Коршиносон мегӯянд, агар раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли ниҳоии баҳсҳои марзӣ иродаи сиёсӣ пайдо накунанд, сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар доимо дар фазои ноором ба сар хоҳанд бурд.
Подпишитесь на нашу страницу в Facebook!
Рӯзи 16 сентябри соли равон дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, муноқиша рух дод.
Изҳоротҳои расмии марзбонони ҳар ду кишвар танҳо дар як нукта ба ҳам мувофиқат мекунанд, ки ба низои навбатӣ корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳсии марзӣ сабаб шудааст.
Низоъ дар деҳаи наздисарҳадии Мақсад, ки ба деҳаи Кулундуи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд тааллуқ дорад.
Бино ба иттилои расмии ҷониби Бишкек, корҳои сохтмониро нахуст шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз карданд ва “сокини Қирғизистон дар посух ба ин амали онҳо бунёди девори атрофи хонаашро, ки дар он минтақа ҷойгир аст, шуруъ намуд”. Вале ҷониби Душанбе мегӯяд, муноқиша “ба далели оғози сохтмони иншооти номаълум аз сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон сар зад”.
Талаби қатъи корҳои сохтмонӣ нахуст ба баҳсҳои лафзӣ табил шуда, сипас бо тирпаронӣ анҷомид. Фарзияи мақомоти қудратии ду кишвар низ дар бораи он ки тирпарониро кадом ҷониб нахустиншуда оғоз кард, аз ҳам фарқ мекунад.
“Ҷониби Қирғизистон хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷруҳ шуданд”, – омадааст дар изҳороти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
“Ҷониби Тоҷикистон аввал аз силоҳ истифода карда, нахуст ба постгоҳи сарҳадии Мақсад ва сипас ба постгоҳи муваққатии сарҳадии Сай дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд оташ кушод”, – мегӯяд Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар изҳороти худ.
Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи тирпаронӣ як марзбон ба ҳалокат расида, 13 шаҳрванди дигари Қирғизистон захмӣ шуданд, ки ҳоло дар бемористони шаҳри Исфана бистарӣ мебошанд. Дар миёни онҳо ҳафт низомӣ ва шаш шаҳрванди мулкӣ, аз ҷумла як кӯдак низ ҳаст.
Ба огаҳии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар ин ҳодиса чандин шаҳрванди кишвар низ захмӣ шудаанд. Хабаргузории “Азия Плюс” бо истинод ба манбаи худ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз кушта шудани се марзбони тоҷик хабар дод. Дертар ин хабарро мақомоти вилояти Суғд низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ҳамчунин муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки 12 тани дигар низ маҷруҳ шудаанд ва ҳоло дар беморхона қарор доранд.
“Раванди якҷониба нест”
Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ба маҳалли ҳодиса рафта, бо раҳбарони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ҷаласа баргузор кард ва ҳамчунин бо сокинони минтақаи наздимарзӣ мулоқотеро баргузор намуд.
Аксҳо аз Хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, ҳалли мушкилиҳои марзӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати зери раҳбарии ӯ аст, вале ба гуфтаи вай, ин раванди якҷониба нест.
“Ҳукумат корҳоро дар самти таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон тақвият мебахшад, то ҳарчи зудтар дар робита ба минтақаҳои баҳсӣ созиш ҳосил шавад. Ҳамчунин талош мекунад, ки дар ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ ба пешрафти мусбате даст ёбад. Мо тамоми неруро ба ҳалли мушкилиҳои марзӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ равона хоҳем кард”, – изҳор дошт сарвазири Қирғизистон.
Ҳамчунин дар пайи дастури раиси порлумони Қирғизистон Достон Ҷумабеков, як гуруҳи вакилон бо раҳбарии муовини раиси порлумон Мирлан Боқиров ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди ин кишвар сафар карданд.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 17 сентябр дар ҷаласае, ки дар робита ба вазъи марз баргузор шуд, гуфт, ба печидатар шудани вазъ набояд роҳ дод. Ӯ хост, бо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Вай изҳор дошт, ки “муътадил гардонидани вазъ дар марз бояд дар доираи қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои ҳосилшудае сурат бигирад, ки борҳо дар ҷараёни гуфтугӯҳо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр шудаанд”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории қирғизии «24.kg» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ иттилоъ дод, ки беш аз 750 сокини деҳаи Мақсади Қирғизистон ба ҷои амн кучонида шуданд. Бештари ин сокинон ба хонаи наздикону пайвандони худ дар деҳаҳои ҳамсоя рафта, як қисмашонро дар мактаби деҳаи Эскӣ-Оочу ҷой кардаанд.
Дар шаҳри Бишкек як гуруҳи зодагони вилояти Бодканди Қирғизистон ҷамъ шуда, норозигӣ баён карданд, ки мақомоти кишварашон баҳсҳоро дар марз бо Тоҷикистон ҳал намекунанд. Вале ба иттилои хабаргузории «24.kg», ба маҳалли таҷаммуъ кормандони пулис ҳозир шуда, гуфтаанд, ки баргузор кардани тазоҳурот муваққатан манъ карда шудааст.
Сипас ҷамъшудаҳо як қатор талабҳои худро ба ҳукумати Қирғизистон баён кардаанд. Аз ҷумла онҳо шаффофияти кори комиссия оид ба таъйину аломатгузории хати марз, додани мақоми махсус ба вилояти Бодканд ва қатъи корҳои сохтмониро дар минтақаҳои баҳсии марзӣ талаб карданд.
Сарҳади баҳсталаб
Миёни сокинони минтақаҳои назди марзии Тоҷикистону Қирғизистон пайваста муноқиша рух медиҳад. Дарозии хати марзи муштараки ду кишвар 976 километр аст, ки 472 километри он то ҳол расман тасдиқ ва аломатгузорӣ нашудааст ва ин чиз дар бештари маврид сабаби сар задани низоъ миёни сокинони ду тараф хоҳад шуд.
Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати марз аз 4 то 6 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии худро баргузор карда буданд. Вале 13 марти соли равон миёни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Оқсойи Қирғизистон ва Ворухи Тоҷикистон ба далели азсаргирии бунёди роҳи Оқсой – Тамдиқ дубора задухурди мусаллаҳона сурат гирифт. Ин роҳ Ворухро давр зада, деҳаи мазкури Қирғизистонро бо маркази ноҳияи Бодканд мепайвандад.
Ҷониби Тоҷикистон бар ин аст, ки сохтмони роҳи мазкур дар минтақаи баҳсии марзӣ анҷом дода мешавад. Душанбеи расмӣ ҳамчунин нигарон аст, ки сокинони Ворух эҳтимол аст, дар инзивоъ бимонанд.
Рӯзи 22 июли соли равон ҳам дар минтақаи Торт Кочо, дар наздикии деҳаи Оқсой миёни сокинони Қирғизистону Тоҷикистон низоъ бархост. Ба иттилои дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ба сар задани низои навбатӣ парчаме сабаб гашт, ки аз сӯи сокинони Ворух насб карда шуд. Сокинони Ворух ин парчамро дар доираи омодагиҳо ба сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон насб карда буданд, ки барои мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ ба шаҳри Исфара рафт.
Вохурии раҳбарони ду кишвар чаҳор рӯз пас баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Соронбой Ҷеенбеков нахуст бо намояндгони шӯроҳои деҳоти мазкур мулоқот карда, сипас гуфтугӯи дуҷонибаи худро дар шаҳри Исфара идома доданд..
“Мо пешниҳод мекунем, ки ба раванди гуфтугӯҳо суръат бахшида шавад ва бояд натиҷаовар бошанд. Ҳамчунин муҳим аст, ки корҳо дар робита ба масъалаи марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон идома ёбанд. Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштаракамон марзҳои худро ба дарвозаҳои бунёдкорӣ, сулҳ ва шукуфоӣ табдил хоҳем дод”, – иқтибос оварда буд хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон аз суханони Сооронбой Ҷеенбеков.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ гуфт, вохӯрии мазкур аҳамияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба анҷоми раванди таъйин ва аломатгузории хатти марзҳои давлатиашон наздик месозад.
Коршинос: мушкилиҳоро бо гузаштҳои дуҷониба метавон ҳал кард
Коршинос аз шаҳри Бишкек Асел Мурзоқулова, ки бо таҳқиқи мушкилиҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон машғул аст, дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, як қатор омилҳои ҷиддие мавҷуд ҳастанд, ки ба ҷонибҳо имкон намедиҳанд, то дар робита ба ҳалли баҳсҳои марзӣ даст ба иқдоме бизананд.
Зарурати иродаи сиёсӣ
А. Мурзоқулова: масъалаи марз як мавзуи бисёр нозукест, ки ҳам барои Душанбе ва ҳам барои Бишкек ҳазинаи ҳангуфти сиёсиро талаб мекунад. Ҳодисаи ахир нишон дод, ки ҷонибҳо авҷи мусаллаҳонаи ҳодисаро аз эҳтимол дур намедонанд ва бинобар ин, ба намоиши неру феълан авлавият дода мешавад. Вале он барои ин минтақа чизи наве нест. Агар ба гузаштаи наздик – солҳои 200-ум назар кунем, он замон низ дар минтақаҳои баҳсии марзӣ дидбонгоҳҳо ташкил шуда буданд, вале тадриҷан маҷбур шуданд, ки онҳоро дубора аз байн баранд. Баъзе аз онҳо дар натиҷаи фишори сокинони маҳаллӣ ва баъзеи дигар дар пайи гуфтугӯҳои дуҷониба бардошта шуданд.
Популизм – гузинаи аз ҳад зиёд зараровар дар мушкилиҳои нозук, аз ҷумла масоили марзӣ аст, ки дар бештари маврид аз адами иродаи сиёсӣ дарак медиҳад. Иродаи сиёсӣ гузаштҳои дуҷонибаро дар назар дорад, ки бар асоси қоида, дар кутоҳмуддат метавонад ба манофеи худӣ зарар расонад, вале дар дароз муддат манфиати бештаре хоҳад овард. Раҳбарони вақти ду кишвар низ дар ҳоли ҳозир ба ин омода нестанд. Зеро ҷомеаҳо онро намехоҳанд.
Сабаби муноқишаҳо
Вақте мо мегӯем, ки муноқишаҳо танҳо ба далели номуайян будани хатти марзҳои давлатии ду кишвар рух медиҳанд, он қадар дуруст нест. Муноқишаҳо дар марз барои он сар мезананд, ки сокинони маҳаллӣ эҳсоси амн намекунанд ва дастрасӣ ба адолатро низ надоранд. Ягона ҷонибе, ки онҳо метавонанд ба он муроҷиат кунанд, марзбонон ҳастанд.
Ба мардум чӣ лозим аст? Албатта, амният. Вале мардум он амниятеро намехоҳад, ки сари ҳар қадам аз онҳо шиноснома бипурсанд ё ҳузури шахсони мусаллаҳ ба воқеияти ҳаёти рӯзмараи онҳо табдил ёбад. Онҳо равуои озод ба мактабу бозор ва беморхонаи худро мехоҳанд.
Истифодаи таҷрибаи даврони шӯравӣ ҳангоми мудирият ва тақсими манбаъҳои манотиқи наздимарзӣ
Сабаби асосии мушкил будани истифодаи ин таҷриба мудирияти носозгор аст. Зеро он маҷмуи масоиле мебошад, ки танҳо марбути дипломатҳо нест. Инҷо бояд муҳандисони об ва мақомоти маҳалҳо низ кор кунанд. Яъне, мудирияти дастаҷамъона зарур аст. Вале ингуна мудирият феълан дар ҳолати фалаҷ қарор дорад. Ҳамчунин модели мудирияти манобеи табиии ҳар ду кишвар низ гуногун буда, истифода бурдани таҷрибаи мазкурро маҳдуд месозад.
Имрӯз ҳамаи баҳсҳо бар сари хатти марз равона шудаанд. Вале дар асл ҳамаи каналҳои муҳими обёрӣ аҳамияти фаромиллӣ доранд ва роҳу зербиноиҳои муҳими дигаре, ки ҳар ду кишвар истифода мекунанд, истисно нестанд.
Зарурати ғайринизомигардонии минтақаҳои марзӣ
Ҷонибҳо бар инанд, ки тартиботро танҳо бо нерӯ метавон нигаҳ дошт. Вале ин иштибоҳ аст. То вақте онҳо бар ин андешаанд, чунин ҳодисаҳо рух хоҳанд дод. Барои ғайринизомӣ гардонидани минтақаҳои наздисарҳадӣ пурзур кардани фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва таъмини дастрасии сокинони маҳаллӣ ба адолат зарур аст. Ҳамчунин бояд барои таҳқиқи қонуншиканиҳо дар минтақаҳои баҳсии марзӣ гуруҳи доимие дар сатҳи вазорати умури дохилӣ фаъолият дошта бошад. Фаъолияти одилонаи чунин гуруҳ ба коҳиши ташаннуҷ бештар таъсир мерасонад. Зеро феълан ба сокинони маҳаллӣ ингуна имконият дода нашудааст.
Дар вазъияте, ки туро ҳеч кас ҳимоят намекунад ва худро ҳамеша зери хатар эҳсос мекунӣ мусаллаҳшавӣ мантиқитар менамояд. Дар ин гуна ҳолатҳо, албатта, мардум дар пайи ҷустуҷӯи аслиҳа хоҳанд шуд. Онҳо худро осебпазир эҳсос мекунанд. Инҷо бархурди ҳамаҷониба зарур аст.
Нақши расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Расонаҳо бояд танҳо дар бораи қурбониёни худ хабар надиҳанд. Онҳо бояд дар бораи талафот ва захмиёни ҳар ду ҷониб низ бигӯянд. Рӯзноманигорон набояд гунаҳкоронро биҷӯянд. Зеро онҳо додситон нестанд, ки дар навиштаҳояшон ба ин кор машғул шаванд.
Нақши расонаҳо ироаи иттилои бетарафона аз маҳалли ҳодиса ва нигаҳдории баробарии назарҳо аст. Рӯзноманигорон шарҳи коршиносонро хеле кам пешниҳод мекунанд. Ҳарчанд назари мутахассисони ҳар ду ҷониб ҳамеша аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Намунаҳои ҳалли ин мушкил: симхор ё роҳҳои боз
Вақте дар бораи ҳалли мушкилиҳои марзӣ ҳарф мезанем, бояд нахуст дарк кунем, ки мо кадом моделҳоро мехоҳем: марзе, ки бо девори чандинкилометрӣ ҷудо карда шудааст, ё оне ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро ба ҳам пайваст кардааст? Агар мо гузинаи дувумро интихоб кунем, пас дар ин самт аллакай мероси мушаххасро дорем ва онро бояд ҳифз кард.
Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.