© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Панҷ афсонаи паҳншуда дар бораи экология

Дар бораи партовҳои дуоксиди гази карбон, ифлосшавии пластикии сайёра, гармшавии глобалӣ ва мушкилоти экологиро натанҳо экологҳо дар ҷаҳон оғоз карданд. Одамони зиёде ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд тарзи ҳаёти бошууронаи экологиро пеш баранд. Аммо баъзан бо мақсади ба табиат кӯмак кардан, одамон амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки натанҳо барои рафъи буҳрони экологӣ ёрӣ намедиҳанд, балки ба сайёра зарар мерасонанд.

Дар ин мавод мо панҷ афсонаи васеъ паҳншудаи маъруфи экологиро барҳам дода,  дар хусуси он ки чӣ тавр ҳар инсон метавонад дар ҳифзи табиат саҳмгузор шуда, тарзи ҳаёти бошууронаро пеш барад, маслиҳатҳо ҷамъоварӣ намудем.

Шикорчиён – сабаби нобудшавии намудҳои нодири ҳайвонот

Шикорчиён шикори ҳаёвоноти нодирро ва ба хона овардани чунин туҳфаҳоро, ба мисли шох, сум, дандон, пӯст дӯст медоранд. Аз нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки ин гуна завқ ба нестшавии намудҳои нодири ҳаёвонот таҳдид мекунад. Аммо дар асл, ин навъи шикор ба мардуми маҳаллӣ дар ҳифзи олами ҳайвонот ва самаранок идора кардани муҳити зист кӯмак мекунад. Шикорчиёни воқеӣ барои паррондани ҳайвонот иҷозатнома мегиранд. Масалан, иҷозатнома барои шикори г­ӯсфанди Марко Поло аз 55 ҳазор сомонӣ (4 800 доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Ҳамасола, давлат тақрибан 6-7 миллион сомонӣ (500-600 ҳаҳор доллари ИМА) барои иҷозатномаи шикори чор намуди ҳайвоноти нодир даромад ба даст меорад. Давлат барои ҳифз, назорат ва барқарорсозии саршумори ҳайвонот 40%-и пули шикорчиро сарф мекунад. Илова бар ин, аксар шикорчиён ҳайвоноти пирро туъмаи худ интихоб мекунанд, ки ба афзоиши саршумор муосидат намекунанд ва ба зудӣ мемиранд, инчунин нисбат ба ҳайвоиоти ҷавон аз калонсоли он туҳфаи арзишнок гирифтан мумкин аст. Аз нуқтаи назари табиат, нигаҳдории намуд аз ҳифзи фардӣ муҳимтар аст. Ва қурбонии фардӣ дар ин ҳолат барои наҷоти аҳолӣ кӯмак мекунад. Азбаски шикор чанд рӯз идома меёбад, дӯстдори туҳфа барои меҳмонхона, хӯрок, мошин, роҳбалад ва ғайра пардохт мекунад, ин пул ба ҷомеаи маҳаллӣ барои зиндагии  бароҳат ва мубориза бо шикорчиёни ғайриқонунӣ кӯмак мекунад. Воқеан, охирин ба Китобҳои Сурх таҳдид мекунад. Онҳо ҳазорҳо ҳайвонотро нест мекунанд ва ба ҳеҷ  ваҷҳ танзим намешаванд. Муфассал инҷо хонед:  Шикори ҳайвоноти Китоби Сурх дар Тоҷикистон

Мошинҳои электрикӣ ба табиат зарар намерасонанд.

Дар муқоиса бо мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз мошинҳои электрикӣ воқеан ба муҳит гази зараровар намебароранд ва нисбатан оромтар кор мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо як ҳалли бехатарии экологӣ барои сайёра мебошанд. Барои арзёбӣ кардани зарари ба мошини барқӣ зарур аст, ки тамоми давраи ҳаёти мошин – аз офаридани он то партофтан ба назар гирифта шавад.  Барои истеҳсоли як мошини электрикӣ 8,8 тонна партовҳои СО2 ба муҳит, тақрибан 4 тонна барои истеҳсоли аккумуляторҳоро ташкил медиҳад. Зимнан, барои тавлиди як мошини маъмулӣ бо муҳаррики дарунсӯзи дохилӣ ҳамагӣ 5,6 тонна партови гази карбон лозим аст. Мошинҳои электрикӣ бештар қувваи барқ истеъмол мекунанд ва гузариши комили аҳолӣ ба ин навъи мошин боиси афзоиши нерӯгоҳҳо мегардад, ки дар ниҳоят боиси афзоиши партобҳои моддаҳои зараровар ба атмосфера мегардад. Арзиши экологии мошинҳои электрикӣ барои як кишвари алоҳида баландтар хоҳад буд, агар мошинҳо дар хориҷа истеҳсол карда шаванд ва нерӯи барқ барои пур кардани батареяҳо аз манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршаванда гирифта мешавад. Мисоли кишварҳое, ки мошинҳои барқи ворид мекунад ва аз манбаъҳои барқароршаванда энергия истеҳсол мекунад, Норвегия аст. Дар ин ҳолат, мошинҳои барқӣ амалан ба табиати кишвар зарар намерасонанд. Аммо дар миқёси сайёра дар бораи тозагии экологии мошини электрикӣ сухан гуфтан дуруст нест. Ҳамчунин фаромӯш набояд кард, ки аккумуляторҳо барои нерӯи машинҳо бояд дуруст партофта шавад, зеро шумо наметавонед онҳоро ба партовгоҳ партоед. Батареяҳо дорои моддаҳои хатарнок – магний, симоб, тунука, сурб, никел ва ғайра мебошанд, ки вобаста ба ҳаҷми онҳо даҳҳо ва садҳо метри мураббаъ хокро заҳролуд мекунанд. Мутаассифона, имрӯз на ҳама кишварҳо дорои имконоти техникии партофтани батареяҳои литий-ион ва литий-полимериро доранд. Муфассал инҷо хонед: Гӯр кардан ва фаромӯш кардан: чӣ тавр Тоҷикистон бо афзоиши партовгоҳҳо «мубориза мебарад».

Хулоса: барои он ки ба табиат кӯмак расонем, бояд аз сафарҳои нозарур бо дилхоҳ автомобил даст кашид. Аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва ёвелосипед истифода баред ва аз рӯи имконият пиёда роҳ гардед.

Халтаҳои қоғазӣ нисбат ба халтаҳои пластикӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд

Барои аз байн бурдани ин афсона, мо ҳамон равишеро истифода мебарем, ки дар боло аст – мо тамоми давраи ҳаёти маҳсулотро таҳлил мекунем. Барои истеҳсоли халтаи қоғази пойдор аксар вақт на қоғази истифодабурда, балки ҳезуми тару тоза, дароз ва дорои маводҳои кимиёвии гуногун истифода мешавад. Дар сохтан ва коркарди халтаҳои қоғазӣ нисбат ба сохтани халтаҳои пластикӣ 91% бештар қувваи барқ ва 20 маротиба бештар об сарф мешавад. Моддаҳои кимиёвие, ки барои гарм кардани тарошаҳои ҳезум лозиманд, оби корхонаро заҳролуд мекунанд ва борони кислотаро ба вуҷуд меорад.  Истеҳсоли як халтаи қоғазӣ аз рӯи миқдори захираҳои сарфшуда ва тавлиди партовҳои зараровар ба истеҳсоли чанд халтаи полиэтиленӣ баробар аст. Ягона роҳи ҷуброн кардани номутавозунӣ чанд маротиба истифода бурдани халтаи қоғазӣ мебошад. Аммо ин мантиқро метавон дар халтаҳои пластикӣ низ амалӣ кард, на партофта, то фарсуда шуданашон истифода бурд. Ҳарчанд, мушкили таҷзияи пластикӣ пас аз истифода  аз байн намеравад. Алтернативаи қоғаз ва пластика – ин халтаҳои бисёристифодашавандаи катонӣ – «харидорон» аст, ки воқеан пойдор ва табиатан биологӣ аст.

Буридани дарахтони куҳнаро метавон бо шинонидани ниҳолони нав ҷуброн кард

Мантиқан монанди гурда ва ҷигар дар бадани инсон, ҷангалҳо ҳамчун филтр амал мекунанд – онҳо ҳаворо тоза мекунанд ва хокро аз эрозия муҳофизат мекунанд. Ҷуброн кардани як дарахти куҳансолро бо панҷ ниҳол чуброн кардан ғайриимкон аст – зеро ниҳолҳои нав наметавонанд ҳаворо хунук ва намнок кунанд, хокро ба ҳамон андоза аз худ кунанд ва албатта наметавонанд ҳамчун заминаи ғизо ва макони зист барои ҳайвонот хизмат кунанд.  Зеро ниҳолони нав дар аввал он миқдори биомасси сабз надоранд, дарахти пир дар тӯли даҳсолаҳо ба даст овардааст. Маҳз биомасса ба муҳити зист манфиатовар аст, на шумораи навниҳолон. Агар мо дар хусуси ҷангалҳои сабз сухан ронем, пас буридани ҷангал боиси вайроншавии ҷиддии гуногунии биологӣ мегардад.  Дар он минтақаҳое, ки одамон ба онҷо даст нарасонидаанд, онҷо намудҳои нодири наботот ва ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Одам аз ҷангалҳои боқимонда халос шуда, макони зисти онҳоро кам ва барои ҳама ҷисмҳои зинда хатар эҷод мекунад. Шинонидани дарахтони нав, албатта, зарур аст, аммо барои он ки онҳо иқтидори худро пурра «ошкор» кунанд, солҳои зиёд интизор шудан лозим аст. Аз ин рӯ. Дар баробари кабудизор кардани майдонҳо буридани дарахтони куҳнаро то ҳадди имкон кам кардан лозим аст.

Бо харидани маҳсулоти тамғаҳои «эко», «био», «экологӣ», «таббиӣ», ман ба ҳифзи табиат кӯмак мекунам

Дар соли 2014 ширкати таҳлилии Nielsen  сокинони 60 кишвари дунёро пурсидааст, ки оё онҳо омодаанд барои маҳсулоти ширкате, ки ваъда медиҳа ба рушди ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд, бештар пардохт кунад. Қисми бештар (55%) пурсидашудаҳо барои маҳсулоти «аз ҷиҳати экологӣ тоза» пули бештар пардохт кунанд,  розигӣ доддаанд  Имрӯз мутаассифона, бозоршиносон хоҳиши харидоронро сӯиистифода карда, тамғаи «аз ҷиҳати экологӣ тоза»-ро ба маҳсулоти худ, ки чунин нест, мечаспонанд. Вақте, талабот ҳаст, пас бояд таъминот низ бошад, аммо воқеият ин аст, ки ширкатҳо бояд равандҳои истеҳсолро комилан аз нав сохта, технологияҳои нав харидорӣ намоянд, ашёи хомро бо алтернативаҳои устувортар иваз кунанд, то партовҳоро коҳиш диҳанд ва миқдори изи карбонро дар атмосфера кам созанд. Илова бар ин, шумо бояд ба мақомоти танзимкунанда исбот кунед, ки маҳсулот воқеан, аз лиҳози экологӣ тоза аст ва сертификат ва тамғагузории мувофиқро гирад. Аммо, барои мисол, дар Тоҷикистон то ҳол тамғаи экологӣ вуҷуд надорад. Кумитаи ҳифзи муҳити зист то ҳол шуъбаи махсусе надорад, ки истеҳсолот ва худи маҳсулотро ташхис кунад. Аз ин рӯ, аксари маҳсулоти ватанӣ, ки истеъмолкунандаи тоҷик дар рафҳои мағозаҳо бо тамғаи «эко», «био» ва ғайра мебинад, кафолати онро надорад, ки маҳсулот аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар бошад.

“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна” таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеъи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад”.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: