© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли пул коҳиш меёбад, даромади шаҳрвандон кам мешавад, нархҳо афзоиш меёбанд

Иқтисоди Тоҷикистон тирамоҳи имсол аз ҳисоби коронавирус ба коҳиши назарраси интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дучор гардид . Коршиносон мегӯянд, ки натиҷаҳо ва оқибатҳои он аллакай эҳсос мешаванд ва мушкилот танҳо бо мурури замон бадтар хоҳад шуд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Фото: ТАСС
Акс: ТАСС

Аюб Шарифови 32 сол дорад ва 12 соли охири умри худро дар Русия барои ҷустуҷӯи кор гузаронидааст. Дар муҳоҷират ҳар сол тақрибан 300 ҳазор рубл (тақрибан 4 ҳазор доллари ИМА) ба даст меовард. Бо ин пул ӯ ва пайвандонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд

Дар муддати муҳоҷират кор кардан Аюб оиладор шуд, хонаашро таъмир кард ва ба падараш мошини арзон «Opel» харид. Ҳамасола моҳи ноябр барои Аюб ва оилаи иборат аз шашнафараашон моҳи хурсанди буд, чун дар ин вақтба гуфтаи ӯ, аз Русия бо ҷайбҳои, “пур аз пул” бармегашт ва ҳама эҳтиёҷоти заруриро харидори мекард. Аммо имсол хонадони Аюб ба мисли пештар хурсанд нестанд, чун дигар оилаҳои тоҷик.

Ҳоло маводи захира намуда дар оила тамом шуд, онҳо маҷбур буданд то як чанд гӯсфандро фурӯшанд. Танҳо як гови ширдеҳ боқӣ монда буд, барои он ки кӯдакон шир нӯшанд.

«Баъзан дар деҳа корҳои сохтмонӣ ба пайдо мешавад, аммо барои ин корҳо муздро кам медиҳанд. Мо намедонем, чӣ кор кунем? Зимистон ҳам фаро расид, аз куҷо барои хариди ангишт пул меёбем? ”- мепурсад Аюб.

Аз моҳи март Тоҷикистон парвозҳои байналмилалӣ ва роҳҳои заминиро қатъ намуд. Моҳи март ва апрел мавсими сафари муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия ва Қазоқистон буд. Бисёре аз муҳоҷирон фурсат надоштанд, ки аз кишвар берун шаванд ва бинобар сабаби паҳншавии пандемия роҳҳо ба Русия баста шуданд.

Аюб Шарифов ва ҳазорон муҳоҷири дигари дар Тоҷикистон дармонда ҳамарӯза интизори хабари боз шудани марзҳо буданд. Фасли тирамоҳ ва сармо расид, аммо вазъ тағир наёфт. Марзҳо кушода нашудаанд ва оилаҳои муҳоҷирон мегӯянд, ки онҳо дар зимистон бе василаи рӯзгор мондаанд.

Мақомоти Тоҷикистонро аз созмонҳои байналмилалии молӣ хабар додаанд, ки ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи апрел ба Сандуқи Байналмилалии Пул нома намуд, дар он гуфта мешуд, ки интиқоли пул аз Русия 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Раҳмон дар номаи худ вазъи иқтисодии Тоҷикистонро номусоид арзёбӣ карда кумак хостааст.

Тибқи иттилои мақомоти рус, соле беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик барои кор ва дарёфти музд ба Русия мерафтанд. Муҳоҷирон солона ба кишвар тақрибан 3 миллиард доллари ИМА мефиристоданд, ки қариб сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар охири моҳи июл роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода хабар дод, ки ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон аз хориҷ дар шаш моҳи соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14,8% ё 195 млн доллар коҳиш ёфтааст.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар нӯҳ моҳи аввал ҳанӯз нашр нашудааст, аммо якчанд ҳамсӯҳбати CABAR.asia дар бонкҳо тасдиқ карданд, ки онҳо нисбат ба соли гузашта хеле камтаранд.

Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия  2 миллиарду 576 миллион доллар интиқол доданд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) баробар аст.

Бо вуҷуди ин, коршиноси иқтисодии тоҷик Абдуманнон Шералиев мегуяд, ки муҳоҷирон бо роҳҳои ғайрирасмӣ маблағи бештарро ба хона меоранд: онҳо намуд дар вақти таътили зимистона меоранд ё тавассути дӯстон мефиристанд.

Абдуманнон Шералиев

Тибқи ҳисобҳои ӯ, дар маҷмӯъ, бо назардошти ҳама манбаъҳо, муҳоҷирон солҳои қаблӣ ба Тоҷикистон  тақрибан 6-7 миллиард доллар меоварданд.

Ба гуфтаи Шералиев, омори расмӣ ин роҳҳоро ба назар намегирад. Иқтисодшинос гуфт, ки дар асл ҳаҷми коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз 15% -и расмӣ бештар аст.

«Чунин суръат ёфтани коҳиши назарраси интиқоли маблағҳои кишвар боиси 30-40 фоиз паст шудани ММД-и кишвар мегардад, ё аллакай кардааст. Ҳарчанд мақомот кӯшиш мекунад, ки ин далелҳоро пинҳон доранд”-гуфт коршинос.

Иқтисоди Тоҷикистонро паҳншавии пандемияи COVID-19 зарба дод, ки ҳазорон муҳоҷирони тоҷик натавонистанд ба Русия ворид шаванд. Аз ҷумла, даромади буҷа 2 миллиарду 349 миллион сомонӣ (227 миллион доллар) коҳиш ёфт ва ҳукумат маҷбур шуд, ки ба қарзҳо ва грантҳои беруна муроҷиат кунад.

Аз ҷумла, Сандуқи Байналмилалии Пул ба ҶТ 189 миллион доллар ҷудо намудааст. Якчанд кишварҳо ва дигар муассисаҳои молиявӣ низ имсол ба Тоҷикистон пул ва грантҳо пешниҳод карданд

Оқибати дигари коҳиши интиқоли пул, ба гуфтаи коршиносон, ин коҳиши қурби пули миллӣ – сомонӣ ва болоравии нархҳост.

Пулҳои интиқолӣ яке аз сарчашмаҳои асосии воридшавии асъор ба Тоҷикистон ба шумор мераванд ва коршиносон мегӯянд, ки бо коҳиш ёфтани пул, қурби пули миллӣ коҳиш ёфтааст. Агар дар оғози соли 2020 қурби як доллари ИМА ба 9,6 сомонӣ баробар буд, пас ҳоло арзиши як доллар 10,33 сомониро ташкил медиҳад. 

Президенты Владимир Путин и Эмомали Рахмон. Фото: РИА Новости
Президентҳо Владимир Путин ва Эмомали Рахмон. Акс: РИА Новости

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша талош мекарданд, ки саҳми муҳоҷиронро дар иқтисоди кишварро камтар кунанд.

“Муҳоҷират  раванди табиӣ дар саросари ҷаҳон аст” ё “Ба пулҳои муҳоҷирон овезон нашавед, мо ҳатто бе он иқтисоди муваффақ дорем” – ин ибораҳое, ки мансабдорони баландпояи Тоҷикистон борҳо гуфтаанд. Ғайр аз ин, ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамуд, ки шумораи шаҳрвандони ба муҳоҷират рафтаро кам нишон диҳад.

Масалан, тавре ки 17 апрели соли 2019 президенти Русия Владимир Путин дар  брифинг пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд,  “тақрибан 1,2 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва интиқоли пулҳои онҳо ба ватани худ кӯмаки ҷиддӣ барои иқтисоди кишвар ва оилаҳои онҳост”.

Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар Русия камтар аз 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик ҳастанд.

Коршиносон мегӯянд, ки муҳимтарин натиҷаи паст шавии интиқоли пул, ба гуфтаи коршиносон, ин коҳиш ёфтани қобилияти харидории аҳолӣ мебошад, ки ин ба ҳамаи соҳаҳои иқтисод таъсири худро мегузорад.

Ба гуфтаи Абдуманнон Шералиев, то имрӯз мардум пасандозҳои худ ва маводи ғизоиро истифода мекарданд. Аммо чи тавре, ки ӯ мегӯяд, ин ҳолат як ё ду моҳи дигар идома хоҳад ёфт.

Махмурод Одинаев. Фото: ozodi.org
Махмурод Одинаев. Акс: ozodi.org.

«Аммо аз аввали соли нав ҳам мардум ва ҳам ҳукумат бо мушкилоти ҷиддитар рӯбарӯ хоҳанд шуд. Корҳои мавсимии сохтмонӣ барои муҳоҷирони боқимонда дар Русия ба поён мерасанд. Ин норасоии асъорро боз ҳам шадидтар намуда, гардиши бозорро, хусусан дар бозорҳои маҳсулоти ғайриғизоӣ ва хидматрасониро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ин ҳолат ба буҷаи кишвар ва даромади даҳҳо ҳазор нафар таъсири ҷидди мерасонад”- қайд намуд Шералиев.

Зимнан, дар Тоҷикистон, бо чунин шароити пурасрор сиёсатмадори оппозитсиони нопадид гардид, ки ӯ ба  ҳукумати шаҳрии Душанбе бо дархости баргузории гирдиҳамоӣ ба муроҷиат намуда буд.

Наздикони муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Махмурод Одинаев рӯзи 20 ноябр аз бедарак шудани ӯ хабар доданд.

Пеш аз нопадид шудан, Одинаев дар саҳифаи Фейсбук аз ҳукумати шаҳрии Душанбе хост, ба тазоҳурот алайҳи болоравии нархи маводи ғизоӣ иҷоза гирад.


Ин мавод дар доираи лоиҳа : IWPR «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project».омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: