Коршиносон мегӯянд, мақомоти минтақаро зарур аст, сиёсати шадиди аз озодӣ маҳрум сохтани одамонро барои амалҳои ноогоҳона дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҷдиди назар намоянд.
Подпишитесь на наш канал в Telegram!
Истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон оғози соли равон 1,3 миллионро ташкил додааст. Ин омор дар гузориши оҷонсии таҳлилии We Are Social дарҷ шудааст. Соли гузашта 700 ҳазор нафар бори аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти ном шудаанд.
Ба омори GlobalWebIndex, феълан истифодабарандагони интернет ба ҳисоби миёна дар як рӯз 2 соату 15 дақиқаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пушти сар мекунанд. Дар маҷмӯъ, қирғизистониҳо дар як рӯз қариб 3 миллион соат дар интернетанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин баробар, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба зиндагии рӯзмарра зиёд мегардад. Ҳамоишҳои эътирозӣ, иқдому маъракаҳои экстремистӣ ва ҷалби одамон ба гуруҳҳои ифротӣ ҳар чӣ бештар аз кӯчаҳо ба фазои интернет мекӯчад ва аксаран муваффақ ҳам мешавад. Аммо дар баробари ин масъулияти истифодабарандагон низ барои матлабе, ки дар саҳифаҳояшон бознашр мекунанд ё онро “меписанданд”, зиёд мешавад. Дар ҷаласаи ахири парлумони Қирғизистон намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар изҳор дошт, ки “руҷӯи истифодабарандагон амали ҷиноӣ ба ҳисоб намеравад. Мутахассисон дар Шабакаҳо маҳз паҳнкунандаҳоро зери назар мегиранд, на касонеро ки саҳифаҳои онҳоро дунбол кардаанд” (иқтибоси Kaktus.media). Вале дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳолатҳое буданд, ки як “класс” ва шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби ба маҳбас кашидани одамон шудааст.«Даромад» аз моддаи Кодекси ҷиноӣ
Кирғизистон дар гузориши “Озодии интернет 2017”, ки созмони Freedom House таҳия кардааст, аз 100 балли мавҷуд, 37 имтиёз гирифтааст. Ҳар андоза балҳо кам бошанд, ҳамон андоза озодии интернет баланд аст. Қирғизистон ду соли ахир мавқеашро дар ин рейтинг тағйир надодааст, ки нишондиҳандаи бадтарин давоми 5 соли ахир аст. Соли 2014 кишвар 34 имтиёз дошт.!function(e,t,n,s){var i=”InfogramEmbeds”,o=e.getElementsByTagName(t)[0],d=/^http:/.test(e.location)?”http:”:”https:”;if(/^\/{2}/.test(s)&&(s=d+s),window[i]&&window[i].initialized)window[i].process&&window[i].process();else if(!e.getElementById(n)){var a=e.createElement(t);a.async=1,a.id=n,a.src=s,o.parentNode.insertBefore(a,o)}}(document,”script”,”infogram-async”,”https://e.infogram.com/js/dist/embed-loader-min.js”);
Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки интернет қисман озод таъриф мешавад. Дар кишварҳои дигари минтақа интернет озод нест.
Новобаста ба он ки дар Қирғизистон танзимкунандаи алоҳидаи иттилоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад, ҳифзи озодии баён ва масъулияти интернет мисли режими офлайн кор мекунад. Мафҳуми “репост” дар қонунгузорӣ дарҷ нашудааст, аз ин рӯ хеле чизҳо аз насби ҳарими хусусӣ вобастагӣ дорад, мегӯяд сарвари ташкилоти “Институт Медиа Полиси” Бегаим Усенова. Ба гуфтаи вай, агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа ба тартибе насб шуда бошад, ки ҳар амали шуморо дӯстонатон назора карда тавонанд, аз назари қонун ин паҳнкунии иттилоъ маҳсуб меёбад. Дар ин сурат, дар ҳолатҳои нашри иттилои баҳснок имкони муҷозот шудан вуҷуд дорад.“Бояд дарк намуд, ки чизеро ки мо “репост” мекунем, аз лаҳзаи анҷоми амали мо, марбути мо мешавад, агар чи мо муаллифи он навишта ё шарҳ набошем ҳам. Аз ин рӯ то ҳадди аксар бояд талош намуд, то мутмаин шавем иттилоеро, ки мо пешниҳод менамоем, паёми ғалат ё ғайриқонунӣ надошта бошад”,-меафзояд ӯ.
Масъалаи дигар, ин ки “ба иштирокгузоштан”-и якдафъаина, бо вуҷуди дорои мазмуни хилофи қонун будан, набояд сабаби маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 7 сол гардад. Мисле ки ҳоло бар пояи моддаи 299-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва минтақаӣ” метавонад анҷом шавад. “Бештари одамон дар гӯшае нишаста фикр мекунанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ фазои шахсии онҳо аст ва зери ҳар чизе шарҳ менависанд, бехабар аз он ки барои ин метавон пушти панҷара рафт. Дар ин замина, бояд корҳое анҷом шавад. Одамон бояд нахуст огоҳ карда шаванд, ки чунин шарҳҳоро навиштан мумкин нест, баъдан ҷарима баста шаванд ва агар ин кор идома ёбад, пас бояд иқдомҳои ҷиддӣ сурат бигиранд. Ҳоло ин модда ба абзоре табдил шудааст, ки бо он мешавад пул кор кард. Чӣ гуна? Онҳо [мақомоти ҳифзи ҳуқуқ] меоянду мегӯянд, ки ана бар асоси ҳамин модда, аз озодӣ маҳрум мешавӣ. Табиист, ки онҳое ки намехоҳанд фарзандонашон ҳабс шаванд, омодаи бо пул ҳал кардани масъала ҳастанд», — меафзояд Рита Карасартова. Соли 2016 дар моддаи 226, пунки 6-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон – “Эътирофи оммавии фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ” мафҳуми “интернет” пайдо шуд. Ба гуфтаи диншинос Иқболҷон Мирсаидов ин сабаб гардид, ки то соли гузашта дар ҷануби кишвар пулис истифодабарандагони зиёди интернетро барои “лайк” ва “репост” дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кард. “Нисбат ба бисёриҳо ҷазои маъмурӣ тадбиқ карда шуд (ҷарима 1-2 ҳазор сом ё $14-29), дар сурати такрор намудан, эҳтимоли маҳрумият аз озодӣ аз 1 то 3 сол мавҷуд аст. Бештари онҳо ҷавонон ҳастанд, ки намедонистанд ин кор муҷозот дорад. Имсол шумори ин ҳолатҳо коҳиш ёфтааст, зеро одамон аллакай фаҳмидаанд, ки бо ин кор набояд шухӣ кард”, — мегӯяд Мирсаидов. Саркуби озодӣ Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 дарсади аҳолӣ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, яъне аз 9 миллион нафар ҳамагӣ 310 ҳазор. Тоҷикистон шомили рейтинги озодии интернети Freedom House нест, аммо ба иттилои Human Rights Watch вазъи ҳуқуқи инсон аз соли 2015 “дар пасманзари ташдиди саркуб шудани озодии баён, озодии анҷуманҳо, фаъолияти осоиштаи мухолифин, адвокатураи мустақил ва озодиҳои динӣ” якбора бад шуд. Тобистони имсол вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноӣ – “Даъвати оммавӣ барои анҷоми ҷиноятҳои характери террористидошта ва пуштибонии оммавии фаъолияти террористӣ” раъй доданд. Дар қисми дуввуми ин модда ибораи “тавассути интернет” ворид карда шуд. Ин модда маҳрумият аз озодиро аз 10 то 15 сол пешбинӣ мекунад. “Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет ҳамчун шаҳодати даст доштан ба созмонҳои экстремистӣ ё террористӣ маънидод мешавад. На танҳо “лайк”, балки паҳн ва интиқоли чунин матолиб. Ҷазои ҷиноӣ барои амалҳое, ки дар боло ишора шуд, дар Тоҷикистон ҷой дорад. Дар таҷриба хеле зиёд чунин парвандаҳо мушоҳида мешавад”, — мегӯяд, Абдураҳмон Шарипов, адвокат ва ҳуқуқшиноси созмони «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон».Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд ки чунин шақли мубориза бо экстремизму терроризм муассир нест. Ба гуфтаи онҳо, парвандаҳои ҷиноӣ дар асоси далелҳои ғайримустақим боз мешаванд.
“Феълан дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 8 моддае мавҷуд аст, ки муҷозотро барои амалҳои анҷомшуда тавассути интернет пешбинӣ мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки принсипи адолат, ки дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нишон дода шудааст (ҷазо бояд одилона бошад ва ба характеру дараҷаи хавфи ҷамъиятии ҷиноят мутобиқат кунад), вобаста ба чунин парвандаҳо на ҳама вақт риоя мешаванд»,— мегӯяд, ҳамоҳангсози барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Маркази ҳуқуқи инсон Нодира Абдуллоева. Усули мубориза бо мухолифин Қазоқистон дар рейтинги озодии интернет 62 имтиёз дорад. Давоми панҷ соли ахир бо аз даст додан ва гоҳо гирифтани 1-2 бал, кишвар мавқеашро дар ин мақом ҳифз кардааст.!function(e,t,n,s){var i=”InfogramEmbeds”,o=e.getElementsByTagName(t)[0],d=/^http:/.test(e.location)?”http:”:”https:”;if(/^\/{2}/.test(s)&&(s=d+s),window[i]&&window[i].initialized)window[i].process&&window[i].process();else if(!e.getElementById(n)){var a=e.createElement(t);a.async=1,a.id=n,a.src=s,o.parentNode.insertBefore(a,o)}}(document,”script”,”infogram-async”,”https://e.infogram.com/js/dist/embed-loader-min.js”);
Дар Қазоқистон миёни шабакаҳои иҷтимоие ки бештар ғояҳои экстремизм таблиғ мешавад, Facebook ва YouTube-ро ном мебаранд. “Репост”-и матолиби экстремистӣ баробари паҳнкунии матлаб аст. Касе ки “репост” кардааст, баробари муаллифи матлаб муҷозот мешавад.
“Дар Қазоқистон парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳукмҳое ҳастанд, ки барои иттилои дар “репост” ва “лайк”-ҳо, ки ҳамчун барангехтани кинаву адовати миллӣ ва динӣ маънидод шудаанд, ҳастанд. Ҷавобгарӣ барои барангехтани кинаву адоват дар моддаи 174-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон нишон дода шудааст. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки давоми се соли ахир теъдоди одамоне ки дар чорчуби ин модда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд, дар ҳоли афзоиш аст», —мегӯяд, ҳуқуқшиноси Бунёди «Адил соз» Тамара Симахина. Моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ – “Барангехтани кинаву адовати миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ” аз 2 то 7 соли маҳрумият аз озодиро пешнинӣ мекунад. Парвандаи ҷиноӣ ҳамчунин бар пояи моддаи 274 “Дар бораи паҳн кардани маълумоти бардурӯғ” боз мешавад, ки то 12 миллион тенге (наздики $32 ҳазор) ё маҳрумият аз озодӣ аз 2 то 5 солро пешбинӣ кардааст. Бар илова, ҳар истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад якуним моҳро пушти панҷара гузаронад, агар дар саҳифаи ӯ каси дигаре шарҳи хусусияти экстремистидошта бинависад. Нахуст бо тақозои ҳазфи он шарҳ ба ӯ нома мефиристанд, агар ба ин мактуб вокуниш накард, ба додгоҳ муроҷиат мешавад. Қазоқистон ягона кишвари Осиёи марказӣ аст, ки дар қонунгузорӣ ба таври фаъол тағйиру иловаҳое ки ба назорати интернет равона шудааст, ворид мешавад. Моҳи январи соли 2017 прокуратураи вилояти Қизил-Орда изҳор дошт, ки дастрасӣ ба 39 паёми Facebook ва ВКонтакте ва 25 навори YouTube-ро бо далели таҳрики кинову адоватӣ қавмӣ ва динӣ масдуд кардааст. Дар ин кишвар чанд мақом, назири Кумитаи амнияти миллӣ, дафтари президент ва ҳатто намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият матолиби онлайнро назорат мекунанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин самт аз мафҳуми “мубориза бо экстремизм” сӯиистифода мешавад.“Фикр намекунам, ки ин мубориза бо экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, балки ин санҷиши абзори мубориза бо мухолифин аст. Парвандаҳои ҷиноӣ бо таркибҳои расмӣ боз шуда, ҳеч баҳогузории натиҷаи амали анҷомшуда дида намешавад. Як “репост” шарҳ ё “лайк” ё кадом як андеша гирифта шуда, он аз ҷониби мутахассисон таҳлил мешавад ва дар асоси он хулосабарорӣ мегардад: ин матлаб иттилои экстремистӣ дорад ё на. Тамоми ин хулосаҳо хусусияти тахминӣ доранд ва дар ҷараёни мурофиа касе онро исбот намекунад”, —мегӯяд Евгений Жовтис, раҳбари намояндагии қазоқистонии Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонунгузорӣ.
Шумо зери назорат қарор доред Узбекистон дар рейтинги озодии интернет 77 имтиёз дорад. Чор соли ахир кишвар 78- 79 бал дошт. Вазъи беҳтар ба таъсиси сайти давлатӣ рабт дорад, аммо бино ба гузориши Freedom House, озодии интернет дар ин кишвар ҳанӯз саркубшуда боқӣ мондааст. !function(e,t,n,s){var i=”InfogramEmbeds”,o=e.getElementsByTagName(t)[0],d=/^http:/.test(e.location)?”http:”:”https:”;if(/^\/{2}/.test(s)&&(s=d+s),window[i]&&window[i].initialized)window[i].process&&window[i].process();else if(!e.getElementById(n)){var a=e.createElement(t);a.async=1,a.id=n,a.src=s,o.parentNode.insertBefore(a,o)}}(document,”script”,”infogram-async”,”https://e.infogram.com/js/dist/embed-loader-min.js”);Дар навбати худ Human Rights Watch мегӯяд, ки парлумони Узбекистон “тағйиру иловаҳо ба қонунгузориро, ки ба хадамоти махсус иҷозат медиҳад, фаъолнокии онлайнии шаҳрвандонро тавассути назорати мубодилаи пайёмҳо ва шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунанд, қабул намуд”.
Давоми чанд соли ахир мақомот дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии маъруф, бо шумули ВКонтакте, Facebook ва YouTube-ро масдуд мекунанд. Бо ин ҳол, расман масдуд кардани сомонаҳоро эътироф намекунанд, ҳарчанд ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет борҳо эълон кардаанд, ки чунин дастур гирифтаанд. Human Rights Watch аз мақомоти Узбекистон даъват кардааст, дастрасии муассир ба иттилоъ, аз ҷумла интернетро фароҳам кунад. Ҳарчанд дар Узбекистон ҳолатҳои боз кардани парвандаи ҷиноӣ барои “лайк” ва “репост” сабт нашудааст, мақомот шабакаҳои иҷтимоиро зери назорат доранд. Аммо ба гуфтаи Муътабар Тоҷибоева, сарвари созмони байналмилалии “Маҳфили қалбҳои оташбор” парвандаҳои ҷиноӣ бо дигар сабабҳо боз мешавад. Ӯ мисол овард, ки вақте фаъолони ҷомеа дар Facebook нақзи ҳуқуқҳои диниро баҳс мекарданд, баъди ин чанд блогер ва иштирокдорони одии ин баҳс боздошт шуданд. “Аз аҳди Каримов хадамоти махсус ҳамеша аз хизмати занҳои сабукпой, намояндаҳои кумитаҳои маҳаллӣ ва дигар ҷосусони хадамоти махсус истифода мекунанд. Онҳоро зидди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шаҳрвандони норизо истифода мекунанд. Ин гуруҳҳо бо мақсади ҳамвор кардани роҳ барои парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ амал мекунанд. Дар натиҷа боздоштҳову ҷаримаҳои ғайриқонунӣ ба вуҷуд меоянд”, — мегӯяд Тоҷибоева. Маҳкум кардан ва муносибатҳои якнавохтИн мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст