Тоҷикистон 22 соли пеш зери Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки СММ имзо гузошт ва назди ҷомеаи байналмилалӣ ӯҳдадор шуд, аз ҳуқуқи ин қишри осебпазири ҷомеа ҳимоя кунад, дастраси ба таҳсилро барои онҳо фароҳам созад, аз меҳнати сангини онҳо пешгирӣ кунад.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Мақомоти тоҷик зимни ироаи гузоришҳои солона ба Созмони миллаи муттаҳид пайваста таъкид мекунанд, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунанд. Созмонҳои кор бо кӯдакон ҳам иқрор мекунанд, ки дар ин ҳама солҳо Тоҷикистон дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон чанд қадам ба пеш гузоштааст.
Аммо боз ҳам ба назар мерасад дар иҷрои бахше аз уҳдадориҳои худ, аз ҷумла меҳнати сангини кӯдакон, дастрасӣ ба таҳсили духтарон ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ин кившар ба натиҷаҳои чашмрас ноил нашудааст.22 сол пеш, замоне, ки Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро Тоҷикистон имзо гузошт, Сурайё, як сокини ноҳияи Ҳамадонии ин кишвар 1 сол дошт. Кӯдакии ӯ пур аз маҳрумиятҳо, дур аз таҳсил ва мушкили зиёд пушти сар шудааст.
Сурайё мегӯяд, бо хости волидон ҳанӯз дар хурдсолӣ аз таҳсил ва ҳамин тавр аз кӯдакии хубу хуш маҳрум шуд. Тасмими волидон, ки ӯро ҳанӯз ба балоғат нарасида ба шавҳар доданд, ба рӯзгори кӯдакиаш нуқта гузошт. Ӯ бо хоҳиши волидон ҳанӯз дар 13 солагӣ тарки мактаб кард. Замоне, ки ҳамсолони ӯ ба таҳсил дар мактаб идома медоданд, волидони Сурайё омодагиро ба арӯсии духтарашон шурӯъ карданд. Он замон ӯ 17 сол дошт ва аз издивоҷу зиндагии муштарак чизе намедонист. Волидайн ҳам барои ба осонӣ берун кардани ӯ аз мактаб ба тақаллубкорӣ даст заданд.Ҳомиёни ҳуқуқ ин падидаро чун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мебошад.
Лучиано Калестинӣ, раҳбари Бунёди атфоли Созмони миллали муттаҳид, дар ростои рӯзи кӯдак, ки ҳар сол 1-уми июн ҷашн мешавад, дар сӯҳбат бо CABAR.asia гуфт, яке аз мавзӯҳое, ки ҳоло таваҷҷӯҳи ин созмон ба он бештар аст, аз таҳсил дур мондани кӯдакону наврасон, ба вижа духтарон аст.Ӯ ҳамчунин дар ин сӯҳбати худ хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва ба корҳои мухталиф ҷалб шудани онҳоро аз мавзуҳои муҳими дигар хонд, ки бояд барои ислоҳашон таваҷҷӯҳи бештар ва чораандешӣ шавад.
Ин созмон миёни беш аз 6 ҳазор кӯдакону наврасон пурсиш анҷом додааст. Бар пояи ин назарсанҷӣ 43 дар сади кӯдакон гуфтаанд, ки дар давоми чанд моҳи охири зиндагии худ хушунату зӯроварӣ дидаанд. “Онҳо бештар дар кӯча ва мактаб аз ҷониби ҳамсолони худ ва ҳам хонавода мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд. 43 дар сад ин фақат зӯроварии ҷисмонӣ, аммо дар маҷмӯъ кӯдакон ва наврасон ба навъҳои мухталифи хушунат рӯ ба рӯ мешаванд ва мо медонем, ки ин мушкил нав нест ва танҳо хоси Тоҷикистон нест. Мо бояд ба поин бурдани сатҳи он кӯшиш кунем. Зеро зӯроварӣ дар хурдсолӣ, ба сиҳатӣ ва рушди ояндаи кӯдак таъсири манфӣ хоҳад дошт”-гуфт ӯ. Аммо бо ин ҳама, ба гуфтаи Лучиано Калестинӣ, дар давоми 20 соли ахир Тоҷикистон тавонистааст дар чанд бахш ҷиҳати риояи уҳдадориҳои худ дар доираи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак муввафақ шавад. Ӯ дар ин зимн аз вазъи сиҳатии модару кӯдак ва ба вижа фавти атфол ёдовар шуд, ки дар ин муддат ду баробар коҳиш ёфта. Холо аз миёни ҳар 1000 кӯдак 33 нафар мемуранд. Қаблан дар кишвар аз миёни ҳар 1000 кӯдак, то 100 нафар ба сини 5 нарасида мемурд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, даҳҳо барномае барои беҳбуд бахшидани зиндагӣ ва рушди кӯдакон дар кишвар амал мекунад ва аксаран муввафақ низ ҳастанд. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, дар як сӯҳбаташ бо хабарнигорон оид ба иҷроиши конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон дар чанд соли ахир бо қабули санаду барномаҳои мухталиф барои ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи талош дорад. Қонуни масъулияти падару модар ҳам ба гуфтаи ӯ яке аз ин санадҳост. Ба гуфтаи ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, «барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳимояи онҳо аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд». Як талоши чашмгирӣ худ барои беҳбудии вазъи кӯдакон дар Тоҷикистонро мақомот дар таъсиси кумиссиюни ҳуқуқи кӯдак дар соли 2008 медонанд. Соли 2015 порлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» -ро тасвиб кард. Ин аввалин қонуни хос барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон аст. Аммо дар гузориши алтернативии худ оид ба риояи конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, созмонҳои ҳуқуқи башар ба он ишора кардаанд, ки чандин масоили муҳими кӯдакон аз ҷумла мавзӯи шиканҷаи онҳо ва адолати судӣ дар ин қонун рӯшану мушахас нест. Дар гузориши ахири алтернативии Тоҷикистон, оид ба иҷрошавии эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки соли 2017 аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ ба СММ пешниҳод шуд, гуфта шудааст, ки кори Комиссиюни миллии ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар ҳанӯз заъф дорад. Дар гузориш таъкид шудааст, ки натиҷаи кори ин комиссиюн норӯшан ва дастраси омма нест. «Ҳамин тавр дар ҷаласаҳои ин комиссия ҳам намояндагони кӯдакон, ҳам намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат намекунанд,» омадааст дар гузориш. Дар зимн яке аз мавзуҳои мавриди нигаронии созмонҳои кор бо кӯдакон ҳанӯз ҳам ба меҳнати сангин ҷалб шудани кӯдакону наврасони тоҷик аст. Як пажӯҳиши тоза миёни ҳазорҳо навраси аз 10 то 14-сола муайян кардааст, ки беш аз 60 дар сади кӯдакони тоҷик дар канори таҳсил шуғле ҳам доранд, 3 дар сад ҳам бо корҳое машғуланд, ки барояшон даромад меорад. Ба таъкиди созмонҳои кор бо кӯдакон, онҳо бояд беш аз 4 соат дар як рӯз ба кор ҷалб нашаванд, аммо пажӯҳиши ахири Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва Бунёди атфоли СММ муайян кардааст, ки 11 дарсади кӯдакону наврасон ҳамарӯза беш аз 4 соат ба кори хона ҷалб мешаванд, ки ин ҳам як шакли меҳнати кӯдак аст. Тангдастии хонавода Баҳриддини 13 соларо аз шаҳри Душанбе водор кардааст вориди бозори кор шавад. Ӯ мисли даҳҳо дигар ҳамсолонаш дар яке аз бозорҳои шаҳр кор мекунад. Таҳсилашро тарк накардааст, вале ин кори мушкил ба ӯ имкон намедиҳад то ба пуррагӣ ба дарсаш бирасад.Аммо Сурайё ҷавоне, ки мегӯяд, як тасмими нодурусти волидон ӯро аз кӯдакии хуб маҳрум ва ҳуқуқашро нақз карданд, ҳоло тамоми талошашро ба он равона дорад, ки ду фарзанди ӯро сарнавиште мисли сарнавишти худаш интизор набошад. Кӯдакие, ки ба гуфтаи Сураё қурбонии андешаҳои хурофотии волидайн ва дуруст амал накардани қонуну иҷрокунандагони он гардид. Сурайё дар ин миён дубора оиладор шуд.
“Вақте монеи таҳсили духтар мешаванд ва ӯро маҷбурӣ ба шавҳар медиҳанд, ҳатман зиндагии ӯ дер давом намекунад. Ӯ бадбахт мешавад. Вақте маро ба шавҳар доданд, ман ҳеҷ чизро намефаҳидам. Фақат мехостам бимирам. Ҳоло намехоҳам тақдири духтаронам ҳам чунин бошад ва бо вуҷуди мушкилот талош мекунам онҳо соҳибмаълумот шаванд ва аз тамоми ҳақу ҳуқуқи худ огоҳ бошанду нагузоранд, ки касе ҳуқуқи онҳоро поймол кунад”, – мегӯяд Сурайё.Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.