© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Муҳоҷирати табибон меафзояд

Солҳои охир теъдоди табибони тоҷик, ки бо далели ҳақмузди поин ва шароити сангини корӣ Ватани худро тарк мекунанд, ҳарчӣ бештар мешавад.  Коршиносон мегӯянд, бахши тандурустӣ ба ислоҳоти густурда ниёз дорад.


Сабаби аслии аз кор рафтани пизишкони тоҷик маоши кам гуфта мешавад. Акс аз CABAR.asia
Сабаби аслии аз кор рафтани пизишкони тоҷик маоши кам гуфта мешавад. Акс аз CABAR.asia

Табиби тоҷик Абдулло Хоҷаев инак 7 сол мешавад, ки дар Русия кор мекунад. Қаблан ӯ ба ҳайси пизишки гӯш, гулӯ ва бинӣ (ЛОР) дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард.

Абдулло Хоҷаев. Акс аз бойгонии шахсиаш.
Абдулло Хоҷаев. Акс аз бойгонии шахсиаш.

“Ман ба Русия барои табобати як шахси наздикам омадам. Табобат вақти зиёдро гирифт, доруҳое навиштанд, ки дар Тоҷикистон дастрас карданашон мушкилтар буд. Аз бонк қарзҳои зиёд гирифтам ва бо маоше, ки дар Ватан мегирифтам, пардохт кардани онҳо ғайриимкон буд”,- мегӯяд Абдулло Хоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии аз кор рафтани пизишкони тоҷик кам будани маош аст.

“Ман аллакай ба зиндагӣ дар Русия одат кардаам, аз ин рӯ, ҳаминҷо корро идома медиҳам. Маоше ки ин ҷо мегирам, барои зиндагӣ кардан кифоят мекунад”,-қайд мекунад Хоҷаев.

Як табиби тоҷик, ки 17 сол дар бемористонҳои мухталифи Африқо кор кардааст, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, далелҳои Ватанро тарк кардани табибони тоҷик зиёданд.

“Албатта, сабаби асосӣ кам будани маош аст, вале мушкили дигар муносибати дағалонаи роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ба кормандон мебошад”,- гуфт манбаъ ба CABAR.asia.

Вай соли 2004 ба муҳоҷират рафта, аввал дар Яман ва аз соли 2012 ба ин сӯ дар кишварҳои мухталифи Африқо кор кардааст. Тақрибан ҳамон давра ба Тоҷикистон баргашта якуним сол инҷо монд, вале баъдан тасмим гирифт, ки дубора муҳоҷир шавад.

“Бо чунин маоши ночиз зиндагӣ кардан хеле мушкил аст. Ба ин далел, аксари табибон маҷбур мешаванд аз беморон пул ситонанд. Шахсе ки қадру манзалати худро медонад, наметавонад дуру дароз ҳамчун “гадо” зиндагӣ кунад”,-таъкид мекунад манбаи CABAR.asia.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода. Акс аз SNG.Today
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода. Акс аз SNG.Today

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 27 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, танҳо давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 674 табиб ва 1350 ҳамшираи шафқат аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Ба гуфтаи Абдуллозода, кишварҳои дигар, пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя барои кормандони соҳаи тиб барномаҳои махсус ва имтиёзҳо пешбинӣ мекунанд ва ин, ба назари ӯ, сабаби аслии аз кишвар рафтани табибон мешавад.

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон ҳоло ҳам ба 3024 табиб ва 1701 ҳамшираи тиб ниёз дорад. Бештар табиби оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ба CABAR.asia гуфт, барои ҳалли ин мушкил ба кормандони соҳаи тиб як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла “ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, инчунин имтиёзҳо барои пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ” пешниҳод мешавад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки имтиёзҳои мазкур барои нигоҳ доштани табибон дар Тоҷикистон комилан кофӣ нест. Ба гуфтаи онҳо, ин бахш ниёз ба навсозӣ дорад.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав ба CABAR.asia гуфт, солҳои охир боре ҳам шоҳиди корбурди навовариҳои маҷмӯӣ дар бахши тандурустии Тоҷикистон нашудааст.

Давлатов мегӯяд, дуруст аст, ки дар кишвар бемористонҳои хусусӣ ва хориҷӣ пайдо шудаанд. Аммо дигаргуниҳои куллӣ дар соҳа - аз омода кардани мутахассисон cap карда, то бо кор таъмин намудани онҳо, аз меъёрҳои нави музди кор cap карда, то роҳҳои нави ба соҳа ҷалб намудани сармоя ба назар намерасанд.

“Албатта, бозсозии соҳа кори хеле душвор аст ва ҳар касе, ки ба ин кор даст мезанад, албатта, зери танқиди мардум, ҳукумат ва расонаҳо қарор мегирад, вале баъди 4-5 сол натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд. Ба ин далел, ҳеч як масъуле намехоҳад ин роҳро пеш гирад”,- мегӯяд Давлатов.

Ба гуфтаи ӯ, барои ин кормандони бахши тиб бо дониши муосир ва барномасозон лозиманд.

“Ва, албатта, тасмими қавии мақомоти кишвар лозим аст. Саволе ба миён меояд: Оё Тоҷикистон ислоҳоти соҳаро бе ёрии беруна анҷом дода метавонад? Ҷавоб: Албатта метавонад”,-хулоса намуд Давлатов.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: