© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: фоизҳои баланди қарзӣ вазъи соҳибкоронро бадтар месозанд

Коршиносон мегӯянд, дар шароити номусоиди феълие, ки соҳибкорони кишвар рӯбарӯ ҳастанд, фоизҳои қарзии бонкҳои тиҷорӣ бояд ба таври назаррас поин бошанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Шумо метавонед аз бонкҳои Тоҷикистон қарзро дар муддати кӯтоҳ ва бе ягон мушкилот ба даст оред, аммо душвориҳо вақти баргардонидани онҳо ба миён меоянд. Акс аз: asiaplustj
Шумо метавонед аз бонкҳои Тоҷикистон қарзро дар муддати кӯтоҳ ва бе ягон мушкилот ба даст оред, аммо душвориҳо вақти баргардонидани онҳо ба миён меоянд. Акс аз: asiaplustj

Маҳмуд Нуралиев, соҳибкори ҷавон аз Душанбе мегӯяд, барои густариши тиҷорати худ, ки маблағи иловагиеро талаб мекард, маҷбур шуд, аз бонки тиҷорие қарз гирад.

“Дар бонкҳои кишвар метавон қарзро дар муҳлати кутоҳ ва бидуни мушкили ҷиддие дарёфт кард. Танҳо бояд ду кафил пайдо карда, асноди зарурӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияту тиҷорат ва молеро пешниҳод намоӣ, ки ба гарав мегузорӣ”, – изҳор дошт соҳибкор.

Ба гуфтаи Нуралиев, мушкилиҳо вақте оғоз мешаванд, ки замони баргардонидани қарзу фоизҳои он фаро мерасад.

“Фоизҳои қарзии бонкҳо барои соҳибкорӣ хеле баланд – аз 26 то 28 дарсад ҳастанд. Ба ҷуз ин, нақшаи хидматрасонии қарзӣ тавре таҳия шудааст, ки қарздор ҳангоми пардохт имкони коҳиш додани ҳаҷми қарзи асосиро надорад. Яъне, ӯ дар моҳҳои аввал фоизҳоро пардохт мекунад ва қарзи асосиро моҳҳои ахир бар мегардонад”, – изҳор дошт Нуралиев.

Ин соҳибкори ҷавон аз бонки тиҷорие дар кишвар барои як сол 100 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ) бо фоизи 26 дарсади солона қарз гирифтааст. Вале ӯ мегӯяд, аз самараи ҷалби қарз розӣ нест.

“Баръакс, ман бонкро дастгирӣ кардам. Зеро ба он маблағи бештар баргардондам. Қарзе, ки бо фоизи мазкур гирифта будам, тақрибан барои густариши тиҷоратам ҳеч кумаке накард”, – илова кард соҳибкор.

Нуралиев мегӯяд, вай дигар ҳаргиз аз бонк қарз нахоҳад гирифт.

Ба гуфтаи соҳибкорони дигари тозакор, бахти Маҳмуд Нуралиев омад кардаву тавонистааст, бо ҳифзи тиҷорати худ қарзи бонкро бо фоизҳояш баргардонад.

Бархе аз соҳибкорон ба иллати баланд будани фоизи қарзи бонкҳо маҷбур шудаанд, ҳатто тиҷорати худро қатъ кунанд. Аз ҷумла Фарҳод Содиқов, ки дар канори шаҳри Душанбе бо фурӯши маҳсулоти гуногуни ғизоӣ машғул буд.

“Маҳсулотро аз яклухтфӯрушони бозори “Корвон” харида, ба болои нархаш каме зам мекардам ва мефурӯхтам. Албатта, даромад кам, вале мунтазам буд. Хостам, даромади бештаре ба даст орам. Барои ин, бояд номгӯи маҳсулотро бештар мекардам, ки маблағи иловагӣ талаб мекард. Бинобар ин, ба бонк муроҷиат кардам”, – мегӯяд Содиқов.

Ба гуфтаи Содиқов, ӯ ба хотири пардохти пули бонк натанҳо тиҷорат ва пасандозҳои худро аз даст дод, балки маҷбур шуд, як қисми ашёи хонаашро низ фурӯшад.

Дастгирии бенафъи давлат

Соли 2012 дар доираи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ Бунёди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳадафи он додани имтиёзҳои молӣ ба бахши хусусӣ аст.

Вале ба гуфтаи соҳибкорон, дарёфти қарзи ин бунёд чандон осоне нест.

Рустам Сабуров. Акс аз CABAR.asia
Рустам Сабуров. Акс аз CABAR.asia

Сокини шаҳри Душанбе Рустам Сабуров барои роҳандозии истеҳсоли таҷҳизоти нерӯи барқ (розетка ва ғ.) хост аз Бунёди дастгирии соҳибкории назди президенти Тоҷикистон 10 миллион сомонӣ (ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ) қарз бигирад. Масъулони бунёд розӣ шудаанд, ба ӯ бо фоизи 12 дарсади солона қарз диҳанд, вале гуфтаанд, ки ба шарте қарз медиҳанд, ки се сол баъд бояд онро баргардонад.

Ҳамчунин аз Собиров талаб шудааст, ки ба маблағи 18 миллион сомонӣ, яъне се баробар бештар аз ҳаҷми қарзи дархостшуда гарав бигузорад ва низ пардохти қарзро аз моҳи аввали пас аз гирифтани он оғоз кунад.

Бино ба ҳисоби соҳибкор ӯ танҳо ду сол баъд аз оғози фаъолият даромад ба даст меовард.

“Баргардонидани қарз дар се сол ва бо ин фоиз тамоман номумкин аст”, – мегӯяд ӯ.

Ба назари Собиров, ҳукумати Тоҷикистон бояд барои дастгирии соҳибкории хурду миёна қарзҳои боимтиёз ва дарозмуддати ниҳодҳои молии байналмилалиро ҷалб кунад.

Вале ба гуфтаи коршиносон, эҳтимоли пул додани созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба бонкҳои Тоҷикистон дар ин шароите, ки ҳоло доранд, хеле кам аст.

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) 12 феврали соли равон бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, то ду бонки пардохтнопазир  — “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро, ки аз 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои мардум оҷиз мондаанд, барҳам диҳад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 барои наҷоти ин ду бонк ба “Тоҷисодиротбонк” 2 миллираду 250 миллион сомонӣ ва ба “Агроинвестбонк” – 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ҷудо кард, аммо мушкили пардохтпазирии онҳо ҳал нашуд.

Раҳбарияти СБП дар як баёнияи нав гуфт, сарфи назар аз коҳиш ёфтани қарзҳои мушкилситон ва боло рафтани даромаднокии бонкҳо бояд барои барқарор кардани эътимоди сокинон ба низоми бонкии Тоҷикистон корҳои бештаре анҷом дода шавад.

“Дар ин робита барҳам додани ду бонки қаблан низомсоз ва ҳамакнун пардохтнопазир ва боз гардонидани пасандозҳо, яке аз авлавиятҳо мебошад”, – таъкид шудааст дар баёнияи СБП.

Дар вазъияти кунунӣ фоизи қарз набояд аз 2% боло бошад

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бо қарзи бонкҳо, ки фоизи баланд доранд, рушд додани тиҷорат имкон надорад. Баръакс, кори соҳибкоронеро, ки бо истеҳсолот машғуланд, мушкилтар хоҳад кард.

Ба назари таҳлилгари масоили иқтисодӣ Азиз Ҷафаров, даромаднокии тиҷорат назар ба дарсади фоизи қарзи бонкҳо бояд баробар бештар бошад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир фоизи қарзи бонкҳо бо назардошти вазъи кунунии Тоҷикистон набояд аз ду дарсади солона бештар бошад.

Президенти Тоҷикистон се сол пеш дастур дод, ки арзиши воқеии қарзи бонкҳо муайян ва ба тадриҷ фоизи онҳо поин бурда шавад. Барои иҷрои ин дастур дар Бонки миллии Тоҷикистон гуруҳи корие ба раҳбарии муовини раиси бонки мазкур ташкил шуд.

БМТ даъво дорад, ки онҳо метавонанд фоизи қарзҳоро камтар кунанд. Акс аз: nbt.tj
БМТ даъво дорад, ки онҳо метавонанд фоизи қарзҳоро камтар кунанд. Акс аз: nbt.tj

Масъулони БМТ 15 октябри соли 2019 гуфтанд, дар натиҷаи се соли фаъолияти гуруҳи кории мазкур фоизи қарзҳо ба ҳисоби миёна, бо пули миллӣ аз 28,2 то ба 22,1 дарсад поин бурда шуд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, дар шароити кунунӣ пешрафти чашмгиреро дар низоми бонкии кишвар набояд мунтазир шуд.

Ба гуфтаи ӯ, мардум, бахусус пас аз буҳрони соли 2016, ки дар натиҷаи он аксари пасандозгузорон пулҳои худро аз даст доданд, дигар ба бонкҳо бовар надоранд. Дар ҳоли ҳозир мардуми тоҷик фоизи пасандозҳо чандин карат баланд ҳам бошад, дигар пули худро дар бонк намегузоранд.

Дар натиҷа бонкҳо ҳам наметавонанд фоизи қарзҳои худро поин баранд, зеро бар зарарашон хоҳад анҷомид.

Ислоҳоти фарогир лозим аст

Ба назари коршиноси маосили молӣ Нур Сафаров, сабаби набудани қарзҳои дастрас “фазои номусоиди корӣ, сармоягузорӣ ва андозҳои баланд дар кишвар аст”.

“Аз нигоҳи сармоягузорон, кишвар дар минтақаи ноором ҷойгир аст. Дар дохили кишвар низ қоидаҳои дақиқу шаффофи бозӣ ва волоияти қонун мавҷуд нест”, – мегӯяд Сафаров.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо ислоҳот дар соҳаи бонкдории кишвар наметавонад вазъро тағйир диҳад. Чораҳои фарогире лозим аст, ки дар умум фазои сармоягузории Тоҷикистонро беҳтар созанд. Дар сурати ғайр, бонкҳои ҷиддии хориҷӣ ба кишвар нахоҳанд омад.

Ба ҷойи пинҳон шудан аз мавсими даъват, ҷавонон метавонистанд нерӯи худро барои карера сохтан ва ё пул кор кардан сарф кунанд.
“Дар ҳоли ҳозир инҳисори бозори бонкӣ аз сӯи соҳибкорони наздик ба мақомот идома дорад, ки рақобатро боз ҳам маҳдудтар хоҳад кард. Фоизҳои қарзӣ бо ин низоми кунунии бонкдорӣ аз 15 дарсад поин нахоҳад рафт”, – изҳор дошт Сафаров.

Ба назари коршинос, дар шароити муосир истеъмолкунандаи асосии қарзи бонкҳо бахши тиҷорат шумурда мешавад.

“Вале дар ин бахш гардишҳои зуд, низоми ҳисоботдиҳандаи ношаффоф ва нархҳои гарони мол дида мешавад. Ин тавр зиндагӣ дорем: тиҷорат аз мардум, бонкҳо аз тиҷорат ва давлат аз тиҷорату бонкҳо даромад меорад”, – хулоса кард Сафаров.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: