ҷомеа

Натоиҷи тадқиқоти сотсиологии Алишер Гардоншоев, хатмкардаи Мактаби таҳлилии CABAR.Asia, нишон медиҳад, ки бештари сокинони пойтахти Тоҷикистон ба пурсишҳои сотсиологӣ муносибати мусбат доранд. Дар ҳамин ҳол, чаҳоряки пурсидашудаҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд натоиҷи чунин пурсишҳоро ба инобат бигирад.
(more…)

CABAR.asia 29.12.21

Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар кишварҳо дар бораи аутизм бештар сухан мекунанд. Маълумоти расмӣ дар бораи теъдоди афроди гирифтори спектори аутизм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дарёфт кардан дущвор аст. Дар Тоҷикистон чунин маълумот умуман вуҷуд надорад, зеро табибон расман ба беморон ин ташхиро намегузоранд. Мутахассисоне, ки дар бемористонҳои давлатӣ барои муолиҷаи бемории аутизм махсусгардонидашуда бошад, дар кишвар нест. Ягона ташкилоте, ки бо кўдакони гирифтори аутизм кор мекунад, ин созмони ҷамъиятии «ИРОДА» (ташаббуси волидони кўдакони гирифтори аутизм) мебошад, ки дорои мутахассисон буда, ҳоло барои кӯмак ба одамони гирифтори ин ташхис корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. (more…)