣ шудааст. Дар ин бора волидонаш хабар доданд.

 Ӯ пештар кӯдаки хеле ороме буд ва чун дигар ҳамсолонаш рӯзҳояшро дар бозӣ бо дӯстон мегузаронд, – мегӯянд волидонаш.

Н.М. падари ин қаҳрамони ноболиғи мо, мегӯяд марди гумонбаре, ки қаблан додрас (судя) будааст, дар як бинои чандошёна бо онҳо зиндагӣ мекунад. Аз ин ки духтараш аз моҳи март то июн чандин бор аз ҷониби ин шахс мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта, ӯ танҳо пас аз чаҳор моҳ хабар ёфтааст. 

 «Вақте ин овозаҳоро шунидам, аз духтарам пурсидам, ки ин оё воқеъият дорад, ӯ аввал иқрор накард. Он замон ӯ ба ман танҳо аз ду маврид хабар дод, бори аввал вақте ки он мард ба андомҳои таносулияш даст зада ва дафъаи дигар вақте ки ӯро ба таҳхона бурдааст. Баъди шунидани ин гапҳо дигар чизе напурсидам ва рост рафтам ба шуъбаи корҳои дохилӣ ва ариза навиштам»,- мегӯяд падари ин ноболиғ.

Н.М. идомаи қиссаро замоне шунид, ки духтараш ба кормандони пулис нақл кард. Ба гуфтаи падари ин духтарбача, беш аз панҷ бор ӯ мавриди рафторҳои шаҳватомез қарор гирифтааст. 

Таҳқиқи мо дар бораи ин қазия бар асоси асноди парвандаи ҷиноӣ ва суҳбатҳо бо хешовандони ҳарду тараф сурат гирифтааст. Дар асноди парванда омадааст, ки гумонбари 65-сола нисбат ба ин духтари ноболиғ амалҳои ғайриахлоқиро чандин маротиба дар таҳхонаи худ анҷом додааст. Гумонбар муттаҳам шудааст, ки ин рафторҳои шаҳвониро нисбат ба А. “замоне анҷом додааст, ки аъзои хонаводаи ноболиғ дар хона набуданд».

Худи гумонбар ба иттиҳоми даст доштан дар рафторҳои шаҳватомез нисбат ба фарде ноболиғ дар боздоштгоҳ (СИЗО) аст ва ба ин далел рӯзноманигор муваффақ нашуд ба ӯ дастрасӣ пайдо кунад. 

Гумонбар дар боздошгоҳи муваққатӣ (СИЗО) дар Душанбе қарор дорад. Акс аз Asia-Plus
Гумонбар дар боздошгоҳи мувақатӣ (СИЗО) дар Душанбе қарор дорад. Акс аз Asia-Plus

Аммо маълум аст, ки гумонбар худро гунаҳкор намедонад. Аъзои хонаводааш аз суҳбат бо мо дар ин бора қотеъона худдорӣ карданд. 

Ҳамсари фарди гумонбаршуда, ки тахассусаш ҳуқуқдон аст, дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст,  шароите,  ки ноболиғ А. тасвир мекунад, метавонад  сохтаю бофтаи ин духтар бошад. Хешовандони гумонбар дар навбати худ мегӯянд, агар А. мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта бошад, пас чаро бидуни тарс ба хонаашон меомад?!

Бори дуввум аст, ки парвандаи рафторҳои шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ А. дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад. Бори аввал баррасии парванда дар моҳи сентябр бо баргузории чанд ҷаласа сурат гирифта буд. Аммо ба гуфтаи падари ноболиғ, пас аз он ки қазия расонаӣ шуд, додгоҳ парвандаро ба додситонии шаҳри Душанбе равон кард. Он замон падари ҷабрдида шикоят карда буд, ки иттиҳомот алайҳи фарди гумонбар тағйир дода шудааст. 

Н.М. мегӯяд, ки дар оғоз бар асоси шикояти ӯ аз 25-уми июни соли 2019 тибқи моддаи 139, қисми 4, банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ ё барои «рафтори дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахсе, ки ба синни 14 нарасидааст» парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Дар ин модда аз 15 то 20 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ба гуфтаи падари духтар, додситонии шаҳри Душанбе пас аз интиқоли парванда аз додситонии ноҳияи Фирдавсӣ, иттиҳоми аввалияро тағйир дода ва моддаи 142, қисми 2, банди «г»-ро ҷогузини моддаи қаблӣ кардааст. Мувофиқи ин модда, барои «рафтори шаҳвонӣ нисбат ба афроде, ки ба синни 14 нарасидаанд» аз 2 то 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳоле, ки тибқи иттиҳоми қаблӣ гумонбарро аз 15 то 20 сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекард. 

Дар додситонии шаҳри Душанбе, ки ин қазия таҳқиқ шудааст, масъулин аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Мо рӯзи 17-уми октябри соли 2019 ба номи Хайрулло Саидзода, додситони шаҳри Душанбе, дархости расмӣ фиристодем ва аз ӯ хостем, ки ба пурсишҳои мо дар бораи парвандаи рафторҳои шаҳватомез нисбат ба фарди ноболиғ А. посух бидиҳад. Аз ҷумла мо мехостем дақиқ кунем, ки оё дарвоқеъ иттиҳом алайҳи гумонбар аз моддаи 139 қисми 4 ба модаи 142 қисми 2 банди «г» иваз карда шудааст? Агар воқеъан ин тағйир сурат гирифта бошад, пас ин тасмим бар чи асосе гирифта шудааст?

Аммо пас аз се ҳафта додситонии шаҳри Душанбе дар посух ба номаи мо аз шарҳи қазия худдорӣ кард. Дар номаи додситонӣ бо имзои Ҷаъфарӣ Н. муфаттиши шуъбаи ҷиноятҳои махсусан муҳимми додситонии шаҳри Душанбе омадааст:

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Акс аз ozodi.org
Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Акс аз ozodi.org

“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати А.П-ро мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода, пас аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятии мазкур ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол намудааст. Бинобар  ин, барои гирифтани маълумот вобаста ба парвандаи ҷиноятии мазкур Шумо ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намоед.”

Аммо дар фикри айбдории Додситонии шаҳри Душанбе аз рӯзи 20 августи соли 2019 дар бораи ин қазия ишора шудааст, ки дар кирдори марди гумонбар амалҳои ҷиноии моддаи 139-и Кодекси ҷиноӣ ё “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати шахси баръало ба синни 14-сола нарасида” дида намешавад. 

“Бо ин кирдорҳои қасдонаи худ А. П. ҷинояти дар моддаи 142 қисми 2 банди “Г”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 139 (Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва 140 (Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ) ҳамин Кодекс пешбинӣ мекунад, содир намудааст.”

 6-уми декабри соли 2019 падари ҷабрдида баъд аз ду моҳ аз суҳбати авваламон ба мо хабар дод, ки пас аз ирсоли дубораи парванда ба додситонӣ модлаи 142 дубора ба 132 иваз карда шудааст.

 «Вақте додситонӣ парвандаро бори дувум бознигарӣ кард ва моро барои имзо гузоштан даъват намуд, муфаттиш нишон дод, ки иттиҳом дарвоқеъ бар асоси модаи 139 матраҳ шудааст. Ҳамчунин, такроран муоинаи равоншиносӣ анҷом шуд» -мегӯяд падари ноболиғ. 

Парвандаи мазкур дубора ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол шуд. 6-уми декабри соли 2019 масъулини додгоҳ тасдиқ карданд, ки парвандаи ҷиноятӣ дар бораи рафторҳои шаҳватомез нисбат ба ноболиғ А. дубора ба дасти онҳо расидааст. Аммо қозии парванда ба мо гуфт, ки ҳеҷ маълумотеро дар ин бора ба мо нахоҳад дод ва ҳатто ба ҷаласаи додгоҳ моро роҳ намедиҳад. Ба гуфтаи қозӣ ба далели ҳимоят аз ҳуқуқи ноболиғ баррасии парванда пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт ва ба ҷаласа танҳо афроди марбут ба он ширкат хоҳанд кард. 

Парвандаи ноболиғ А. баъд аз расонаӣ шудан таваҷҷуҳи ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро ҳам ҷалб кардааст ва ӯ мегӯяд, ки ин қазияро пайгирӣ мекунад. Раҷабмо Ҳабибуллозода,ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, дар посух ба номаи мо гуфт, ки бо дархости волидони ноболиғ дар ҷаласаҳои додгоҳ намояндаи ваколатдор ширкат хоҳад кард. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфт, ки онҳо ҳақ надоранд, дар ҷараёни тафтишот ва муҳокимаи додгоҳӣ дахолат кунанд, аммо волидони ноболиғ ҳақ доранд ба ваколатдор муроҷиат кунанд.

Қазияи ноболиғ А. феълан дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ идома дорад ва ҳарфи ниҳоиро дар ин бора додгоҳ мегӯяд. Албатта мо ҳаққи пурра гунаҳкор кардани фарди гумонбар дар ин ҳодисаро надорем, аммо тадқиқоти мо, хулосаи равоншиносон ва муфаттишон ба он ишора мекунад, ки ноболиғ А. мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Ҳоло дақиқан, ки ба ин ноболиғ дастдарозӣ кардааст, дар ниҳоят додгоҳ маълум мекунад.  

 «17,5 сол ҳабси як омӯзгор ба ҳамин иттиҳом»

Қазияи ноболиғ А. танҳо қазияи марбут ба рафтори шаҳватомез нисбат ба ноболиғон дар Тоҷикистон нест. Дар бораи чунин ҷиноятҳо расонаҳои Тоҷикистон дар гузашта зиёд гузориш кардаанд, чанд нафар боздошт ва барои озори ҷинсӣ ва дастдарозӣ ба ноболиғон маҳкум шудаанд.

Аз ҷумла як омӯзгор дар шаҳри Норак моҳи октябри соли равон бо иттиҳоми “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” нисбати як шогирдаш ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳарчанд наздикони ин омӯзгор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ айбномаро беасос номида, гуфтаанд,  омӯзгор барои табрик кардани толибаи худ барои ғалаба дар мусобиқаи шоҳмот гирифтори додгоҳ шуд. Фарзандони Мирзохон Алиев ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ба падари онҳо “туҳмат шудааст” ва додгоҳ бояд ҳукмро бознигарӣ кунад. “Онҳо мегӯянд, даъво пас аз он оғоз ёфт, ки Мирзохон Алиев дар моҳи апрели имсол баъд аз пирӯзии шогирдаш дар мусобиқаи шоҳмот дасти ӯро фишурда ва гӯиё ӯро бӯса кардааст,”-менависад манбаъ.

Инчунин рӯзи 21-уми ноябр Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мард бо иттиҳоми таҷовузи як ноболиғи 8-сола хабар дод. Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Рамазон Салимов сокини 38-солаи ноҳияи Вахш, ки бар асоси қонуни афв озод шуда буд, барои таҷовуз ба номуси як ноболиғ дубора боздошт кардааст. Мақомот Салимовро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар заминҳои деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш як ноболиғро, ки ба чаронидани чорво машғул буд бо фиреб ба дохили заҳкаш бурда, ба ӯ амалҳои бадахлоқона кардааст. Назари Рамазон Салимов феълан дар бораи ин ҳодиса дастрас нест ва маълум нест, ки ӯ ба ин иттиҳом то куҷо розӣ аст. 

«Агар дар ин бора ошкоро гӯям, касе бо ӯ издивоҷ намекунад» 

Мушкили озори ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон барои ҷомеаи Тоҷикистон масъалае ҳассос аст. Мавориди таҷовуз ва бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон дар Тоҷикистон дар расонаҳо кам бозтоб меёбад.

 Бар асоси иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир додгоҳҳо 9 парвандаи таҷовуз ба ноболиғонро баррасӣ кардаанд. Дар посух ба дархости мо гуфта шуда, ки дар ин парвандаҳои ҷиноӣ 12 ноболиғ ба унвони қурбонии озори ҷинсӣ ширкат доранд. Мақомоти Додгоҳи олӣ мегӯянд, ки онҳо дар бораи ноболиғон танҳо маълумотеро гирдоварӣ кардаанд, ки ба мавориди таҷовуз бар асоси моддаи 138-и Кодекси ҷиноӣ рабт дорад. Вале омори бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба кӯдаконро онҳо ҷамъоварӣ намекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гузашти як моҳ ба дархости расмии мо ҷавоб надод. Масъулини ВКД гуфтанд, ки ҷавоб ҳанӯз омода нест. Дар ҳоле ки тибқи қонун муҳлати посух ба мактуб на бояд бештар аз 30 рӯз аз замони пешниҳоди он тӯл кашад. Агар иттилои зарурӣ дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нашавад, тӯли ҳафт рӯзи корӣ ба муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ сабаби дер ҷавоб додан бояд шарҳ дода шавад. Дар ин огаҳинома бояд сабабҳои таъхири мактуби ҷавобия ва муҳлати пешниҳоди иттилоъоти дархостшуда оварда шавад. Бар асоси модаи 13-и қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» муҳлати ирсоли посух ба дархост барои итилоъот набояд аз 15 рӯз бештар тӯл кашад.

Ба назари афроди огоҳ, арзёбии мушкили озори ҷинсии ноболиғон танҳо аз рӯи омори расмӣ ғайримумкин аст, зеро ба гуфтаи равоншиносон, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, бархе аз волидон саъй мекунанд ин мушкилро пинҳон нигаҳ доранд.

Наргис Тоймастова, равоншиноси маркази “Алифбои шахсият”. Акс аз бойгонии шахсӣ.
Наргис Тоймастова, равоншиноси маркази “Алифбои шахсият”. Акс аз бойгонии шахсӣ.

Наргис Тоймастова, равоншинос аз маркази “Алифбои шахсият” ба шаҳрвандон машваратҳои равонӣ медиҳад.

“Дар деҳот ин мушкил ҳассостар аст. Чун дар онҷоҳо ҳама ҳамдигарро мешиносанд. Онҳо эҳтимолан дар шароите зиндагӣ мекунанд, ки баъд аз расидан ба синни балоғат касе бо чунин духтарон издивоҷ намекунад. Албатта мо наметавонем волидонро водор кунем, ки кори муайяне анҷом диҳанд, фақат тавсия медиҳем, ки ба ниҳодҳои қудратӣ муроҷиат кунанд. Касе, ки нисбат ба як фарди ноболиғ ҷинояти ҷинсӣ анҷом дод, фардо метавонад ин амалро дар мавриди дигаре ҳам такрор кунад,” – мегӯяд равоншинос.

 “Дигар инки наврасонро фиреб додан осонтар аст. Боз гирифтори бемории педофилия ҳастанд, ки бештар ба кӯдакон хуфтухоб кардан мехоҳанд. Онҳо дар хурдсолиашон шояд озори ҷинсӣ дида, аз ин ҷиҳат мушкили равонӣ доранд. Баъзе вақт вазъиятро дарк намекунанд. Ягон чизро мебининад ва баҳона мешавад, ки даст ба амалҳои бадахлоқӣ мезананд,”-мегӯяд равоншинос.

“Ҳуқуқшинос: Қонунгузорӣ бояд ислоҳ шавад”

Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ". Акс аз бойгонии шахсӣ.
Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”. Акс аз бойгонии шахсӣ.

Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки чандин парвандаҳои вобаста ба ноболиғонро пайгирӣ кардааст мегӯяд, кодекси мурофиавии ҷиноятӣ барои бозпурсии ноболиғони ҷабрдида ва шоҳид дар рафти тафтишоти пешакӣ ва ҳам дар додгоҳ тартиби махсусеро пешбинӣ намекунад.

Хонум Раҳмонова афзуд, “кафолати давлатӣ барои расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ, ки дар қонун “Дар бораи ҳимояти ҳуқуқи кӯдак” омадааст, танҳо ба кӯдакони ятим ва бепарастор дахл дорад. Дар Тоҷикистон қонуни махсусе амал мекунад, ки ба ҳимояти иштирокдорони парвандаҳои ҷиноӣ равона шудааст. Вале мутаассифона, чораҳое, ки дар ин қонун пешбинӣ шудаанд, дар бештари маврид ба ҳимояти калонсолон равона гашта, барои ноболиғони ҷабрдида ва шоҳиди ҷинояткорӣ бо назардошти манфиат ва талаботи хурдсолон мутобиқ карда нашудаанд.”

Ба таъкиди Гулчеҳра Раҳмонова, агар ин масъалаҳо дар қонунгузорӣ ислоҳ шавад, мумкин дар самти ҳифзи ноболиғоне, ки ба амалҳои бадахлоқона рубарӯ шудаанд беҳбудӣ шавад.

Тадқиқоти журналистии мо муайян кард, ки ноболиғон дар баробари падидаҳои озору азияти ҷинсӣ осебпазир мебошанд. Беназорат гузоштан, бо истифода аз фиреб ё зӯрӣ ва аз дигар роҳҳо ноболиғон мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор мегиранд. Ошкор шудани онки як наврас мавриди таҷовуз ё ҳаракатҳои бадахлоқона сурат гирифтааст метавонад дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ӯ ва волидайнашро ангуштнамо кунад. Ҳарчанд ноболиғон нахоста қурбони таҷовузи ҷинсӣ қарор мегиранд. Инчунин  дар Тоҷикистон таблиғоти дурусте ба роҳ монда нашудааст, то аҳолӣ аз ошкор кардани ҳодисаҳои озори ҷинсии фарзандонашон натарсанд. Ҳаддиақал бояд ба мардум фаҳмонд, ки агар фарзанди онҳо ба ҳолати таҷовуз ба номус ё бадахлоқӣ рубарӯ шудааст бояд ба мақомот муроҷиат намуд.


Ин тадқиқоти журналистӣ дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: