© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, дар бораи барҳам хурдани нақшаҳои фасли тобистон сухан мегуянд

Операторони сайёҳии Тоҷикистон натиҷаҳои мавсими тобистони имсоларо фалокатбор арзёбӣ намуда бадтар шудани вазъро пешгӯӣ мекунанд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Одина Маҳмадов, сокини Душанбе, имсол мехост бо модари 60-солааш дар осоишгоҳи Тоҷикистон истироҳат кунад,  бинобар пойдо шудани бемории коронавирус тасмим гирифт, ки ба аёдати хешовандон ба деҳа равад.

Ӯ гумон дорад, ки эҳтимолияти гирифтор шудан  ба бемории COVID-19 ҳанӯз ҳам бо суръат идома дорад.

Одина Махмадов. Фото с личной страницы в facebook.com
Одина Маҳмадов. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

«Ман нақша доштам бо  ҳамроҳи модарам ба осоишгоҳи Баҳористон равам, аммо вазъ дигар шуд.Фикр мекунам, ки мо имсол ба истироҳат рафта наметавонем. Модари ман аз синну сол  дар гурӯҳи хавфи бемор шудан ба коронавирус, мебошад , беҳтар аст барои як рӯзи бад пул сарфа мекунам”, – илова кард О.Маҳмадов.

Пеш аз хуруҷи бемории коронавирус, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамватанони худро барои истироҳат ба Дубай ва Туркия фиристоданд ва хориҷиёнро ба Тоҷикистон даъват намуданд.

Аммо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон даромад ва баромади сайёҳонро аз 17 март муваққатан манъ кардааст. Дар охири моҳи март мақомоти Тоҷикистон марзҳоро барои хориҷиён бастанд, то аз паҳншавии вирус ҷилавгирӣ кунанд.

Аз ин сабаб, ширкатҳои сайёҳӣ Тоҷикистон шаҳрвандони маҳаллиро барои истироҳат дар Ватани худ ҷалб намуда корро зиёд карданд.

Роҳбари ширкати сайёҳии “Бунёд-Тур” Сӯҳроб Қурбонов ба CABAR.asia гуфт, ки бинобар бемории коронавирус, ширкат маҷбур шуд, ки иҷрои як қатор лоиҳаҳо ва созишномаҳоро қатъ кунад.

Ба гуфтаи Қурбонов, онҳо дар ҳоли ҳозир тақрибан 40 дарсад хатсайрҳо ба маконҳои сайёхии Тоҷикистон, аз ҷумла “Ҳафткул”, “Искандаркул”, “Чилучорчашма”, “Ромит”, “Норак” ва ғайра пешниҳод мекунанд.

“Пеш аз пандемияи коронавирус мо аз сайёҳони хориҷӣ фармоишҳоро тариқи онлайн мегирифтем, аммо паҳншавии вирус нақшаи сафари онҳоро вайрон намуд.Инчунин мо сайёҳонро ба хориҷ низ мефиристем, аммо дар ин мавсим касе чунин аризаро пешниҳод накардааст », – илова намуд ӯ.

Аз аввали сол “Бунёд Тур” аз ҳисоби бемории коронавирус беш аз 300 ҳазор сомонӣ (тақрибан 30 ҳазор доллар) зарар дид.

“Соли 2019 ширкати мо дар тавозуни худ беш аз як миллион сомонӣ (тақрибан 100 ҳазор доллар) дошт. Аммо, ҳоло дар соли 2020 дар ҳисоби мо танҳо 200 ҳазор сомонӣ (тақрибан 20 ҳазор доллар) боқӣ мондааст », – мегӯяд Қурбонов.

Сухроб Курбонов. Фото: CABAR.asia
Сӯҳроб Қурбонов. Акс: CABAR.asia

Қурбонов, пандемияро ба чунин вазъ айбдор мекунад.

«Барои ширкатҳои сайёҳии мо, аз ҷумла “Бунёд- Тур”, соли 2020 сад дар сад нокомӣ буд. Дар мавсими кории имсола, карантин ва ҳама чиз баста буд, тобистон ҳамин тавр охир шуд», – қайд намуд Қурбонов.

Ӯ пешгӯӣ мекунад, ки вазъ боз ҳам бадтар хоҳад шуд, зеро на он қадар одамони зиёде ба роҳхатҳои тирамоҳӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

«Боз дар бораи мавҷи дуюми коронавирус мегӯянд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки кор дар тирамоҳ низ хуб намешавад. Ҳама шартномаҳои ба нақша гирифташуда бекор карда шуданд ”, – гуфт роҳбари ширкати сайёҳӣ.

Мурод Назаров, муовини раиси ширкати сайёҳии “Sky Tour” мегӯяд, ки хуруҷи коронавирус ва баста шудани марзҳо ба фаъолият таъсири манфӣ гузоштааст. Вай мегӯяд, ки аз аввали моҳи март, вақте парвозҳо комилан баста шуданд, бинобар набудани муштариён, онҳо тамоми кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристоданд.

Ба гуфтаи Назаров, ба наздикӣ “Sky Tour” ҳамроҳ бо “Рахш Такси” лоиҳаеро бо номи “Camping Village” “Деҳаи Хаймаҳо” бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба сайёҳии дохилӣ ташкил намуданд. Нархи роҳ дар лоиҳаи (“Деҳаи Хаймаҳо”) барои бастаи “Ҳама фарогир” “Все включено”   350 сомонӣ (тақрибан 35 доллари ИМА) мебошад.

Дар сафари аввал, онҳо ба дарёи Саратоғ дар кӯҳҳои Фан ва ба Искандаркӯл рафтанд. Аммо, дар ин сафар шумораи муштариён зиёд набуд.

Мурод Назаров бо ин ақида розӣ аст,ки мавсими тобистони имсол барои ширкатҳои сайёҳӣ нобарор омад.

Мурод Назаров: Фото с личной страницы в facebook.com
Мурод Назаров: Акс аз саҳифаи шахсии ӯ дар facebook.com

«Ширкати «Sky Tour» барои соли 2020 нисбат ба солҳои қаблӣ дар ҳаҷми 80-90% зарари молиявӣ дидааст. Ҷубронкори дар ин ҳол душвор хоҳад буд. Аз моҳи март мо кормандонро ба рухсатии бемузд фиристодем ва аз он вақт инҷониб дархостҳоро қабул намекунем. Мо ҳамаи дархостҳои қаблан қабулшударо ба таъхир гузоштем ”, –  қайд намуд Назаров.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода моҳи август дар нишасти матбуотӣ, қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон зиёда аз 341 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки беш аз 306 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ ба кишвар омадаанд. Соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 550 ҳазор нафар ташриф оварданд ва ҳамин тавр, нишондиҳандаи соли 2020 нисбат ба соли гузашта 243,4 ҳазор нафар ё 44,2% камтар аст.

Сайёҳони хориҷӣ асосан шаҳрвандони Русия, ИМА, Чин, Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон буданд. Ба гуфтаи Амирбекзода, дар Тоҷикистон беш аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад.

Осоишгоҳҳои Тоҷикистон низ дар бораи коҳиши мизоҷон мегӯянд.

15 июн бо иҷозати ҳукумат, пас аз танаффуси тақрибан думоҳа, осоишгоҳҳои Тоҷикистон дубора барқарор карда шуданд. Аз охири моҳи апрел бархе аз онҳо баста шуданд, қисми дигарашон ба марказҳои карантинӣ ва табобатии даҳҳо нафар табдил ёфтанд.

Зухуррулло Зоидбоев, сардухтури осоишгоҳи “Зумрад” ба CABAR.asia гуфт, ки шумораи хоҳишмандони истироҳаткунандагон тақрибан 4 маротиба коҳиш ёфтааст.

Зухуррулло Зоидбоев. Фото с личной страницы в facebook.com
Зухуррулло Зоидбоев. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

“Осоишгоҳи мо дорои 350-400 кат мебошад. Солҳои қаблӣ ҳамаи онҳо пур аз одам буданд, аммо имсол мо аз рӯзи кушодашавӣ ҳатто 100 муштарӣ надорем », – гуфт Зоидбоев.

Ба андешаи ӯ, ин ҳама таъсири коронавирус ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон вобаста аст. Аз ин сабаб, даромадҳо коҳиш ёфтанд ва мардум низ  хароҷоти таътили тобистонаро ба худ раво намебинанд.

Исфандиёр Саидов, муовини директори осоишгоҳи “Хоҷаобигарм” низ гуфт, ки шумораи истироҳаткунандагон 4-5 маротиба кам шудааст

Ба гуфтаи вай, агар соли гузашта ҳамзамон онҳо дар як рӯз 400 муштарӣ дошта бошанд, ҳоло 100-120 нафар ҳастанд. Вай коҳиши шумораи истироҳаткунандагонро ба таъсири коронавирус, бадтар шудани сатҳи некӯаҳволӣ ва нигарониҳои ҷомеа рабт дод.

«Коронавирус на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷаҳон таъсир расонд. Оқибатҳои иқтисодӣ  равонӣ ва маънавӣ ҳам гузошт”, – илова кард Исфандиёр Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти ин ҳама, роҳбарият нархи истироҳат дар осоишгоҳро 10 дарсад арзон кардааст. Агар як сол пеш муштариён барои як рӯзи истироҳат дар як ҳуҷраи муқаррарӣ 180 сомонӣ (тақрибан 18 доллар Амрикои) пардохт карда бошанд, пас имсол онҳо метавонанд дар он ҷо ба маблағи 165 сомонӣ (тақрибан 16 доллар) истироҳат кунанд. Барои ҳуҷраҳои дорои шароити замонави дошта, нарх аз 260 сомонӣ (тақрибан 26 доллар) ба 235 сомонӣ (тақрибан 23 доллар) коҳиш дода шудааст.

Гулнора Холматова, сардухтури осоишгоҳи “Баҳористон”-  мегуяд, ки талаботи аҳолӣ ба истироҳат хеле коҳиш ёфтааст. Агар солҳои қаблӣ дар тобистон то ҳазор нафар муштариён дар осоишгоҳ истироҳат мекарданд, имсол танҳо 250-300 ҷой пур шуда буд.

Холматова инчунин коронавирусро дар коҳиши талабот гунаҳгор медонад, ки ин боиси ба “ваҳшат гардиданди табъ” дар байни мардум шудааст.

По официальным данным, число иностранных туристов сократилось почти наполовину. Фото комитета по развитию туризма при правительстве Таджикистана
Тибқи иттилои расмӣ, шумораи сайёҳони хориҷӣ тақарибан ба нисф коҳиш ёфтааст. Акс: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон.

“Дар бораи вирус хабарҳои бардуруг зиёдаст, аз ҳамин лиҳоз мардум намедонан,ки худро аз сироятёби чи гуна муҳофизат кунанд. Аз ин ру онҳо дар хона монданро авлотар медонанд, ва ба ҳеҷ кучо намеравад” – мегӯяд Г. Холматова.

Вакили парлумон: «бахши туризм ба осебпазиртарин табдил ёфта аст»

Гулбаҳор Назирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ чунин мешуморад, ки бахши сайёҳӣ дар шароити пандемия осебпазиртарин бахши иқтисод баҳисоб меравад.

“… Дар ин замина, бояд ҳамоҳангсозии талошҳо барои наҷоти ширкатҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои технологӣ, агентиҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, коргарони мустақили сайёҳӣ зарур аст ва тамоми захираҳоро истифода бурдан лозим аст, то садҳо ҷойҳои кории ба соҳаи сайёҳӣ пешниҳодшуда ҳамчун манбаи даромад,” қайд намуд Назирӣ дар мақолаи сайти парлумон нашр шуда.

Дар аввали тобистон баъзе тадбирҳо оид ба дастгирии туризм ва тиҷорат ҳукумати Тоҷикистон эълон кард. Бо фармони президент аз 5 июн таътилҳои андоз аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 барои иншооти туристӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои солимӣ ва варзишӣ, осоишгоҳҳо, ташкилотҳои мусофирбарии байналмилалӣ ва аэронавигация эълон карда шуданд. Ба мақомоти андоз ҳисоб кардани фоизҳо ва ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани андозҳо дар ин давра манъ карда шуда.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи  «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: