© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон кай ба омӯзиши Чин мепардозад?

Дар матлаби вижае, ки барои торнамои таҳлилии CABAR.asia навишта, сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов овардааст: “Аксари кулли пажӯҳишҳое, ки ба мавзӯи Чин ихтисос доранд, ба мутолеъаи ҷанбаҳои сирфан мусбати ҳамкорӣ бо Чин тамаркуз мекунанд. Дар муқобил, ҳама гуна талоше барои баррасии каму беш интиқодии паҳлуҳои гуногуни тавсеъаталабии Чин дар Тоҷикистон дар рӯҳияи замони Шӯравӣ ҳамчун “дасисаи душманони хориҷӣ” ва ё “рақибони жиюпулитики” Чин тавсиф мешавад.”

 Русский English 


Ба канали мо дар  Telegram ворид шавед! 


Хулосаи мақола:

  • Имрӯз дар Чин бисёре инсофан бар ин боваранд, ки бархурдорӣ аз як нерӯи нарми созмонёфта ва муваффақ аз авомили умдаи тақвияти ҳузури ин кишвар ва зомину заминасози қудрат ва нуфузи ояндаи Чин дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Миёна, аст;
  • Дар чанд соли ахир шумори пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои мутолеъотӣ барои омӯзиши масоили Осиёи Миёна ва Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар Чин басуръат ва ҷиддан дар ҳоли афзоиш аст;
  • Аммо дар пажӯҳишҳои марбут ба Чин ноҳамоҳангии чашмгире дар заминаи тарҳу интихоби мавзӯъот вуҷуд дорад. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин пажӯҳишҳо сирфан ба масоили забоншиносӣ ва адабиёти Чин ихтисос доранд. Бахши умдаи дигар аз осори илмӣ бештар ба масоили ҳамгироӣ ва муделҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, ки бештар аз сӯи Чин ва Русия тарвиҷ мешавад, бахшида шудаанд;
  • Чин ба пуштибонии молӣ аз пажӯҳишҳои амиқу бетарафона дар бораи сиёсати хориҷӣ ва масоили дохилии иҷтимоъию иқтисодияш алоқаманд нест;
  • ‌Чиншиносӣ риштае ҷадид дар илми сиёсатшиносӣ ва равобити байналмилал дар Тоҷикистон аст ва дар оғозин марҳилаи худ қарор дорад. Аз масоили умдаи ин бахш ҳоло мавҷуд набудани мутахассисони варзида ва шоиста (қабл аз ҳама, ҷавонон) ва камбуди сармоя ва манобеъ аст.


Дар ҳоли ҳозир Чин, бо ормонҳо ва аҳдофи жиюпулитикии ҷиддӣ ва устуворе, ки дорад, басуръат ба яке аз бозигарони умдаи иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ табдил мешавад. Ин аҳдофи ҷоҳталабона дар сутӯҳи мухталиф ва ба шеваҳои мухталифе ҳамаи ҳамсоягонашро таҳти таъсир қарор хоҳад дод. Ин нукта бахусус дар мавриди Тоҷикистон бештар сидқ мекунад, чун ҳеч кишвари дигари минтақа дар ин сатҳ ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин надорад. То пеш аз моҳи апрели соли 2016 Чин ба вомдиҳандаи аслии Тоҷикистон табдил шуд, ки саҳмаш аз маҷмӯъи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 48,3 дарсадро ташкил медиҳад — ин шохис имрӯз бамаротиб болотар рафтааст. [1]

Зоҳиран, мебоист дар ин шароит як мактаби қавии чиншиносӣ бо суннатҳои илмии устувор ва донишмандону пажӯҳишгарони варзида, нашри пажӯҳишҳо ва таҳқиқоти зиёд ва фаъъолиятҳои илмии густарда дар Тоҷикистон ба вуҷуд ояд. Аммо воқеъият аз чи қарор аст? Ба таври куллӣ, дар Тоҷикистон пажӯҳишгарон чигуна ва дар чи сатҳе ин ҳамсояи абарқудраташонро, ки дар пешрафти иқтисодии кишварашон нақше калидӣ дорад, мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор медиҳанд?

“Нерӯи нарми” Чин дар Тоҷикистон — аз омӯзишу парвариш то илм

Чин басуръат ба яке аз бозигарони умдаи иқтисодӣ дар ҳавзаи пасошӯравӣ табдил мешавад. Акс аз russian.china.org.cn
 Чин басуръат ба яке аз бозигарони умдаи иқтисодӣ дар ҳавзаи пасошӯравӣ табдил мешавад. Акс аз russian.china.org.cn
Дар даҳсолаи ахир Чин ба тавсеъаи “нерӯи нарми” худ — мафҳуме, ки дар сиёсатшиносии имрӯз эътибори байналмилалии кишвар, ҷаззобият ва шуҳрати он дар арсаҳои фарҳанг, омӯзишу парвариш, илм ва ғайраро бозтоб медиҳад, — таваҷҷуҳи вижае дорад. Мафҳуми “нерӯи нарми Чин” ҳамчунин ба маънои бархурдорӣ аз лоббии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ чи дар сатҳи байналмилал ва чи дар сатҳи дохилии кишварҳои ҷудогона ва таъсиргузорӣ дар қишри фарҳангии ҷомеъа ва ҷавонони фарҳехтаи он кишварҳост, ки тамоюл ба Чин ва забону фарҳанги он доранд. Дар Чин имрӯз бисёре инсофан бар ин боваранд, ки бархурдорӣ аз як нерӯи нарми созмонёфта ва муваффақ аз авомили умдаи тақвияти ҳузураш ва зомини қудрат ва нуфузи ояндаи ин кишвар чи дар сатҳи ҷаҳон ва чи дар минтақаи Осиёи Миёна аст.

Дар авосити солҳои 2000-ум яке аз абзорҳои аслӣ барои эҷоди нерӯи нарми Чин — Муассисаи Конфутсий, таъсис шуд, ки имрӯз беш аз 500 шуъба дар саросари ҷаҳон дорад ва наздики ҳафт милюн нафар дар он омӯзиш мебинанд. Муассисаи Конфутсий як ниҳоди давлатӣ аст ва зери назари Дафтари давлатӣ барои тарвиҷи забони чинӣ фаъъолият мекунад. Ва пойгоҳи аслӣ барои тарвиҷи фарҳангу забони чинӣ дар қаламрави Осиёи Миёна дар шаҳри Урумчӣ, пойтахти устони Шинҷони Чин, воқеъ аст. Муассисаи Конфутсий (ба иловаи омӯзиши фарҳангу забони чинӣ) ҳамчунин ба омӯзиши кодрҳои фаннию муҳандисӣ барои корхонаҳо ва ширкатҳои чинӣ, ки дар хориҷ аз ин кишвар фаъъолият мекунанд, машғул аст.

Дар Тоҷикистон имрӯз ду муассисаи Конфутсий — дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ва дар заминаи Донишкадаи фанноварии кӯҳӣ дар шаҳри Бӯстони (Чкаловск) вилояти Суғд, — фаъъолият доранд. Тайи ҳудуди 10 соли фаъъолияташ танҳо аз тариқи Муассисаи Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик омӯзиш дидаанд, ки теъдоде аз онҳо сипас барои идомаи таҳсили худ ба Чин рафтаанд. Дар ҳарду муассиса таваҷҷуҳи аслӣ ба омӯзиши забони чинӣ маътуф мешавад, аммо дар шаҳри Бӯстон (Чкаловск) ин муассиса ҳамчунин мутахассисонеро барои кор дар санъати истихроҷи нафт ва маъодини кӯҳӣ низ тарбият мекунад, ки қарор аст онҳо дар оянда дар ширкатҳо ва корхонаҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кор кунанд.

Кунсерти идона бо номи шоъиронаи "Чини дилнишин", ки ба Рӯзи Муассисаи Конфутсий бахшида шудааст. Акс аз news.tj
Консерти идона бо номи шоъиронаи “Чини дилнишин”, ки ба Рӯзи Муассисаи Конфутсий бахшида шудааст. Акс аз news.tj
Ҷиҳати дигари муҳимми фаъолияти ин муассиса тарбият ва омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар муассисоти омӯзиши олии Чин аст. Дар ин замина ҳам пешрафтҳои чашмрасе мушоҳида мешавад — агар дар соли 2010 ҳукумати Чин танҳо 20 бурсияи таҳсилӣ барои омӯзиши ройгон дар Чин ихтисос дода бошад, дар соли 2013 теъдоди 122 нафар ва ду сол баъд 289 донишҷӯи тоҷик бо бурсияҳои таҳсилии давлати Чин дар онҷо ба таҳсил пардохтаанд.[2] Дар маҷмӯъ, дар донишгоҳҳои Чин ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки теъдоде аз онон ба ватан баргашта, бақия ба таҳсили худ дар хориҷ, чи дар Чин ва чи дар кишварҳои дигар, идома медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки бештарин теъдоди донишҷӯёни тоҷик ба Чин қабл аз ҳама барои омӯзиши забон ва тахассусҳои фаннӣ, ки ширкатҳои чинӣ ба онҳо ниёз доранд, сафар мекунанд. Танҳо ҳудуди 10 дарсади бурсияҳои таҳсилӣ ба давраи коршиносии аршад (магистратура), яъне барои анҷоми корҳои илмӣ, ихтисос меёбад. Ба ин тартиб, бахши аъзами тоҷиконе, ки давраи коршиносии аршадро пушти сар мекунанд, дар оянда мутахассисони забоншиносӣ, забону адабиёти чинӣ ва улуми фаннӣ (техникӣ) мешаванд. Бахши андаке ҳам ба таҳқиқу пажӯҳиш дар риштаҳои улуми иҷтимоъӣ ва сиёсӣ мепардозанд ва ғолибан масоиле чун ҳамгироии байналмилалӣ ва тасвеъаи ҳамкориҳо бо Чинро мутолеъа ва баррасӣ мекунанд.

Ҷиҳати умдаи дигари “нерӯи нарми” Чин аз фаъъолияти марокизи таҳқиқотӣ ва пажӯҳишгоҳҳое иборат аст, ки ба таҳқиқу пажӯҳиш дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ, масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон, машғуланд. Аз ҷумлаи ин марокиз машҳуртаринашон Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шонгҳой, Пажӯҳишгоҳи Русия, Урупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Фарҳангистони пажӯҳишҳои байналмилалии Шонгҳой, Маркази мутолеъоти Осиёи Марказӣ, як ниҳоди вобаста ба Шӯрои амнияти Чин, Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Пажӯҳишгоҳи Роҳи Абрешим, вобаста ба Донишгоҳи Шимол-Шарқи Чин, ба шумор меоянд. [3]

 “Дар ҳоле ки дар Ғарб ва Русия сармоягузорӣ дар пажӯҳишҳои марбут ба Осиёи Миёна тайи як даҳаи ахир ҳамвора рӯ ба коҳиш будааст, дар Чин мо тасвири хилофи ин фарояндро мушоҳида мекунем.”
 Ҳадафи аслии марказҳои таҳлилии Чин таъмини таҳлили бокайфият барои ниҳодҳои давлатии Чин ва мусоъидат ба таҳияи истротежӣ ва роҳнамудҳои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Ҳадафи дигар ҳам, ки аҳаммияти камтаре аз ин надорад, тавсеъаи ҳамкорӣ бо донишмандон ва муассисоти таҳлилии кишварҳои хориҷӣ, ва ба ин тартиб, эҷоди тасвири мусбати Чин дар муҳити илмӣ ва коршиносии он кишварҳост. Тайи чанд соли ахир шумори пажӯҳишгоҳҳо барои омӯзиши масоили Осиёи Миёна ва Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар Чин басуръат дар ҳоли афзоиш аст. Шумори умумии семинорҳо ва ҳамоишҳои илмии солиёнаи Чин дар бораи масоили Осиёи Миёна нисбат ба тадобири мушобеҳ дар Русия ва ё Омрико бамаротиб бештар аст. Ба иборати дигар, дар ҳоле ки дар Ғарб ва Русия сармоягузорӣ дар пажӯҳишҳои Осиёи Миёна дар як даҳсолаи ахир пайваста рӯ ба коҳиш будааст, дар Чин мо тасвири хилофи ин фарояндро мушоҳида мекунем.

 Дар Тоҷикистон шарикони аслии “утоқҳои фикри” чинӣ идораҳо ва муассисоти давлатие мебошанд, ки дар онҳо имрӯз тақрибан ҳамаи коршиносону мутахассисони чиншиноси тоҷик кор мекунанд ва ба шеваҳои мухталифе ба таҳқиқи масоили Чин ва ё ҳамкориҳои байналмилалӣ машғӯланд. Аз ҷумла, Маркази таҳқиқоти роҳбурдии (истротежики) вобаста ба Дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, муасссиоти вобаста ба Фарҳангистони улум ва чанде аз донишгоҳҳо — қабл аз ҳама, Донишгоҳи исловии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ба таври мутавассит, дар Чин ҳар сол на камтар аз 10 семинор ва кунферонси байналмилалӣ дар бораи кишварҳои пасошӯравӣ баргузор мешавад, ки ба онҳо ҳамеша намояндагони муассисот ва марокизи расмии таҳлилии Тоҷикистон ҳам даъват мешаванд. Маъмулан, дар дастури кори ин ҳамоишҳои байналмилалӣ масоиле қарор дорад, ки беш аз ҳама ҳукумати Чин ба баррасии онҳо алоқаманд аст, аз ҷумла бунёдгароии исломӣ, амнияти минтақа, ҳамгироӣ ва муделҳои аслии ҳамгироӣ, монанди Созмони Ҳамкории Шонгҳой, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Итиҳодияи Гумрукӣ ва ғайра. Коршиносони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчунин дар нашру интишори маҷмӯъаҳои мақолот ва китобҳои гуногуни илмӣ, ки ҳазинаи чопи онҳоро давлати Чин дар ин ё он сатҳ мепардозад, мушорикат меварзанд. Ҳамчунин, байни ду кишвар мубодилаи илмӣ сурат мегирад, ҳарчанд сатҳи он нисбат ба табодулоти илмӣ бо Русия ва кишварҳои дигари ҳамсуд пойинтар аст.

 Чиншиносӣ дар Тоҷикистон — ҷанбаҳои мусбат ва манфии он

 Агар ба вазъияти ҳавзаи чиншиносӣ дар Тоҷикистон бо диққат нигоҳ кунем, метавон вижагиҳои калидии онро ба шарҳи зер ташхис дод:

 “Шумори пажӯҳишҳо ва осори илмии нашршуда дар бораи Чин дар Тоҷикистон бағоят ночиз ва нокофӣ аст.”
Нахуст, бояд ёдовар шуд, ки чиншиносӣ дар Тоҷикистон як риштаи илмии ҷадид аст ва дар марҳилаи ибтидоии пешрафти худ қарор дорад. Яке аз мушкилоти аслии ин ришта мавҷуд набудани кодрҳои варзида ва шоиста (қабл аз ҳама ҷавонон) ва камбуди пул ва манобеъи молист. Коршиносоне, ки ба ман муяссар шуд бо онҳо суҳбат кунам, ҳамчунин ба мавҷуд набудани тадорукоти давлатӣ (госзаказ) барои пешбурди ҳавзаи чиншиносӣ ва анҷоми таҳқиқоти амиқтару фарогиртар дар ин замина ишора карданд. Дар маҷмӯъ, шумори кутуб ва пажӯҳишҳои нашршуда дар бораи Чин бисёр ночиз ва нокофӣ боқӣ мондааст, бавижа дар ҳоле ки Чин дар сарнивишти кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон нақши физояндае дорад. Дар маҷмӯъ, дар Осиёи Миёна вазъияти мубҳам, вале қобили дарке вуҷуд дорад — ҳарчи вобастагии иқтисодӣ ба Чин бештар мешавад, ҳамон андоза нашри мақолоти илмӣ дар бораи ҳузури Чин дар минтақа дар нашрияҳои илмӣ ва матбӯъоти маҳаллӣ камтар мешавад.

Дувум, дар заминаи пӯшиши мавзӯъии пажӯҳишҳои марбут ба Чин ҳам адами таъодул ё ноҳамсангии чашмгире вуҷуд дорад. Бахши аъзами пажӯҳишҳое, ки дар дастраси умум қарор доранд, сирфан ба масоили забоншиносӣ ва фарҳангу адабиёти Чин муртабитанд. Бахши умдаи дигар ба масоили ҳамгироӣ ва муделҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, ки Русияву Чин тарвиҷ мекунанд, ихтисос доранд. Бахши ночизе аз осори илмию пажӯҳишӣ (куллан, мутаъаллиқ ба иқтисоддонҳои чиншинос) низ ба масоили иқтисодӣ ва сиёсати дохилии Чин рабт доранд.

Пеш аз ҳама, манофеъи худи Чин, сармоягузори аслии чиншиносӣ дар Тоҷикистон, эҷоб мекунад, ки чунин ноҳамоҳангии мавзӯъӣ дар ин ришта вуҷуд дошта бошад. Чун дар кишварҳои дигари минтақа, дар Тоҷикистон ҳам, Чин манобеъи молӣ ва бурсияҳоро ғолибан барои тарбияти мутарҷимони маҳаллӣ ва мутахассисони фаннӣ ҳазина мекунад, то аз ин роҳ ниёзҳои ширкатҳои чинӣ ва сохторҳои дигари иқтисодӣ дар минтақаро бароварда созад. Утоқҳои фикри Чин омодаанд аз сиёсатшиносону иқтисоддонҳои маҳаллӣ барои омӯзиши жарфтари минтақа ва давлатҳое, ки Чин дар онҳо сармоя мегузорад, баҳра ҷӯянд. Аммо Ҷумҳурии Халқи Чин ба сармоягузорӣ дар улуми иҷтимоъӣ тамоюле надорад, чун мақомоти чинӣ маъмулан аз интиқод бадашон меояд. Ба ҳамин далел, дар худи Чин ҳам пешрафти улуми сиёсӣ ҳамеша бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ будааст. Чин ба сармоягузорӣ дар пажӯҳишҳои жарфу бетарафона дар бораи масоили иҷтимоъию иқтисодӣ ва сиёсати дохилияш ҳам кӯчактарин алоқае нишон намедиҳад. Дарвоқеъ, инҷо маҷмӯъе аз ихтилофи назарҳо ва масоили ҷиддию печидае ҳаст, ки таваҷҷуҳ ба онҳо метавонад ба талошҳои мақомоти чинӣ барои боло бурдани эътибори байналмилалии кишварашон латма занад. Ба унвони намуна, аз масоиле, ки баррасияш барои чиниҳо хушоянд нест, метавон ба равишҳои ҳаллу фасли қазияи ақаллияти мусалмон дар Чин ишора кард: имрӯз ҳудуди як милюн нафар аз ҷамъияти беш аз даҳмилюнии ақаллияти уйғур (ки қисман қазоқу қирғизро ҳам дар бар мегирад) дар марказҳои баистилоҳ “бозпарварии сиёсӣ” —  ё ба иборати дигар, дар урдугоҳҳои кори иҷборӣ, —  нигаҳдорӣ мешаванд.

Севум, бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар ҷиҳату моҳияти тарҳҳои пажӯҳишӣ ва нашриёти илмии марбут ба Чин ҳам ноҳамсангӣ ё адами таъодул вуҷуд дорад. Бахши бузурге аз ин пажӯҳишҳо (лоақал ҳамонҳое, ки дар дасрасии озод қарор доранд) сирфан ба омӯзиши ҷанбаҳои мусбати ҳамкорӣ бо Чин тамаркуз мекунанд. Маъмулан дар ин пажӯҳишҳо ба натоиҷи мусбати ҳамкориҳои Чин бо Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳҳои муштараки ҳамгироиву иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терурисм таъкид мешавад ва аз ин роҳ талошҳое барои тавҷеҳи тавофуқоти байнидавлатӣ сурат мегирад. Ҳатто дар осори илмӣ ҳамкории Чину Тоҷикистон мунҳасиран ба лаҳни пуртумтароқ ё ба сабки сармақолаҳои нашриёти шӯравӣ — бо корбурди густардаи таъбирҳое чун “ёрии беғаразона”, “шарики баробарҳуқуқ”, “анъанаҳои хуби ҳусни ҳамҷаворӣ” ва ғайра тавсиф мешавад. Дар айни ҳол, ҳама гуна талош барои баррасии каму беш интиқодии паҳлуҳои гуногуни тавсеъаталабии Чин дар Тоҷикистон дар ҳамон рӯҳияи замони Шӯравӣ як навъ “дасисаи душманони хориҷӣ” ё “рақибони жиюпулитики” Чин арзёбӣ мешавад.

Мавҷуд набудани таҳлили интиқодӣ имрӯз танҳо мушкили риштаи чиншиносӣ дар Тоҷикистон нест, балки шомили ҳоли ҳамаи пажӯҳишҳои сиёсӣ мешавад. Ғолибан ба ин далел, ки мактаби таҳлилӣ дар Тоҷикистон (ва куллан дар минтақа) ҳануз шакл нагирифтааст. Мафҳуми мактаби таҳлилии ҷадид падидае чандсохторӣ аст ва ба вуҷуди дастикам чаҳор рукни аслӣ — таҳлили идорӣ (расмӣ), коршиносони ғайридавлатӣ, таҳлили озоди матбуъотӣ, ва албатта, бозори фаровардаҳои таҳлилӣ —ниёзманд аст. Ҳамаи ин аносир бояд дар канори ҳам вуҷуд дошта бошанд ва ҳамдигарро такмил кунанд. Таҳлили идорӣ (яъне таҳлилгароне, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кор мекунанд) аз имкони беҳтари дастрасӣ ба иттилоъот ва додаҳо бархурдор аст, аммо аз назари мавзӯъӣ ва озодии баён маҳдуд аст, ба ин далел ағлаб ночор аст ҳарферо бигӯяд, ки аз боло аз ӯ таваққуъ доранд бигӯяд. Таҳлили ғайридавлатӣ (таҳлилгароне, ки дар созмонҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд) баръакс ҳамеша аз надоштани дастрасӣ ба иттилоъ ранҷ мебарад, вале аз имкони густардаи ибрози назар ва баёни афкораш бархурдор аст. Таҳлил дар расона ё матбуъот бештар барои бозтоби афкори умумӣ пешбинӣ шудааст, ва ҳам коршиносони расмӣ ва ҳам мустақилро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунад. Бозори фаровардаҳои таҳлилӣ пойдорию суботи молӣ ва созмонии тамомии системро таъмин месозад ва ба сарфаҷӯии махориҷи давлатӣ кумак мекунад. Дар ҳолати идеол, давлат бо таваҷҷуҳ ба ин ки фаровардаҳои таҳлилгарони давлатӣ, коршиносони мустақил ва рӯзноманигории таҳлилиро дар ихтиёр дорад, метавонад бо такя ба манофеъи миллӣ аз миёни гузинаҳои бисёр ҳамон рӯйкардҳоеро интихоб кунад, ки беш аз ҳама судманд ва мутаъодил бошанд.

“Шӯрбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон фақат яке аз ин аносир — шабакаи таҳлилгарони давлатӣ — тавсеъа меёбад, ки худаш низ аз камбуди сармоягузорӣ ва набуди ҷавонони мутахассис ранҷ мебарад. Ба ин тартиб, шакл нагирифтани мактаби миллии таҳлил дар чигунагии пешрафт, чи дар ҳавзаи чиншиносӣ ва чи дар заминаи улуми сиёсӣ дар кишвар, таъсири манфӣ мегузорад.”
Дурнамои пажӯҳишҳо дар чиншиносии тоҷик

“Чин ба унвони як иқтисоди содиротӣ ба эҷоди саноеъи рақобатпазир дар кишварҳои ҳамсоя алоқаманд нест”
 Чин як созмони хайрия ё башардӯстона нест, ки пешрафти Тоҷикистонро (лоақал дар рӯи коғаз) ҳадафи худ қарор дода бошад. Истилоҳоте чун “мусоъидат ба пешрафт“, “кумак ба тавсеъа“, “тавсеъаи зарфияти дохилӣ (зарфиятсозӣ)“-ро фақат кишварҳо ва созмонҳои кумаккунандаи ғарбӣ ба кор мебаранд. Ин дар ҳолест, ки Чин маъмулан тарҷеҳ медиҳад аз “ҳамкорӣ ва шарикии баробар” суҳбат кунад.[4] Ба ин тартиб, Чин ин нуктаро пинҳон намедорад, ки ҳадафи аслии ҳамкориҳо ва шарокаташ бо Тоҷикистон таъмини тавсеъаи миллии худаш аст. Дар ин замина, аз ҷумла метавон ба иҷрои роҳбурди (истротежии) go out (берун бирав, хориҷ шав) ишора кард, ки ҳадафаш дастёбӣ ба захоири маъданӣ дар кишварҳои дигар, содир кардани нерӯи кории изофияш ба он кишварҳо ва эҷоди бозор барои тавлидоти санъатии худаш дар он кишварҳост. Ба унвони як иқтисоди содиротӣ, Чин ба эҷоди саноеъи рақобатпазир дар кишварҳои ҳамсояаш алоқае надорад, ва аз ин рӯ шарти аслӣ барои гирифтани вом ё қарз аз Чин ҷалби ширкатҳои чинӣ ба унвони паймонкор, таҷҳизоти чинӣ, мутахасисон ва нерӯи кори чинӣ ба тарҳҳои мавриди назар аст. Табиъист, ки дар чунин шароите дониш ва фанноварӣ мунтақил намешавад ва захоири кории маҳаллӣ дар ин кишварҳо ағлаб нокоромад боқӣ мемонанд ва ё ҳеч гуна баҳрабардорӣ аз онҳо сурат намегирад. Бино бар ин, Чин барои ҳифзи амнияти сармояаш дар кишварҳои ҳамсоя нақшае таҳия кардааст, ки тибқи он вомҳо ва эътибороти молиро фақат дар ивази сарватҳои табиъӣ ва захоири маъданӣ ва дороиҳои дигар (аз ҷумла замин ва амвол) дар ихтиёри кишварҳои вомгираанда мегузорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин додаҳо, дастандаркорони улуми сиёсӣ ва риштаи чиншиносии Тоҷикистон бо маҷмӯъе аз вазифаҳо ва пурсишҳои калидии пажӯҳишӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки барои ояндаи кишвар аҳаммияти ҳаётӣ доранд:

Нахуст, яке аз пурсишҳои аслӣ ин аст ки то чи андоза роҳбурди дарозмуддати Чин, ки зикраш дар боло рафт, бо роҳбурди (истротежии) миллии тавсеъаи Тоҷикистон, бавижа бо аҳдофе чун пешрафти санъатии кишвар, эҷоди машоғил ва бозгашти тадриҷии муҳоҷирон ба ватан созгор аст? Имрӯз посух ба ин пурсиш ба эҳтимоли зиёд манфӣ аст, то мусбат. Дар натиҷа, мо бо шароити мутазодде рӯбарӯ ҳастем — дар ҳоле ки кишоварзони тоҷик тӯда-тӯда барои кор ба Русия мераванд, захоири кории анбуҳе аз Чин ба Тоҷикистон сарозер мешавад. Аз ин ҷо пурсиши муҳимми дигаре матраҳ мешавад, ки давлати Тоҷикистон чигуна метавонад дар баробари густариши саноеъ ва тавлидоти чинӣ аз тавлидкунандагон, тоҷирони хурду мутавассит ва кишоварзони тоҷик ҳимоят кунад?

 “Дар ин авохир коршиносони чинӣ ба сароҳати бештар мегӯянд, ки кишварашон ҳақ дорад аз сармояҳо ва манофеъи иқтисодии худ дар кишварҳои дигар бо истифода аз ҳар василаи мумкин ва дастрас дифоъ кунад.”
Дар инҷо маҷмӯъе аз масоил ва пурсишҳое ба миён меояд, ки рабти мустақиме ба амнияти миллӣ дорад, мисли ин ки “марзи амният” барои Тоҷикистон дар куҷо хатм мешавад, ки фаротар аз он дарёфти вом аз Чин вобастагиии иқтисодии феълии моро баргаштнопазир хоҳад кард? Куҷост он хатти фосиле, ки фаротар аз он султа ва нуфузи иқтисодии Чин бар Тоҷикистон ба як мушкили сиёсӣ табдил хоҳад шуд? Барои касе пинҳон нест, ки Чин одат надорад дар умури дохилии кишварҳои шарикаш мудохила кунад, бо онҳо муъомилаи сиёсӣ ҳам намекунад ё барои додани вом шартҳои сиёсӣ пеш намегузорад. Аммо замонате вуҷуд надорад, ки ин сиёсат иваз нашавад, зеро дар ин авохир коршиносони чинӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ беш аз пеш таъкид мекунанд, ки кишварашон ҳақ дорад аз сармояҳо ва манофеъи иқтисодии худ дар кишварҳои дигар бо истифода аз ҳар василаи мумкин ва дастрас дифоъ кунад. Ва ин рӯйкарде комилан мантиқӣ ва аз назари манофеъи миллии Чин тавҷеҳпазир аст — дар маҷмӯъ, аз таҷрубаи байналмилалӣ чунин бармеояд, ки вобастагии иқтисодӣ дер ё зуд ба вобастагии сиёсӣ табдил мешавад.

“Чин одат надорад дар умури дохилии кишварҳои шарикаш мудохила кунад ва барои додани вом бо онҳо муъомилаи сиёсӣ намекунад.”
Дувум, пурсишҳое низ вуҷуд дорад, ки ба пешбиниҳои дарозмуддат, таҳияи сенориюҳо ва гузинаҳои мумкин барои тавсеъаи ояндаи равобити Тоҷикистону Чин ва иҷрои тавофуқот ва қарордодҳои дуҷонибаи иқтисодӣ рабт мегирад. Бархе аз ин пурсишҳо моҳияти корбурдӣ доранд, аз ҷумла дар мавриди шароити бозпардохти вомҳои дарёфтшуда аз Чин дар оянда. Маълум аст, ки Чин вомҳои худро таҷдиди сохтор намекунад, қарзҳояшро намебахшад, тарҷеҳ медиҳад дар сурати пардохт нашудан дороиҳо ва амволи вомгирандаро тасарруф кунад. Дар шуморе аз кишварҳо, ки тавоноии пардохти қарзи Чинро надоштанд, ҳукуматҳояшон маҷбур шуданд сарватҳои миллии худро комилан ба Чин вогузор кунанд. Барои намуна, дар СриЛонко бо воми дарозмуддати Чин як бандари дарёӣ сохта шуда буд, ки баъдан комилан ба тасарруфи Чин даромад, зеро давлати СриЛонко тавони пардохти қарзи Чинро надошт. Имрӯз кишварҳои вомгиранда аз Чин майдонҳои истихроҷи маъдани худро барои муддатҳои тӯлонӣ ба ширкатҳои чинӣ медиҳанд, бо ин умед, ки пас аз анҷоми муҳлат ин майдонҳо таҳти истилоҳи “бо ризояти мутақобил” ба соҳибонашон баргардонда мешаванд. Аммо пурсиш ин аст, ки агар чунин “ризояти мутақобил” ҳосил нашавад, аз дасти кишвари вомгирифта чи бармеояд?

“Дар кишварҳои ҷаҳони севум ширкатҳои чинӣ маъмулан тарҷеҳ медиҳанд бо қавоъиди куҳна кор кунанд, бе он ки меъёрҳои муҳити зистро риъоят кунанд.”
Шумори дигаре аз пурсишҳо, ки дар Тоҷикистон, ва куллан дар минтақа, ба онҳо расидагӣ намешавад, ба масъалаи амнияти муҳити зист рабт доранд. Дар фароянди инқилоби санъатӣ ва мудернизаи чанд даҳаи ахир дар Чин ҳолати асафборе дар арсаи муҳити зист ба вуҷуд омадааст. Қабл аз ҳама, ба далели фаъолияти беназорати корхонаҳои санъатӣ — худдории онҳо аз насби таҷҳизоти полоишӣ ва нодида гирифтани меъёрҳои амнияти зистмуҳитӣ. Ҳукумати Чин тоза дар солҳои ахир ба анҷоми тадобири сахтгирона алайҳи харобкорони муҳити зист иқдом кардааст. Бо ин ҳол, дар кишварҳои ҷаҳони севум ширкатҳои чинӣ маъмулан тарҷеҳ медиҳанд бо қавоъиди куҳна кор кунанд, бе он ки меъёрҳои муҳити зистро риъоят кунанд. Дар натиҷа, мушкили назорат бар вазъи муҳити зист ҷиддитар шудааст — ҳарчанд ин мушкил рабти мустақиме ба сисёсатшиносӣ надорад, вале ба ҳамон андоза дорои аҳаммияти вижа аст.

“Тоҷикистон ва Чин: шарики стратегӣ ё алтернативӣ?”
Албатта, посухи мушаххасе пайдо кардан ба ҳамаи ин пурсишҳо ва чолишҳо имрӯз душвор аст. Ин амр ба анҷоми пажӯҳишҳои фарогиру муназзам ва дарозмуддат бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони риштаҳои мухталиф ниёзманд аст. Дар ин росто, тадорукоти давлатӣ (госзаказ) бисёр муҳим аст — яъне сохторҳои давлатӣ бояд ҷиддияти масъаларо дарк кунанд ва сиёсати ҷадиде дар пеш бигиранд. Ин сиёсат бояд дарбардорандаи маҷмӯъе аз тадобир бошад — барои рушди ҳавзаи чиншиносии тоҷик, эҷоди як мактаби таҳлилии ҷадид, афзоиши маблағгузории ҳукумат барои марокизи таҳлилӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои давлатӣ аз як сӯ, ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳо ва созмонҳои ғайридавлатии таҳлилию коршиносӣ, аз сӯи дигар.

Дар айни ҳол, аслан муҳим нест, ки мунтақидони тавсеъаталабии иқтисодии Чин ҳақбаҷонибанд ё мудофеъони он — ин мавзӯъ худ ба худ барои сарнавишти ояндаи Тоҷикистон, амнияти миллӣ, истиқлол ва ҳифзи давлатдории миллияш ва таъмини оромишу суботи сиёсии ин кишвар ба андозае муҳим аст, ки набояд бидуни баррасии дақиқу мӯшикофона аз он чашм пӯшид.

 [1] Константин Бондаренко: Қарзи хориҷии Тоҷикистон: таҳдидҳои рӯзафзун дар баробари суботи шикананда, Ожонси Cabar, 2016

[2] “Нерӯи нарми” Чин дар Осиёи Миёна, https://camonitor.kz/20740-myagkaya-sila-kitaya-v-centralnoy-azii.html

[3] Руслан Изимов, “Утоқҳои фикри” Чин ва Осиёи Миёна: арзёбии тоза», САА, http://caa-network.org/archives/5940

[4] Наргис Касенова, Эҳдокунандаи нави байналмилалӣ: кумаки Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон, Маркази мутолеъоти Русия ва кишварҳои ҳамсуд,  Порис, январи 2006


Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» ва бо ҳимояти молии Вазорати хориҷаи Норвегия таҳия шудааст. Назарҳои дар мақола овардашуда баёнгари мавқеъи расона ва ё сарпараст нестанд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: