© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Омӯзиши забони арабӣ дар Тоҷикистон: мамнӯияти эълоннашуда ё набудани талабот?

Мансабдорон мавҷудияти кадом як маҳдудият дар омӯзиши забони арабиро дар Тоҷикистон рад мекунанд, аммо ҳаводорон дар пайдо кардани курсҳои омӯзишии ин забон мушкил доранд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Меҳрангез Турсунзода, рӯзноманигори тоҷик талош кард барои бародари 12-солааш курси омӯзиши забони арабӣ пайдо кунад. Вале ба гуфтаи ӯ дар рӯйхати марказҳои забономӯзии пойтахт арабӣ дида намешавад. 

Меҳрангез Турсунзода. Акси шахсӣ
Меҳрангез Турсунзода. Акси шахсӣ

“Бародари ман бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад. Ӯ ба забони арабӣ ҳам таваҷҷуҳ дорад, аз ин рӯ тасмим гирифтем, ба курси забони арабӣ биравад. Мутаасифона, ягон марказе пайдо накардем, ки ин забонро биомӯзонад”,- мегӯяд Меҳрангез.

Ба гуфтаи вай, дар сомонаи маъруфи эълонҳои ройгон – Somon.tj мешавад эълони чандин омӯзгореро пайдо намуд, ки хоҳишмандонро ба омӯзиш фаро мегиранд. Аммо Меҳрангез аз фиристодани бародари ноболиғаш ба суроғи чунин афрод хавф дорад.

“Ҳолатҳои мағзшӯӣ шудани наврасон дар машғулиятҳои инфиродии забони арабӣ ҷой дошт”,- афзуд хонум Турсунзода.  

Талоши Малика Рустамова, донишҷӯи тоҷик ҳам барои пайдо кардани чунин курсҳои омӯзишӣ чанд моҳ аст ки бенатиҷа мондааст.

“Тақрибан тамоми массисаҳои омӯзишии Душанберо гаштам, аммо ҳамаҷо мегӯянд, ки чунин курсҳоро надоранд. Баъзеҳо [намояндагони марказҳои забономӯзӣ] мегӯянд, ба забони арабӣ талабот нест, қисме ба манъ шудани чунин курсҳо аз “боло” ишора мекунанд”,- гуфт Рустамова. 

Раҳбари яке аз марказҳои хусусии забономӯзӣ бо шарти ифшо нашудани номаш изҳор дошт, ки шахсони масъул дар мақомоти давлатӣ иҷозаи боз кардани курсҳои забони арабиро намедиҳанд. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир ин забон “хавфнок” хонда мешавад.

Малика Рустамова. Акси шахсӣ
Малика Рустамова. Акси шахсӣ

“Ман борҳо талош кардам, ки дар барномаи марказ забони арабиро ҳам ворид намоям, чунки хоҳишмандон зиёд ҳастанд. Худам аз рӯи ихтисос омӯзгори забони арабӣ ҳастам ва садҳо нафар наздам меоянд, ки ин забонро биомӯзанд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати CABAR.asia.  

Таъкиди баъзе мансабдорон бар ин ки омӯзандагони забони арабӣ метавонанд ифротгаро шаванд, ӯро дар ҳайрат мегузорад.

“Яъне, агар чинӣ биомӯзем буддоӣ ва агар англисӣ биомӯзем масеҳӣ мешавем? Мантиқ куҷост?”,- мепурсад раҳбари маркази забономӯзӣ.

Рӯзноманигор Меҳрангез Турсунзода низ тасмими манъи курсҳои омӯзиши забони арабиро нодуруст мешуморад.

“Забони арабӣ яке аз забонҳои СММ аст ва манъ кардани омӯхтани он нодуруст мебошад. Баръакс, ин забон бояд барои ҷомеа озод омӯзонда шавад, то хоҳишмандон онро роҳату бехавф ёд бигиранд”,- андеша дорад Меҳрангез Турсунзода. 

Вазорати маориф овозаҳоро рад мекунад

Шоҳин Саидов, муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф сару садоҳо перомуни манъи омӯзиши забони арабиро бепоя хонд.

“Ба мо ягон маротиба бо дархости боз кардани курсҳои забони арабӣ муроҷиат накардаанд. Тамоми ин сару садоҳо, ки Хадамоти назорат дар соҳаи маориф иҷозаи боз кардани курсҳои забони арабиро намедиҳад, овозае беш нестанд”,- таъкид мекунад ӯ.

Дар ин Хадамоти давлатӣ муътақиданд, ки забони арабӣ барои он омӯзонда намешавад, ки шаҳрвандон бештар курсҳои кутоҳмудати англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, ҷопонӣ ва русиро афзал медонанд.

Ҷаноби Саидов афзуд, дар Тоҷикистон ҳеч амру дастури расмӣ ҷиҳати манъи тадриси забони арабӣ вуҷуд надорад.

Тоҷиддин Асомуддинзода. Акс аз CABAR.asia
Тоҷиддин Асомуддинзода. Акс аз CABAR.asia

Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон низ ба набудани талабот ба омӯзиши забони арабӣ таъкид намуд. Вай инро ба буҳроне рабт дод, ки дар кишварҳои арабӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.

“Замоне буд, ки ихтисоси шарқшинос яке аз маъруфтаринҳо ба ҳисоб мерафт. Он вақт кишварҳои ҷаҳони араб дар қатори давлатҳои барои сафар ва кор нисбатан амн ва роҳат қарор доштанд”,- гуфт Тоҷиддин Асомуддинзода. 

Ҳоло бошад, ба андешаи ӯ, одамон бештар ба омӯзиши забонҳои чинӣ, англисӣ ва русӣ бартарӣ медиҳанд. Ректор афзуд, давоми даҳсолаи ахир як қатор кишварҳои арабӣ, монанди Лубнон, Сурия, Миср, Ироқ ва Яман буҳрони амиқеро аз сар мегузаронанд.

“Ягон одами боақл на танҳо барои пайдо кардани кор ва ё роҳандозии тиҷорат ба ин кишварҳо намеравад, балки дар ин бора ҳатто фикр ҳам намекунад. Ин сабаб мешавад, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин кишварҳо коҳиш ёбад”,- гуфт Асомуддинзода. 

Тоҷиддин Асомуддинзода мегӯяд, тасмим гирифта шуд, ки дар Донишгоҳи исломӣ курси забони арабӣ боз карда шавад, аммо ба он талабот набуд.

“Вақте талабот нест, наметавонем курсҳои омӯзишӣ боз кунем. Барои мисол, вақте ҳамагӣ як ё ду нафар муроҷиат мекунад, наметавонем гуруҳи комил роҳ андозем ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ наметавонем ба омӯзгорон маош бидиҳем”,- шарҳ дод ректор.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “гӯша”-и Арабистони Саудӣ мавҷуд аст, ки онҷо курсҳои ройгони забони арабӣ амал мекунанд. Акс аз саҳифаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “гӯша”-и Арабистони Саудӣ мавҷуд аст, ки онҷо курсҳои ройгони забони арабӣ амал мекунанд. Акс аз саҳифаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук

Дар ҳамин ҳол, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “гӯша”- и Арабистони Саудӣ фаъол аст, ки ҳаводорон метавонанд ройгон забони арабӣ омӯзанд. Ба гуфтаи муштариёни гӯшаи мазкур, ҷавонони зиёде ба ин курсҳо меоянд, ки ба таваҷҷуҳ доштани насли ҷавон ба забони арабӣ далолат мекунад. 

Ба иттилои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 258 маркази забономӯзӣ мавҷуд аст. Аз ин шумора, 158-тои он дар шаҳри Душанбе, 39-то дар вилояти Суғд, 32-то дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, 25-то дар вилояти Хатлон ва 4-то дар ВМКБ амал мекунанд.

Арабӣ ҳеч дахле надорад?

Бархе аз коршиносон бар инанд, ки амалан манъи курсҳои забони арабӣ идомаи сиёсати маҳдудсозии динӣ дар Тоҷикистон аст.

Абдумалик Қодиров. Акс аз ozodi.org
Абдумалик Қодиров. Акс аз ozodi.org

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, сиёсати мавҷуди маҳдудсозии динӣ ба ин маъно нест, ки дар мақомот афроде ҳастанд, ки бо ислом нигоҳи душманона доранд.

“Ҳамин одамоне ки ба омӯзиши забони арабӣ иҷоза намедиҳанд, агар дар манзилашон мусибате сар занад, маросими дафн созмон медиҳанд ва ҳатман назди мулло рафта, барои майит “Ёсин” мехонанд. Яъне, онҳо зидди ислом нестанд. Аммо дар симои руҳониён душмани сиёсӣ ва рақиберо мебинанд, ки имкони таъсиргузорӣ рӯи бештари одамонро доранд. Ва агар чеҳраи руҳонӣ забони арабиро медонад, метавонад аз донишҳои исломи баҳраи бештар бардошта, эътирофи ҷомеаро соҳиб гардад”,- таъкид намуд Қодиров.     

Ба андешаи Абдумалик Қодиров, барои ҳар низоми худкома одамоне, ки қодиранд оммаи васеъро аз пайи худ бубаранд ва тавони ба одамон талқин кардани идеяҳояшонро доранд, хатарнок ба шумор мераванд.

Умед Ҷайҳонӣ. Акс аз саҳифаи шаҳси фэйсбук
Умед Ҷайҳонӣ. Акс аз саҳифаи шаҳси фэйсбук

“Дар ҷойе ки рақобати сиёсӣ вуҷуд надорад, намояндаҳои дин метавонанд рақиб ба ҳисоб раванд. Эҳтимолан, дар Тоҷикистон сиёсати маҳдудсозии динӣ барои он суръат мегирад, ки таъсири чеҳраҳои маъруфи динӣ коҳиш дода шавад”,- изофа намуд ӯ.

Умед Ҷайҳонӣ, донишманди тоҷик фикр намекунад, ки омӯзиши забони арабӣ метавонад барои Тоҷикистон таҳдид эҷод кунад, ҳарчанд мегӯяд, бархе афроди омӯзандаи ин забон метавонанд ифротгаро шаванд.

“Аммо ин наметавонад баҳонае барои манъи омӯзиши забони арабӣ дар тамоми қаламрави кишвар бошад”,- гуфт Ҷайҳонӣ.

Ба тахмини Ҷайҳонӣ, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки пушти ин маҳдудсозиҳо манфиати касоне қарор дошта бошад, ки дар пасманзари афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои арабӣ талош мекунанд, ин навъи фаъолиятро зери инҳисор бигиранд.

“Фарзияи бархе мансабдорон дар ин маврид, ки ҳамаи онҳое ки забони арабӣ меомӯзанд, “ифротӣ” ва онҳое ки форсӣ меомӯзанд, шиа мешаванд, аз сатҳи ниҳоят пасти чунин раҳбарон далолат мекунад. Ҳамин шахсони масъул таҳдиде барои Тоҷикистон, амнияти миллӣ ва давлатии он ҳастанд”,- таъкид намуд вай.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: