© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷашнвораи байни динҳо дар Душанбе – «Тоҷикистон хонаи мо»

Дар шаҳри Душанбе нахустин Ҷашнвораи байни динҳо – «Тоҷикистон хонаи мо» баргузор шуд. Тоқиҳои гуногуншаклу рангоранги тоҷикӣ, телпакҳои сафеди қирғизӣ, кулоҳҳои руҳониёни масеҳӣ, куртаҳои духти милливу аврупоии иштирокдорон фазои идонаро рангин ва ба он вижагии хос мебахшиданд.


43
43+
45+
55
57
58
58+
79
82
91+
93
95
98
100
100+
101
102
103
104
106
108
116

Дар ин ҷашнвора намояндагони ҳудуди 150 созмону фирқаҳои динӣ ба хотири шиносоӣ ва истиқболи ҳамдигар гирди ҳам омада буданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси намояндагии Институти инъикоси Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар баргузор карда шуд.

Сулаймон Давлатзода. Акс аз CABAR.asia
Сулаймон Давлатзода. Акс аз CABAR.asia

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҳангоми суханронияш дар ҷашнвора изҳор дошт, ки соли равон бо рӯйдоди бошукуҳе ба монанди ин ҷашнвора ба поён мерасад. Ӯ зикр кард, ки дарҳои кумита барои намояндагони тамоми фирқаҳои динӣ ҳамеша боз буда, он ҷонибдори таҳаммулпазирӣ ва розигӣ байни динҳо аст. Давлатзода ба иштирокдорон гуфт, ки қаблан дар назди кумита Шӯрои байни динҳо фаъолият мекард ва нақша доранд, ки фаъолияти онро дубора ба роҳ монанд.

Абахон Султонназаров, раҳбари IWPR дар Осиёи Марказӣ ҷашнвораро барои тарбияи таҳаммулпазирӣ миёни насли наврас муҳим номида, гуфт, мансубият ба ин ё он дин моро на беҳтар месозад ва на бадтар.

Абахон Султонназаров. Акс аз CABAR.asia
Абахон Султонназаров. Акс аз CABAR.asia

«Мо ин ҷашнвораро тасодуфан «Тоҷикистон хонаи ҳамаи мо» ном нагузоштаем. Ҳамаи мо, сокинони Тоҷикистон решаҳои муштараки фарҳангиву таърихӣ дорем, ки ба ҳам хеле печидаанд. Ҳаёти мо ва наслҳои баъдӣ аз он вобастагӣ дорад, ки мо якдигарро то куҷо дарку эҳтиром мекунем ва ба ҳамдигар чи қадар арзиш қоилем», – изҳор дошт раҳбари IWPR.

Дар оғози ҷашнвора намояндагони созмонҳои гуногуни исломиву ғайриисломӣ суханронӣ карда, гуфтанд, ки адёни онҳоро чи муттаҳид месозад. Ҳамчунин пешниҳодҳои худро дар мавриди ривоҷ додани муколамаи байни динҳо дар Тоҷикистон ироа карданд.

Дар идома ширкаткунандагони ҳамоиш ба хотири кор дар ҷаласаҳои алоҳида ба се гуруҳ ҷудо шуданд. Ба онҳо филму сохтани саҳначаи «Бозори бузург» ва толк-шоу дар шакли китобхонаи зинда пешкаш шуда, ҳар якеашон тавонистанд, тибқи завқи худ ҷаласаеро интихоб кунанд.

Ҳангоми бозӣ дар "Бозори калон". Акс аз CABAR.asia
Ҳангоми бозӣ дар “Бозори калон”. Акс аз CABAR.asia

Дар яке аз толорҳо намоиш ва муҳокимаи ду филми кутоҳ –  «Ҳавопаймо» ва филми ҳаҷвии фаронсавии «Арӯсии девонавор» сурат гирифт. Ҳар ду филм дар бораи гуногунии милливу мазҳабӣ ва зарурати ҳамзистии мусолиматомез қисса мекунанд.

Дар толори дигар ба иштирокдорон пешниҳод шуд, ки дар саҳначаи «Бозори бузург» ширкат намоянд. Саҳнаро коргардонҳои даъватшуда раҳбарӣ ва ширкаткунандагон барои як муҳлати кутоҳ ҳам бошад худро ҳунарманди воқеӣ эҳсос карданд. Аз ҳама ҷолиб ин буд, ки дар офариниши саҳна намояндагони табақаҳои гуногун, аз дипломату мансабдори баландпояи давлатӣ то руҳониёни масеҳиву исломӣ иштирок доштанд ва худро хеле озоду роҳат ҳис мекарданд. Дар охири ҷашнвора ҳунармандони тозакор саҳначаи офаридаи худро ба иштирокдорони ҳамоиш намоиш доданд.

Дар толори севумӣ аз иштирокчиён дархост шуд, дар «китобхонаи зинда»-е ширкат варзанд, ки «китобҳо»-яш қаҳрамонон -намояндагони адёни гуногун, руҳониёни католику православ, пайравони равияи Исмоилияи дини Ислом буданд. Ҳамчунин шахсоне буданд, ки дини худро тағйир додаанд. Барои иштирокдорон шинос шудан бо вижагиҳои дину ойине, ки қаҳрамонон дар бораи он суҳбат мекарданд, хеле ҷолиб буд.

 

Иштирокдорони ҷашнвора тавонистанд дар як муддати на он қадар тӯлонӣ дар бораи ҳамдигар чизҳои зиёдеро биомӯзанд ва арзишҳои гуногунеро баррасӣ кунанд, ки барои тақвияти таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле муҳиманд.

Муслиҳиддин Хоҷамирзода, ҳамоҳангсози Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон:

Ин ҷашнвора нишонаи он аст, ки мо бояд нафрату бадбиниро дар миёни пайравони динҳои гуногун решакан намоем. Зеро ҳамаи адён аз замони пайдоиши худ то ба ҳол инсондӯстӣ ва эҳтиром ба якдигарро меомӯзонанд.

Афзалшоҳ Шарифзода, имом-хатиби шаҳри Ҳисор:

Ба назари ман, ин ҷашнвораи муҳим ва саривақтие буд, ки дар сатҳи баланд баргузор шуд ва умедворем, он охирин нахоҳад буд. Ин ҷашнвора барои барқарор кардани муколама миёни дину равия ва фирқаҳо муҳим мебошад. Мо бо шарофати он тавонистем, бо намояндагони динҳои гуногун шинос шавем.

Роман Чебоненко. Акс аз CABAR.asia
Роман Чебоненко. Акс аз CABAR.asia

Кашиши Калисои православии рус Роман Чебоненко:

Ман эҳсосоти мусбат дорам. Хеле муоширати хуб. Мардум дар фазои ғайрирасмӣ ва берун аз кор метавонанд бо ҳам суҳбат кунанд, якдигарро аз наздик бишиносанд ва заминаҳои муштарак пайдо намоянд ва низ гузаронидани ин гуна чорабинӣ аз сӯи як созмони мустақиле, ки ба ҳеч равия ва дини мушаххасе рабт надорад, хеле хуб аст. Ин хеле муҳим аст.

Ҷамолиддин Назаров, имом-хатими масҷиди ба номи «Домулло Муҳаммадназар»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе:

Дар китоби Қуръон навишта шудааст: «Худованд ҳечгоҳ муошират бо пайравони адёни дигарро манъ накардааст». Тибқи ин оят, ҳар як мусулмон вазифадор аст, ки бо пайравони ҳамаи динҳо муносибати хуб ва хайрхоҳона дошта бошад.

Ба назари ман, мо тоҷикон ба ин гуна чорабиниҳо бештар ниёз дорем. Бигзор ин гуна чорабиниҳо бештар баргузор карда шаванд, то назари уламои моро ба равандҳои ҷаҳонӣ боз гардонанд.

Роза Абдулина, протестант, корманди «ОЕ Хате»:

Албатта, дар Тоҷикистон ҳолатҳое пеш меояд, ки бархеҳо нисбат ба дини мо эҳтиром намегузоранд. Вале бояд гуфт, ки ин ҳолатҳо кам аст. Дар умум, аз ин ки мардум дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамагуна дин таҳаммулпазиранд, хеле минатдорам. Бахусус, дар шаҳри Леваканд ҳама бо мо муносибати хуб доранду эҳтиром мекунанд.

Камолиддин Абдулоев, кашиши калони калисои Ибодатгоҳ барои ҳамаи миллатҳо:

Таҳаммулпазирӣ ин мазҳабпазирӣ ва ҳамзистӣ дар ҷомеа аст. Он барои ҳар як ҷомеа муҳим мебошад. Бахусус дар ҷаҳони муосир, ки мушкилиҳои зиёд дорад ва чизҳои бисёре низ мавҷуданд, ки моро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Албатта, миллату равияҳои динии мо аз ҳам фарқ мекунанд. Вале мо бо вуҷуди ин бояд заминаҳои муштаракро пайдо кунем.

Зарина Диноршоева. Акс аз CABAR.asia
Зарина Диноршоева. Акс аз CABAR.asia

Зарина Диноршоева, профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон:

Ин гуна чорабинӣ, ҷашнвора, ҳамоиш ва мизҳои гирде, ки ба наздикшавӣ ва ҳамдигарфаҳмии намояндагони фарҳангу фирқаҳои гуногун мусоидат мекунанд, зарур ва муҳим буда, бояд пайваста баргузор карда шаванд. Маҳз тавассути чорабиниҳои ҳамсон мо метавонем идеяҳои худро ба мухотабони бештар бирасонем.

Ҳамачиз дар сатҳи зарурӣ баргузор шуд. Дар ҳақиқат барнома, суханронӣ, маърӯзаву филмҳо ҷолиб буданд ва шахсро ба фикр водор месохтанд. Шакли ҷашнвора олӣ буд. Дар инҷо тамоми меъёрҳо риоя шуданд ва бинобар ин, дилгиркунанда набуд.

Падре Лопес. Акс аз CABAR.asia
Падре Лопес. Акс аз CABAR.asia

Падре Лопес, раҳбари калисои католикӣ дар Тоҷикистон:

Дар шиори ҷашнвораи шумо хеле хуб гуфта шудааст: «Тоҷикистон хонаи ҳамаи мост». Табиист, ки барои зиндагӣ кардан дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ муколама хеле муҳим аст. Агар ин гуна ҷашнвораҳо дар минтақаҳо низ баргузор карда шаванд ва шумори бештари сокинони Тоҷикистон аз онҳо баҳравар гарданд, хеле хуб мешуд.

Наргис Ғафорӣ, намояндаи ҷамъияти баҳоиёни Тоҷикистон:

Таассубу нажодпарастӣ асос ва сарчашмаи ҳамдигарнофаҳмиву таҳаммулнопазирӣ аст. Мо ба ҳамзистии мусолиматомезу ваҳдат замоне хоҳем расид, ки барои решакан кардани таассубу нажодпарастӣ талош кунем ва дар симои ҳар як шахс, новобаста аз дину ранги пусташ инсонро бубинем.

Гуногунии фарҳанг, забон ва ойин бойигарии инсон аст. Ягонагӣ дар одам будани мост. Мо бояд талош кунем, ки тамаддуни ягонаи ҷаҳониро бисозем. Ягонагӣ дар якрангӣ нест, ягонагӣ дар гуногунрангӣ аст.

Абдуҷамол Ҳомидов, имом-хатиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

Чорабинии имрӯза хеле ҷолиб, муҳим ва саривақтӣ буд. Дар он дар бораи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми якдигар дар миёни пайравони динҳои гуногун гуфта шуд. Албатта, ҳамаи мо бандаи Худованд ҳастем ва бояд ба ҳамаи адёну фирқаҳо эҳтиром бигузорем. Муносибатҳои байнидинӣ дар Тоҷикистон хеле хубанд. Фикр мекунам, чорабинии имрӯза ба беҳтар шудани муносибатҳо миёни пайравони динҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Мавлодод Ибрагимбекзода, халифаи исмоилияи ҷамоати Навободи ВМКБ:

Барои он ки пайравони динҳои гуногун нисбат ба ҳамдигар таҳаммулпазир бошанд, ин гуна чорабиниҳо хеле муҳиманд. Баҳсу низоъҳои динӣ барои ягон кишвару миллат фоида надоранд. Ба назари ман, таҳаммулпазирӣ ин аст, ки мо ба суханҳои якдигар гуш андохта тавонем ва эътиқоду ойинҳои ҳамдигарро эҳтиром бикунем.

Бештари иштирокдорони ҷашновора умедворанд, ки чунин чорабиниҳо давом хоҳанд ёфт. Акс аз CABAR.asia
Бештари иштирокдорони ҷашновора умедворанд, ки чунин чорабиниҳо давом хоҳанд ёфт. Акс аз CABAR.asia

Фазлиддин Насриддин – донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон:

Ингуна ҷашнвораҳо муҳиманд. Зеро мардум қолабҳои гуногун доранд. Бояд одамро тавре ки ҳаст қабул кард. Аз мардум даъват мекунам, ки сарфи назар аз эътиқоду боварҳои худ ба ҳамдигар дӯст бошанд. Ҷашнвора хеле ҷолиб буд ва умедворем, ин хел ҷашнвораҳо тез-тез баргузор хоҳанд шуд.

Шаҳобиддин Шоҳин, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:

Шукуфоии ҷомеа бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ва табодули афкор номумкин аст. Ҳар як шахс пеш аз ҳама инсон аст. Одамон бояд нисбат ба дини якдигар таҳаммулпазир бошанд. 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: