© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Омӯзгорони факултаҳои журналистикаи муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ба туфайли машғулиятҳои Мактаби расонаии CABAR.asia донишҳои худро дар мавриди расонаҳои нав такмил карданд.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти донишгоҳҳои кишвар аз 20 то 25 август 21 омӯзгори риштаи рӯзноманигорӣ дар як машғулияти омӯзишӣ иштирок намуда, барномаи омӯзиши расонаҳои навро таҳия карданд.


Тренинг аз ҷониби Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ бо дасгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир дар доираи лоиҳаи рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон дода шуд.

Тренинги Душанбе идомаи мантиқии корҳои анҷомшуда дар самти такмили имконоти омӯзгорони риштаи рӯзноманигорӣ дар минтақа буд. Ҳафтае қабл, айни чунин як машғулият барои омӯзгорони муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато поён ёфт. Аз он пештар омӯзгоргони журналистикаи Қирғизистон дар Бишкек иширокдори чунин як тренинг буданд.   

Дар доираи чорабинӣ 21 омӯзгори риштаи журналистика аз 5 муассисаи олии Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шуд. Иштирокдорон донишгоҳҳои пойтахт ва се вилояти кишварро намояндагӣ карданд.

Давоми 6 рӯз иштирокдорон бо тамоми гуногуниҳои трендҳои нав дар фазои расонаӣ ошно гардиданд. Иштирокдорон дар бораи ин ки аудиторияи муоссир ба чӣ таваҷҷуҳи бештар дорад ва чӣ гуна онро истифода мебарад маълумот гирифта, дар мавриди муҳимият ва вижагиҳои шакл додани бренди шахсӣ баҳс намуданд ва ба сохтори сторителлинг дар матлаби муоссир таваҷҷуҳ карданд.   

Инчунин дар мавриди визуалисозии қиссаҳои иштирокдорон машғулиятҳои амалӣ доир карда шуд. Ба мавзӯъҳои барои журналистони Осиёи Марказӣ муҳим, монанди саводи расонаӣ ва ҳассосияти ҷанбаъҳои низову гендерии матлаби таҳияшуда таваҷҷуҳи хос дода шуд.

Ба ҳайси тренер мутахассисони шинохта дар бахши расонаҳои нав, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он кор мекунанд, даъват шуданд.

Бо баррасии фаъоли пешниҳодҳои нав ҳангоми таҳияи матолиб, ки дархури аудиторияи муоссир аст, тренингро Ленур Юнусов, муҳарририри нашри русии маҷаллаи амрикоии Inc.Russia ҳусни оғоз бахшид. 

Ленур Юнусов ба иштирокдорон гуфт, ки имрӯз иттилоъ тамоман бо таври дигар истифода мешавад: истифодабарандаҳо шеваи “5 экран”-ро истифода мебаранд – василае ки тавассути он иттилоъро дарёфт мекунанд ва на зиёдтар аз 8 сонияро сарф мекунанд, то тасмим бигиранд, ки ба мавзӯи пешниҳодшуда жарфтар ворид шаванд ё на.

Муаррифии Ленур Юнусов барои иштирокдорон хеле писанд омад.

Айсана Ашим, мудири кулли The Village Қазоқистон ба иштирокдорон гуфт, ҳар журналисти муоссир бояд барои сохтани бренди инфиродии комил талош варзад, зеро ин барои вай имкониятҳои навро боз мекунад. Пас аз ташхиси бренди шахсии иштирокдорон, Айсана Ашим ба онҳо барои беҳтар шудани брендҳояшон маслиҳатҳои муфид дод.

Тренерон аз Тоҷикистон Парвиз Мулоҷонов, Маргарита Хегай ва Рустам Гулов ба иштирокдорон дар бораи ин ки чаро барои таҳияи матлаби муоссир ба назар гирифтани ҳассосияти низоӣ ва гендерӣ муҳим аст ва чаро далелҳо бояд дақиқ санҷида шаванд, маълумот пешниҳод карданд.

Иштирокдорон дар машғулиятҳои гуруҳӣ ва интерактивӣ иштирок намуда, бо ин васила тавонистанд донишҳои андӯхтаи худро мустаҳкам кунанд.

Тренерҳо Анастасия Лотарева, сардабири сомонаи русии takiedela.ru ва Ойзода Токтогулова, тренер оид ба сторителлинг дар бораи он гуфтанд, ки чӣ гуна бояд қиссаҳоро ҷолиб пешниҳод кард.

Мавзӯи сторителлинги Анастасия Лотарева ба иштирокдорон писанд омад, бештари онҳо хоҳиш карданд вақти тренинг бештар карда шавад, то қиссаҳои бештар бишнаванд ва тарзи беҳтари пешниҳод кардани қиссаҳоро омӯзанд. Ҳангоми тренинг оид ба қиссаҳои визуалӣ, ки Ойзода Токтогулова муаррифӣ кард, иштирокдорон бо истифода аз смартфон ва компютерҳо қиссаҳои тасвирии худро таҳия карданд.

Анастасия Лотарева, сардабири сомонаи русии takiedela.ru:

“Бояд иқрор шавам, ки ба муассир будани қолаби машғулияти ҳаштсоата шубҳа доштам: дар навбати аввал ин на барои тренер, балки барои иштирокдорон хеле мушкил аст. Аммо шунавандаҳои Душанбе бо иштироки фаъол маро хурсанд карданд ва мутмаин шудам, ки ин воқеан қолаби хуб аст. Ба вижа, қисмате бештар маро хурсанд кард, ки шунавандаҳо аввал бо эҳтиёт ва баъдан хеле фаъол мавзӯъ фикр мекарданд ва ҳатто аз танаффус даст кашиданд, зеро барои онҳо муҳим буд, ки дар бораи он чи ки фикр кардаанд, ҳарф бизананд.

Мушкили тамоми омӯзгорони факултаҳои журналистика дар адами тавоноии амалӣ ва таҷрибаи кор ба қавле дар “майдони рӯйдод” аст. Аммо маро як чиз хурсанд кард, ки онҳо инро хеле хуб дарк мекунанд ва барои омӯхтан талош доранд.

 Илҳом Ҷамолов, омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд:

“Тренинг хеле хуб буд, аммо барои ман бештар машғулиятҳо дар мавзӯи “Монетизатсияи расонаҳои нав” ва “Сторителлинг” бештар писанд омад. Фикр мекунам ин машғулиятҳо барои ман на танҳо аз нигоҳи назариявӣ ва методӣ ба сифати омӯзгори донишгоҳ зарур аст, балки бештар моҳияти амалӣ дорад. Зиёд мехоҳам дар амал ба сторителлинг машғул шавам ва дар ҷараёни тренинг аз тренерон бисёр чизҳоро омӯхтам. Аз донандаи хуби сторителлинг Анастасия Лотарева ва журналисти ҷавон, аммо масъулиятшинос Ойзода Токтогулова чизҳои зиёд омӯхтам.

Дар бораи абзорҳои зиёди сторителлинг, аз ҷумла сохтори сомонаҳои Тилда маълумот гирифтам. Дар ҷараёни тренинг бо истифодаи сервиси tilda.cc сомонае дар бораи тренинг таъсис додам.

Тренерон ба ман дар ин раванд, ба вижа дар истифодаи муассири бахши “машинаи нависанда”-и Тилда кӯмак карданд. Дар маҷмӯъ тамоми тренинг муфид буд. Баҳои ман +5 аст”.

Акси сомонаи Илҳом Ҷамолов (http: //mediasavod.tilda.ws/longrid)
Акси сомонаи Илҳом Ҷамолов (http: //mediasavod.tilda.ws/longrid)

Камелия Самойленко, омӯзгори кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналмилалии ДСТР:

Тренинг хеле муфид буд. Ҳар модул ба мо кӯмак намуд, ба умқи вижагиҳои касбамон жарфтар биравем ва чизҳои наву ҷолиби зиёдеро чӣ барои худ ва чӣ барои донишҷӯёнамон пайдо кунем. Донишҳои гирифта, ки ба талаботи бозори муоссир ҷавобгӯ аст, барои омода кардани мутахассисони хуб кӯмак мекунад”.

 

Иштирокдорон дар ҷараёни тренинг ба гуруҳҳо ҷудо шуда, барномаҳои худашонро дар бораи муаррифии трендҳои нав дар жуналистика таҳия карданд, ки дар оянда ҳангоми дарсҳо ба донишҷӯён пешниҳод мегарданд.

Ин лоиҳаро IWPR Central Asia моҳи апрели соли 2019 бо ҳадафи баланд бардоштани потенсиали омӯзгорони факултаҳои жуналистика ва донишҷӯёни онҳо, рӯзноманигорони навқалам ва вебнависон ҳангоми таҳияи матолиби босифату беғараз дар мавзӯоти гендерӣ ва ихтилофиву ҳассос шурӯъ кард.

Дар ҷараёни тренинг барои омӯзгорон курси онлайнии ройгони Мактаби расонаии CABAR.asia  муаррифӣ гардид. Дар ин курсҳо тамоми абзор барои расонаҳои нав, таҳияи матлаб, тавсеаи бренди шахсӣ, сторителлинги видеоӣ, таҳияи подкаст ва амнияти рақамӣ дастрас мебошад.


“Ин лоиҳа аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии молии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мешавад. Назароти дар ҷараёни ҷорабиниҳо ва ё матолиби дар доираи лоиҳа дарҷшуда баёнгари дидгоҳи хоси Ҳукумати Бритониёи Кабир ва IWPR нестанд”.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: