“Ба ҷавонон гуфтани ҳастам, ки дар ватани худ зиндагӣ кунанд, фирефтаи дигарон нашаванд, Агар худро мисол гирам, фарзанде ки аз ҳама дӯсташ медоштам гум кардам, саломатии худро аз даст додам. Дар давоми 2,5 сол тарсу ҳарос маро тарк накард, ҳам худам ва фарзандонам касал шуданд, аммо ягон фоида пайдо карда натавонистем”-ин нақли ҷавонзане ҳаст, ки пас аз сарсониву саргардониҳои зиёд чанде пеш бо кӯмаки сохторҳои давлатӣ аз кишвари Сурия ба ватан баргаштааст.
Подпишитесь на наш канал в Telegram!
Санавбар Насруллоева сокини деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Ӯ замоне бо шавҳар ва 3 фарзандаш зиндагии хуш ва оромона дошт. Шавҳараш фирефтаи ваъдаҳои гурӯҳҳои ифротӣ шуда, бо мақсади ба даст овардани даромади зиёд ҳамроҳи зану фарзандонаш роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт.
Руссия, Туркия, Сурия
“Мо ба Руссия барои кор кардан бо шавҳарам Аҳмадҷон Қобилов ва се нафар фарзандам рафтем. Аз он ҷо ба Туркия меравем, дар он ҷо кор мекунем гуфта шавҳарам бо мақсади кор кардан моро ба Туркия гирифта оварданд. Дар фурудгоҳи Туркия фаҳмидам, ки маро фиреб кардаанд. Дар он ҷо як нафар турк ва як нафар ӯзбек мардҳои ришдор моро пешвоз гирифтанд. Аслиҳаҳои онҳоро дида фаҳмидам, ки маро шавҳарам бо фарзандонам ба Сурия мебаранд. Сурия ҳамин хел давлат, ки давлати исломӣ мегӯянд, аммо ҳар рӯз бомбаборон мешавад, ҷанг мешавад, зиндагӣ беҳад вазнин аст”-мегӯяд Савнавбар Насруллоева.
Санавбар, ки 2,5 сол дар Сурия қарор дошт, ҳар як ҷузъиёти он рӯзҳои талху даҳшатборро бо ашкҳои шашқатор ба хотир меорад. Чи тавре ки Санавбар изҳор медорад, ӯву фарзандонаш дар он кишвар рӯзҳои сахтаринро паси сар кардаанд. Аз як тараф дури аз ватан, падару модар ва наздиконаш гарон бошад, аз ҷониби дигар зиндагии даҳшатовар ва шароити бади будубош дар давлати бегона барояшон хеле душвор буд.
Фавти шавҳару фарзанд
“Дар он ҷо бо шавҳарам 10 моҳ зиндагӣ кардем. Баъдан ба ҷанг рафтану дигар барнагаштанд. Вақте ки бомбаборон мешуд писари хурдиям Абдураҳмон аз бомба ҷароҳат бардошт, 13-уми майи соли 2016 5-сола шуда буд, дар шаби 21-уми май ҷароҳат бардошт ва то ба беморхона бурдан дар роҳ нобуд шуд. Аз писарам ҷудо шудам, дар назди духтарам Фарангис низ бомба кафида буд, вай ҳам аз сараш сахт лат хурд, мӯйҳояш рехт, писари калониам низ аз дасташ ҷароҳат бардошт ва беҳад азоб кашид.”-бо оби дида баён мекунад Санавбар.
Шавҳари Санавбар Аҳмад Қобилов умед дошт, ки дар Сурия маблағи калон ба даст меорад, зеро ба ӯ ваъдаҳои зиёд дода буданд, аммо гумроҳ шуд. Аз рӯи гуфти Санавбар дар як моҳ ҳамагӣ 200 доллари ИМА маблағ мегирифтанд, ки ин миқдор пул дар як ҳафта мерасиду халос. Маводи хӯрока ниҳоят нархи гарон дошт ва онҳо наметавонистанд, ки сару либос харидорӣ намоянд. Санавбар бо ҳамроҳии фарзандошан шиками серӣ надоштанд, аз хавфи он ки зери тиру туфанг монда бомбаборон мешаванд, бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекарданд. Зиндагиашон дар асорат мегузашт на забонро медонисту на ягон ҳамфикру ҳамсӯҳбат доштанд. Дар он кишвар қонунҳои нонавишта амал мекарданд, масалан агар бо пои луч намудор шаванд ҳатман ба пояшон тир мезаданд ва ё аз ягон нафар маълумот пурсон шаванд, мепарониданд.
Амалҳои ваҳшиёна
“Дини мубини Ислом мегӯянд, аммо ҷанг мекунанд. Ман худам ки динро нағз намефаҳмам барои ҳамин дар он ҷо ба савол додан ҳам метарсидам. Намоз мехонданду бисёртар ба ҷанг мебаромаданд. Дар ҷанг аскарон, ҷавононро бо корд мекуштанд ё мепарониданд. Ҷойҳои махсус доштанд, дар ҳамон ҷо баста мемонданд ва мепарониданд, агар ба ягон хатогӣ роҳ диҳанд сар бурида, сари буридаашонро ба нӯги найза монда, чанд рӯз дар назди бозор намоиш медоданд ва ҷасадашонро дар пушти мошин баста кашола мекарданд”-иброз медорад Санавбар.
Тавре ки худи ӯ мегӯяд пас аз марги шавҳар дар майдони ҷанг ва фарзандаш зиндагиашон боз ҳам душвортар гаштанд. Шароити зиндагӣ бад ва муносибат ба ӯву фарзандонаш аз ин ҳам бадтар шуд. Баъди фавти шавҳараш маҷбуран ӯро ба марди дигар ба шавҳар доданӣ шуданд, аммо бо баҳонаи бемории дил доштан Санавбар аз ин мушкили халосӣ ёфт. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд , овораву пиёда чандин шаҳрҳоро паси сар карда, ба кишвари Туркия ба Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия омад ва аз ҷониби Сафоратхона ба ӯву кӯдаконаш кӯмак расониданд.
Умеди охирин
“ Вақте ба Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия омадем, либосамон дарида буд, гушнаву ташна ва бемор будем. Ба мо дар Сафоратхона кӯмак карданд, либосу хӯрок доданд ва муолиҷа гирифтем. Ҳуҷҷатҳоям набуд, дар давоми ду рӯз ба ман ва фарзандҳоям ҳуҷҷат омода карданд ва моро ба ҳавопаймои Туркия-Душанбе савор карда, ба ватан фиристоданд. Ташаккур ба сохторҳои давлатӣ , ки дар Туркия фаъолият доранд. Ман тарсидам ва гумон кардам, ки дар ватан маро қабул намекунад, дастгир менамоянду ҳабс менамоянд. Ман дар Сурия будам, халқ шояд маро қабул накунад гуфта тарсидам. Имрӯз дар ҳалқаи хешу табор ва падару модарам ҳастам, Тоҷикистон ва халқам маро қабул кард. Маро табрик карданд, хурсанд ҳастам. Шукрона мекунам , ки ба оғӯши падару модар расида омадам. Шод аз он ҳастам, ки бо ду фарзандонам дар ин ҷо қарор дорам. Миннатдории худро ба давлату ҳукумат махсусан ба Пешвои миллат мерасонам , ки маро аз оташи ҷанг раҳо намуда, ба ватан баргардониданд”-мегӯяд Санавбар.
Имрӯз Санавбар ҳамроҳи ду фарзанди ноболиғаш Аҳмадҷону Фарангис ба Ватан баргаштаанд. Аз он ки мушкилиҳои вазнин писари сар шуданд, шукр мекунад, аммо фавти шавҳару ҷигарданбаш маънии ҳаёташро дигар гардонидааст. Бо ин ҳама имрӯз шодиву хурсандии падару модари Санавбарро ҳадду канор нест, чунки аз ҳама муҳимаш пас аз интизориҳои зиёд фарзанду набераашон сиҳату саломат ба ватан баргаштанд. Волидайни Санавбар низ дар аввал бехабар буданд, ки фарзанду набера ва домодашон ба Сурия рафтаанд. Пас аз барқарор кардани тамос бо воситаи Вотсап Санавбар тавонист, ки дар бораи ҳолу аҳволашон ба падару модараш хабар диҳад. Волидайнашон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ тавонистанд, ки Санавбару фарзандонашонро ба ватан баргардонанд.
Баргардонидани 13 нафар
Тавре ки худи Санавбар мегӯяд мисли ӯ дар он кишвар нафарони зиёд ҳастанд, ки аз аввалин рӯзҳои ба Сурия омадан пушаймон шудаанд, аммо роҳи бозгашт ба ватанро намеёбанд.Барои баргадонидани гумроҳшудагон бояд хешу таборашон робитаро бо онҳо мустаҳкам кунанд ва бовар намоянд, ки дар ҳолати ихтиёрӣ ба ватан баргаштан ба ҷавобгарии ҷинояти кашида намешаванд, дар ҳолате ки аз ҷониби онҳо ҷиноятҳои вазнин содир нашуда бошад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотиаш, ки моҳи июли соли 2017 доир шуда буд, гуфт, ки соли ҷорӣ 13 нафар ҷавон аз пайвастан ба гуруҳҳои ифротгароӣ изҳори пушаймонӣ намуда, ба ватан баргаштанд. Бино ба иттилои ӯ соли гузашта ин шумора 70 нафарро ташкил медод. Мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, нафароне, ки бо хоҳиши худ аз ҷангҳои ДИИШ бармегарданд ва ҷиноят накардаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Афзал БосолиевИн гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.