Дар ҷануби Тоҷикистон малах аллакай ба чарогоҳҳои куҳӣ ҳамла кардааст. Деҳқонон метарсанд, ки ҳашарот ба зудӣ ба водиҳо фуромада, ҳосили онҳоро нобуд мекунад. Коршиносон мегӯянд, малахҳо бояд аз роҳҳои биологӣ маҳв карда шаванд.
Исомиддин, як кишоварз аз ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш мегӯяд, малах алафҳои куҳу теппаҳоро нобуд карда, чорвои онҳоро бе ғизо мондааст.
“Малах ба ҳама чиз ҳуҷум кард, куҳҳо бе алаф мондаанд. Ҳоло малахҳо калон шудаанд. Агар онҳоро нобуд накунанд, барои сер кардани худ ба киштзорҳо ҳамла мекунанд”,- гуфт ӯ.
Эшбурӣ, як чӯпон аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, малахҳо алафи куҳҳоро то ҳадде хӯрдаанд, ки барои гӯсфандон чизе боқӣ намондааст.
“Имсол малах хеле зиёд шуд, онҳо тамоми алафро фурӯ бурданд. Чорвои мо гуруснагӣ мекашад, мо дар азобем”,- мегӯяд чупон.
Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон хабар дод, дар ҷойҳое, ки малах пайдо мешавад, намояндагони хоҷагиҳо доруи нобудкунандаи ҳашарот мепошанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё он метавонад тамоми малахҳоро нобуд кунад ё не.
Кишоварзон мегӯянд, соли гузашта мақомот чарогоҳҳоро аз ин ҳашароти зараррасон тоза карда натавонистанд ва баъзе минтақаҳо осеби ҷиддӣ дид.
Гулдаста (ном иваз шудааст), сокини ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, ки ба кишоварзӣ машғул аст, мегӯяд, танҳо хоҷагии деҳқонии ӯ соли гузашта аз ҳамлаи малах ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 1850 доллар) хисорот дид.
Он вақт малах киштзори хоҷагиро комилан нобуд кард ва деҳқонон маҷбур шуданд, ки тамоми маҳсулотро аз нав кишт кунанд.
“Имсол заминҳоямонро кишт кардаем ва намедонам, ки чӣ мешавад. Ман хоҳиш мекунам, ки малахҳо нобуд карда шаванд, то дигар ба мо зарар нарасонанд”,- мегӯяд ӯ.
Деҳқонон мегӯянд, вақте малах аз куҳҳо ба замини корам мефарояд, мубориза бо онҳо мушкил мешавад. Вақте бузург шуда, парвоз мекунад, маҳв кардани он ғайриимкон аст.
“Малахро баробари аз тухм баромаданаш нест кардан лозим аст. Вақте калон шуд, маҳв кардани он душвор аст. Мо дору мепошем, аммо нобуд намешавад”,- мегӯяд Гулдаста.
Саиднабӣ, як кишоварзи дигар аз ноҳияи Вахш гуфт, соли гузашта бар асари ҳамлаи малах ҳудуди 15 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 1400 доллар) хисорот дид.
“Пахтазорро се маротиба такроран кишт кардам, ҳосилро нобуд карданд”,- мегӯяд Саиднабӣ.
Абдурашид, аз ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, ки таҷрибаи зиёди кишоварзӣ дорад, дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, тақрибан даҳ сол мешавад, ки аз ин мушкил ранҷ мекашанд.
Ба гуфтаи ӯ, нимаҳои моҳи май малах аз куҳу теппаҳо ба заминҳои кишоварзӣ ҳамла мекунад.
“Агар несту нобут карда нашавад, ба мо зарар мерасонад. Беш аз 10 сол аст, ки малах моро азоб медиҳад”,- гуфт ӯ.
Ҳамлаи малах асосан дар ҷануб – Панҷ, Фархор, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияҳои Шаҳритус, Данғара ва баъзе қисматҳои шаҳри Левакант мушоҳида мешавад.
Вилояти Хатлон яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзии Тоҷикистон буда, бахши аъзами ҷумҳуриро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунад. Аммо бештари кишоварзони муқими манотиқи куҳистон аз он хавф доранд, ки имсол малах шояд ҳосили онҳоро комилан нобуд созад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар майдони 44 ҳазор гектар замин малах ба қайд гирифта шуда, беш аз 27 ҳазор гектари онҳо бо маводи кимиёвӣ коркард шудаанд. Ба иттилои манбаъ, 24 трактори дорупош, 11 воситаи нақлиёт, 788 дастгоҳи дорупошии дастӣ ва муҳаррикдор, инчунин 975 нафар барои коркарди кимиёвии замин ва нест кардани малах сафарбар шудааст.
Дар Тоҷикистон муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” фаъолият мекунад. Дар вилояти Хатлон ин масъулият ба дӯши Раёсати мубориза бо малахи назди ҳукумати вилоят вогузор шудааст.
Ҳашароте ки дар куҳу теппаҳои вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад, малахи марокашӣ буда, дар як вақт аз 30 то 60 тухм мегузорад.
Шодӣ Мусозода, сардори Раёсати мубориза бо малахи вилояти Хатлон, аз гуфтани масоҳати умумии заминҳои зарардида худдорӣ кард ва гуфт, мубориза бо малах идома дорад.
Танҳо дар ноҳияи Панҷ 11,1 ҳазор гектар замин мавриди ҳамлаи малах қарор гирифтааст. Сидҷоуддин Саидов, корманди идораи кишоварзии ноҳия ба CABAR.asia гуфт, онҳо бо кумаки мардум ва тракторҳо дар теппаҳо ва куҳҳои минтақа моддаҳои зидди малах мепошанд, то ҳашарот ба заминҳои кишоварзӣ ҳамла накунад.
Қаюм Алимов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, майдони заминҳои аз малах зарардида дар вилоят 25 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба CABAR.asia гуфтанд, ки малах ба 6,5 ҳазор гектар замин осеб расонидааст.
Як корманди Раёсати мубориза бо малах дар вилояти Хатлон ба CABAR.asia гуфт, имсол дар муқоиса ба соли сипаришуда малах зиёдтар мушоҳида мешавад. Дар баъзе минтақаҳо кормандони идораҳои кишоварзӣ барои нест кардани малах сафарбар шудаанд.
Танҳо бо дорупошӣ малахро нест карда намешавад!
Саид Сафаров, коршиноси соҳаи кишоварзӣ мегӯяд, соли гузашта мақомот ба масъалаи безараргардонӣ ва маҳви малах таваҷҷуҳи кофӣ надодаанд, аз ин рӯ имсол шумораи онҳо бештар шудааст.
“Малахро ҳангоми аз тухм баромадан, дар марҳилаи аввал, вақте парвоз карда наметавонад нест кардан лозим аст. Пас аз се рӯз вай ба ҳаракат кардан шурӯъ мекунад”,- гуфт Саид Сафаров ба CABAR.asia.
Ба гуфтаи ӯ, барои мубориза бо малах ҷойҳоеро, ки тирамоҳ тухм мегузорад, зидди уфунӣ кардан лозим аст. Ба гуфти Саид Сафаров, ҳоло пеш аз коркарди кимиёвӣ ва дорупошӣ корҳои зарурии агротехникӣ гузаронда намешавад. Махсусан, пеш аз ин корҳо бояд замини корамро шудгор кард.
“Ҳоло малах дар марҳилаи ҷуфтшавӣ қарор дорад, пас аз чанд рӯз ба гузоштани тухм шурӯъ мекунад, ки соли оянда аз он ҳашарот берун меояд. Дар мавриди аз малах тоза кардани замин мушкилиҳо вуҷуд дорад. Мо мутахассисони хубе надорем, ки тирамоҳ малахро пайдо карда, онро нобуд кунад”, – мегӯяд Сафаров.
Саид Сафаров гуфт ки малах ҳашароти зараровар аст. Нобуд кардани он ба муҳити зист осеб намерасонад, аммо афзоиши малах метавонад сабаби маҳви гиёҳҳои нодири куҳистон шавад.
Коршинос бар ин назар аст, аз таҷрибаи кишварҳои дигар, ки малахро бо роҳи биологӣ нобуд мекунанд, бояд истифода шавад.
Коршиноси дигар, Суҳроби Сафариён низ бо ӯ ҳамфикр аст ва мегӯяд, танҳо бо як дорупошӣ пурра нест кардани малах ғайриимкон аст. Вай муътақид аст ки дар бораи нобудсозии комили малахҳо дар минтақаҳои зери ҳуҷуми малах ҳарф задан барвақт аст, зеро шеваҳои мубориза бо онҳо ба таври бояду шояд коркард нашудаанд.
“Дар баъзе ноҳияҳо заҳр ба сурати дуруст пошида намешавад, малах маҳв намешавад. Барои комилан аз он халос шудан мутахассисони хубро ҷалб кардан, ҷойҳоеро ки малах тухм мегузорад шудгор кардан ва як маротиба не, чанд маротиба дорупошӣ кардан лозим аст”,- мегӯяд ӯ.