Душанбе
Ҳафтаи дувум аст, ки вируси короно дар саросари Тоҷикистон доман паҳн мекунад. (more…)
Ҷавонони пайрави ин ҷамоати мазҳабӣ, ки ба синни хидмати сарбозӣ расидаанд, ҳамчунон ба зиндон фиристода мешаванд. (more…)
Мақомдорон итминон медиҳанд, ки натиҷаи тестҳои шаҳрвандони аз хориҷ ба кишвар омада ҳанӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро ошкор накардааст. (more…)
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) рӯзноманигор Далер Шарифовро боздошт карданд. Ӯ дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ айбдор мешавад. Аммо наздикон ва дӯстони Далер ин иттиҳомотро рад мекунанд. (more…)
«Вақте аз духтарам фаҳмидам, ки ҳамсояи 65-солаи мо ӯро ба таҳхона бурда ва амалҳои ношоистае нисбат ба ӯ анҷом додааст, дигар натавонистам тоқат кунам. Дасти духтарамро гирифтам ва ҳамроҳ ба шуъбаи корҳои дохилӣ рафтем, то ариза нависем» – ин нақли падарест, ки духтари ноболиғаш қурбонии рафторҳои шаҳвонии ҳамсоя шудааст. Духтари ин мард яке аз даҳҳо кӯдакест, ки ба гуфтаи волидонашон, қурбонии озори ҷинсӣ ва паёмадҳои манфии он шудаанд, ки то охири умр онҳоро дунбол мекунад. (more…)
Дар шаҳри Душанбе нахустин Ҷашнвораи байни динҳо – «Тоҷикистон хонаи мо» баргузор шуд. Тоқиҳои гуногуншаклу рангоранги тоҷикӣ, телпакҳои сафеди қирғизӣ, кулоҳҳои руҳониёни масеҳӣ, куртаҳои духти милливу аврупоии иштирокдорон фазои идонаро рангин ва ба он вижагии хос мебахшиданд. (more…)
Блогерони тоҷик, муаллифони навори пурсарусадо дар бораи занони сабукпо мегӯянд, ки дар бораи оқибати он фикр намекарданд. Ҳоло дар интизори мурофиаи додгоҳӣ ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин парванда ба озодии сухан ва эҷодиёт таъсири манфӣ дорад. (more…)
Чаро дар Тоҷикистон баъди даҳҳо сол аз касби истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ҳам волидон барои фарзандони худ мактабҳои русиро интихоб мекунанд? (more…)