© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Коронавирус дар Тоҷикистон: мақомот ҳанӯз азми худро ба намоиш нагузоштаанд

Бо гузашти се моҳ аз пандемияи ҳамагир Covid-19 дар қаламрави Тоҷикистон ҳам пайдо гардид. Коршиносон ҳадс мезананд, дар ҳоле ки ҳамсоякишварҳо давраи шадиди мубориза бо вирусро пушти сар намуда, ором-ором реҷаи карантинро сабук мекунанд, Тоҷикистонро мушкилиҳо дар пешанд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Як рӯз қабл аз боздиди ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мақомоти Тоҷикистон “ногаҳ” якбора 15 ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро ошкор намуданд. 30 апрел дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, зери раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода эълон шуд, 10 ҳолати сироятёбӣ ба Covid-19 дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар Душанбе сабт шудааст. 

Қоҳир Расулзода. Акс аз president.kg
Қоҳир Расулзода. Акс аз president.kg

Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дод, ситод таътили тобистонаи донишҷӯёни солҳои аввал, дуввум ва сеюми муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистонро аз 4 май эълон кард. Баҳои онҳо бо назардошти рейтингҳои гузашта гузошта мешавад. Хатмкунандаҳои муассисаҳои олӣ бошанд, имтиҳоноти худро бояд то 15 май супоранд.

Ситод инчунин пӯшидани ниқоби тиббиро барои тамоми шаҳрвандон ҳатмӣ кард. Ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя Ситод аз ҷорӣ намудани  карантини умумӣ худдорӣ варзид.

Мақомот то имрӯз дар масъалаи мазкур шарҳи бештар намедиҳанд. Дар бораи шахсияти 15 бемори аввали Covid-19 чизе маълум нест. Ба иттилои расмӣба ҳолати 3 май теъдоди гирифторони беморӣба 128 нафар расидааст.

Муроҷиати чандкаратаи рӯзноманигори CABAR.asia ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бенатиҷа буд.

Дар вазорат гуфтанд, бар асоси муқаррарот онҳо тамоми маълумоти марбут ба коронавирусро гирд оварда, пас аз тасдиқ дар дастгоҳи раисҷумҳур шоми ҳар рӯз нашр мекунанд. Бояд гуфт, бар асоси қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, кишварҳо бояд дар мавриди далелҳои ошкор шудани беморони коронавирус давоми 24 соат хабар бидиҳанд.

Эътирофи ҳукумат дар пасманзари нигаронии шаҳрвандон аз фавтҳои мармуз ва вокуниши мақомот ба ин ҳодисаҳо садо дод.

Марги чанд сокини ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки оғози моҳи апрел ба вуқӯъ пайваст, аввалин ҳодисаҳои пурсарусадо буд. Баъди ин, боз чанд нафари дигар бемор шуда ё фавтиданд. Мақомот дар ҳама ҳолат исрор меварзиданд, ки сабаби марг ё бемории онҳо Covid-19 нест. Аммо маросими дафни фавтидаҳоро назорат ва ҷасади онҳоро одамони либоси махсуси ҳифозатидошта дафн мекарданд. Ҳамаи ин сабаби шубҳаву гумонҳо миёни шаҳрвандон шуд ва бисёриҳо мепурсиданд, ки “агар коронавирус нест, пас чунин чораҳо чӣ зарурат доранд?”

Инчунин мутолиа кунед: Тоҷикистон: эпидемияи пневмония ё коронавирус?

Оё иқрори мақомот ба боздиди ҳайати СҶТ рабт дорад?

Эътирофи ситод дар мавриди мавҷуд будани коронавируси нав дар Тоҷикистон дар пешорӯи сафари ҳайати СҶТ, ки 1 май дар нақша буд, сурат гирифт.

Ҷаласаи ахири ҳукумат. Акс аз дафтари матбуоти президенти ҶТ
Ҷаласаи ахири ҳукумат. Акс аз дафтари матбуоти президенти ҶТ

Тахмин зада мешуд, ҳангоми омӯзиши вазъ мутахассисони СҶТ метавонистанд муайян кунанд ки вазъи воқеии Covid-19 тавре нест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд. Дар ин сурат обрӯю эътибори онҳо коста мешуд ва имкон дошт аз дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳрум шаванд.

“Бубинед, пас аз он ки дар бораи сафари ҳайати СҶТ маълум гардид, мақомот ором-ором ҷомеаро ба хабарҳо дар мавриди зуҳури коронавирус омода карданд”,-мегӯяд яке аз коршиносони тоҷик, ки нахост номаш ифшо гардад.

Ба гуфтаи ӯ, 25 апрел Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз таътили дуҳафтаина дар кӯдакистон ва мактабҳо хабар дод. Шоми ҳамон рӯз дар ситоди ҷумҳуриявӣ аз манъ гардидани тамоми чорабиниҳои оммавӣ эълон карданд. Инчунин, содироти орд, гандум, тухм ва равған манъ гардид. 29 апрел дар вилояти Суғд барои марказҳои фароғатӣ, ошхонаву тарабхона, сартарошхона, толорҳои варзишӣ ва дигар иншооте, ки эҳтимоли ҷамъ омадани гуруҳи одамон мавҷуд аст, карантин ҷорӣ шуд.

Вазоратро дар “саҳлангорӣ” муттаҳам карданд

Эътирофи мавҷудияти коронавируси нав мавҷи интиқодҳоро унвонии Вазорати тандурустӣ кам накард. Бархе табибон бар инанд, ки дар вазъияти коронавирусӣ Вазорати тандурустӣ “бесалоҳиятӣ, беҳаракатӣ, ғайриҳирфаӣ ва хунукназарӣ”-и худро ба намоиш гузошт.

“Рӯйдодҳои ахир бесалоҳиятӣ, беҳаракатӣ, ғайриҳирфаӣ ва хунукназарии Вазорати тандурустӣ ва дигар ашхоси масъули ин соҳаро нишон дод. Фикр мекунам, на аз тарафи ман ва на алъон фаъолияти онҳо  арзёбӣ мешаванд”,-навишт табиби Маркази ташхису табобатии “Шифо” Муқаддас Умарова дар саҳфаи Facebook-и худ.

Умарова пешниҳод кард, ки ҳайати Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии Сovid-19 бо “мутахассисони пурэнержӣ ва аз авзоъ бохабар аз ҳисоби эпидемиологҳову сироятшиносон” иваз карда шавад.

“Дар муҳлати кутоҳтарин алгоритми ташхис ва табобати беморони Сovid-19 ва пневмония дар заминаи шӯъбаҳои бемориҳои сироятии шифохонаҳои ҷумҳуриявӣ таҳия шавад”,-пешниҳод мекунад Умарова.

Ӯ инчунин ба зарурати ҳадди аксари шаффофияти низоми огоҳиҳо ва иттилоотонии шаҳрвандон дар бораи теъдоди сироятёфтаҳо ва фавтидаҳо таъкид мекунад.

Корманди дигари соҳаи тиб Аброр Асоев, ки таҷрибаи 20-солаи корро дорад, мегӯяд, Вазорати тандурустӣ вақти бисёр пурарзишеро аз даст дод.

“Аз замони зуҳури ин вирус дар Чин Тоҷикистон барои омодагӣ ба пайдо шудани он дар қаламрави худ тақрибан панҷ моҳ дар ихтиёр дошт. Аммо ба ҷуз чораҳои косметикӣ, монанди манъи парвозҳо ба Чин, кори дигаре анҷом нашуд”,-мегӯяд Асоев.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйдодҳои ҳафтаҳои ахир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар муқобила бо коронавирус ҳатто дар сатҳи кишварҳои ҳамсоя омода нест. Барои мисол, катҳои хоб намерасанд.

“Дар Хуҷанд ҳатто беморхонаи бузургтарини вилоятиро барои бемориҳои сироятӣ ҷудо кардаанд. Дар Душанбе беморхонаҳои “Истиқлол”, “Якум советский”, “Клиникаи Мансуров” пур шудаанд”,-афзуд ӯ.

Ба таъкиди ин табиб, тақрибан ҳар рӯз дар бораи марги одамон бар асари пневмония, ки аломатҳояш ба Сovid-19 “монанд” ҳаст, хабар мерасад.

“Табибон аз нарасидани василаи ҳифозатӣ мегӯянд, одамон аллакай барои духтурон ғизо ҷамъ меоваранд. Ҳамаи он раванди омодашавӣ, ки вазорат аз моҳи январ ба ин сӯ эълон мекард, куҷо шуданд?”,-мепурсад Асоев.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Қаблан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нигаронӣ пурсиданд, ки Вазорати тандурустӣ чӣ гуна якбора 15 афроди сироятшуда ба коронавирусро ошкор намудааст. Онҳо ба ин нукта ишора карданд, ки дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва ҳатто кишварҳои Осиёи Марказӣ пандемия аз сироят ёфтани ду-се нафар оғоз гардида буд.

Аброр Асоев ба ин андешаҳои интиқодӣ розӣ аст.

“Танҳо 29-уми апрел, як рӯз қабл аз боздиди ҳайати СҶТ Вазорати тандурустӣ якбора 15 ҳолати сироятшавиро ошкор мекунад. Магар ин шубҳаовар нест?”,-суол кард Асоев.

Бо вуҷуди эътирофи мавҷудияти коронавируси нав мақомот ҳанӯз барои эълони карантин иқдом накардаанд. Бархе сардухтурони беморхонаҳо мегӯянд, Тоҷикистон метавонад эпидемияро бидуни карантин пушти сар кунад.

Дезинфексия дар Хуҷанд. Акс аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд
Дезинфексия дар Хуҷанд. Акс аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд

Масалан, Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синои Душанбе мегӯяд, одамон бо риояи одитарин қоидаҳои беҳдошт метавонанд аз сироятёбии коронавирус дар амон бошанд.

“Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шӯстани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба ин беморӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеч ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал сартосар кушанда нест”,-гуфт Холиқзода дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ”.

Ба пешгӯии вай, ин пандемия ҳадди аксар то ду моҳ идома меёбад ва “ҷойи воҳима надорад”.

Коршиносон ҷорӣ кардани карантинро дар Тоҷикистон чораи зарурӣ медонанд, аммо шубҳа доранд, ки ҳукумат ба чунин коре иқдом мекунад. Яке аз ҳамсуҳбатони CABAR.asia мегӯяд, бештари одамон дар Тоҷикистон аз ҳисоби даромади рӯзона зиндагӣ мекунанд.

“Ҳукумат фондҳои махсус надорад, ки ба одамон ёрӣ расонад, аз ин рӯ эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки карантин эълон намешавад”,-таъкид мекунад ӯ.


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: