Тоҷикистон

CABAR.asia 27.02.20

Чанд рӯз пас, дақиқтараш 1 марти соли равон дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дар таърихи баъдиҷангии Тоҷикистон ин панҷумин интихоботи порлумонӣ аст ва он ҳоло бе ҳангомаҳои сиёсӣ ва бо иштироки танҳо як ҳизби мухолифи расмӣ баргузор мешавад. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба пирӯзии худ беш аз ҳарвақта эътимод дорад. Мухолифони системавӣ ва ғайрисистемавии тоҷик талош доранд, ба раванди интихобот таъсир расонанд, вале барои ин манобеи лозимиро надоранд. (more…)

Muslimbek Buriev 19.02.20

Интизор меравад, соли 2020 дар бештари бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ислоҳот сурат бигирад, вале мушкилот ва вазифаҳои мубраме, ки дар робита ба онҳо бояд чораҳои таъхирнопазир андешид, дар шакли пешин боқӣ хоҳанд монд. Иштирокчии мактаби таҳлилии CABAR.asia Муслимбек Буриев дар матлаб хоҳад гуфт, ки дар назди мақомоти давлатӣ кадом вазифаҳо гузошта шудааст ва дар ин замина кадом нозукиҳо низ мавҷуданд. (more…)

Mufiza Kenjayeva 14.02.20

Шумо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед ва писар, бародар, набера ё кадом як шахси наздики синни даъват ба артиш доред. Ин ҷавон метавонад як рӯз аз сӯи шахсони номаълум дар ҷараёни маъракаи ба қавле “облава” — даъвати ривоҷёфта ба сафи артиш, дар кӯча ё хона рабуда шавад. Иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia Муфиза Кенҷаева аз он мегӯяд, ки чаро ҷавонон намехоҳанд дар артиши Тоҷикистон хидмат кунанд, “облава” чӣ хатарҳо дорад ва барои беҳтар шудани вазъ чӣ бояд кард?
(more…)

CABAR.asia 05.02.20

Бахши калони иқтисодиёти Тоҷикистон  инҳисор (монополия) карда шудааст. Дақиқан ҳамин омили инҳосгароӣ боис шудааст, ки дар кишвар як муҳити созгор барои рақобат ташаккул наёбад, мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ.
(more…)

CABAR.asia 04.02.20

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) рӯзноманигор Далер Шарифовро боздошт карданд. Ӯ дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ айбдор мешавад. Аммо наздикон ва дӯстони Далер ин иттиҳомотро рад мекунанд. (more…)

CABAR.asia 27.01.20

Муқовимат бо хушунати шавҳар ва пайвандони ӯ амри ғайримуқаррарие барои келинҳои тоҷик дониста мешавад. Аммо вақте ин ҳолат бо хушунатгарон рӯй медиҳад, қонун ба хидматаш мешитобад. (more…)

CABAR.asia 24.01.20

 Ҷамъияти куриёиҳои шӯравӣ – “корё сарам” солҳои  90-уми асри сипаришуда 14 ҳазор нафар рақам зада мешуд. Ҳоло бошад, теъдоди куриёиҳо ҳудуди ҳазор нафар гуфта мешавад. CABAR.asia аз зиндагии онҳо дар Тоҷикистон қисса мекунад.
(more…)

Aziz Timurov 23.01.20

Низоъҳои чашмрасе дар заминаи кинаву адовати қавмиву динӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо ба мушоҳида нарасидани мушкил ба ин маънӣ нест, ки он умуман вуҷуд надорад. Ин нуктаро Азиз Тимуров, иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia дар як матлаб таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ, сиёсати таҳаммулпазирии дуруст коркарду таҳияшуда метавонад низоъҳои эҳтимолии қавмӣ-динӣ ва минтақаиро нармтар сохта, омили рушди иқтисодии Тоҷикистон бошад. (more…)

CABAR.asia 15.01.20

Афзоиши қарзҳои берунии Тоҷикистон хавфи дефолт ва аз даст додани манобеи табииро ба миён меоварад.
(more…)

CABAR.asia 20.12.19

Мансабдорон мавҷудияти кадом як маҳдудият дар омӯзиши забони арабиро дар Тоҷикистон рад мекунанд, аммо ҳаводорон дар пайдо кардани курсҳои омӯзишии ин забон мушкил доранд.
(more…)