© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Гузориши тасвирӣ: Роҳҳои пойтахти Тоҷикистон то куҷо барои пиёдагардон бехатар ҳастанд?

Сокинони Душанбе аксар вақт роҳро на аз минтақаи муайяншуда, балки аз маҳалле убур мекунанд, ки барояшон мувофиқ аст, ронандаҳо бошанд, дар гузаргоҳҳо ба одамон роҳ намедиҳанд, суръати мошинро аз меъёри муайяншуда баланд мекунанд ва ҳатто ба самти муқобили роҳ ҳаракат мекунанд.

Бино ба омори дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли 2021 дар роҳҳои мошингузари ҷумҳурӣ 472 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин сониҳаҳо 159 нафар ба ҳалокат расида, 537 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

image_2021-09-13_23-25-09
image_2021-09-13_23-25-16
image_2021-09-13_23-25-23
image_2021-09-13_23-25-02
image_2021-09-13_23-24-45
image_2021-09-13_23-24-36
image_2021-09-13_23-24-28
image_2021-09-13_23-25-40
image_2021-09-13_23-25-30
Ба гуфтаи коршиносон, хеле муҳим аст, ки худи пиёдагардон қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, чунки бештари вақт садамаҳои нақлиётӣ маҳз бо айби онҳо сар мезанад.

Намунаи равшани рафтори нодурусти пиёдагардонро мешавад дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз баландии назди Амфитеатр то эстакадаи нав дар чорроҳаи кӯчаи Ибни Сино мушоҳида кард. Дар ин қитъаи роҳ ду боғи фароғатӣ, боғи ҳайвонот, варзишгоҳи марказӣ ва донишгоҳи миллӣ, маъруф ба “ҷазира” ҷойгиранд.

Гузаргоҳҳои пиёдагард дар ин қитъаи роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо далели мавҷудияти ду пул ва эстакадаи бузург аз ҳамдигар дар фосилаи тӯлонӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, одамон бештари вақт роҳро аз маҳалли барояшон мувофиқ мегузаранд. Бештари садамаҳо бо иштироки пиёдагардон маҳз ҳаминҷо ба вуқӯъ мепайвандад.

image_2021-09-13_23-28-55
image_2021-09-13_23-29-21
image_2021-09-13_23-29-14
image_2021-09-13_23-29-08
image_2021-09-13_23-29-02
image_2021-09-13_23-28-49
Соли сипаришуда дар кишвар эстакадаи калонтарин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ду қисмати шаҳрро ба ҳам пайваста, мушкили танбашавии мошинҳоро сабуктар мекунад. Дар ин эстакада барои роҳатии пиёдагардон лифтҳо насб шудааст, аммо аз рӯзи ба истифода додани эстакада онҳо кор намекунанд ва ин мушкили пиёдагардони солманд ва одамони дорои маъюбиятро бештар мекунад.

Бештари гузаргоҳҳои зеризаминӣ равшанӣ надоранд. Аз ин рӯ, пиёдагардон аз тарси дар торикӣ пешпо хӯрдан ё афтидан аз зинапояҳои тӯлонӣ аз онҳо истифода намекунанд. Ва ҷони худро дар хатар гузошта, роҳро аз маҳалли муайяннашуда мегузаранд, ки хавфи сар задани садамаҳоро бештар мекунад.

Дар роҳи пиёдагарди маркази савдои “Садбарг” ҳамеша бетартибӣ ҳукмронӣ мекунад. Тақрибан касе қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунад. Ронандаҳои таксӣ ва мусофиркашҳо аз хатти аввал ва дуввум мусофир меҷӯянд, ҳангоми сурх будани ранги чароғак ҳаракат мекунанд ё мошинро рӯи хатти рамзи пиёдагард нигоҳ медоранд, ки хавфи садамаҳоро меафзояд. Пиёдагардон бошанд, дар навбати худ ҳангоми сурх будани чароғак аз роҳ мегузаранд ё таксиро дар хатти дуввум нигоҳ медоранд. Аз ҳама аҷобаташ ин аст, ки ин вазъ барои ҳама як чизи маъмулӣ менамояд.

Дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр, махсусан дар рӯзҳои гармо, чароғакҳо аз кор мемонанд. Дар пайи гарм шудану набудани низоми сардкунандаи чароғакҳо баъзан ранги сурху сабз якбора рушан мешавад. Ин ҳам ҳолати садамавиро бештар мекунад, чунки ҳам пиёдагардон ва ҳам ронандаҳо метавонанд якбора ҳаракат кунанд.

Дар Душанбе ҳоло сохтмони биноҳои баландошёна босуръат ҷараён дорад. Бештари пайроҳаҳо бо девор ё лентаҳо маҳкам шудаанд, ки ҳаракати пиёдагардонро душвор мекунад. Одамон маҷбур мешаванд тавассути роҳи мошингард ҳаракат кунанд.

image_2021-09-13_23-26-49
image_2021-09-13_23-25-47
image_2021-09-13_23-25-53
image_2021-09-13_23-25-59
image_2021-09-13_23-26-04
image_2021-09-13_23-26-11
image_2021-09-13_23-26-18
image_2021-09-13_23-26-23
image_2021-09-13_23-26-29
image_2021-09-13_23-26-37
image_2021-09-13_23-26-43
Наздиктарин гузаргоҳи пиёдагард ба шаҳраки донишҷӯён аз тарафи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ-16 дар масофаи 500 метр қарор дорад. Аз ин рӯ, бархе донишҷӯён дарёчаро тавассути қубурҳои оби гарм мегузаранд. Баъзан чунин мешавад, ки ба поин меафтанд ва даст ё пояшон мешиканад.

Гузаргоҳи пиёдагард дар кӯчаи Карамов яке аз камтарин гузаргоҳҳоест, ки ҳаракат тавассути чароғак танзим мешавад. Дар шаҳр чунин гузаргоҳҳо хеле кам ҳастанд.


“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна” таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеъи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад”.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: