Гузаштагони арабҳои тоҷик аз паҳнкунандагони фаъоли ислом дар минтақа буданд. Ҳоло ҳамсояҳои тоҷик аксар вақт аз онҳо мепурсанд, ки онҳо пайрави кадом динанд ва оё воқеан араб ҳастанд?
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Қабилаи на чандон зиёди арабҳо, дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодинён, дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Шеваи зиндагӣ аз куҷо омадан ва кӣ будани ҳуввияти онҳо барои сокинони дигар навоҳӣ норушан аст. Аммо, олимон якдилона тасдиқ мекунанд, ки ин авлоди он арабҳоест, ки дар давраи паҳншавии ислом ба ин минтақа омада буданд.
Аз нигоҳи ҳуввият ва намуди зоҳирӣ арабҳо аз тоҷикҳо ва ӯзбекҳои ин минтақа каме фарқ мекунанд. Ҷомеа равиши нисбатан маҳдуди ҳаётро пеш мебарад ва аз ин рӯ ҳатто ҳамсояҳои онҳо баъзан ҳайрон мешаванд, ки онҳо кадом динро пайравӣ мекунанд.

Фазилат Раҷабова сокини 58-солаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон худро араб мегӯяд. Вале дар шиноснома милаташ тоҷик сабт шудааст. Шеваи гуфторашон аз тоҷикон каме тавофут дорад, аммо забони алоҳидаи муошират надоранд.
Раҷабова мегӯяд, ки арабҳо низ мусулмон ҳастанд, пайрави Эмоми Аъзам буда, намоз ва рӯза медоранд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон таввалуд шуданду бо тоҷикҳо ҳамнишинанд, аммо баъзе расму оини онҳо аз мардуми маҳаллӣ фарқ мекунанд. Барои мисол, аз руйи гуфтаҳои Раҷабова, онҳо духтар додан ё келин гирифтан аз дигар милатҳо расми арабҳо нест.
“Мо араб ҳастем. Дар ҳамин ноҳияи Шаҳритус таввалуд ва калон шудем. Арабҳо масҷид доранд ва бештари онҳо намоз мехонанд. Қавму қабилаҳои худро намедонем, ки аз кадом давлат ҳастем. Вале худро араб медонем”, гуфт Раҷабова.

Рахиб Тошматови 35-сола сокини деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти Ҷура Назарови ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки деҳаи Айвоҷ (нуқтаи ҷанубии Тоҷикистон, ҳаммарз бо Афғонистон маҳсуб меёбад-иловаи муҳаррир) макони аслии арабҳо дар ҷануби Тоҷикситон мебошад. Ҳамқабилаҳои онҳо дар ноҳияи Қубодиёну Носири Хусрав низ ҳастанд.
Бархе аз сокинони ноҳияҳои наздики арабҳо мегӯянд, ки онҳо ба дини ислом наздик нестанд, бештари онҳо намоз ва рӯза намегузоранд. Вале дар доираи омода кардани ин матлаб ҳангоми сафар ба ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Айвоҷ масҷид ва қабристони онҳоро дидам. Ҳамчунин як оромгоҳи дигаре бо номи “Тиллоҳалоҷӣ” низ буд, ки дар он арабҳо барои шифо ёфтани дарде ба онҷо меоянд ва дар як гӯшаи он оташ дар мегиронанд.
Аз Кумитаи бахши дин ва танзими мақомоти иҷроияи ҳокимияти Давлатии ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки арабҳо дорои шиносномаи тоҷикӣ ҳастанду милаташон тоҷик аст. Ҳангоми сафар ба хонаи Худо дар алоҳидагӣ ба қайд гирифта намешаванд, зеро дар ҳуҷҷати расмӣ тоҷик гузаштаанд. Дар ҳолати туйю маъракаҳо иҷозатнома мегиранд ва дар асоси қонунҳои амалкунандаи давлат амал мекунанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони CABAR.asia, арабҳо танҳо дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус беш аз 8 ҳазор нафар ҳастанд, вале гуфта мешавад, ки дар дигар деҳаҳо хеле кам ҳастанд. Дар ноҳияи Носири Хусрав низ аз ин қабила зиндагӣ доранд, вале мақомоти ин ноҳия низ омори алоҳида надоранд.
Арабҳои маҳаллӣ, мисли мардуми тоҷик, онҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад ба кишоварзӣ машғуланд. Манбаи дигари даромадашон аз ҳисоби муҳоҷиарти меҳнатӣ мебошад. Рахиб Тошматов, беш аз 6 гектар замини кишти кишоварзӣ дорад, ки дар он пахта ва гандум кишт мекунад. Аз ҳамин ҳисоб зиндагии худ ва се фарзандашро пеш мебарад.
“Муносибати тоҷикон бо мо хуб аст, дар миёни мо миллатпарастӣ вуҷуд надорад. Гоҳҳо дар масҷидҳои онҳо низ намоз мегузорем.”
Сауидҳо арабҳои Тоҷикистонро ҳамхуни худ намешуморанд?
Диловар Аслонов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Талбак Насриддинови ноҳияи Шаритус гуфт, расман ҳамаи намояндагони ин қабилаҳо дар ҳуҷҷат тоҷик сабт шудаанд. Тибқи иттилои Аслонов, чанд сол пеш ин якчанд намояндаи ин қабилаҳо ба сафоратхонаи Арабистон дар Душанбе мактуб карда буданд, ки бояд аз онҳоро хабар гиранд.
– Сафорат даъвати онҳоро пазируфт ва як гурӯҳ намоянда ба ноҳияи Шаҳритус омад ва бо онҳо мулоқот карданд. Баъди вохӯрӣ бо онҳо меҳмонон (саудиҳо –иловаи муҳаррир) гуфтанд, ки ин афрод араб нестанд, гуфт Аслонов.
Азизи Фатоҳ, ҷомеашинос дар вилояти Хатлон, низ омадани намояндагони сафорати Арабистони Саудӣ тасдиқ кард.
доданд мегӯяд арабҳо хеле кам пайрави ба дини исломро доранд. Гоҳо дар чеҳраи занҳои онҳо холҳои сунъӣ дида мешавад, мисли мардум ҳиндӣ. Арабҳо солҳои 7-8 пеш аз мелод аз минтақаҳои Ҳиндустон ба минтақаҳои Осиёи миёна куч бастаанд.
Ба анздикӣ намоянда аз сафорати Ариабистон бо онҳо вохӯрданд, бо забони араби суҳбат карданд, вале арабҳои Тоҷикситон забони онҳоро нафаҳмиданд. Барои ҳамин меҳмонон гуфтанд, инҳо чӣ гуна араб ҳастанд, ки забони арабиро намедонанд, қайд кард Азизи Фатоҳ.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ин одамон ҳеҷ ҳуҷҷате барои ассоснок кардани гуфтаашон ё сарчамаҳои таърихӣ надоранд.
Нуқтаи назари илмӣ
Сайдаҳмад Қаландаров, диншиноси тоҷик мегӯяд, ки арабҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Осиёи Миёна қарор доранд. Ин афрод дар замони Умавия, паҳн кардани дини ислом кучманчӣ шудаанд ва вориди дигар кишварҳо шудаанд.

– Арабҳои ҷануби Тоҷикистон аслан аз қабилаҳои бани Тамим ва қисмати ҷанубии Сурияю Ироқ ҳастанд. Дар замони ихтилофе, ки дар собиқ Баҳрайни қисмати Арабистони Саудӣ ошубе сар зада буд бадарға шудан ва ба дигар кишварҳо муҳоҷир шуданд, мегӯяд Қаландаров.
Ба гуфтаи вай, як қисми аҳолии маҳаллӣ ба решаҳои арабӣ доштани ҳамсояҳои хеш бовар надоранд.
Аммо, Қаландаров мегӯяд, ки дар бораи арабҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар даврони Шӯравӣ бисёр адабиёти илмӣ ба табъ расиданд, ки ҳуввияти арабӣ доштани онҳоро тасдиқ карданд.
«Аз ҷумла, филологи шӯравӣ Георгий Церетели дар бораи лаҳҷаҳои арабҳои Осиёи Марказӣ навиштааст», – қайд кард Қаландаров.
Вай афзуд, ки дар Чилучорчашма, ҷануби Тоҷикистон Арабқишлоқ аст, ки дар он арабҳо зиндагӣ мекунанд ва худро аз пайравони ҳазрати Алӣ медонанд, ки ҷонибдор ва аз хонаводаи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад мебошад.
– Ҳамин тавр онҳо дар асл аз қабилаҳои нимҷазираи Араб омадаанд. Аммо, албатта, пас аз якчанд садсолаҳо, арабҳои тоҷик забони худро фаромӯш карданд ”- гуфт Қаландаров.
Арабҳои тоҷик, дар вақташ тоҷирони хуб буданд ва бо қабилаҳои худ то сарҳади Тахори Афғонистон ва Марви Туркманистон робита доштанд.
Қувват Додов, таърихшинос дар ҷануби Тоҷикистон ба Cabar.asia гуфт,ки арабҳои Тоҷикистон аслан қабилаҳои мардуми Сурия ҳастанд, ки дар вақти паҳн шудани дини мубини ислом дар Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор соли пеш тариқи гузаргоҳи Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.
Қиёмиддин Сатторӣ, котиби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи тадқиқотҳои олимону пажӯҳишгарон афроде, ки дар ҷануби Тоҷикистон қарор доранд аз қабилаҳои мардуми араб ҳастанд, қисме аз онҳо дар густариши дини мубини ислом вориди Осиёи Миёна гардиданд. Чандин асрҳо забону фарҳангашонро ҳифз мекарданд, аз дигар қабилаҳо келин намекарданд ва духтр низ намедоданд. Бо гузашти чандин асрҳо онҳо забони мардуми бумиро пеша карданд, ки ҳоло бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Онҳо аслан аз қабилаҳои шаҳрнишини араб нестанд.
“Ҳангоми паҳн кардани ислом, арабҳо ба ҷанг мерафтанд ва ҳамсаронашонро бо худ мебурданд. Ҷангҳои ҳамон давра боис шуд, ки қисме аз арабҳо ба дигар кишварҳо аз ҷумла Туркманистон, Афғонистон ва Ӯзбакистон муҳоҷир шуданд. Қисме аз ин афрод дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо забони узбекӣ ҳарф мезанад, ки онҳоро арабҳои ӯзбекзабон мегӯянд. Дар замони Шӯравӣ онҳо фарҳангу анъанаҳои худро ҳифз мекарданд, аммо ҳозир бо мардуми бумӣ омехта шудаанд, ки аз ҳамдигар келин мекунанд”, қайд кард Сатторӣ.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.