© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Гумруки Тоҷикистон: “Чароғи сабз” барои борҳои одамони “наздик”

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҳолатҳои коррупсионӣ дар гумрук, ки сабаби қочоқи молу коло ва зиёни буҷа мегардад, сухан кард. Парлумон ба борхатҳои электронӣ умед мебандад, аммо коршиносон муътақиданд, бидуни иродаи сиёсӣ ин мушкилро наметавон бартараф кард.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Рақамҳо дурӯғ намегӯянд?

Миёнаҳои моҳи июн дигарбора тафовути нишондодҳои омории табодули мол миёни Тоҷикистону Чин расонаӣ шуд. Бино ба маълумоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ин нишондод ҳудуди 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Раиси Чин Си Ҷинпин ва президенти Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз president.tj

Эмомалӣ Раҳмон ин оморро рӯзи 15 июн дар нишасти хабарие аз рӯи натиҷаҳои сафари раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон эълом кард.  

“Мубодилаи мол миёни кишварҳои мо соли гузашта тақрибан 2 миллиард долларро ташкил кард”,-изҳор дошт, Эмомалӣ Раҳмон.

Аммо бар пояи иттилои Оҷонсии омори назди президент ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Чин дар соли 2018 ҳамагӣ чизе бештар аз $651 миллионро ташкил додааст. Бо ин ҳол, тафовут дар нишондодҳо ба бештар аз се баробар мерасад. 

Бори аввал аз ин мушкил соли 2013 гуфта шуд. Он замон маълумоти Вазорати тиҷорати Чин аз иттилои омории Тоҷикистон тақрибан 2,5 баробар бештар буд. Дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон он замон тафовути омориро ба қоидаҳои гуногуни ҳисобҳои гумрукӣ ва содироти молу колои чинӣ ба Афғонистон тавассути Тоҷикистон рабт доданд.  

Ба маълумоти Бюрои миллии омори Чин табодули мол миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2017 беш аз 1,3 миллиардро ташкил додааст. Аммо бар асоси иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон он ба $591 миллион баробар будааст. Ин навбат тафовут дар рақамҳо 2,1 баробар аст.  

Тафовут дар нишондодҳои омори гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон низ вуҷуд дорад. Ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон соли 2018 табодули мол миёни ду кишвар $290 миллионро ташкил додааст. Аммо бар пояи маълумоти Кумитаи давлатии омори Узбакистон он бештар аз $389 миллион будааст.

Вазъият дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон монанд аст. Барои мисол, тафовут миёни нишондиҳандаҳои омории Чин ва Қирғизистон низ 2-3 баробар мебошад.

Таҳлилгарони Қирғизистон дар асоси маълумоти чор соли ахир ба ин натиҷа расидаанд, ки тафовути нишондиҳандаҳо на танҳо дар он аст ки кишварҳо меъёрҳои гуногуни ҳисоб ва ҳаҷми содирот (содироти молу колои чинӣ тавассути Қирғизистон ба дигар кишварҳо) доранд. Ба андешаи онҳо, дар бештари ҳолат ин тафовут дар пайи мушкили ришвахорӣ ва поин бурдани арзиши молҳо ба миён омадааст. 

“Мизони баланди тафовут дар нишондодҳои воридот аз Чин, ба даҳҳо баробар дар қиёс ба нишондодҳои монанди Русия ва Қазоқистон ҳангоми усулҳои мушобеҳи ҳисоб, аз мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми муайян кардани арзишҳои гумрукӣ далолат мекунад. Тафовутҳои қобили мулоҳиза дар ҳаҷми воридот ба Қирғизистон аз Чин дар сатҳи ду дараҷаи рамзҳои ФМ ФИБ аз эъломияҳои ғалат шаҳодат медиҳад”,- омадааст дар пажуҳиши таҳлилии “Омори шаффофи гумрукии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2008-2012”.  

Омори расмӣ: 50% воридот

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, сабаби тафовути зиёд дар оморҳо на танҳо аз фарқияти равишҳои ҳисоб, балки аз ҳаҷми қочоқ ҳам мегӯяд.

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, “тафовути себаробарӣ миёни маълумоти оморӣ (аз рӯи ҳаҷми воридоти молу колои чинӣ)-и Тоҷикистону Чин, ки яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст, метавонад аз ҳаҷми қочоқ далолат кунад”.

“Дар ниҳодҳои расмии мо сабаби инро “истифодаи усулҳои гуногуни ворид кардани ин омор аз ҷониби мақомоти гумруки ду кишвар” мегӯянд. Аммо дар оморҳои мо ва ҷониби Узбекистон ҳам тафовут ҳаст. Узбекҳо дар содироти маҳсулоти худ ба Тоҷикистон рақами нисбатан бузургтареро пешниҳод мекунанд”,-гуфт Чоршанбиев ба CABAR.asia.   

Ба таъкиди ӯ, қочоқи молу маҳсулот ба ин ё он шакле дар ҳар кишвари дунё вуҷуд дорад, аммо дар Тоҷикистон ин мушкил ба коррупсия пайванд аст.

“Дар кишвари мо бар иловаи ғайриқонунӣ ворид намудани мол (қочоқ), ки пинҳонӣ тавассути қитъаҳои гуногуни сарҳад сурат мегирад, инчунин тариқи дидбонгоҳҳои назоратӣ молу коло бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид мегарданд ё бо арзиши нисбатан паст ба расмият дароварда мешаванд”,-афзуд Чоршанбиев.    

Қочоқро кӣ таҳвил медиҳад?

Коршиносони дигар ҳам бар инанд, ки тафовут дар оморҳо дар пайи ворид гардидани ҳаҷми зиёди қочоқ ба кишвар ба миён меояд.

“Дар омори чинӣ каме “воҳима” мешавад, зеро барои ширкатҳои хитойӣ нишон додани гардиши содиротӣ манфиатовар аст (онҳо дар пардохти молиёт имтиёз мегиранд). Аммо ҳаҷми қочоқ аз ҳаҷми молу колои расмӣ метавонад 50 дарсад ва аз ин бештар бошад. Ҳоло он нисбатан кам шудааст, аммо роҳҳои дигари қочоқ мавҷуданд – паст кардани арзиши маҳсулот ва ё тағйир додани навъи мол. Дар ин ҳол буҷа зарари калон мебинад”,- гуфт ба CABAR.asia як коршиноси масосили иқтисодӣ, ки нахост номаш ифшо шавад.     

Ба гуфтаи ӯ, “асосан қочоқро нафароне меоранд, ки ба мансабдорони маъруф ё пайвандони онҳо иртибот доранд”. Коршинос аз онҳо “одамони наздик” ном бурд.  

“Бар илова, ин афрод аз имтиёзҳои расмӣ бархӯрдоранд, ки ҳар сол амал мекунад”,-таъкид намуд коршинос.

Тоҷир: Дар марз қитъаҳое ҳастанд, ки молу коло бидуни барасмиятдарорӣ ворид мешавад   

Аммо соҳибкорон мегӯянд, бештари тоҷирони тоҷик то андозае қочоқчӣ ҳастанд.

“Онҳоро рақобати носолим ва хоҳиши дарёфти пули бештар маҷбур мекунад. Соҳибкорони каме ҳаҷми пурра ва арзиши аслии моли худро нишон медиҳанд”,-мегӯяд тоҷир Шараф Салимов (ному насаб иваз шудааст). 

Ӯ меафзояд, дар марз қитъаҳое мавҷуд аст, ки мешавад молро бидуни барасмиятдарорӣ вориди кишвар намуд.

“Барои мисол, дар вилояти Суғд чунин қитъаҳо дар марз бо Қирғизистон хеле зиёданд. Дуруст аст, ки кормандони гумруки мо ва Қирғизистон ин роҳҳоро медонанд, аммо бар ивази пул чашм мепушанд. Тавассути ин қитъаҳо асосан молу колои қирғизӣ, русӣ ва қазоқӣ ворид мешаванд”,-афзуд Салимов. 

Ба қавли ӯ, тавассути дидбонгоҳҳо ё Нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳӣ низ мешавад молҳоро бидуни барасмиятдарорӣ ва ё бо арзиши паст ворид кард, аммо барои ин кор бояд дар Хадамоти гумрук шинос дошта бошӣ.

“Агар ҳаҷми молу маҳсулот зиёд нест, пас мешавад ки бо гумрукчиёни оддӣ ҳам масъаларо ҳал кард, аммо агар ҳаҷми молу коло зиёд бошад, бояд дар пайи ҷустуҷӯи “тағо” шуд. Асосан соҳибкорон барои барасмиятдарорӣ бо арзиши поин масъаларо ҳал мекунанд. Роҳҳои дигар ҳам ҳаст: пинҳон доштани ҳаҷми пурраи молу маҳсулот, чанд мошини якхела бо як рақами қайди давлатӣ ва дигар. Ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки мошини одамони хеле таъсиргузор аз Нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳӣ бидуни ҳеч барасмиятдарорӣ мегузаранд”,-идома медиҳад Салимов.

Рақобати носолим

Ба гуфтаи коршиносон аз чунин таҷриба (ворид намудани молу коло бидуни анҷоми тартиботи гумрукӣ) аввалан буҷаи давлат, ки маблағи кофӣ дарёфт намекунад, зарар мебинад; дуввум, меъёри рақобати солим нақз мегардад.

“Ин вазъият ба соҳибкорон имкон намедиҳад, ки дар шароити баробар кор кунанд. Як гуруҳ пули хуб кор мекунанд, гуруҳи дигар не. Рақобати “зинда” нест. Бар илова, воридкунандаҳои “боимтиёз” дар бозори дохилӣ рақобати носолимро асос мегузоранд, ки дар натиҷа воридкунандаҳои бовиҷдони молҳо маҷбур мешаванд, аз баҳри тиҷорат бароянд”,-муътақид аст Пайрав Чоршанбиев.

Ба гуфтаи Салимов, ӯ шоҳид буд, ки чӣ гуна соҳибкорон дар пайи рақобати носолим ҳангоми ворид кардани молу маҳсулот тарки тиҷорат карданд.

“Соҳибкорони ҷавон, ки ба тиҷорат ворид шуданд ва аз “сангҳои зери об” хабар надоштанд, бештари вақт аз баҳри он гузаштанд. Танҳо онҳое ки ҳадафмандона ба ин роҳ ворид шуда, хеле зирак ҳастанд ва дар ниҳоят миёнаравҳои заруриро дар мақомот барои идомаи кор пайдо мекунанд, боқӣ мемонанд”,-таъкид намуд Шараф Салимов.    

Президент хабар дорад

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор аз мушкили қочоқи молу маҳсулот ва порагирии кормандони Хадамоти гумрук суҳбат кардааст. Аммо 10 май дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук аз ин ниҳод шадидан интиқод кард ва як корманди онро мавриди бозпурсӣ қарор дод.

Дар гузориши телевизионии ин мулоқот, ки шабакаҳои давлатӣ намоиш доданд, раисҷумҳур корманди гумрукро назди баландгӯ даъват карда, дар бораи худаш ва дороиҳояш суол кард. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла аз ӯ пурсид, ки чанд хона ва мошин дорад ва дар куҷо таҳсил кардааст.

Шаҳбоз Раҷабзода. Скриншот аз YouTube канали телевизионии “Тоҷикистон”

Баъди шунидани посухи Раҷабзода, раисҷумҳур ӯро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда, ба такрор гуфт, “Росташро гӯ! Ман маълумот дорам”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, медонад, ки Раҷабзодаро барои надоштани савод аз донишгоҳ пеш кардаанд ва ӯ касеро итоат намекунад.

Инчунин президент дар ҷараёни мулоқот чанд бор раҳбарияти ин ниҳодро дар беамалӣ муттаҳам кард, дар ҳоле ки кормандонаш Нуктаҳои назоратӣ-гузаргоҳиро байни худ тақсим намуда, тавре ки мехоҳанд молу маҳсулоти воридотиро назорат мекунанд. 

Ӯ сохтори қочоқбарони молҳоро “нано технологияи тоҷикӣ” ном бурд, ки технологияи навро “мехурад”. Эмомалӣ Раҳмон инчунин схемаи қочоқи молро тавассути дидбонгоҳҳои гумрукӣ ошкор кард.

“Ду роҳи қочоқи молҳо вуҷуд дорад: 1. Вақте мошин меояд, дурбин сабт мекунад. Рақамҳои қайди давлатии онро гирифта, дар мошини дуюм ва сеюм насб мекунанд. Дар асл ду мошин мегузарад, аммо танҳо як мошинро сабт мекунанд. 2. Дар дидбонгоҳи гумрукӣ моли воридгашта ба қайд гирифта шуда, баъди расидан ба шаҳри Душанбе бо соҳибони мол забон як мекунанд, ҳуҷҷатҳоро дар дидбонгоҳ дигар карда, арзиши мол ва боҷи гумрукӣ кам карда мешавад. Чӣ хел ки хоҳанд, нарх мегузоранд”,-изҳор дошт раисҷумҳур дар мулоқот.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин гуфт, бо ин ҳол “дар санадҳо як молро менависанд, аммо дар мошин тамоман моли дигар аст”. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳама қочоқ “бо дастгирии кормандони баландпояи Хадамоти гумрук амалӣ мешавад”.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, соли 2018 беш аз 4,3 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд расидааст. Аз ин 72 ҳолат ҳамчун ҷиноят муайян шудаанд. Дар натиҷа баррасии 4208 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 3956 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Наздики 16 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,6 миллион доллар) боҷи гумрукӣ барқарор гардида, ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ (наздики 700 ҳазор доллар) ҷарима таъин гардидааст.    

Сохтор бояд иваз карда шавад

Парлумони Тоҷикистон пас аз интиқоди раисҷумҳур дар охирҳои моҳи май Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётии марбут ба борхати электрониро тасдиқ намуд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Акс аз ozodi.org

Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода рӯзи 29 май аснои суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон гуфт, ки гузаштан ба борхатҳои электронӣ вақти ба ҷойи дигар интиқол додани бор ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукиро ҳангоми гузаштани сарҳад камтар мекунад. Ба қавли вазир, “тағйири ҳаҷми бор ҳангоми истифодаи борхати электронӣ ғайриимкон аст, ки ба ин васила он ба механизми муносиб зидди қочоқи молу маҳсулот табдил меёбад”.  

Аммо ба гуфтаи коршинос, гумон аст ки ин усул корагар шавад, зеро бар иловаи назорати борхатҳои электронӣ, бояд арзиш ва рамзи молу маҳсулот ҳангоми барасмиятдарории борҳо дар дидбонгоҳҳо назорат карда шаванд.

“Инчунин қочоқи арзишӣ, миқдорӣ ва рамзӣ ҷой дорад, ки назорат кардани онҳо душвор аст. Ба ҳар ҳол, ба мақомоти гумрук бо ҳадафи сарватманд шудан ва дарёфти дороии зиёд ба кор мераванд”,-мегӯяд коршинос.

Бар ҳар сурат, соҳибкорон ба баробарҳуқуқӣ ва низомҳои шаффоф умед мебанданд. Ба гуфтаи онҳо, маҳз шаффофият метавонад мизони ришвахориро коҳиш бидиҳад. 

“Рақобати носолим дар соҳибкорӣ дар кишварҳои дигар ҳам ҳаст. Фикр мекунам, бояд ба ҳама имконияти баробар дода шавад ва сарбориҳои изофӣ кам гардад. То ҳама тавонанд кор кунанд ва ба буҷаи кишвар фоида биёранд. Агар ҳама чӣ шаффоф бошад, ҳеч кас аз пардохти боҷ ва андоз саркашӣ намекунад. Табиист, ки дар ин ҳол коррупсия кам шуда, маблағ ба буҷа ворид мегардад”,-мегӯяд Шараф Салимов.

 Ба таъкиди коршинос, барои тағйири мусбати вазъ иродаи сиёсӣ намерасад, ки таъсири “одамони наздик”-ро бартараф созад.

“Агар иродаи сиёсии қавӣ бошад, шояд ин мушкилро мешавад ҳал кард. Аммо бо кормандони феълӣ ва мақомоти амалкунанда ин як падидаи муваққатӣ хоҳад буд. Молҳои қочоқии одамони наздик ба мансабдорони таъсиргузор ҳамчунон ворид мешаванд. Тамоми молҳои воридотии асосӣ монополишудаанд. Аз ин рӯ, агар тамоми сохтори гумрук иваз нашавад ва нуфузи одамони наздик бартараф нагардад, қочоқ боқӣ мемонад”,- гуфт дар хотима коршинос.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: