© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Афғонистон: Масъалаи гурезаҳо авҷ гирифта мегирад, аммо ҳанӯз рӯшанӣ кам аст

Илова бар мушкилоти таъмини амният дар қаламравҳои сарҳад бо Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро боз зарур аст масъалаи қабули гурезаҳои Афғонистонро ҳал кунанд.

Акс аз саҳифаи шахсии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар facebook.com
Акс аз саҳифаи шахсии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар facebook.com

Гуруҳи якуми гурезаҳо ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон (ВМКБ) 3-4 июл ворид шуданд. Ба қавли манбаъи расмӣ дар ВМКБ, шумораи гуурезагон 1037 нафарро ташкил медиҳад.

Бо далели амниятӣ, мақомоти Тоҷикистон макони будубоши паноҳандагонро ифшо накардаанд. Танҳо аз гузориши шабакаи телевизиони маҳаллии «Бадахшон» маълум шуд, ки гурезаҳоро мошинҳо аз ноҳияи Теми шаҳри Хорӯғ ба ҷои дигар интиқол медиҳанд. Дар навор дида мешавад, ки бештари гурезагон ҷавонон ва мардон мебошанд.

Кӯшишҳои хабарнигори CABAR.asia барои бо гурезагон ҳамсуҳбат шудан ҳоло натиҷа надодааст. Мақомоти Тоҷикитон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то паноҳандагони афғонро аз сокинони маҳаллӣ ва хабарнигорон дур созад. Аз ин рӯ, дар мавриди вазъи паноҳандагон маълумоти пурра нест. 8 июл сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Агбар бо гурезагон дидорбинӣ намуд. Дар аксҳое, ки сафорати Афғонистон нашр намудааст, дида мешавад, ки гурезагон дар назди палаткаҳо қарор доранд.

Дертар 13-14 июл боз 345 паноҳандаи афғон ба Тоҷикистон гурехтанд. Тибқи изҳороти Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон, миёни гурезагон 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) қарор дорад.

Дар изҳороти сарҳадбонон гуфта мешавад, ки «паноҳандагон – ин қирғизҳо, сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахон, вилояти Бадахшони Афғонистон аз тарси таъқиби Толибон ва ҳимояи ҷони худ сарҳади Тоҷикистонро дар ҷамоати Қизил-Рабати ноҳияи Мурғоб убур кардаанд».

Ба маълумоти мақомоти тоҷик, айни замон гурезагон дар ноҳияҳои Андемин ва Чештебаи ноҳи яи Мурғоб қарор доранд. Тибқи иттилои манбаъ, гурезагони қирғиз ҳамчунин ҳайвонҳои хонагии худро бо худ овардаанд.

Аммо дар як моҳи охир ба Тоҷикистон натанҳо сокинони осоишта аз Афғонистон гурехтаанд. Бо афзоиши амалиёти ҷангӣ  дар минтақи марзӣ, беш аз 2000 сарбози ҳукумати Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд. Дар даҳсолаи охир, ин як ҳодисаи нодирест, чунин миқдори зиёди низомиёни афғон фирор карданд ва ё тавре мегӯянд ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Пештар хадамоти матбуотии раиси ВМКБ изҳор дошта буд, ки вилоят омода аст то 10 ҳазор паноҳандаи афғонро қабул намояд.

Тибқи маълумотҳои ВАО, Тоҷикистон барои таъмини гурезагон бо маводи зарурӣ ба созмонҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Идораи олии комиссариати СММ оид ба  гурезагон барои кӯмак муроҷиат кардааст. 

ИМА ваъда додааст кормандони худро аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ берун хоҳад кард

Дар ҳоле бештари ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон ба ҳаракати террористии Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ) пайваста истодаанд, ки қувваҳои НАТО қасд доранд то 11уми сентябр Афғонистонро тарк намояд.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден 25 июн дар Вашингтон ваъда дода буд, ки ҳазорҳо тарҷумонҳо ва дигар афғонҳое, ки бо ҳарбиёни амрикоӣ ҳамкорӣ мекарданд, «дар нимароҳи тақдир» партофта намешаванд. 8уми июл президенти Амрико изҳор дошт, ки ҷараёни кӯчонидани ин гуруҳи шаҳрвандони Афғонистон аллакай оғоз шуда, ва 2500 нафари онҳо аллакай раводиди Амрикоро гирифтааст.

Аммо Бойдан дақиқ нагуфт, ки ин гуруҳи одамон то гирифтани раводид дар кадом кишвар қарор мегиранд. Тибқи баъзе манбаҳои огоҳ, шаҳрвандони номбурда то ба даст овардани раводид якчанд муддат дар кишварҳои бо Афғонистон ҳамсоя, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боқӣ мемонанд.

Тақдири тарҷумонҳо ва онҳое, ки ба ҳарбиёни амрикоӣ дар Афғонистон қӯмак мекарданд, рӯзҳои наздик ҳал хоҳад шуд. Вале аз ҳама муҳим, тақдири ҳазорҳо афғонҳои гуреза, ки ба Тоҷикистон гузаштаанд, номаълум боқӣ мемонад.

Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон тақдири гурезагонро шарҳ намедиҳанд. Маълум нест, ки онҳо ба ватанашон бармегарданд ва ё бо дигар афғонҳое, ки аллакай дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ҳамроҳ мешаванд.

Афғонҳо ҳанӯз аз солҳои 90ум дар Тоҷикистон паноҳандагӣ меҷӯянд.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари намояндагии муҳоҷирони афғон «Ориёно» дар Тоҷикистон мегӯяд, ки шумораи гурезагони афғон, ки пештар ба ин кишвар ворид шудаанд, тақрибан 6000 (ҳазор) нафарро ташкил медиҳад. Ба қавли вай, гурезагон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Шаҳринав, ҳамчунин дар се ноҳияи вилояти Хатлон (дар ҷануби кишвар) ва ду ноҳияи вилояти Суғд (шимоли кишвар) зиндагӣ мекунанд.

Ба қавли роҳбари Анҷумани паноҳандагони афғон, нисфии гурезагон аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи хешовандонашон аз хориҷ зиндагӣ мекунанд, боқимонда дар дохили Тоҷикистон аз ҳисоби худ зиндагиашонро пеш мебаранд. Гурезагони афғон дар Тоҷикитон асосан дар коргоҳҳо, ошонаҳо ва бозорҳо кор мекунанд.

Абдумусаввир Баҳодурӣ мегӯяд, Тоҷикистон  барои афғонҳо аз лиҳози муносибати хуби мардуми оддӣ ҷолиб аст.

«Паноҳандагони афғон Тоҷикистонро ба он хотир интихоб мекунанд, ки инҷо мушкили забонӣ надоранд. Муносибати мардуми одди бо мо бетарафона аст. Онҳо ҳатто намепурсанд, ки ту аз кадом миллатӣ»,- мегӯяд Баҳодурӣ.

Акс аз саҳифаи шахсии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар facebook.com
Акс аз саҳифаи шахсии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар facebook.com

Роҳбари ҷамъияти гурезагони афғон илова намуд, ки на ҳама паноҳандагон нақша доранд, ки дар Тоҷикистон монанд.

«Зиёда аз 50% гурезагон – ин онҳое мебошанд, ки мехоҳанд ба кишвари сеюм, асосан ба Канада раванд. Онҳо дар онҷо хешовандон доранд, ки ба назди худ даъваташон мекунад. Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Туркия ва Ҳиндустон яке аз се кишварҳоест, ки гурезаҳои афғон тавассути он метавонанд ба кишвари сеюм ворид шаванд» – гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.

Аммо ба кишвари сеюм рафтан осон нест ва бархе гурезагон мегӯянд солҳо интизор мешавӣ то ба дигар кишвар равӣ.

Руъё, сокини Кобул, ки соли 2014 ба Тоҷикистон омадааст, то ҳол наметавонад ба кишвари сеюм сафар намояд. Вай мегӯяд борҳо ба СММ муроҷиат кардааст, ки ба кишвари сеюм гузарад, аммо то ҳол ҷавоби мусбӣ нагирифтааст. Намоядаи Идораи Олии комиссари СММ дар умури паноҳандагон пештар ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки айни замон барномаи кӯчонидани гурезагон ба кишвари сеюм вуҷуд надорад.

Дар интизори сафар ба кишвари сеюм ҳаёти бархе афғонҳои гуреза дар Тоҷикистон бисёр душвор аст. Ҳамуҳбати мо Руъё мегӯяд, ки соҳбхона нохост маблағи иҷораро боло бурд ва гуфт ё месупоред ё хонаро холӣ кунед. Ғайр аз ин, Руъё ва шавҳараш ба бемории COVID-19 гирифтор шуда ва чанд рӯз пеш аз беморхона ҷавоб дода шуданд.

Мо дар як рӯз 5-10 сомонӣ кор мекунем ва биринҷ ва лӯбиё мехарем. Аз беморхона баргаштем, ҳамсояҳо хӯрок ва нон доданд. Гурезагоне, ки аз хешовандони дар хориҷбуда кӯмак мегиранд ва ё кори хуб доранд, зиндагии беҳтар доранд. Зиндагӣ дар Тоҷикистон хуб аст. аммо бояд ба кишвари сеюм сафар намуд. Ҳадди аққал барои он ки барои фарзандони ман шароити хуби таҳсил бошад» – мегӯяд Руъё.

Тоҷикистон  – ягона давлате нест, ки гурезагони афғонро дар як моҳи охир қабул мекунад. Рӯзи 23юм мақомоти Ӯзбекистон эълон доштанд, ки онҳо 53 ҳарбии афғонро, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон паноҳ мебурданд, қабул карданд ва онҳоро ба Афғонистон баргардониаднд. Мақомоти Ӯзбекистон дар хусуси қабули сокинони осоишта чизе маълумот намедиҳанд. Дар гузашта Ӯзбекистон гузаштани гурезаҳоро ба ҳудуди худ қатъиян рад мекарданд .

Ҳамзамон, дар Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон изҳор доштанд, ки онҳо «бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи Олии комиссари СММ оид ба кӯчонидани қирғизҳои афғон ба Ҷумҳурии Қирғизистон кор мебаранд».

«Масъалаи мазкур таҳти назорати Президент ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон супоришҳои дахлдор дода шуданд»,- қайд карданд дар ВКХ Қирғизистон.

Ғайр аз ин, Вазорати корҳои хориҷии  Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кӯмак дар ҳаракати бемамонияти қирғизҳои афғон ба посгоҳҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон нота фиристод.

«Ҷониби Қирғизистон интизор дорад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт ҳал кардани масъалаи кӯчониданро тибқи уҳдадроиҳои байналмилалии ҶТ кӯмак хоҳад расонид», – гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ Ҷумҳурии Қирғизитон.

МедетТюлегенов. Акс: CABAR.asia
МедетТюлегенов. Акс: CABAR.asia

Коршиноси қирғиз МедетТюлегенов чунин мешуморад, ки дар кишвар дар умум «омодабош» дар сатҳи сиёсӣ барои қабули қирғизҳои афғонистон аз Афғонистон вуҷуд дорад.

Вай ёдрас шуд, ки ҳанӯз баҳори соли равон Президент Садыр Жапаров дар мавриди кӯчонидани баъзе қирғизҳо аз Афғонистон ба Қирғизистон изҳор карда буд.

«Махсусан ин эҳтимолият аз сабаби он, ки мақомот усулан ба осонӣ баъзе қадамҳои популистиро пеш мегирад, ки аз ҷониби қобили таваҷҷухи аҳолӣ вокунишҳои калон ба амал меорад, албатта меафзояд.  Аммо, албатта суоле вуҷуд дорад, ки чӣ гуна инро ба амалҳои мушаххас ба расмият даровардан лозим аст, зеро барои интиқол додани гурезагон ба қаламрави Қирғизистон ва ҳалли минбаъдаи онҳо як амали хеле мураккаби мантиқӣ лозим аст», – гуфт Тюлегенов дар суҳбат бо CABAR.asia.

Ин эҳтимолиятро, ки Қирғизистон розӣ аст намояндагони дигар қавми Афғонистонро қабул намояд, шарҳ дода, Тюдегенов ёдрас шуд, ки Ҷумҳурии Қирғизистон таҷрибаи калони қабули гурезагонро дорад. Аммо дар ин масъала, ба гуфтаи вай, ҳамчунин иродаи сиёсӣ ва кӯшишҳои бузурги минбаъда лозим аст.  

«Дар оянда, албатта ин ҷустуҷӯи маблағҳо ва ҷобаҷогузории захираҳои гуногуни мантиқӣ мебошад, то ҳамаи инҳоро муҷаҳҳаз созад». – гуфт вай.

Вале дар маҷмуъ, ба ақидаи Тюлегенов, ин пешниҳод метавонад амалӣ шавад.

«Албатта, омилҳо зиёданд. Инҳо  натанҳо захираҳои молиявӣ ва моддиву техникӣ, балки масъалаҳои геополитика ва ҳамкорӣ мебошанд. Яъне, чӣ гуна он на танҳо бо Амрико ва бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Идораи олии Комиссари СММ, ҳамчунин бо дигар шарикон, аз ҷумла Руссия, ки ба рӯйдодҳои Афғонистон манфиатҳои худро дорад, ҳамоҳанг карда мешавад»,

Аммо, рӯзҳои истироҳатии гузашта – 17-18 июл қирғизҳои Афғонистон, ки ба Тоҷикистон гуреза шуда буданд, ба ҷои истиқоматии доимиашон баргаштанд.

Дар ин хусус маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон хабар додааст.

Гурезагон бо ҳайвонҳои хонагӣ ва воситаи нақлиёти худ ба хонаҳояшон баргаштанд.

Дар хадамоти марзӣ тасдиқ карда шуд, ки бозгашти гурезаҳои афғон пас аз кафолати масъалаи амнияти шахсии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ташкил карда шуд.

Дипломати афғон: шумораи гурезаҳо метавонад то 15 ҳазор афзояд

Ба гуфтаи коршиносон, вазъияти ба амаломада дар Афғонистон аз солҳои қаблӣ фарқ мекунад. Як фарқият дар он аст. ки толибон ҳеч гоҳ ингуна теъдоди зиёди сарҳад бо Тоҷикистон, махсусан музофоти Бадахшонро ишғол накарда буданд. Аҳолии музофоти Бадахшони Афғонистон тақрибан 1,5 миллионро ташкил медиҳад, ки он бо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.

Корманди сафорати Афғонистон бо шарти ифшо нашудани номаш, дар суҳбат бо платформаи таҳлилии CABAR.asia изҳор дошт, ки аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18тоаш ба дасти Толибон гузашт (ҳаракати дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ). Дар ҳолати гирифтани дигар ноҳияҳо, шумораи гурезаҳо метавонад афзояд.

Тибқи гуфтаи корманди сафорат, шумораи эҳтимолии гурезаҳои афғон, ки Тоҷикистонро  интихоб мекунанд, метавонад 10-15ҳазор нафар бошад.

Аммо ҳамсуҳбати мо мегӯяд, қисмати назаррас онҳое мебошанд, ки аллакай ба Тоҷикистон ба ҳайси паноҳанда ворид шуданд, дар асл шояд бо сабаби вазъи иқтисодӣ аз Афғонистон фирор карданд.

 «Задухурди Толибон дар Бадахшон мисли Қундуз шадид набуд. Бо баҳонаи ишғоли минтақа аз ҷониби Толибон  гурезагон мехоҳанд сарҳадро убур намуда, ба дигар кишвар сафар намоянд», – гуфт вай.

Аз ҷумла, ба қайли вай, омадани қирғизҳо аҳолии осоишта буданд, ки толибон онҳоро (ҳаракат дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ манъ аст) таҳдид накардаанд.

«Ба қавли дигар, ҷанги дарозмуддат сабри мардумро кам кард ва онҳо кӯшиш мекунанд ба ҷойҳои ором раванд», – гуфт ҳамсуҳбатиCABAR.asia.

«Омадани гурезаҳо ба Тоҷикистон ҳам тарафи мусбӣ ва ҳам манфӣ дорад. Аз тарафи мусбӣ, кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ меафзояд ва тоҷирон бо гурезаҳо савдо намуда, даромади иловагӣ ба даст меоранд. Аммо аз тарафи дигар, агар фирориён аз ҳад зиёд шаванд, онҳо фарҳанги худро ба кишвар ворид мекунанд, ки ин метавонад ба мардуми маҳаллӣ қобили қабул набошад», – гуфт дипломати афғон.

Корманди сафорат ҳамчунин имкониятҳои Тоҷикистонро барои қабули гурезаҳо баҳои баланд дод.

«Маълум аст, ки ин имкониятҳои кишвар бисёр бузург аст, агар танҳо як Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омода аст 10ҳазор гурезаро қабул кунад», – хулоса кард дипломати афғон.

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: