© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Натоиҷи амалиёти вижа дар Бадахшон: бозигарони аслӣ ва таҳаввулоти оянда

«Натоиҷи амалиёти вижаи давлати Тоҷикистон дар моҳи октбяр алайҳи аносири ҷиноӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусбат арзёбӣ мешавад. Аммо мардуми маҳаллӣ аз пайваста ворид кардани нерӯҳои мусаллаҳ ба вилоят ибрози норизоятӣ мекунанд. Дар айни ҳол, ҳеч ихтилофе миёни давлати марказӣ ва Хоруғ дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ дида намешавад.» Ин нуктаро коршиноси масоили сиёсӣ Муслимбек Буриев дар мақолаи вижаи худ барои хабаргузории CABAR.asia зикр кардааст.

Муслимбек Буриев – ширкаткунандаи мактаби таҳлилии CABAR.asia


 Русский English   

Хулосаи мақола:

  • Хатари ҷиддие, ки амнияти вилоятро таҳдид мекунад, аносири ҷурму ҷиноят, бахусус дар фазои бади иқтисодӣ дар ВМКБ мебошад.
  • Мардум бо ҳукумат дар мавриди вуҷуди аносири ҷиноӣ ҳамнаво ҳастанд, дар ҳоле ки давлати марказӣ мардуми маҳаллиро ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ҷиноӣ муттаҳам мекунад.
  • Ҳар иқдоми раҳбарони ғайрирасмиро метавон навъе таҳрик арзёбӣ кард.
  • ٰМақомот дарвоқеъ раҳбарони ғайрирасмии ВМКБ-ро таҳдиде барои амнияти кишвар медонанд, аммо дар пешорӯи интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ ин таҳдид ҷиддитар аз пеш эҳсос мешавад.
Тайи даҳ соли ахир дар вилоят ошуфтагиҳое ба вуҷуд омада, ки барои фурӯ нишондани онҳо давлати марказӣ ба истифода аз нерӯи низомӣ иқдом кардааст. Акс аз cabar.asia
Тайи даҳ соли ахир дар вилоят ошуфтагиҳое ба вуҷуд омада, ки барои фурӯ нишондани онҳо давлати марказӣ ба истифода аз нерӯи низомӣ иқдом кардааст. Акс аз cabar.asia

Дар моҳи октябри соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон барои муқобала бо гурӯҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ амалиёти вижаеро шурӯъ кард. Натоиҷи ин амалиёт мусбат арзёбӣ мешавад, зеро ҳукумат ҳар ойина тавонистааст ба натоиҷе даст ёбад.

Мардуми бумӣ беш аз пеш аз иқдомоти давлати марказӣ изҳори норизоятӣ мекунанд. Хашми мардуми маҳаллиро вуруди мунтазами нерӯҳои мусаллаҳ ба минтақа ба баҳонаи таъмини амният тайи даҳ соли ахир барангехтааст.

Дар айни замон ҳеч ихтилофе миёни давлати марказӣ ва Хоруғ дар сатҳи ниҳодҳои ҳукуматӣ вуҷуд надорад.

Ба навбаи худ, мақомҳои марказӣ “раҳбарони ғайрирасмӣ” дар Бадахшонро ба талошҳое барои ноором кардани вазъият муттаҳам мекунанд ва онҳоро хатаре воқеъӣ барои суботу амнияти вилоят медонанд. Ҳамин амалиёти ахир дуруст дар вокуниш ба фаъолиятҳои ғайриқонунии онҳо сурат гирифтааст.

 Дар ин мақола саъй мешавад, ки мавзеъгирии ҳамаи ҷонибҳо, ангезаҳои онҳо ва дурнамои вазъият дар минтақа таҳлил ва баррасӣ шавад.

 Мақомоти маҳаллӣ

Дар иртибот бо мавзеъгири устондории Бадахшон метавон гуфт, ки дар ҳар вазъияте тамомияти арзӣ ва якпорчагии кишвар бар мабнои Қонуни асосӣ муҳимтарин омил маҳсуб мешавад. Ин бахусус марбут аст ба ҳукумати маҳаллӣ ва ин ки он чи тавр дастурҳои давлати марказиро иҷро мекунад. Яъне ба лиҳози назарӣ, табиъист, ки барои фаъолияти муассири дастгоҳи давлатӣ бояд навъе ҳамоҳангӣ дар фаъъолияти муассисоти маҳаллӣ дар саросари кишвар вуҷуд дошта бошад. Аммо ҳоло бояд мушаххас кард, ки ин қоъида муносиботи мавҷуда байни давлати марказӣ ва мақомҳои маҳаллӣ дар ВМКБ-ро дар чи сатҳе бозтоб медиҳад.

Вазъияти иқтисодӣ дар вилояти Бадахшон ба андозаи кофӣ душвор аст, ҳатто дар бофтори худи Тоҷикистон, ва мизони кумакҳои молие, ки давлати марказӣ ба вилоят мекунад, бағоят андак аст. Бо таваҷҷуҳ ба камбуди сармоягузорӣ аз сӯи давлат, таваҷҷуҳ бештар ба тарҳҳои бахши хусусӣ, бавижа сармоягузорони хориҷӣ, маътуф мешавад, аммо дар ҳамин замина ҳам мавонеъе вуҷуд дорад. Аз ҷумла, иҷозаи вуруди сармояи хориҷӣ ба вилоят дар дасти ҳукумати марказист ва ин амр маҳдудиятҳое барои ҳукумати маҳаллӣ дар заминаи мудирияти озоди иқтисодӣ эҷод мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин авомил, наметавон гуфт, ки пуштибонии иқтисодӣ ангезаи аслии вафодории мақомоти ВМКБ ба давлати марказӣ мебошад.

Беҳтар аст фарзро бар ин гузорем, ки мақомҳои маҳаллӣ дар масоили амниятӣ ба пуштибонии давлати марказӣ такя мекунанд. Ин амр бахусус дар пасманзари ҳамсоягӣ бо Афғонистон, ки маншаъи бархе аз мушкилоти амниятӣ дар марзи Тоҷикистон аст, аҳаммияти вижа мпайдо мекунад. (4)

Мушкили ҷиддии дигар барои амнияти минтақа мизони болои ҷурму ҷиноят, бавижа дар иртибот бо вазъи бади иқтисодӣ дар ВМКБ, мебошад.
Ҳукумати маҳаллӣ барои рафъи ин гуна чолишҳо манобеъи кофӣ дар ихтиёр надорад ва ин нишон медиҳад, ки то чи андоза кумак ва пуштибонии давлати марказӣ барояш муҳим аст. Ба ин тартиб, Душанбе ночор аст барои чира шудан бар вазъият аз манобеъ ва захоири худаш истифода кунад ва ҳамзамон ба тағйироти кодрӣ дар сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ даст занад.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси ВМКБ, ҷиддияти вазъи амниятӣ дар минтақаро хуб дарк мекунад ва медонад, ки давлати марказӣ аз фаъъолияти мақомҳои пешини устондорӣ норозӣ буд. Ӯ аз амру фармонҳои Душанбе сар барнаметобад ва хуб дарк мекунад, ки ҳузури низомиён дар вилоят дар ҳоли ҳозир амре зарурист. Бо ин ҳол, раҳбари нави вилоят саъй мекунад ба хостаҳои мардуми маҳаллӣ ҳам таваҷҷуҳ кунад, дар ҳоле ки ҳамвора мегӯяд афзоиши таниш қобили қабул нест.

Файзов дар гузашта раҳбарии намояндагии маҳаллии Бунёди Оқохонро, ки ба иҷрои тарҳҳои башардӯстона дар минтақа машғул аст, ба зимма дошт. Дар ин симат ӯ аз таҷрубаи муъошират бо ҷомеъа, огоҳӣ аз мушкилоти вилоят ва фаъъолияти миёнҷигарӣ бархурдор шудааст. Ин маҳоратҳои ӯ мумкин аст дар мудирияти умури вилоят ва эҷоди иртибот миёни давлати марказӣ ва аҳолии маҳаллӣ нақше калидӣ иҷро кунад.

Аҳолӣ

Бадахшониҳо гурӯҳе қавмӣ бо теъдоди наздик ба 220 ҳазор нафаранд, ки бахши кӯчаке аз ҷамъияти нуҳмилюнии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Забонҳо, мазҳаб ва ҷанбаҳои дигари фарҳанги маҳаллии онҳо бо соири мардумони Тоҷикистон фарқ мекунад. Ин вилоят аз дигар қисматҳои Тоҷикистон тавассути силсилакӯҳҳо ҷудо шудааст. Танҳо як роҳ вуҷуд дорад, ки Бадахшонро бо манотиқи дигари Тоҷикистон мепайвандад ва парвози ҳавопаймо ба ин минтақа ба далели шароити иқлимӣ ва ҷуғрофиёӣ камтар анҷом мешавад.

Забонҳои помирӣ, бо ин ки забонҳои роиҷ ва аслии мардуми Бадахшон мебошанд, хат ва дабираи худро надоранд. Барномаҳои телевизиюнӣ ва радиоӣ ба забонҳои модарии мардуми Бадахшон пахш намешаванд ва тадриси ин забонҳо низ дар мактабҳо сурат намегирад. Бадахшониҳо саъй мекунанд забонҳои худро аз тариқи фарҳанги омиёна ва тарҳҳои сармоягузорони хориҷӣ ҳифз кунанд.
Дар натиҷа, ҷамъияти кӯчаки вилоят ҳамин тур ба ҳоли худ раҳо шудаанд, дар ҳоле ки давлат ҳам нақши чандоне дар расидагӣ ба мушкилоти иқтисодию иҷтимоъии минтақа надорад.
Дер ё зуд ин авомил метавонист боъис шавад, ки мардуми вилоят аз сиёсатҳои давлати марказӣ дар минтақа бардошти манфӣ дошта бошанд. Инзивои фарҳангӣ ва ҷуғрофиёӣ дар бадтарин ҳолати мумкин метавонад ба навъе бегонагӣ ё гусехтагии сиёсӣ мунҷар шавад.

Дар зарфи даҳ соли ахир дар вилоят танишҳое ба вуҷуд омада ва барои фурӯ нишондани онҳо давлати марказӣ аз нерӯҳои мусаллаҳ истифода кардааст.

Нуқтаи атф дар равобити байни мардуми Бадахшон ва давлати марказӣ ҳаводиси соли 2012 буд, замоне ки Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти вилоят, ҳангоми бозгашт аз марзи Афғонистон ба дасти гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ дар ҳаволии Хоруғ кушта шуд. Барои муқобала бо ин афрод нерӯҳои мусаллаҳ вориди Бадахшон шуданд. Аҳолии Хоруғ бо баргузории чанд маврид аз тазоҳурот ба ин амалиёт вокуниш карданд ва хостори берун бурдани нерӯҳои давлатӣ шуданд.

Амалиёти вижаи ахир дар соли 2018 қабл аз ҳама ба норизоятии густарда дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунҷар шуд. Корбарони фаъоли интернет аз ВМКБ дар Фейсбук, Твиттер ва Инстограм аз мақомот хостанд, ки ба “ҷанги иттилоъотӣ алайҳи ВМКБ” хотима бахшанд. Онҳо корзори ҷамъоварии силоҳ аз аҳолии Хоруғро  коре мубтазал ва бефоида хонданд: мардуми вилоят аз ин ки мақомот онҳоро бо авомили ҷурму ҷиноят муртабит медонанд, нороҳат шуданд. Дар тӯмор ё номаи додхоҳонае, ки аз номи мардуми ВМКБ дар сойти Change.org мунташир шуд, хурӯҷи нерӯҳои мусаллаҳ аз минтақа ва ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ба фароянди ҳаллӣ масоили амниятӣ тақозо шуда буд. (6) Дар ин нома ҳамчунин аз мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор ҳимоят мешуд. Дар натиҷа, рӯшан буд, ки мардуми маҳаллӣ ва давлат ҳадафи муштараке доранд ва он мубориза бо ҷурму ҷиноят аст, агарчи дарки онҳо аз чигунагии ҳалли масъала мутафовит буд.

Бо ин ҳол, касе иқдом ба тазоҳуроти эътирозӣ накард, ба илова, мақомот таҷаммуъи беш аз се нафар дар кӯчаҳои Хоруғро мамнӯъ карда буданд. (7) Ҳарчанд ҳаводиси баъдӣ нишон дод, ки мамнуъият далели аслии худдории мардум аз ин гуна гирдиҳамоиҳо нест.

Шашуми ноябри соли 2018, дар остонаи рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон, тазоҳуроте барпо шуд, ки дар натиҷа миёни гурӯҳе аз сокинони ВМКБ ва нерӯҳои давлатӣ муноқиша ба миён омад. Дар ин рӯйдод ду сокини маҳаллӣ осеб диданд, ки яке аз онҳоро Хуршед Муҳаммадзода, аз фармондеҳони нерӯи вижаи пулиси Тоҷикистон, ки барои анҷоми амалиёти вижа ба минтақа фиристода шуда буд, муқассир донист. Давлати марказӣ хуб медонад, ки ҳар талоше барои саркӯби тазоҳурот метавонад ба вокуниши хашинтаре мунҷар шавад. Аз ин рӯ, ба эъломи ин ки ин воқеъа бо таҳрики гурӯҳе аз мардуми маҳаллӣ рух дод, иктифо кард.

Ин маврид нишон медиҳад, ки тайи ин ҳама муддат сокинони маҳаллӣ барои навъе тазоҳурот омода буданд, аммо то тазоҳуроти шашуми ноябр баҳонае барои ин гуна фаъъолият ба мушоҳида намерасид. Ворид кардани низомиён ба минтақа ҳоло амре ногузир барои мубозира бо гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ талаққӣ мешавад. Ва тазоҳурот дар ин маврид охирин тадбири мумкин буд, ки талош шудааст аз он сарфи назар шавад.

Бо ин ки сокинон бо мақомот дар мубориза бо фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳамназаранд, аммо мақомот сокинонро ба ҳамдастӣ бо ин гурӯҳҳо муттаҳам мекунанд.
Дар бофтори Тоҷикистон чунин фаъолиятҳои сиёсӣ банудрат мушоҳида мешавад. Бахусус дар баёни мухолифат бо сиёсати ҷории Ҳукумат. Барои Душанбе ин амр на навъе таҳдид, балки баёнгари бетаваҷуҳӣ ба хостаҳои мардуми минтақае ҷудогона аст. Ҳарчанд сокинон бо мақомот дар амри мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳамназаранд, аммо давлати марказӣ сокинонро ба ҳамдастӣ бо ин гурӯҳҳо муттаҳам мекунад. Чунин баҳсе на танҳо муносибат бо мардуми маҳаллиро махдӯш мекунад, балки боъиси афзоиши норизоятӣ аз сиёсатҳои давлати марказӣ мешавад. Дар натиҷа, мардум эътимоди худ ба шаффофияти мақомоти марказиро аз даст медиҳанд, ки ба таъсири манфии “раҳбарони ғайрирасмӣ” дар таҳаввулоти гуногуни минтақа ишора мекунанд.

 Раҳбарони ғайрирасмӣ

“Раҳбарони ғайрирасмӣ”, ки масъулони ҷурму ҷиноят дар вилоят муъаррифӣ мешаванд, инҳо мебошанд: Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадсаламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев. Аз фаъолиятҳои хушунатомезе, ки ба онҳо нисбат дода мешавад, метавон ба муҳосираи бинои ВКД дар Хоруғ дар соли 2008 (8) ва қатли Назаров дар соли 2012 ишора кард. Дар ҳарду маврид давлати марказӣ барои ҳалли муноқиша аз нерӯҳои мусаллаҳ истифода кардааст. Тавзеъи силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир низ аз ҷумлаи фаъолиятҳои раҳбарони ғайрирасмӣ дониста мешаванд.

Бо ин ҳол, муҳим аст бидонем, ки чиро онҳо раҳбар хонда мешаванд. Тибқи баъзе иттилоъот, онҳо дарвоқеъ аз ҳимояти мардуми маҳаллӣ бархӯрдоранд. Раҳбарони ғайрирасмӣ аз вазъияти душвори иқтисодӣ дар вилоят ба нафъи худ истифода мекунанд ва аз ҳимояти қишре аз мардум, ки бо мушкили бекорӣ рӯбарӯ ҳастанд ва дар шароити бад зиндагӣ мекунанд, бархурдор мешаванд. Онҳо ба унвони олтернотиве дар баробари мақомоти маҳаллӣ дар ВМКБ нақши зомини худмухтории ин вилояти кӯҳистониро иҷро мекунанд.(9)

Ҳар иқдоми раҳбарони ғайрирасмиро метавон навъе таҳрик арзёбӣ кард. Ҳар гоме, ки онҳо бармедоранд, ҳукуматро водор мекунад, ки бо истифода аз нерӯҳои мусаллаҳ дар вазъи ба миён омада таъсир гузорад. Ин амр ба навбаи худ эътирози мардумро ба вуҷуд меоварад. Дар натиҷа, шиддат гирифтани таниш байни мардум ва давлати марказӣ фақат ба нафъи онҳост. Онҳо умедворанд, ки ҳукумат комилан аз ҳимояти мардуми маҳаллӣ дар Бадахшон бебаҳра шавад, то битавонанд тамоюлоти ҷудоиталабонаро тақвият кунанд.

Иллати чунин мавзеъгирӣ дар гузаштаи онҳо нуҳуфтааст: – дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 онҳо аз ҷонибдорони нерӯҳои мухолифи вақт буданд(10). Фармондеҳони саҳроии пешин ҳукумати Раҳмонро қабул надоранд ва бо ҳар роҳе талош мекунанд ба обрӯи ҳукумат дар ВМКБ латма зананд. Табиъист, ки онҳо ва фаъъолияти онҳо барои ниҳодҳои давлатӣ дар масоили амнияти дохилии кишвар дар ҳоли ҳозир авлавияти асосӣ дорад.

Аммо ончи беш аз ҳама пурсишҳоеро ба миён оварда, ин аст, ки чиро раҳбарони ғайрирасмӣ дар шароити имрӯз ҳанӯз даст ба таҳрик ва аъмоли дигари хушунатомез назадаанд. Аз ҳамон оғози рӯйдодҳои ахир онҳо бо нияти сулҳхоҳона ва бо рад кардани тамомии иттиҳомот алайҳи худ дар бинои додситонии вилоят ҳозир шуданд. Баъд аз ин, онҳо қарор аст дар Душанбе бо раиси ҷумҳур мулоқот кунанд, сипас бо даъвати мақомот барои боздид аз обанборе маҳаллӣ ба вилояти Суғд хоҳанд рафт. Мақомот ҳам ҳеч нақшае барои боздошти онҳо надоранд, ва ба ҷои ин мехоҳанд бо онҳо музокира кунанд.

Қаблан раҳбарони ғайрирасмӣ бо имзои асноде розӣ шуданд, ки аз ҳар гуна иқдомоти ҷиноӣ ва хушунатомез худдорӣ кунанд.(11) Даст кашидан аз фарохонҳои умумӣ ба ошубу беназмӣ, созмондиҳии гирдиҳамоиҳо ва мудохила дар умури маданию хусусӣ аз ҷумлаи тақозоҳоест, ки онҳо риъояташро ба дӯш гирифтаанд. Маълум аст, ки иртиботи онҳо бо мардуми маҳаллӣ мӯҷиби нигаронии давлат аст. Имзои ин тавофуқот нишон медиҳад, ки ҳукумат онҳоро ҳамчун омилони фаъъоли сиёсӣ ба расмият мешиносад, на ҳамчун аносири ҷиноӣ, ки мӯҷиби нооромӣ дар вилояти ВМКБ мешаванд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки равобити худ бо сокинони маҳаллиро маҳдуд кунанд ва аз сиёсат канор бираванд, вонгаҳе мусолиҳа ба даст хоҳад омад. Аз сӯи дигар, маълум нест, ки давлат аз рӯи зарурат чунин гомҳое бармедорад ё ин ҷузъе аз барномаи камранг сохтани нуфузи раҳбарони ғайрирасмӣ мебошад.

 Марказ

Давлати марказӣ саъй мекунад нишон бидиҳад, ки бо афроде, ки ҳукуматашро намепазиранд, омодаи музокира аст. Дар айни ҳол, дар вилоят амалиёти вижа анҷом медиҳад, то қудрати худро ба намоиш гузорад: яъне «чи коре аз дасти як издиҳоми кӯчак дар баробари артише милюннафарӣ сохта аст?». Раҳбарон ҳам дарк мекунанд, ки ҳукумат ба тақвияти нуфузи худ дар вилоят машғул аст, ба ҳамин далел аз рӯёрӯӣ бо давлат парҳез мекунанд.

Сабаби тақвияти фаъъолияти ҳукумат дар ВМКБ метавонад ин бошад, ки он худро барои бадтарин сенориёи мумкин дар вокуниш ба таҳаввулоти пеши рӯ дар минтақа омода мекунад. Чунончи дар моҳи июли соли равон бори аввал дар шарқи Бадахшон размоишҳои муштараки Русияву Тоҷикистон баргузор шуд. Аҷиб ин ки ин размоиш дар фосилаи 120 килуметр аз шаҳри Хоруғ барпо шуд ва ҳадафи он озмоиши зарфияти нерӯҳои вокуниши сареъ дар сурати вуруди гурӯҳҳои теруристӣ ба қаламрави кишвар аз Афғонистон буд. Ҳарчанд, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки давлат саъй мекунад нерӯҳои худро барои муқобала бо ҳамалоте аз дохил (ва на аз хориҷ) омода созад.

Давлат воқеъан аз вуҷуди раҳбарони ғайрирасмӣ дар ВМКБ эҳсоси хатар мекунад, аммо дар пешорӯи интихоботи нави риёсати ҷумҳурӣ ин хатар ҷиддитар мешавад (12). Ҳанӯз маълум нест, ки оё Раҳмон барои даври баъдӣ дар симати худ боқӣ хоҳад монд ё хайр, вале бисёриҳо интизор доранд, ки шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ, ки писари раиси ҷумҳури феълӣ аст, раҳбари ояндаи кишвар шавад. Мақомот дар Душанбе нигаронанд, ки замони интиқоли қудрат ба раиси ҷумҳурии ҷадид ин фурсатро барои гурӯҳҳои мусаллаҳ фароҳам созад, ки қудратро дар вилоят ба дасти худ бигиранд. Раҳмон умедвор аст, ки то замони таҳвили қудрат ба писараш нуфуз ва ҷойгоҳи давлати марказиро дар саросари кишвар тақвият кунад ва ба ҳалли ҳама гуна масоили амнияти дохилӣ даст ёбад. Мақомот саъй доранд раҳбарони ғайрирасмиро дар қаламрави вилоят нигаҳ доранд ва дар иваз озодии онҳоро замонат бидиҳанд.

Аз ин ҷост ки ӯ маҷбур аст бо раҳбарони ғайрирасмӣ мусолеҳа кунад ва дар айни ҳол ба онҳо гӯшзад намояд, ки давлати марказӣ омода аст ба кӯчактарин талоши онҳо барои тақвияти ҳузурашон дар минтақа вокуниш нишон диҳад.

 Хулоса

Давлати Тоҷикистон авлавиятҳои сиёсии худро дар мавриди ВМКБ бадиққат таъйин мекунад. Барои ҳукумат амният ва суботи сиёсӣ хеле муҳим аст. Раҳбарони ғайрирасмӣ омодаанд, ки хостаҳои ҳукуматро бипазиранд ва ин худ нишонае аз як муваффақият дар амри ба эътидол овардани вазъият аст.

Аммо ин ки оё мушкил комилан ҳалли худро ёфта ё хайр, суолест, ки посух металабад. Ба эҳтимоли зиёд тағйироти ҷиддие дар вазъияти кунунӣ ба амал нахоҳад омад. Мардуми вилоят боз ҳам аз мушкилоти зиёди иқтисодӣ ранҷ хоҳанд бурд ва раҳбарони ғайрирасмӣ аз ин вазъ барои густариши нуфузи худ дар миёни аҳолии Бадахшон истифода хоҳанд кард.

Барои ҷилавгирӣ аз буҳронҳои мушобеҳи дигар бояд ин иқдомотро дар мадди назар дошт:

  • Ҳукумати маҳаллӣ метавонад барои тақвияти нақши худ ба унвони воситае байни давлати марказӣ ва сокинони Бадахшон фурсате ба даст оварад. Норизоиятии мардум аз вазъи ҷиноӣ метавонад ба ин мусоидат кунад. Дар натиҷа, ҳукумати маҳаллӣ метавонад обрӯ ва нуфузи худро афзоиш бидиҳад.
  • Устондории ВМКБ бояд ба унвони намояндаи расмии манофеъи мардуми маҳаллӣ хидмат кунад ва таваҷҷуҳи давлати марказиро ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтақа ҷалб созад. Ҳатто агар ин кор муваффақияте дар пай надошта бошад, боз ҳам робита бо мардуми маҳаллӣ метавонад ба сатҳи болотаре бирасад.
  • Барои ҳалли муноқишаҳои эҳтимолӣ ҷалби фаъолони маҳаллӣ, ҷомеъаи маданӣ ва намояндагони созмонҳои ҷавонон зарурист.
  • Барои ҳалли мушкилоти вилоят рӯйкарде якпорча ва ҷомеъ лозим аст, то нигоҳамон ба вазъияти Бадахшон аз зовияи амнияти давлатӣ иваз шавад.

Дар мавзеъгириҳои мардум ва давлати марказӣ муштаракоти зиёде вуҷуд дорад.

Сокинони маҳаллӣ ҳам ба танишҳо ва ихтилофоти ошкор алоқае надоранд ва нигаронии давлати марказӣ аз вазъияти ҷиноӣ дар вилоятро хуб дарк мекунанд. Ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ, пуштибонии нокофии давлати марказӣ аз минтақа аз авомили аслии норизоятии мардуми маҳаллӣ аст. Давлат авлавиятҳои худро дар минтақа бадиққат таъйин мекунад, аммо муҳиммтарин нукта – манофеъи мардуми Бадахшон ва ҳамаи масоил ва гирифториҳои онон ва равишҳои ҳаллу фасли ин масоил низ бояд дар феҳристи авлавиятҳо дарҷ шавад…

[1] Мизони фақр дар Тоҷикистон тайи 12 соли ахир ду баробар коҳиш ёфтааст, (2017) Спутник Узбекистан, https://ru.sputniknews-uz.com/society/20170623/5681983/bednost-tadgikistan.html

[2] Ожонси омори вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон. Вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, http://oldstat.ww.tj/en/img/2336a7fa84c06406cfe3606ccfe6d58a_1356711960.pdf

[3] ВМКБ: худмухтории бештар, мушкилоти камтар? (2007) Азия Плюс http://old.news.tj/en/node/5474

[4] Rotar, I. (2012), Tajikistan Launches Military Operation in Remote Pamirs Region, Eurasia Daily Monitor Volume: 9 Issue: 143 https://jamestown.org/program/tajikistan-launches-military-operation-in-remote-pamirs-region/

[5] Тоҷикистон: ҳукумат бо изҳороти тунд дар мавриди Бадахшон ба танишҳо доман мезананд, (2018) Eurasianet https://russian.eurasianet.org/таджикистан-власти-делают-резкие-заявления-о-гбао-усиливая-напряженность

[6]  Фарохони сокинони ВМКБ ба ҳимоят аз сулҳ дар Бадахшон. Change.org https://www.change.org/p/маджлиси-оли-республики-таджикистан-хукумату-гбао-маджлис-гбао-согражданам-республики-таджикистан-обращение-выходцев-из-гбао-в-поддержку-мира-на-памире

[7] Ховар: Гирдиҳамоиҳо дар Бадахшон бо ширкат дар созмонҳои ҷиноӣ ҳамсанг хоҳад шуд (2018) Азия Плюс http://news.tj/ru/news/tajikistan/security/20181020/hovar-sbori-v-gbao-budut-priravnivatsya-k-uchastiyu-v-prestupnom-soobtshestve?fbclid=IwAR2NgvcZfIketUZ5ZaNjMbt1UdiSis7lx1DL4OOCCwqob8yr8hzSgfPCYr4

[8] Pannier, B. (2018) Tajikistan’s Unconquerable Gorno-Badakhshan Region, Radio Free Europe, https://www.rferl.org/a/tajikistan-unconquerable-gorno-badakhshan-region/29534057.html

[9] ICG (2018). Мубориза барои қудрат дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон. Хулосаи Гурӯҳи буҳрон дар заминаи Урупо ва Осиёи Марказӣ № 87. International Crisis Group. https://www.crisisgroup.org/ru/europe-central-asia/central-asia/tajikistan/b87-rivals-authority-tajikistans-gorno-badakhshan

 [10] Назаров Ш. (2018), Ҳафт сомурой. Раҳмон тавонист қудрати худро дар Бадахшон тасбит кунад. Хабаргузории Фаргғона, http://www.fergananews.com/articles/10257

 [11] Назаров Ш. (2018), Семь самураев. Раҳмон тавонист қудрати худро дар Бадахшон таъйид кунад. Фергана –Международное агенство новостей http://www.fergananews.com/articles/10257

 [12] ICG (2018) Мубориза барои қудрат дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон. Хулосаи Гурӯҳи Буҳрон дар мавриди Урупо ва Осиёи Марказӣ № 87. International Crisis Group. https://www.crisisgroup.org/ru/europe-central-asia/central-asia/tajikistan/b87-rivals-authority-tajikistans-gorno-badakhshan


Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» ва бо ҳимояти молии Вазорати хориҷаи Норвегия таҳия шудааст. Назарҳои дар мақола овардашуда баёнгари мавқеъи расона ва ё сарпараст нестанд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: