© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: одамон меъёрҳои санитариро риоя намекунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 ҷиҳати мубориза бо паҳншавии пандемияи коронавирус меъёрҳои санитариро шадидтар кард.


КҲФ дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ маъракаи иттилоотиро барои кор бо аҳолӣ дар мавриди чораҳои эҳтиётӣ дар замони пандемия оғоз намуд. Аммо сарфи назар аз даъватҳо барои риоя кардани меъёрҳои санитарӣ, дар шаҳри Душанбе теъдоди ками одамон ниқоб мепӯшанд.

Моҳи июни соли 2020 дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда шуд, ки барои нақзи меъёрҳои санитарӣ муҷозот пешбинӣ мекунад.

Picture16
Picture27
Picture29
Picture11
Барои бидуни ниқоб гаштугузор кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ (наздики 10-25 доллар) ва барои қасдан паҳн кардани ин беморӣ аз 2 то 5 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати такрор намудани қонуншиканӣ муҳлати ҳабс метавонад аз 5 то 10 сол бошад.

Мавҷудияти коронавируси навро дар Тоҷикистон танҳо охирҳои моҳи апрели соли 2020 расман эътироф карданд. То он замон одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифторӣ ба беморие шикоят мекарданд, ки ба гуфтаи онҳо аз рӯйи нишонаҳо ба COVID-19 шабоҳат дорад.

Дар шароити кофӣ набудани маълумот дар бораи миқёси пандемия фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик сомонае таҳия карданд, ки онҷо омори алтернативии фавти одамон аз коронавирус ҷойгир карда мешуд. Дар ҷавоб мақомот ин сомонаро баста, барои паҳн кардани иттилои “носаҳеҳ ва тасдиқнашуда” муҷозот таъин карданд.

Picture14
Picture15
Picture20
Picture21
Picture25
Picture10
Picture2
Picture1
Picture28
Барои иттилои носаҳеҳ ва тасдиқнашуда дар мавриди коронавирус шахсони воқеӣ аз 580 то 1160 сомонӣ (наздики 52-102 доллар) ва ВАО бошад, аз 8700 то 11600 сомонӣ (ҳудуди 767-1000 доллар) метавонанд ҷарима шаванд.

Дар оғози соли 2021 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзӣ бар пандемия хабар дод. Бино ба омори расмӣ, аз 15 январ то 20 июни соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.

Picture24
Picture23
Picture19
Picture17
Picture8
Picture6
Picture5
Picture4
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон 17 484 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, то 24 сентябри соли 2021 бар асари ин беморӣ 125 кас ба ҳалокат расидааст.

Моҳи марти соли 2021 дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон 192 ҳазор вояи ваксинаи Oxford-AstraZeneca оварда шуд. Муовини пешини вазири тандурустии кишвар Самариддин Ализода гуфта буд, тибқи барномаи COVAX эмгузаронии 20 дарсади аҳолӣ дар назар гирифта шудааст.

Маъракаи ваксинзанӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли 2021 оғоз гардид ва бино ба омори расмӣ то имрӯз 16,8 дарсади аҳолӣ пурра воксин гирифтаанд.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia, ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: