© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Хавфи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ. Илоҷ чист?

Соҳибназарон камсаводию бесаводии динӣ ва бехабарӣ аз маданияти истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетиро омили умдаи ҷалби ҷавонони хатлонӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ медонанд. Ин нуктаро тадқиқоти мо ҳам, ки аз апрел то сентябри соли 2017 идома ёфт, бармало кард. 


На русском

Муборизи сатҳи баланд

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бо таъкиди ин нукта, ки ҷавононро мебояд аз ҷиҳати дар фазои амну осудаи ватан сукунат доштан шукргузору созандакор бошанд, гила аз он кард, ки бо вуҷуди тадбирандешии рӯзафзуни мақомот, вазъи ҷинояткорӣ дар самти терроризму экстремизм дар вилояти Хатлон ҳамоно ташвишбарангез боқӣ мондааст. Ва моҳи август бо кушодани бештари масъала дар ҳузури сокинони яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои мамлакат – Бохтар таассуф аз он хӯрд, ки фақат аз ин ҷо 95 кас дар кишварҳои ҷангзадаи хориҷӣ қарор дошта, аллакай 17 ҷавон ба ҳалокат расидааст.

Дар ноҳияи Данғара, ҳамзамон, гуфта шуд, шумораи он сокинони вилоят, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил гардидаанд, то аввалҳои соли 2017 аз 500 кас бештар шудааст. Дақиқан, 70 оила дар ҳайати 84 мард, 76 зан ва 92 фарди ноболиғ.

Тибқи таҳлиле, ки мо – муаллифони матлаб дар заминаи омӯзиши чандин парвандаи ҷиноятӣ ва суҳбат бо намояндагони сершумори мақомоти суд, прокуратура ва умури дохила анҷом додем, 90 дарсади ин оилаҳо маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба минтақаҳои зери тасарруфи террористон бурда шудаанд. Бештар аз ҳама сокинони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритӯс, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва М. С. А. Ҳамадонӣ ба ин задухӯрдҳои мусаллаҳона моил будаанд. Ва ба қавли Президенти кишвар, то кунун дар мавриди ҳалокати 60 нафари онҳо дарак дода шудааст.

Ва дар маҷмуъ аз соли 2012 то моҳи марти соли 2017 дар ҳудуди вилоят 1 ҳазору 198 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ошкор ва нисбат ба 985 нафар 861 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҷой доштани “чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат” (ибораи Эмомалӣ Раҳмон) Президенти кишварро дар ҷараёни ҳар вохӯрӣ бо сокинон ва ходимони сохторҳои давлатӣ хоҳ-нохоҳ таҳрик ба он медиҳад, ки беҳсозии корҳои оммафаҳмонӣ ва тарбияи дурусти насли наврасро батакрор таъкид кунад.

Сарояндаи реп “ҷиҳод”-ӣ шудан хост

Аммо, мутаассифона, гумоштагони шабакаҳои экстремистию террористӣ низ “даст рӯйи даст наменишинанд”. Яъне ҳарчанд онҳо имкони вуруд ба Тоҷикистон ва таҳмили ақидаю хостаҳояшонро надоранд, лек аз абзорҳои пурқудрати иттилоотӣ, назири интернет ва радио васеъ истифода мебаранд. Ва, албатта, ба “дом”-и гузоштаи онҳо бештар он шахсоне меафтанд, ки миёни сиёҳу сафед мустақил фарқ гузошта наметавонанд.

Қиссаи зерини писари ноболиғе, ки мо бо хоҳиши ӯ ва намояндаи қонунияш аз зикри шахсият ва макони истиқоматаш худдорӣ мекунем, аз сад як нишонаи беш аз ҳама осон фанд дода шудани он қабил афродест, ки баён кардем. Ин тоҷикписар соли 2015 ҳамроҳи падар ба Русия рафта, ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Маскав шомил мешавад.

– Ман на намоз мехондам ва на аз муллое чизе дар хусуси ислом омӯхта будам. Ба сароидани реп шавқ доштам ва ин аст, ки яке аз сурудҳоямро дар саҳифаи “Одноклассники”-и худ гузоштам, – он рӯзҳоро ба ёд меорад ин писар. – Аз ҳамон лаҳза марҳилаи фирефтанам шурӯъ шуд.

Чанд рӯз пас шахсе бо номи Холид ибни Валид ба саҳифаам ворид шуда, навишт, ки “Ҳофизон сагҳои Даҷҷоланд. Ин корат гуноҳ аст. Ту дӯзахии!”. …Асабам намебардошту ӯро дашномҳои қабеҳ медодам. Аммо вай ҳамеша бо рӯҳияи ором доир ба рӯзи қиёмат ва дигар масъалаҳо ба истилоҳ, “амри маъруф” мекард. Ин суҳбатҳо ду ҳафта идома ёфтанд.

Боре фикр кардам, ки ӯ аз ман чӣ мехоста бошад. Барои фаҳмидани ин бо вай нармтар суҳбат кардам. Холид тавсия дод, ки дар радиои интернетии “Zello” худро ба қайд гузорам, то бидонам, ки мардуми мусалмон чӣ азобу уқубат доранд.

Вақте он радиоро гӯш кардам, суҳбати тоҷикзабонҳоро шунидам. Як гурӯҳи дигар бо талаффузи қафқозӣ ба русӣ суҳбат мекарданд.

Баъдтар нафаре бо номи Абудовуд дар саҳифаи дар “Zello” бақайдгирифтаам баъзе чизҳо навишта, чанд карат даъватам кард, ки ба наздашон равам. Ӯро ҳеҷ посух надодам. Сипас, Абуяҳё ном шахс ба навиштан сар кард. Ин суҳбатҳо тақрибан ду моҳ тӯл кашиданд.

…Онҳо чунон суҳбат мекунанд, ки кас бе гумони ғайр ба эҳсосот дода мешавад. Масалан, мегӯянд, ки “Биё, бубин, чӣ гуна модарону хоҳарони мусалмонро ба зиндон андохта, ба номусашон дастдарозӣ мекунанд. Шумо агар мусалмон бошед, омада кӯмак кунед. Ҷиҳод аз давраи пағамбарамон мондааст ва то имрӯз идома дорад”.

Ниҳоят, маро ба Сурия даъват карданд. Ман бояд дар як рӯзи муайяни моҳи декабри соли 2016 соати ҳафти субҳ ба Боку ва аз он ҷо ба Туркия парвоз мекардам. Бароям тариқи интернет чипта хариданд. Падарамро фиреб карда, ба роҳ баромадам.

Чун бақайдгирии мусофирон оғоз шуд, кормандони Хадамоти федералии амният (ФСБ-и Русия) аз ман ҳуҷҷат пурсида, телефонамро кушода, саҳифаи “Одноклассники” ва “ВКонтакте”-ро санҷиданд. Вале чизе пай набурданд. Зеро аз хотираи телефон рақамҳою маълумоти дигарро нест карда будам. Дар ботинам як қуввае пайдо шуду тафсилоти шиносоӣ бо террористон ва ангезаи сафарамро нақл кардам. Онҳо маро ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурданд, – гуфт мусоҳиби акнун ба синни 17 расидаи мо.

Саргардониҳои ҷавоне аз ноҳияи Бохтар – Парвиз Қосимов ҳам, ки пас аз 9 моҳи дар Сурия қарор доштан оқибат пушаймон шуда, ба Тоҷикистон баргашт, ба роҳи тайкардаи ҳамсуҳбати якумамон шабоҳат дорад. Ӯ низ маҳз ба василаи “имом”-они интернетӣ дар сар ҳавои “ҷиҳод” парварид.

– Як рафиқ доштам, ки дар Русия шинос шуда будем. Тариқи “Одноклассники” ба ман менавишт. Ӯ маро фирефта карду ман ба Сурия рафтам, – баён кард вай.

Тоҷихон Бобиева муътақид аст, ки писараш Парвиз маҳз тавассути интернет ба ҷангҳои бемаънии Сурия моил карда шуд. “Парвиз ба интернет бисёр сарукор мегирифт. Ман интернетро сарфаҳм намерафтам ва тафтиш ҳам намекардам, ки ӯ ба чӣ кор машғул аст. Фикр мекардам, ки дарсҳояшро тайёр мекунад ва ҳамин хел ҳам буд. Аммо маълум мешавад, ки вақт ёфта, бо ҳамон таблиғотгарони ифротӣ суҳбат мекардааст”, – афзуд хонум Бобиева.

Ҷавлонгаҳи маҷозии террористон дар Тоҷикистон

Таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ ҳокӣ аз онанд, ки аксар ҷавонони мо чи дар қаламрави Русия ва чи дар Тоҷикистон маҳз ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб мешаванд.

– Тасаввур кунед, ҷавонони 20-21-солаи мо тариқи телефонҳои ҳушманд вориди шабакаҳои  интернетӣ мешаванд! Мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ аввал бо онҳо дар масъалаҳои одитарини исломӣ суҳбат мекунанд ва баъдан оҳиста ба худ ҷалб карда, зери контрол мегиранд, – аз ноустувории назорати “имом”-они интернетӣ ташвиши худро пинҳон надошта, гуфт Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон.

Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки Суди вилоят бо баррасии парвандаи Акобиров Муҳсин Абдулазизович, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки дар “Одноклассники” бо номи “Устоди уламои Тоҷикистон домулло Муҳаммадӣ” аз 28-уми майи соли 2012 то моҳи апрели соли ҷорӣ гурӯҳеро гардон карда, ҳамзамон, саҳифаи хусусие зери унвони “Одинаи Муллобойзода” боз карда будааст, латмаи чашмрасе ба кори экстремистону террористон зад. Акобиров бо нашри баъзе маводҳои зоҳиран динӣ Ҳукумати Тоҷикистонро “ҳам кофир ва ҳам золим…” (иқтибос аз парванда) арзёбӣ карда, дар интиҳо ҳамагонро ба ҷиҳоди мусаллаҳона даъват кардааст. Барои ин кирдорҳо номбурда тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 соли зиндони дорои низоми сахт ва то як сол маҳрум шудан аз ҳуқуқи фаъолият дар ташкилотҳои динӣ маҳкум шуд.

Бо вуҷуди ин, масъули дигар – Саидқадам Зоирзода, сардори шуъбаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми Прокурори вилояти Хатлон зикр кард, ки таҳқиқи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз афзоиши ин хатар гувоҳӣ медиҳад.

– Он ҷавонони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бештарашон бо телефонҳои мобилӣ вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд. Дар он ҷо гурӯҳҳои зиёди мубаллиғони ифротӣ онҳоро ба суҳбати динӣ кашида, оқибат мағзшӯӣ мекунанд, – мегӯяд Умарҷон Сафаров, сармутахассиси шуъбаи дин ва танзими расму ойинҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Завқибек Саидаминӣ, коршиноси мустақил – корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бар ин аст, ки чун гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳудуди Тоҷикистон имкони фаъолияти озод надоранд, ногузир интернетро ба пойгоҳи асосии ҷалби ҷавонони тоҷик табдил додаанд. “Онҳое, ки аз он ҷо тариқи интернет даъват мекунанд, мулло ҳам нестанд ва намояндаи дин ҳам нестанд. Агар гузаштаи онҳоро буҷӯед, авбош ё дузду дигар буданд. Мо барои онҳо як хоин ва номусалмон ҳисоб мешавем. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки моро ба исломе, ки дар зеҳнашон аст, даъват кунанд. Гӯё мо намедонем, ки ислом чист!”, – афзуд ӯ.

– Дар баъзе ҳолатҳо ҳамин технологияҳо боиси қатлу куштори одамон дар гӯшаю канори дунё гардида истодааст. Алалхусус, дар самти шабакаҳои иҷтимоӣ чунин ҳолат мушоҳида мешавад. Пешрафти илму технология аз як тараф ба мо имконият медиҳад, ки маълумоти зиёдро дастрас намоем ва аз тарафи дигар мебинем, ки ин шабакаҳои интернетӣ барои даъват ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳам хизмат карда истодаанд, – баён кард Маҳрамбек Маҳрамбеков, корманди Маркази диншиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

“Луқма”-и ифротиҳо кӣ шавад?

Ҳама мусоҳибони мо бар ин назаранд, ки сабаби осон ба доми гумоштагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ афтидани наврасону ҷавононро мебояд дар мусаллаҳ набудани онҳо лоақал бо донишҳои аввалияи динӣ ҷуст.

– Аксари чунин ҷавонон ҳатто одитарин дуоҳоеро, ки ҳангоми намозхонӣ зарур аст, намедонанд, – мегӯяд Сайфиддин Муҳиддинзода. – Боре ҳангоми як мурофиаи судӣ хостам дониши исломии нафареро, ки худро қурбони ҷангҳои бемаънии Сурия карданӣ буд, фаҳмам. Аз ӯ суол кардам, ки “Оё тарҷумаи сураи Ихлосро медонед ё ақаллан онро қироат карда метавонед?”. Ӯ намедонистааст.

– Он ҷавонони ноогоҳи мо фикр мекунанд, исломи ноб ҳамонест, ки мубаллиғони манфиатҷӯ тарғиб карда истодаанд…, – гуфт Умарҷон Сафаров.

Аммо ба иддаои Маҳрамбек Маҳрамбеков, ба таблиғоти ифротиён дода шудани ҷавононро набояд саҳлу сода гирифт. “Онҳо пеш аз оне, ки ба тарғиби ғояҳояшон пардозанд, барномаҳои бисёр мушаххас ва комил таҳия мекунанд. Он барномаҳо чи аз лиҳози динӣ, чи сиёсӣ, чи иҷтимоӣ ва чи равонӣ аз ҷониби мутахассисони пуртаҷриба мукаммал шудаанд. Онҳо чунон моҳирона сохта шудаанд, ки бо ду-се суҳбату суолу ҷавоби интернетӣ ҷавононро фиребида метавонанд ва ҳам бо ҷаззобияташон онҳоро ба баҳс ворид мекунанд”, – гуфт ин коршиноси масоили динӣ ва афзуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ ҳатто ба хотири ҷалби зудтару бештари ҷавонон аз номи паёғамбари ислом (с) ҳадисҳои бардурӯғ мебофанд.

– Ҳоло айёми муборизаи тамаддунҳо, ақидаҳо ва дар баробари ин зиддияти абарқудратҳо аст. Барои як миллатро аз байн бурдан ё рахна задан ташкилотҳои ҷосусӣ ва институтҳои махсус бо роҳи нохун задан ба эҳсоси динии мардум номаълум вориди мафкураи шаҳрвандони ҷаҳони ислом, аз ҷумла ҷумҳурии мо мешаванд,- гуфт Умарҷон Сафаров.

Террорист аз рӯйи нақша суҳбат мекунад

Ба ном “имом”-они интернетӣ барои ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ моил кардани наврасону ҷавонон аз чӣ усулҳои таъсиррасон истифода мебаранд? Забони суҳбаташон чӣ гуна аст? Ба ин суол як корманди бознишастаи мақомоти қудратии Тоҷикистон бо шарти зикр накардани ному насаб посух дод. Ӯ гуфт, ки гумоштаҳои террористон барои пур кардани сафҳояшон бештар ҷавонони 16-35-сола меҷӯянд. Зеро дар ин синну сол дилхоҳ инсон худро шахси баркамол ва пурнерӯ ҳисобида, гоҳе бо мушкилоти зиндагии хеш мубориза бурдан мехоҳад ва гоҳе тамоми дунёро дар як дам дигар карданӣ мешавад. Ва баръакс, дар ин синну сол кам касон эҳтиёткору созишкор ва ҳатто таҳлилгару дурандеш ҳастанд. Гумоштаҳои террористон чунин касонро аз байни онҳое, ки дониши казоӣ надоранд, меҷӯянд. Чунки ин қабил одамон миёни дурусту нодуруст ё сиёҳу сафед фарқ гузошта натавониста, зуд фирефта мешаванд.

Ба ақидаи ин мусоҳиби мо, он шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваст шудаанд, мувофиқи таҳлилҳо, 90 дарсадашон маҳз тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардидаанд. “Тартиби кори ба ном “имом”-они интернетӣ чунин аст: аввал саҳифаатро аз назар мегузаронанд. Кӯшиш мекунанд, ки дар бораи вазъи оилавӣ, касбу кор, ба кадом табақаи иҷтимоӣ тааллуқ доштанат иттилои бештар дарёфт кунанд: бо чӣ гуна одамон дӯстӣ доред, ба чӣ мавзӯъҳо “Like” мондаед, яъне чиро меписандед ё ба чӣ мавзӯъҳо таваҷҷуҳи бештар доред. Хуллас, то ҳадди имкон шуморо аз ҳама ҷиҳат меомӯзанд. Ва ҳамаи ин аксаран пас аз он сар мешавад, ки шумо доир ба кадом як мушкилоти иҷтимоӣ ё масъалаи динӣ бо чанд ё як нафари ношиносу нимашинос вориди баҳс мешавед. Гумоштаҳо дар аввал бо шумо вориди баҳси шадид мешаванд, аммо баъд оҳиста-оҳиста мавқеи созишкорона ихтиёр карда, ҳамсуҳбатро дар баъзе мавридҳо ҳақ нишон дода, суханашро об дода, бо ин усули психологӣ ӯро аз худ розӣ мекунанд.

Аммо агар он гумоштаҳо худро ҳамчун диндор ё ифротӣ нишон надода бошанду шумо дониста ё надониста онҳоро ба гурӯҳи дӯстон шомил карда бошед, пас, тарзи муколамаашон бо шумо ба таври дигар сурат мегирад. Дар рӯзҳои ҷашну идҳои динию миллӣ мисли дигар шахсони муқаррарӣ табрикатон мекунанд. Дигар рӯзҳо як-ду бор аҳволпурсиятон мекунанд ва баъд бо як тарзе, ки шуморо аз худ нагурезонанд, назаратонро доир ба ягон мушкилоти дар ҷомеа ҷойдошта мепурсанд. Ин як заминае хоҳад буд баҳри шурӯъи суҳбатҳои гӯё исломӣ.

Агар шумо ба суҳбат моил шудед, мушкили иҷтимоӣ ва баъдан шахсиятонро бо он гумоштае, ки хешро дар ниқоби инсони муқаррарӣ пинҳон кардааст (ҳатто баъзан худро зан муаррифӣ мекунанд), дар миён гузоштед, ӯ албатта, ғамшарику маслиҳатдеҳи шумо хоҳад шуд. Ва агар фаҳмид, ки суханҳояш ба шумо асар кардааст, пас, “Чӣ кӯмак кунам?” гуфта, василаи дӯст шудан мекобад. Албатта, чунин суҳбатҳо дар як-ду рӯз барои он гумоштаҳои террористон натиҷаи дилхоҳ оварда наметавонанд. Аммо дониста бошед, ки онҳо дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои зишташон ҳеҷ гоҳ вақтро дареғ намедоранд”, – афзуд корманди собиқи мақомоти интизомӣ.

Зимнан, ӯ аз мушкилоте, ки эҳтимол дорад, шахси фирефташавандаро ғуломи дилсӯзиҳои пуштипардагии гумоштаҳои террористон кунад, ёдовар шуда, инҳоро асоситарин хонд: гӯё вуҷуд доштани маҳдудиятҳои динӣ дар ҷомеа, марги нафари наздики ҷавони фирефташаванда бавосита ё бевосита аз ҷониби кадом як ниҳод, ҷой доштани нобаробарии иҷтимоӣ, тангдастӣ, бекорӣ, бесаводии динӣ ва сиёсӣ.

– Нуқтаи нозуки дигар ин аст, ки чун он гумошта худро ғамшарики шумо нишон дод, гӯё дар омади гап аз ҷой доштани мушкилоти ҳамсон дар Сурия ва Ироқ суҳбат мекунад, – таъкид кард ҳамсуҳбати мо. – Видео ё суратҳои кушторҳои бераҳмонаи гӯё ҷонибдорони Башор Асадро бароятон мефиристад. Ва ба ин васила дар зеҳни шумо ин нуктаро ҷой кардан мехоҳанд, ки дунё ба қувваи некӣ ва бадӣ тақсим шудааст ва ҳоло фурсате расидааст, ки шумо бояд барои ҳимояи мусулмонҳо ба мубориза бархезед. Агар дарк карданд, ки шумо омода ҳастед, ба истилоҳи онҳо, “ҷиҳодӣ” будани худро дигар пинҳон намекунанд ва дар масъалаи роҳи ҳақ – сирот-ал-мустақим, ифтихор кардан аз уммати паёғамбари охирзамон (с) будан ва мартабаи шаҳидон дар ҷаннат ҳарф мезананд.

Қадами дар бисёр ҳолатҳо охирини гумоштаҳо ин хоҳад буд, ки онҳо аз ҳамсуҳбат дар бораи намоз хондан, масҷид ва намози ҷумъа рафтан, ришу ҳиҷоб доштан, қуръонхон будани падару модар ва он нафароне, ки бо шумо дар як хона истиқомат мекунад ё ба шумо таъсире дошта метавонанд, суол мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар рафтор ва тарзи зиндагии хешовандону дӯстони шумо “камбудӣ”-е ёбанд ва онҳоро дар назари шумо гӯё мунофиқ ва ҳатто кофир нишон диҳад. Ин ба он мақсад аст, ки шумо аз муҳити хеш дилсард шуда, гумон кунед, ки дар сафи он террористон бародарони ҳамтақдиру ҳамақидаатон гирд омадаанд. Дар ин сурат шахси фирефташаванда ба муҳите, ки дар он қарор дорад, нафрат пайдо карда, роҳи халосӣ аз онро фақат дар пайвастан ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” мебинад.

Ин тартиби ҷалбкунӣ бо истифода аз интернет, ба иқрори собиқ корманди мақомоти интизомии Тоҷикистон, умдатан дар мавриди шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои мустақил татбиқ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфти Ғулом Бобоев, адвокати собиқадоре, ки солҳои тӯлонӣ бо парвандаҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ сарукор дорад, мағзшӯйи қисмати муайяни наврасону ҷавонони тоҷикистонӣ маҳз аз масҷидҳои Русия ибтидо мегирад.

– Ҷавонони мо ба он масҷидҳо намозхонӣ мераванд, – мегӯяд вай. – Гумоштагони террористон кам-кам бо онҳо шинос шуда, баъдан барои суҳбат ба шабакаҳои иҷтимоӣ даъваташон мекунанд. Барояшон маблағҳои калон ваъда медиҳанд, ки ин дурӯғе беш нест. Ба гунаи мисол, ба наздикӣ дар Суди вилояти Хатлон мо парвандаи ҷиноятии як сокини ноҳияи Дӯстиро баррасӣ кардем. Ман ба ҳайси ҳимоятгар иштирок кардам. Ин ҷавон дар Русия фирефтаи як гумоштаи доғистонтабор мешавад. Ба ӯ наворҳо ва расмҳои пулдиҳию зӯроварӣ ва дигар ҳолатҳоро нишон медиҳанд. Гумроҳии ин ҷавони тоҷикро бинед, ки ба ҳама гуфтаҳои гумошта бовар карда, вориди сомонаҳои интернетии экстремистию террористӣ мешавад ва ақидаҳои онҳоро қабул мекунад.

Чӣ бояд кард?

Ҳамсуҳбати қаблии мо аз мақомоти интизомӣ маслиҳат медиҳад, ки ҷавононро мебояд дар сомонаҳои иҷтимоӣ даъвати нафарони ношиносро барои дӯстӣ напазироянд. “Агар нафаре зимни суҳбат шуморо аз волидайну дӯстонатон дур кардан хост, пас, ӯ гумоштаи террористон аст. Ӯро зуд ҳазф бикунед. Ба ҳар навиштаю видеонаворе, ки гӯё муҳтавои исломӣ дорад ё ба ҷангу хунрезӣ даъват мекунад, ҳеҷ гоҳ ишораҳои “Like”, “Класс”, “Супер” ё “Нравится” нагузоред. Ва ҳамзамон, падару модаронро зарур аст, ки фарзанди болиғи худро зери назорат бигиранд ва агар дар рафтори ӯ ягон ноҷӯрӣ ҳис карданд, вайро фавран ба равоншинос нишон бидиҳанд”, – илова кард мусоҳиби мо.

“Класс”, “Like”… – як василаи тарғиби ҷинояткорӣ

Гоҳо наврасону ҷавонон аз надонистани забону хати арабӣ муҳтавои навиштаҷот ё видеонаворҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш мехӯранд, дуруст дарк накарда, зери онҳо “Класс” ё “Like” мегузоранд, аммо бехабар аз он, ки бо ин рафторашон аллакай ҷиноят содир кардаанд.

Дар ин росто ҳуқуқшинос Фарҳод Тоҳиров изҳор дошт, ки надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. “Сухан дар бораи ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнок ё амнияти кишварро халалрасон меравад, ки онҳо санксияҳои вазнин доранд. Яъне ҷазои болотар аз 12-14 сол маҳрум сохтан аз озодӣ. Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо вориди интернет шуда, ба ҳар гуна расму видео ва хабарҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро рабт доранд, “Класс” ё “Like” мемонанд. Дар натиҷа, он расм ё навор ба зудӣ миёни тамоми дӯстони он кас паҳн мегардад. Ин аллакай ҷинояти баанҷомрасида ҳисоб мешавад. Бояд шаҳрвандон эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳои интернетӣ аз ҳадди муқарраркардаи қонунгузор берун набароянд”, – гуфт ӯ.

Аммо дар маҷмуъ аз 25 декабри 2015 бинобар афзоиши ҳаракатҳои экстремистию террористӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боз ҳам пурзӯр шуд. Яъне ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Адвокат Ғулом Бобоев зимни суҳбат бо мо ҳарчанд аз ин навгониҳо дар қонунгузорӣ истиқбол кард, лек иддао пеш овард, ки ин тадбир гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию даҳшатафканро ба таври комил пешгирӣ карда наметавонад. “Ман пешниҳод мекунам, ки интернет-кафеҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта шаванд, зеро бисёр ҷавонон ва ҳатто ноболиғон ба ин ҷойҳо рафта, соатҳо беназорат менишинанд. Ва онҳо, албатта, барои гумоштагони террористон луқмаи тайёр ҳастанд”, – зам кард ӯ.

Сониян, ин адвокат иттилоъ дод, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Кодекси ҷиноятӣ дар моддаи 187, яъне иштирок дар иттиҳодияҳои эксремистию террористӣ, дар қисми 1-3 ҷазои вазнини ҳабс – аз 5 то 20 сол, дар моддаи 307 – иштирок дар фаъолияти экстремистӣ ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ аз 15 то 20 сол, моддаи 307, иловаи 1, 2, 3 бо қисмҳояшон ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ аз 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Гуфтанист, ки дар таҷрибаи судӣ аҳён-аҳён барои “Like” ва “Класс” гузоштан ба маводи интернетии дорои муҳтавои экстремистӣ-террористӣ ба маҳкама кашида шудани сокинони вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад. Ба гунаи мисол, дар оғози соли 2017 М.С. – як сокини ноҳияи Бохтар бо ин ҷурм тибқи моддаи 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм, ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Соли гузашта Ҷ. Қ., сокини ноҳияи Ёвон низ бо ҳамин ва чанд ҷурми дигар барои 9 сол паси панҷара шинонида шуд.    

Фурсати интихоб аст

Ба андешаи масъулони давлатӣ, имом-хатибон ва таҳлилгарони масоили динӣ, барои пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон бояд аз усулҳои ҳамон мубаллиғони ифротӣ кор гирифт. Яъне мебояд дар шабакаҳои интернетӣ барои муллоҳои суннатии мо саҳифаҳо ва ё сомонаҳое, ки дар онҳо бештар масоили динии барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим баррасӣ мешаванд, таъсис дод.

Воқеан, мо – муаллифони матлаб низ чор сол боз бо тақозои касб шоҳиди он ҳастем, ки дар муқобили ҳуҷумҳои катбию лафзии экстремистону террористон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон тоҷикистонии донандаи хуби ислом ҳузур надорад, то бо овардани ояҳои қуръонию аҳодиси набавӣ теғи забони онҳоро барои ҳамеша кунд кунад.    

– Агар мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ худро канор гирем, онҳоро имомҳои сохта пур мекунанд. Дар баробари онҳо мо низ бояд таълимоти худро паҳн кунем, то мардум фаҳманд, ки бо шахси масъули як идора, як намояндаи иттиҳодияи динӣ суолу ҷавоб карда истодаанд. Ин эътимоди халқро ба муллоҳои суннатӣ хеле зиёд мекунад, – гуфт Маҳрамбек Маҳрабеков.

– Мо дар ҳамдастӣ бо Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) барои имом-хатибони вилоят дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб семинари омӯзишӣ гузаронидем. Яке аз масъалаҳои асосии ин семинар кушодани шабакаи интернетии ягонае буд, ки ба воситаи он муллоҳои мо талаботи динии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавононро қонеъ карда тавонанд,- иттилоъ дод Умарҷон Сафаров.

Вале мушкил, ба андешаи Усмоналӣ Нуров, муовини сархатиби шаҳри Қӯрғонтеппа, бо ин ҳал намешавад. “Мутаассифона, муллоҳои мо аз технологияи муосир бохабар нестанд. Мо бояд аз ин илмҳо бархурдор шавем, зеро ин ба фоидаи кор аст. Агар мо аз интернет хуб огаҳӣ дошта бошему онро дуруст истифода барем, ягон мақомот мушкил эҷод намекунад”, – изофа кард вай.

Аз як даст садо набарояд

Месазад, ки мутасаддиён дар замони ҷанги иттилоотӣ аз неруи зеҳнии муллоҳои суннатии кишвар ба таври шоиста истифода бурда, баҳри даст ёфтан ба фанновариҳои ҷадид барояшон шароити омӯзишу кор фароҳам оваранд ва ба ин васила саҳми қавии хешро дар милликунонии шуури динии ҳамагон ва омӯзиш дидани ҷавонон гузоранд. Зеро бо масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ дар маҳдудаи муайяни вақт ва чанд нафареро ба маҳкама кашидан “теша ба реша”-и “вабои асри XXI”- терроризм задан таъсирбахш наменамояд. Балки тавсияи соҳибназарон ин аст, ки ҳама тоифаи муборизон, чи сиёсатмадорон, чи рӯҳониён ва чи ҷомеаи шаҳрвандиро ҳаммарому яккамеҳвар кардан беҳтар аст.

Маводи мазкур дар доираи тарҳи IWPR Tajikistan омода шуд.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: